Размер шрифта
Цвет фона и шрифта
Изображения
Озвучивание текста
Обычная версия сайта
Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
  • ДАР БОРАИ КУМИТА
  • МАРКАЗИ МАТБУОТӢ
  • ТЕНДЕРҲО
  • ТАМОС
  • ...
    "/>
    Русский English
    Тоҷикӣ
    Сармоягузорӣ
    • Сармоягузории давлатӣ
    • Имкониятҳои сармоягузорӣ
    • Роҳнамои сармоягузор
    • Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
    • Харитаи сармоягузорӣ
    Соҳибкорӣ
    • Дастгирии давлатии соҳибкорӣ
    • Нишондиҳандаҳои рушди фаъолияти соҳибкорӣ
    • Механизмҳои ҳамкорӣ
    • Санҷиши фаъолият
    • Раёсати иҷозатномадиҳӣ
    • Рейтингҳо
    • Соҳибкории занон
    • Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
    Моликияти давлатӣ
    • Идораи моликияти давлатӣ
    • Таҷдид ва хусусигардонӣ
    • Сохторҳои идораи амволи давлатӣ
    • Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
    Чаро Тоҷикистон?

      • Тоҷикӣ
        • Забон
        • Тоҷикӣ
        • Русский
        • English
      • +992 (37) 221-86-59
      • Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734000, ш. Душанбе, Шоҳтемур 27.
      • info@investcom.tj
      • Соатҳои корӣ аз 8:00 то 17:00

      Форуми соҳибкории Тоҷикистону Туркманистон

      Дар ҳошияи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Туркманистон - Сердар Бердимуҳамедов ба Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 8 майи соли 2023 дар шаҳри Душанбе Форуми соҳибкории Тоҷикистону Туркманистон баргузор гардид.

      Форуми соҳибкориро бо сухани ифтитоҳӣ Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Усмоналӣ Усмонзода ва Муовини раиси Девони вазирони Туркманистон муҳтарам Ботир Атдаев оғоз намуданд.

      Зимни суханронӣ Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд намуданд, ки ҳамкориҳои дуҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Туркманистон бо кӯшишҳои мутақобила рушд ёфта, баргузории чунин чорабиниҳо ба рушди ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ, инчунин баланд бардоштани иқтидори содиротӣ, ҷалби сармоягузорӣ, воридоти технологияҳои муосир ва тақвияти ҳамкориҳои дуҷонибаи иқтисодӣ мусоидат менамояд.

      Ҳамзамон, зикр карда шуд, ки ҳаҷми гардиши савдои хориҷӣ бо Туркманистон дар соли 2022 52,9 миллион долларро ташкил дода, нисбат ба давраи таҳлилии соли 2021, 30,7 миллион доллар ё 2,3 баробар зиёд шудааст.

      Дар Форум беш аз 250 нафар аз ҳарду ҷониб, аз ҷумла роҳбарон ва масъулини вазорату идораҳо, соҳибкорону сармоягузорон, инчунин намояндагони ширкату корхонаҳои соҳаҳои гуногуни фаъолияти иқтисодии Тоҷикистону Туркманистон иштирок намуданд.

      Дар доираи Форум ба иштирокчиён фазо ва имкониятҳои сармоягузорӣ дар соҳаҳои саноат, энергетика, хизматрасонӣ, кишоварзӣ, логистика,  нақлиёт ва технологияҳои муосир муаррифӣ карда шуданд.

      Пас аз ҷаласаи пленарӣ, вохӯрии дуҷонибаи соҳибкорони ду давлат дар шакли “Соҳибкор бо Соҳибкор” (В2В) баргузор гардида, аз натиҷаи он санадҳои нави ҳамкорӣ хизматрасонӣ, савдои дуҷониба, кишоварзӣ, тандурустӣ, нақлиёт ва саноати сабук ба имзо расонида шуданд.

      Ҳамзамон тибқи барнома давоми рӯзҳои 8-9 май боздиди доираҳои соҳибкории Туркманистон аз корхонаҳои саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ гардидааст.

      Иштирочиёни Форуми соҳибкории Тоҷикистону Туркманистон ба рушди муносибатҳои дуҷониба ва баимзорасонии созишномаю шартномаҳои мутақобилан судманд, ки фарогири ҳамаи соҳаҳои ҳамкориҳои иқтисодӣ мебошанд, баҳои баланд дода, ба мувофиқа расиданд, ки чунин ҳамоишҳои соҳибкоронро мунтазам баргузор хоҳанд намуд.

      АКСҲО:

      08.05.2023
      2 202
      Саҳифаи асосӣ
      • Хабарҳо
      • Эълонҳо
      • Форумҳо
      • Ҳуҷҷатҳо
      • Нашри матбуотӣ
      • Видеомаводҳо


      Сармоягузорӣ
      Сармоягузории давлатӣ
      Имкониятҳои сармоягузорӣ
      Роҳнамои сармоягузор
      Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
      Харитаи сармоягузорӣ
      Соҳибкорӣ
      Дастгирии давлатии соҳибкорӣ
      Нишондиҳандаҳои рушди фаъолияти соҳибкорӣ
      Механизмҳои ҳамкорӣ
      Санҷиши фаъолият
      Раёсати иҷозатномадиҳӣ
      Рейтингҳо
      Соҳибкории занон
      Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
      Моликияти давлатӣ
      Идораи моликияти давлатӣ
      Таҷдид ва хусусигардонӣ
      Сохторҳои идораи амволи давлатӣ
      Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
      Чаро Тоҷикистон?
      2024 © Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
      Яндекс.Метрика
      ТАМОС БО МО