Санаи 7 апрелисоли 2023 дар Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи васеи ҳайати мушовара вобаста ба натиҷаи ҷамъбасти фаъолияти Кумита дар семоҳаи якуми соли 2023 баргузор гардид.
Дар кори ҷаласа раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Қодирзода Саъдӣ Сангинмурод, муовини сардори Раёсати банақшагирии стратегии Дастгоҳи Иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Муқаддасзода Фирдавс, муовини якум ва муовинони раиси Кумита, сардорони воҳидҳои сохторӣ ва зерсохторҳои Кумита иштирок доштанд.
Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Қодирзода С. ба кори ҷаласа расман оғоз бахшида, оид ба иҷрои дастуру cупорихои Асосгузори сулху вахдати милли, Пешвои миллат, Президенти Чумхурии Точикистон мухтарам Эмомали Рахмон зимни паёми худ ба Мачлиси Оли Чумхурии Точикистон баён намуданд, суханрони намуданд.
Ҳамзамон, оид ба фаъолияти Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ дар семоҳаи якуми соли 2023 муовини раиси Кумита Хуршедаи Қодир масъулини Кумита ҳисобот доданд.
Дар хотимаи ҷаласа аз ҷониби раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ. супориш дода шуд, ки бо дарназардошти таклифу пешниҳодҳо дар ҷаласа баёнгардида, қарори ҳайати мушовараи барои семоҳаи якуми соли 2023 ба тасвиб расонида шавад.