Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

0
301
Қарори 
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 
аз 1 марти соли 2019                      №   95 
ш.Душанбе

Дар бораи Нақшаи чорабиниҳо оид ба 
амалӣ намудани 300 рӯзи ислоҳот ҷиҳати дастгирии соҳибкорӣ ва беҳтар 
намудани фазои сармоягузорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон


    Мутобиқи моддаи 14 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва бо мақсади дастгирии соҳибкорӣ, беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ, муҳайё намудани шароити мусоид барои субъектҳои соҳибкорӣ, инчунин ба рушди соҳибкорӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон    қарор     мекунад:
  1. Нақшаи чорабиниҳо оид ба амалӣ намудани 300 рӯзи ислоҳот ҷиҳати дастгирии соҳибкорӣ ва беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
  2. Вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ иҷрои пурраи Нақшаи чорабиниҳои мазкурро дар муҳлатҳои муқарраргардида таъмин намуда, ҷиҳати мусоидат ба рушди соҳибкорӣ ва беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ чораҳои зарурӣ андешанд.
  3. Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба ҷараёни иҷрои Нақшаи чорабиниҳои мазкур ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар семоҳа ҳисоботи ҷамъбасти пешниҳод намояд.
              Раиси 
       Ҳукумати Ҷумҳурии                                          Эмомалӣ Раҳмон
           Тоҷикистон