Ҳамоишҳои соҳибкорӣ

0
848
Баргузории Бизнес Форум ва ҳамоишҳои соҳибкорӣ 
дар солҳои 2017-2019
Бо мақсади ҷалби сармоя ба иқтисодиёти ҷумҳурӣ ва муаррифии имкониятҳои сармоягузории ва соҳибкории Тоҷикистон дар давоми солҳои 2017-2019 як қатор ҳамоишҳои иқтисодӣ чорабиниҳои самти соҳибкорӣ баргузор карда шудаанд. Аз он ҷумла:
Дар соли 2017:
  • Бизнес-Форуми соҳибкорони Тоҷикистону Чехия (14.02.17);
  • Бизнес-Форуми соҳибкорони Тоҷикистону Туркия (16.02.17);
  • Вохӯрии дуҷонибаи соҳибкорони ватанӣ ва соҳибкорону сармоягузорони Британияи Кабир (20.02.17);
  • Бизнес-форуми соҳибкорони Тоҷикистону Австрия (04.04.17);
  • Ҳамоиши тиҷоратии Тоҷикистону Қазоқистон (20.04.17);
  • Бизнес-форуми соҳибкорони Тоҷикистону Ӯзбекистон (21.04.17);
  • Мизи мудаввари доираҳои соҳибкорони Тоҷикистону Туркманистон (12.06.17);
  • Форуми соҳибкорони Арманистону Тоҷикистон (16.06.17);
  • Ҳамоиши истеҳсолкунандагон ва соҳибкорони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон (21.06.17);
  • Нахустин бизнес-коктейли соҳибкорон (30.06.17)
  • Бизнес-Форуми соҳибкорони Тоҷикистону ва Штатҳои Муттаҳидаи Америка (14.07.17)
Дар соли 2018:
  • Форуми ҷумҳуриявӣ таҳти унвони “Беҳтарсозии дастрасии занони соҳибкори Тоҷикистон ба бехатарӣ ва роҳҳои такмил додани он” (05.03. 2018)
  • Форуми соҳибкорони Тоҷикистону Ӯзбекистон (09.03.2018, ш.Душанбе)
  • Форуми соҳибкорони вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вилояти Самарқанди Ҷумҳурии Ӯзбекистон (21-22.04.2018)
  • Анҷумани соҳибкорони Тоҷикистону Беларус бо иштироки доираҳои соҳибкории Афғонистон, Покистон ва Ӯзбекистон (14.05.2018)
  • Форуми минтақавии “Занони соҳибкор, рушди сайёҳи тавассути тавсияи иқтидори ҳунармандӣ” (06.04.2019)
  • Форуми соҳибкорони Ӯзбекистон ва Тоҷикистон (16.08.2018, ш. Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон)
  • Форуми сеҷонибаи соҳибкорони Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Корея (10.10.2018)
  • Форуми байналмилалии соҳибкории Душанбе - 2018 таҳти унвони “Рушди соҳибкорию сармоягузорӣ ва равандҳои муосири иқтисодӣ” (15.10.2018)
  • Саммити экосистемаи стартапҳо (14.11.2018)
Дар 8 моҳи соли 2019:
  • Форуми соҳибкорони Тоҷикистону Тотористон (19.03.2019)
  • Форуми соҳибкорони Тоҷикистону Фаронса (18.04.2019)
  • Форуми занони соҳибкор дар сатҳи Осиёи Миёна бо унвони «Вақти муваффақияти комил» (30.04.2019)
  • Форуми соҳибкорони ҷавон таҳти унвони «Ҷавонон муҳаррики рушди соҳибкории инноватсионӣ» (16.05.2019)
  • Форуми байналмилалии сармоягузории шаҳри Кӯлоб (14.06.2019)
  • Форуми соҳибкорони Тоҷикистон ва Корея (16.07.2019)
  • Форуми байналмилалии сармоягузории Помиринвест – 2019 (06.08.2019)