Размер шрифта
Цвет фона и шрифта
Изображения
Озвучивание текста
Обычная версия сайта
Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
  • ДАР БОРАИ КУМИТА
  • МАРКАЗИ МАТБУОТӢ
  • ТЕНДЕРҲО
  • ТАМОС
  • ...
    "/>
    Русский English
    Тоҷикӣ
    Сармоягузорӣ
    • Сармоягузории давлатӣ
    • Имкониятҳои сармоягузорӣ
    • Роҳнамои сармоягузор
    • Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
    • Харитаи сармоягузорӣ
    Соҳибкорӣ
    • Дастгирии давлатии соҳибкорӣ
    • Нишондиҳандаҳои рушди фаъолияти соҳибкорӣ
    • Механизмҳои ҳамкорӣ
    • Санҷиши фаъолият
    • Низоми иҷозатдиҳӣ
    • Рейтингҳо
    • Соҳибкории занон
    • Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
    Моликияти давлатӣ
    • Идораи моликияти давлатӣ
    • Таҷдид ва хусусигардонӣ
    • Сохторҳои идораи амволи давлатӣ
    • Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
    Чаро Тоҷикистон?

      • Тоҷикӣ
        • Забон
        • Тоҷикӣ
        • Русский
        • English
      • +992 (37) 221-86-59
      • Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734000, ш. Душанбе, Шоҳтемур 27.
      • info@investcom.tj
      • Соатҳои корӣ аз 8:00 то 17:00

      ДАЪВАТ БАРОИ ИЗҲОРИ ҲАВАСМАНДӢ МУШОВИРИ ИНФИРОДӢ

      Ҷумҳурии Тоҷикистон

      Лоиҳаи Тавонмандсозии иқтисодии занони Тоҷикистон (TWEEP)

      Рақами грант: TF-D1600

      Вазифа: Мутахассис оид ба масъалаҳои экологӣ ва иҷтимоӣ

      Рақами истинод: TWEEP-CS-IC-09

      Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Бонки Ҷаҳонӣ маблағгузорӣ барои омодасозӣ ва татбиқи Лоиҳаи Тавонмандсозии иқтисодии занони Тоҷикистон (TWEEP) гирифтааст ва ният дорад қисми ин маблағҳоро барои хизматрасонии мушовири инфиродӣ равона созад.

      Вазифа аз дастгирии идоракунии хавфҳои экологӣ ва иҷтимоӣ дар доираи лоиҳаи TWEEP мутобиқи Чаҳорчӯбаи экологӣ ва иҷтимоии Бонки ҷаҳонӣ (ESF), қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва уҳдадориҳои дар Нақшаи уҳдадориҳои экологӣ ва иҷтимоӣ (ESCP) пешбинишуда иборат мебошад. Мутахассис оид ба масъалаҳои экологӣ ва иҷтимоӣ татбиқ ва мониторинги чораҳои экологӣ ва иҷтимоии дар ESCP ва Нақшаи идоракунии экологӣ ва иҷтимоӣ (ESMP) пешбинишударо таъмин менамояд; татбиқ ва мониторинги Тартиби идоракунии меҳнат (LMP), Нақшаи ҳамкорӣ бо ҷонибҳои манфиатдор (SEP), аз ҷумла Механизми баррасии шикоятҳо (GRM) барои кормандони Лоиҳа ва аҳолиро таъмин мекунад; машваратҳоро бо ҷонибҳои манфиатдор ташкил менамояд; гузаронидани скрининг ва таҳлили экологӣ ва иҷтимоиро барои ҳар як зерлоиҳа таъмин мекунад; дар ҳолатҳои зарурӣ омодасозии саривақтии арзёбиҳо/нақшаҳои идоракунии экологӣ ва иҷтимоиро барои зерлоиҳаҳо дастгирӣ менамояд; риояи талаботи ҳуҷҷатҳои экологӣ ва иҷтимоии Лоиҳаро аз ҷониби пудратчиён ва иҷрокунандагони зерлоиҳаҳо мониторинг мекунад;; инчунин ҳангоми кор бо маълумоти шахсӣ ва дигар маълумоти ҳассос махфиятро таъмин менамояд. Мутахассис ба таври пурра дар шаҳри Душанбе фаъолият намуда, дар ҳолати зарурӣ ба маконҳои лоиҳа дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, ВМКБ ва шаҳри Душанбе сафарҳои корӣ анҷом медиҳад. Шартнома ба муҳлати 12 моҳ, аз ҷумла бо муҳлати озмоишии се (3) моҳа, баста мешавад ва дар сурати иҷрои қаноатбахши вазифаҳо метавонад тамдид гардад. Давомнокии умумии лоиҳа то моҳи апрели соли 2029 мебошад.

      Супориши техникии муфассал (ToR) барои ин вазифа аз тариқи истиноди зерин дастрас аст: https://docs.google.com/document/d/1WCHno060PG0jnP_Sw3bCYYSmXsWe1zrfyofSDx1sg0E/edit?usp=sharing

      Бо ин васила, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон шахсони воқеии дахлдор («Мушовирон»)-ро даъват менамояд, то ҳавасмандии худро ҷиҳати расонидани ин хизматрасониҳо изҳор намоянд. Мушовирони ҳавасманд бояд маълумоти тасдиқкунандаи мавҷудияти тахассуси зарурӣ ва таҷрибаи дахлдор барои иҷрои ин хизматрасониҳоро, аз ҷумла резюмеи навшудаи (CV) тавсифи таҷрибаи иҷрои супоришҳои монанд ва номаи кӯтоҳи ҳамроҳ пешниҳод намоянд.

      Меъёрҳои интихоби Мушовир:

      Маълумот

      • Маълумоти олӣ дар соҳаи илмҳои экологӣ ва иҷтимоӣ, иқтисод (илмҳои экологӣ, антропология, сотсиология, иқтисоди сиёсӣ, рушди иҷтимоӣ, таҳқиқоти гендерӣ, кадастр ё дигар соҳаи марбута). Дараҷаи магистрӣ афзалият мебошад;

      Таҷрибаи корӣ

      • На камтар аз се (3) сол таҷриба дар омодасозӣ ва назорати татбиқи арзёбиҳои таъсири экологӣ ва иҷтимоӣ, нақшаҳои идоракунии экологӣ ва иҷтимоӣ ё дигар воситаҳои идоракунии дахлдор, ки аз ҷониби Бонки ҷаҳонӣ талаб карда мешаванд;
      • Таҷрибаи тасдиқшудаи кор дар лоиҳаҳое, ки стандартҳои амалкунандаи экологӣ ва иҷтимоии Бонки ҷаҳониро татбиқ мекунанд, ё таҷрибаи татбиқи стандартҳои монанд дар дигар ташкилотҳо;
      • Таҷриба дар гузаронидани омӯзишҳо ва таҳияи маводи дахлдор (дастурҳо, муаррифиҳо ва ғ.) барои гурӯҳҳои гуногун (аҳолии деҳот, хизматчиёни давлатӣ ва мутахассисон, ташкилотҳои ғайридавлатӣ).

      Малакаҳои махсуси шахсӣ ва муоширатӣ

      • Малакаҳои аълои муоширатӣ ва байнифардӣ;
      • Донистани озоди забонҳои тоҷикӣ ва русӣ; донистани забони англисӣ афзалият мебошад;
      • Малакаҳои компютерӣ (MS Office, MS Word, MS Excel, PowerPoint, Internet, Outlook ва ғ.).

      Диққати Мушовирони ҳавасмандро ба бандҳои 3.14, 3.16 ва 3.17-и «Қоидаҳои Бонки ҷаҳонӣ оид ба харидҳо барои қарзгирони ИФП» (Procurement Regulations for IPF Borrowers) аз сентябри соли 2025 (минбаъд — «Қоидаҳо»), ки сиёсати Бонки ҷаҳонӣ оид ба ихтилофи манфиатҳоро муқаррар менамоянд, ҷалб менамоем.

      Мушовир мутобиқи усули интихоби мушовирони инфиродӣ, ки дар Қоидаҳои Бонки ҷаҳонӣ оид ба харидҳо муқаррар шудааст, интихоб карда мешавад.

      Маълумоти иловагӣ метавонад дар суроғаи зерин дар соатҳои корӣ аз соати 08:00 то 17:00 бо вақти маҳаллӣ дастрас карда шавад.

      Изҳори ҳавасмандӣ, аз ҷумла резюме (CV) ва номаи ҳамроҳ, метавонанд ба забонҳои англисӣ, русӣ ё тоҷикӣ пешниҳод карда шаванд ва бояд то соати 17:00 бо вақти маҳаллӣ 7 августи соли 2026 ба суроғаи электронии зерин фиристода шаванд.

      Ҳуҷҷатҳои пешниҳоднамудаи номзадҳо бояд тахассус, таҷрибаи касбии дахлдор ва қобилияти онҳоро барои иҷрои супориши мазкур пурра инъикос намоянд. Ҳуҷҷатҳои пешниҳодшаванда, аз ҷумла маълумотнома (CV) ва номаи ҳамроҳ, бояд мухтасар буда, дар маҷмӯъ аз даҳ (10) саҳифа зиёд набошанд.

      Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва

      идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

      Лоиҳаи Тавонмандсозии иқтисодиёти занон дар Тоҷикистон (TWEEP)

      Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 40

      Почтаи электронӣ: mahmadaliev.proc@gmail.com

      Нусха: khurshedai_qodir@mail.ru

      Нусха: orzuahmadzoda1979@gmail.com

       

      TOR for TWEEP ESF.docx
      37.08 Kb

      25.07.2026
      176
      Саҳифаи асосӣ
      • Хабарҳо
      • Эълонҳо
      • Форумҳо
      • Ҳуҷҷатҳо
      • Нашри матбуотӣ
      • Видеомаводҳо


      Сармоягузорӣ
      Сармоягузории давлатӣ
      Имкониятҳои сармоягузорӣ
      Роҳнамои сармоягузор
      Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
      Харитаи сармоягузорӣ
      Соҳибкорӣ
      Дастгирии давлатии соҳибкорӣ
      Нишондиҳандаҳои рушди фаъолияти соҳибкорӣ
      Механизмҳои ҳамкорӣ
      Санҷиши фаъолият
      Низоми иҷозатдиҳӣ
      Рейтингҳо
      Соҳибкории занон
      Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
      Моликияти давлатӣ
      Идораи моликияти давлатӣ
      Таҷдид ва хусусигардонӣ
      Сохторҳои идораи амволи давлатӣ
      Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
      Чаро Тоҷикистон?
      2024 © Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
      Яндекс.Метрика
      ТАМОС БО МО