Чорабиниҳо ҷиҳати баланд бардоштани мавқеи ҷумҳурӣ дар арзёбиҳои байналмилалӣ

0
258
Санаи 8-11 майи соли 2018 силсилаи ҷаласаҳои зергурӯҳҳои корӣ дар доираи фаъолияти Гурӯҳи кории салоҳиятноки байниидоравӣ оид ба баланд бардоштани мавқеи Тоҷикистон дар арзёбиҳои байналмилалӣ, ки дар назди Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ фаъолият менамояд, баргузор гардид.

Чорабиниҳои мазкур бо мақсади баррасӣ намудани лоиҳаи таҳиягардидаи Нақшаи чорабиниҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба баланд бардоштани мавқеи Тоҷикистон дар арзёбиҳои байналмилалӣ дар ҷаласаҳои зергурӯҳҳои корӣ оид ба нишондиҳандаҳои алоҳидаи ҳисоботи «Пешбурди соҳибкорӣ»-и Бонки Ҷаҳонӣ доир гардид.

Дар ҷаласаҳо Муовини Раиси Гурӯҳи корӣ, Муовини Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Нигина Анварӣ, аъзои Гурӯҳи корӣ аз ҳисоби намояндагони салоҳиятдори вазорату идораҳои давлатӣ, ки расмиёти фаъолияти соҳибкориро танзим менамоянд, инчунин коршиносони соҳавӣ аз ҳисоби бахши хусусӣ ширкат варзиданд.

Тибқи супориши Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14-уми феврали соли 2018, №24118 (22.7) ҷиҳати таҳияи лоиҳаи Нақшаи чорабиниҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба баланд бардоштани мавқеи Тоҷикистон дар арзёбиҳои байналмилалӣ лоиҳаи ҳайати зергурӯҳҳои корӣ оид ба ҳар як нишондиҳандаи ҳисоботи «Пешбурди соҳибкорӣ» аз ҳисоби коршиносони вазорату идораҳои дахлдор дар доираи Гурӯҳи кории салоҳиятнок барои беҳтар намудани мавқеи кишвар дар арзёбиҳои байналмилалӣ таҳия ва бо қарори Раиси Кумита аз 24 апрели соли 2018, №115 тасдиқ карда шуд.

Айни замон аз ҷониби Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ гузориши таҳлилӣ оид ба тадбирҳои анҷомдодашуда ва масъалаҳои ҳалталаби ислоҳот дар самти соддагардонии расмиёти танзими фаъолияти соҳибкорӣ, ки ба баланд шудани мавқеи кишвар таъсир мерасонанд, омода гардида, дар асоси тавсияҳои он ва инчунин тавсияҳои коршиноси байналмилалӣ бо назардошти таҷрибаи пешқадами ислоҳот лоиҳаи Нақшаи чорабиниҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба баланд бардоштани мавқеи Тоҷикистон дар арзёбиҳои байналмилалӣ барои баррасӣ дар доираи зергурӯҳҳои кории Гурӯҳи кории салоҳиятнок омода карда шудааст.

Дар доираи ҷаласаҳои зергурӯҳҳои корӣ қисматҳои алоҳидаи лоиҳаи Нақшаи чорабиниҳои таҳияшуда, аз ҷумла санаи 8 май вобаста ба нишондиҳандаҳои “Бақайдгирии фаъолияти соҳибкорӣ” ва “Андозбандӣ”, 10 май вобаста ба нишондиҳандаҳои “Гирифтани иҷозат барои сохтмон”, “Пайвастшавӣ ба шабакаи таъмини қувваи барқ” ва нимаи дуюми ҳамон рӯз вобаста ба нишондиҳандаи “Таъмини иҷроиши қарордод” мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

11 май ҷаласаи зергурӯҳи корӣ оид ба баррасии қисмати лоиҳаи Нақшаи чорабиниҳо вобаста ба нишондиҳандаи “Рушди тиҷорати байналмилалӣ” ва нимаи дуюми рӯз ҷаласаи зергурӯҳи корӣ вобаста ба нишондиҳандаҳои “Ҳимояи сармоягузорони миноритарӣ” ва “Дастрасӣ ба қарз” баргузор гардид.

Дар доираи иҷрои супориши протоколии ҷаласаи XVIII Шӯрои машваратӣ аз 26 январи соли 2018 корҳо дар самти мукаммалсозии лоиҳаи Нақшаи чорабиниҳо идома ёфта, пас аз пурра омода гардидан он бо вазорату идораҳои дахлдор мувофиқа ва барои тасдиқ ба Ҳукумати ҷумҳурӣ пешниҳод карда хоҳад шуд.