Портали интерактивии соҳибкор бо соҳибкор - ёвари беминнат

0
57

Бо мақсади дастгирии соҳибкорӣ, беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ, муҳайё намудани шароити мусоид барои субъектҳои соҳибкорӣ ва мусоидат ба рушди соҳибкорӣ аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 декабри соли 2018, 300 рӯзи ислоҳот ҷиҳати дастгирии соҳибкорӣ ва беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон карда шуд. Бо ин мақсад бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 марти соли 2019 Нақшаи чорабиниҳо оид ба амалӣ намудани 300 рӯзи ислоҳот ҷиҳати дастгирии соҳибкорӣ ва беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шуд.

Нақшаи чорабиниҳо асосан фарогири масъалаҳои таҳкими заминаи қонунгузорӣ дар бахши танзими фаъолияти соҳибкорӣ, баланд бардоштани малакаи касбии соҳибкорон, ҳавасмандгардонии истеҳсолкунандагон ва содироткунандагон, ҷорӣ намудани усулҳои нави пешбурди соҳибкорӣ, тақвият бахшидан ба рушди муколамаи давлат ва бахши хусусию ҷалби сармоягузорӣ мебошад.

Бо мақсади муаррифии молу маҳсулотҳо, пайдо намудани шарикони тиҷоратӣ ва сармоягузорони хориҷӣ дар доираи Нақшаи 300 рӯзи ислоҳот аз ҷониби Корхонаи воҳиди давлатии “Тоҷинвест” дар назди Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии шарикони рушд портали интерактивии соҳибкор бо соҳибкор (B2B) дар сомонаи «www.b2b.tj» ташкил карда шуд.

Ҳадафи портали мазкур дастгирии иттилоотии субъектҳои соҳибкорӣ барои рушди фаъолияти онҳо, тақвияти содирот ва ҷалби сармоя ба шумор меравад. Портали интерактивии соҳибкор бо соҳибкор (B2B) ин майдон барои ҷустуҷӯ, фурӯш ва бароҳмонии ҳамкорӣ байни ширкатҳо мебошад.

Дар портал маълумотҳои зарурӣ вобаста ба фазои соҳибкорию сармоягузорӣ, фаъолияти ширкатҳои ватанию хориҷӣ ва маҳсулотҳои истеҳсолии онҳо дар Тоҷикистон пешкаши ҳамагон гардидааст. Маълумотҳо дар портал бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ дастрас мебошанд. Дар оянда ҷойгир намудани маълумотҳо забонҳои арабӣ ва хитоӣ низ дар назар дошта шудааст.

Портали мазкур роҳ ба олами муносибатҳои тарафайни тиҷоратии ҷаҳонӣ мебошад, ки дар навбати худ аз сомонаҳои зиёд иборат аст. Он ҳамчун як макони дастрасӣ ба иттилооти дар интернет ва сомонаҳо мавҷудбуда мебошад, ки ба истифодабарандагон ҷиҳати ҷустуҷӯи маълумоти зарурӣ кумак мерасонад.

Бизнес-портал ҷиҳати ҷустуҷӯи шарикони нав, пешбурди фаъолияти соҳибкорӣ дар дохил ва хориҷи кишвар имкониятҳои навро фароҳам меорад. Дар баробари ин, ба таври шаффоф вазъи иқтисодии ҷумҳуриро барои сармоягузорон муаррифӣ менамояд. Ҳамзамон, он ба ҳайси роҳнамои тиҷоратӣ барои шиносоӣ бо имкониятҳои сармоягузории Тоҷикистон хизмат менамояд.

Дар баробари ин, портали соҳибкор бо соҳибкор ба технологияи муосир, талаботи ҷаҳонӣ ва тамоюли замон ҷавобгӯ буда, истифодабарии он дар фаъолияти соҳибкорон соддаву қуллай мебошад. Портал аз 5 бахш иборат буда, дар онҳо маълумот оид ба фазои соҳибкорию сармоягузории Тоҷикистон, хабарҳои иқтисодии мамлакат, маълумот оид ба ширкатҳои ватанию хориҷӣ ва молу маҳсулотҳои истеҳсоли онҳо ҷойгир карда шудааст.

Соҳибкорон метавонанд мустақилона ширкатҳо, маҳсулотҳо ва хизматрасониҳои худро дар портал ба қайд гиранд. Танҳо мизоҷони бақайдгирифташуда имкон доранд аз тамоми имтиёзҳои портал бархурдор шаванд.

Инчунин, дар портал ширкатҳо соҳиби саҳифаи шахсӣ буда, он имконияти пайвастшавӣ ба интернетро бидуни созмон додани сомонаи махсус фароҳам меорад. Ба ғайр аз ин, портал ба ширкатҳои бақайдгирифташуда вобаста ба масъалаҳои гуногун, аз ҷумла, ҳуқуқӣ, андозбандӣ, ба роҳ мондани фаъолияти соҳибкорӣ ва ғайра кумакҳои машваратӣ мерасонад.

Дар назар аст, ки дар заминаи Бизнес-портал маҷаллаи «Тиҷорати Тоҷикистон» ба таври электронӣ ва чопӣ нашр гардад.

Дар портал бахши “Сохтани дархост” мавҷуд аст, ки ин ба соҳибкорон имкон медиҳад вақти худро сарфа намуда, то ки дар портали мазкур дархости худро оид ба хариди мол ва ё хизматрасонӣ ҷойгир намоянд. 

Бахши дигар ва ҷолиби портал “Роҳнамои тиҷоратӣ барои сармоягузорон” мебошад, ки он  саҳифаи роҳнамои тиҷоратӣ буда, тавсифи имкониятҳои сармоягузорӣ ва шароитҳои сармоягузорӣ вобаста ба бахшҳоро дар бар мегирад. Ҳамчунин, дар он феҳристи ягонаи тамоми лоиҳаҳои сармоягузории Тоҷикистон, маҳзани қонунҳо ва феҳристи байниидоравии лоиҳаҳои сармоягузории мавҷудбуда, ҷойгир карда шудаанд.

Ва ниҳоят, бо боварӣ метавон гуфт, ки портали интерактивии соҳибкор бо соҳибкор (B2B) ин воситаи муосире дар дасти соҳибкор мебошад, ки барои баланд бардоштани самаранокии фаъолияти тиҷоратии он хизмат хоҳад кард. 



Кумитаи давлатии сармоягузорӣ 

ва идораи амволи давлатии 

Ҷумҳурии Тоҷикистон