Санаи 29 сентябри соли 2023 дар шаҳри Душанбе дар доираи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба амалисозии тадбирҳо ҷиҳати таъмини рушди соҳаҳои мухталиф ва ҷалби бештари сармоягузориҳо ба иқтисодиёти миллӣ, инчунин диверсификатсияи ҷалби сармоя, Форуми Байналмилалии Сармоягузории Душанбе 2023 бо иштироки беш аз 800 нафар намояндагони 40 давлати дунё, баргузор карда шуд.
Барои иштирок дар Форуми мазкур меҳмонони воломақом, роҳбарони мақомоти кишварҳои хориҷӣ, ташкилотҳои байналмилалии молиявӣ ва сармоягузорони бонуфузи хориҷӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварданд.
Форуми мазкур бо мақсади ҷалби созмонҳо ва ширкатҳои бузурги сармоягузорӣ барои татбиқи лоиҳаҳои муштараки сармоягузорӣ дар соҳаҳои афзалиятноки иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумла соҳаҳои энергетика, фаъолияти бонкӣ, кишоварзӣ, саноат, сайёҳӣ, захираҳои табиӣ, фанновариҳои иттилоотӣ, зеҳни сунъӣ, сохтмон ва дигар соҳаҳои манфиатбахш такшил карда шудааст.
Дар қисмати пленарии Форум, суханронии маҷозии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шунида шуда, сипас Раиси Маҷлиси Миллӣ Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ; Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Қоҳир Расулзода; Сарвазири Ҷумҳурии Озарбойҷон муҳтарам Алӣ Асадов; муовини Раиси Ҳукумати Федератсияи Россия муҳтарам Марат Хуснуллин; муовини Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Галимжан Койшибаев; муовини Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Ҷамшид Кучкаров суханронӣ намуданд.
Пас аз қисмати пленарӣ, кори Форум дар бахшҳои алоҳида дар мавзӯъҳои «Имкониятҳои сармоягузории шаҳри Душанбе ва саноатикунонии босуръати кишвар», «Рушди иқтисоди сабз, рақамикунонӣ ва минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Нақши низоми молиявӣ дар рушди соҳибкорӣ ва ҷалби сармоягузорӣ», «Тоҷикистон – кишвари энергияи сабз, иштироки бахши хусусӣ дар соҳаи энергетика», «Имкониятҳои сармоягузорӣ дар соҳаи кишоварзӣ, истеҳсол ва содироти маҳсулоти кишоварзии аз лиҳози экологӣ тоза ба бозорҳои байналмилалӣ», «Тоҷикистон – кишвари сайёҳӣ, имкониятҳои рушди соҳа», «Ташкили марказҳои нақлиётию логистикӣ», «Имкониятҳои сармоягузорӣ дар соҳаи тандурустӣ, дурнамои рушди соҳаи дорусозӣ ва тибби хусусӣ дар Тоҷикистон» бо иштироки роҳбарони мақомоти давлатии ватанӣ ва хориҷӣ, доираҳои соҳибкорон ва сармоягузорони ватанию хориҷӣ идома дода шуд.
Дар ҳошияи чорабинӣ, ташрифи меҳмонони хориҷӣ аз корхонаҳои истеҳсолӣ ва мавзеъҳои таърихию фарҳангии шаҳрҳои Душанбе, Турсунзода, Норак ва ноҳияи Данғара пешбинӣ гардидааст.
Ҳамзамон, аз натиҷаи Форум як қатор санадҳои ҳамкорӣ ҷиҳати ташкили корхонаҳои истеҳсолӣ байни мақомоти давлатӣ, соҳибкорон ва сармоягузорони ватанию хориҷӣ ба имзо расонида мешаванд.