Санаи 6 июли соли 2023 бо ташаббуси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Ассотсиатсияи миллии соҳибкории хурду миёнаи Тоҷикистон, бахшида ба Рӯзи байналмилалии соҳибкории хурду миёна Мизи мудаввар дар мавзӯи “Рушди соҳибкории хурду миёна дар замони муосир” дар меҳмонхонаи “Ҳайят Реҷенсӣ” баргузор гардид.
Чорабинии мазкурро бо сухани ифтитоҳӣ Хуршедаи Қодир – муовини раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маликзода Нарзулло - муовини раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раҳимзода Баҳодур - муовини директори Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вульф-Хендрик Горетцки – директори лоиҳаи IRDP/TRIGGER, Агентии Олмон оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ дар Тоҷикистон (GIZ) ва Ниязов Рустам – раиси Ассотсиатсияи миллии соҳибкории хурд ва миёнаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳусни оғоз бахшиданд.
Дар чорабинии мазкур намояндагони вазорату идораҳо, беш аз 80 нафар соҳикборони хурду миёна, намояндагони ассотсиатсияҳои соҳибкорӣ, созмонҳои байналмилалӣ ва васоити ахбори омма иштирок намуданд.
Пас аз анҷоми қисмати расмии чорабинӣ ба 10 нафар соҳибкорони фаъол, ки дар рушди соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии мамлакат саҳми арзанда доранд, ифтихорномаҳо супорида шуд.