Размер шрифта
Цвет фона и шрифта
Изображения
Озвучивание текста
Обычная версия сайта
Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
  • ДАР БОРАИ КУМИТА
  • ЭЪЛОНҲО
  • ХАБАРҲО
  • ФОРУМҲО
  • ГУРӮҲИ КОРӢ
  • ПРЕЗИДЕНТ
  • ҲУҶҶАТҲО
  • ТАМОС
  • ...
    "/>
    Русский English
    Тоҷикӣ
    Сармоягузорӣ
    • Фаъолияти сармоягузорӣ
    • Кӯмаки беруна
    • Тендерҳо дар лоиҳаҳои сармоягузорӣ
    • Инфрасохтори махсуси сармоягузорӣ
    • Харитаи сармоягузорӣ
    Соҳибкорӣ
    • Нишондиҳандаҳои рушди соҳибкорӣ ва бахши хусусӣ
    • Ҳамоишҳои соҳибкорӣ
    • Рейтинги кишвар
    • Инфрасохтори дастгирии соҳибкорон
    • Руйхати мақомоти санҷишӣ ва нақшаҳои гузаронидани санҷишҳо
    • Низоми иҷозатдиҳӣ ва иҷозатномадиҳӣ
    • Мораторий ба санҷишҳо
    Моликияти давлатӣ
    • Идораи моликияти давлатӣ
    • Таҷдид ва хусусигардонӣ
    • Сохторҳои идораи амволи давлатӣ
    Қонунгузорӣ
    • Қонунгузорӣ дар самти фаъолияти сармоягузорӣ
    • Қонунгузорӣ дар самти кӯмаки беруна
    • Қонунгузорӣ дар самти соҳибкорӣ
    • Қонунгузорӣ дар самти идораи амволи давлатӣ
    • Маркази миллии қонунгузории назди Президенти ҶТ
    • Маҳзани муттамаркази иттилоотӣ ҳуқуқии

      • Тоҷикӣ
        • Забон
        • Тоҷикӣ
        • Русский
        • English
      • +992 (37) 221-86-59
      • Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734000, ш. Душанбе, Шоҳтемур 27.
      • info@investcom.tj
      • Соатҳои корӣ аз 8:00 то 17:00

      Ҷаласаи сайёри Гурӯҳи кории доимоамалкунанда дар шаҳри Хуҷанд

      06.10.2022
      106

      Рӯзи 06 октябри соли 2022 бо дастгирии БРСМ дар Тоҷикистон ҷаласаи сайёри Гурӯҳи кории доимоамалкунанда оид ба тақвият бахшидани фаъолияти соҳибкории занон, ҷавонон ва шахсони имконияташон маҳдуд дар шаҳри Хуҷанд ташкил ва баргузор гардид.

      Дар ҷаласа аъзои Гурӯҳи корӣ аз ҳисоби намояндагони вазорату идораҳо, аз ҷумла Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони шарикони рушд, аз ҷумла Намояндагии БРСММ ва доираи васеи бонувони соҳибкори шаҳру ноҳияҳои  вилояти Суғд иштирок намуданд.

      Зимни ифтитоҳи ҷаласа ва тибқи банди якуми рӯзномаи ҷаласа Котиби Гурӯҳи корӣ, оид ба фазои фароҳамовардашуда ва ислоҳоти татбиқшуда бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти беҳтар намудани фаъолияти соҳибкории бонувон маълумот манзур намуд. Аз ҷумла, зикр гардид, ки тибқи супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар ҷаласаи XXII Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ таҳияи Барномаи дастгирии соҳибкории бонувон барои давраи то соли 2030 ба нақша гирифта шуда, дигар супоришҳои дахлдор дар самти мазкур ба вазорату идораҳо дода шудааст. Инчунин, оид ба ташкил ва баргузории Ҳамоиш дар доираи ЭСКПО-2022, Мулоқоти иқтисодии Душанбе низ маълумоти мушаххас пешниҳод гардид. Ташкил ва баргузории чорабиниҳои мазкур моҳи ноябр ба нақша гирифта шудааст.

      Қайд карда шуд, ки дар доираи чорабинии мазкур бонувони соҳибкор метавонанд идеяҳои соҳибкорӣ, маҳсулот ва хизматрасониҳои худро муаррифӣ намоянд, бо коршиносони байналмилалӣ шинос шаванд, тарзи таҳияи нақшаи тиҷоратиро омӯзанд ва бо дигар бонувони соҳибкор ҳамкориҳоро ба роҳ монанд. Ҳамзамон, бо мақсади дар сатҳи баланд ташкил ва баргузор намудани чорабинии мазкур аз ҳисоби вазорату идораҳои дахлдор Кумитаи тадорукот ташкил карда шуда, аллакай 3 ҷаласаи он ташкил ва гузаронида шуд.

      Тибқи банди дуюми рӯзномаи ҷаласа, аз ҷониби коршиносони бахши гендерӣ оид ба раванди таҳияи Барномаи дастгирии соҳибкории бонувон барои давраи то соли 2030, сохтори он, нақшаи амали он ва дигар ҷанбаҳои муҳим маълумот манзур гардида, оид ба монеаҳо ва мушкилиҳои вуҷуддоштаи соҳибкорзанони вилоят пурсиш гузаронида шуд. Изҳори итминон карда шуд, ки мушкилиҳои мазкур дар раванди таҳияи Барнома ба инобат гирифта шуда, пешниҳод ҷиҳати ҳалли онҳо роҳандозӣ мешаванд.

      Сипас, тибқи рӯзномаи ҷаласа, аз ҷониби намояндаи Вазорати кишоварзӣ оид ба ҷанбаҳои гендерии рушди инноватсионӣ дар самти кишоварзӣ, Вазорати сановат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони шарикони рушд, аз ҷумла намояндагии БРСММ дар Тоҷикистон, намояндагии Барномаи WAGE дар Тоҷикистон баҳри иштирокчиён муаррифнома пешниҳод гардид.

      Ҳамзамон, дар ҷорабинӣ намояндаи Кумитаи андоз дар вилояти Суғд иштирок намуда, оид ба имтиёзҳои андозӣ, хизматрасониҳои рақамӣ ва дигар ҷанбаҳои муҳим маълумоти муфассал дода, ба саволҳои бонувони соҳибкори минтақа посух дод. Вобаста ба самти мазкур аз ҷониби бонувони соҳибкор як қатор таклифу пешниҳодҳо манзур гардид.   

      Дар фарҷоми мулоқот, занони соҳибкори минтақа аз ташкилу баргузории чунин чорабинии судманд изҳори хушнудӣ намуда, ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати боз ҳам тақвият бахшидани ҳамкориҳо дар самти фароҳам овардани шароити муосиди пешбурди фаъолияти соҳибкорӣ миёни занон, ҷавонон ва шахсони имконияташон маҳдуд баён намуданд.

      АКСҲО:
      Саҳифаи асосӣ
      • Эълонҳо
      • Тендерҳои лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ


      Дар бораи Кумита
      Маълумоти таърихӣ
      Сохтор
      Низомнома
      Ваколатҳои Кумита
      Ҳисобот оид ба натиҷаи фаъолияти Кумита
      Муқовимат ба коррупсия
      Тамос
      Сармоягузорӣ
      Фаъолияти сармоягузорӣ
      Кӯмаки беруна
      Тендерҳо дар лоиҳаҳои сармоягузорӣ
      Инфрасохтори махсуси сармоягузорӣ
      Харитаи сармоягузорӣ
      Соҳибкорӣ
      Нишондиҳандаҳои рушди соҳибкорӣ ва бахши хусусӣ
      Ҳамоишҳои соҳибкорӣ
      Рейтинги кишвар
      Инфрасохтори дастгирии соҳибкорон
      Руйхати мақомоти санҷишӣ ва нақшаҳои гузаронидани санҷишҳо
      Мораторий ба санҷишҳо
      Моликияти давлатӣ
      Идораи моликияти давлатӣ
      Таҷдид ва хусусигардонӣ
      Сохторҳои идораи амволи давлатӣ
      Қонунгузорӣ
      Соҳаҳои афзалиятнок барои сармоягузорӣ
      Гурӯҳи корӣ
      Стратегияҳои миллӣ
      2022 © Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
      Яндекс.Метрика
      ТАМОС БО МО