ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Лоиҳаи “Тавонмандсозии иқтисодии занон дар Тоҷикистон” (TWEEP)
Рақами грант: TF-D1600 (TWEEP, P511398)
Унвони супориш: Шарики техникӣ (ШТ) аз рӯи Компоненти 2 – Дастгирии фаъолияти соҳибкорӣ барои корхонаҳои микро, хурд ва миёна, ки таҳти роҳбарӣ ё идоракунии занон қарор доранд
Рақами истинод (тибқи Нақшаи харид): TWEEP-CS-QCBS-02
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Бонки Ҷаҳонӣ маблағгузорӣ ба андозаи 4,73 миллион доллари ИМА барои татбиқи лоиҳаи “Тавонмандсозии иқтисодии занон дар Тоҷикистон” (TWEEP) дарёфт намудааст ва як қисми ин маблағҳо барои хизматрасониҳои машваратӣ равона карда мешавад.
Хизматрасониҳои машваратӣ («Хизматрасониҳо») инчунин аз ҷалби Шарики техникӣ (минбаъд ШТ) барои дастгирии татбиқи Компоненти 2-и лоиҳа иборат мебошад. ШТ ба таҳкими рушд, рақобатпазирӣ ва устувории корхонаҳои микро, хурд ва миёна (MSMEs), ки таҳти роҳбарӣ ё идоракунии занон қарор доранд, дар саросари Тоҷикистон мусоидат хаҳад намуд. ШТ дар ҳолатҳои зарурӣ бо ҷонибҳои манфиатдори бахшҳои давлатӣ ва хусусӣ, аз ҷумла Муассисаи давлатии «Ташаккул ва рушди соҳибкории Тоҷикистон» (SIBIT) ҳамоҳангӣ мекунад, то мубодилаи дониш, мутобиқсозии равишҳо ва устувории хизматрасониҳои дастгирии MSME-ро дастгирӣ намояд. Мақсади татбиқи Компоненти 2 ба даст овардани дарсҳои амалӣ, методологияҳо ва таҷрибаҳои хуб дар самти дастгирии MSME, ки таҳти роҳбарӣ ё идораи занон мебошанд. ШТ ин дарсҳо ва воситаҳоро ҳуҷҷатгузорӣ карда, бо ҷонибҳои манфиатдори дахлдор, аз ҷумла SIBIT мубодила хоҳад кард, то ба густариши омӯзиш, табодули дониш ва рушди минбаъдаи хизматрасониҳои дастгирии соҳибкорӣ дар Тоҷикистон мусоидат намояд.
Нақши ШТ танҳо хусусияти машваратӣ ва техникӣ хоҳад дошт. ШТ барои тасдиқи грантҳо, нигоҳдорӣ ё пардохти маблағҳои грантӣ ва ё иҷозати анҷом додани пардохтҳо ваколат надорад. Давомнокии пешбинишудаи иҷрои супориш 33 моҳ буда, оғозаш моҳи июли соли 2026 ва анҷомаш моҳи марти соли 2029 дар назар аст.
Супориши техникӣ (TOR) барои вазифаи мазкур тавассути линки зерин дастрас аст: https://docs.google.com/document/d/1_kJ6MiSEQFBxtJ0Wpqih2rUr6aT4yFD3RhfjB90lylk/edit?usp=sharing
Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (КДСИАД), тавассути Гурӯҳи татбиқи лоиҳа (ГТЛ) ширкатҳои машваратиро («Мушовирон»)-ро даъват мекунад, то ҳавасмандии худро барои пешниҳоди Хизматрасониҳо изҳор намоянд. Мушовирони ҳавасманд бояд маълумоте пешниҳод кунанд, ки доштани тахассуси зарурӣ ва таҷрибаи дахлдорро барои иҷрои Хизматрасониҳо нишон диҳад.
Меъёрҳои ворид намудан ба рӯйхати кӯтоҳ (shortlist)
Изҳори ҳавасмандӣ аз рӯи меъёрҳое арзёбӣ мешавад, ки тахассуси барои ин супориш заруриро инъикос мекунанд, аз ҷумла:
- нишон додани ҳадди ақал 5 соли таҷриба ва салоҳиятҳои асосӣ дар соҳаҳои марбут ба супориш, бо таваҷҷуҳ ба рушди MSME, рушди бахши хусусӣ, дастгирии соҳибкорӣ, хизматрасониҳои машваратии тиҷоратӣ, акселератсия ё дастгирии грантӣ ба корхонаҳо;
- таҷрибаи исботшуда дар тарҳрезӣ ва татбиқи барномаҳои сохтории дастгирии MSME дар миқёс ва доираи монанд ба ин супориш, аз ҷумла арзёбии вазъи фаъолияти соҳибкорӣ, таҳияи барномаҳои омӯзишӣ, низомҳои менторӣ ва барномаҳои омодагӣ ба сармоягузорӣ ё акселератсия; ва
- таҷрибаи исботшуда дар таҳия ва татбиқи барномаҳои гендерӣ-ҳассос ва иҷтимоӣ фарогир, ки иштироки занони соҳибкор ва гурӯҳҳои осебпазирро дар ташаббусҳои рушди иқтисодӣ таъмин мекунад.
Мутахассисони калидӣ дар марҳилаи рӯйхати кӯтоҳ арзёбӣ карда намешаванд.
Диққати Мушовирони ҳавасманд ба Боби III, бандҳои 3.14, 3.16 ва 3.17-и “Қоидаҳои Бонки Ҷаҳонӣ оид ба харид барои қарзгирандагони IPF” аз моҳи сентябри соли 2025 (минбаъд-«Қоидаҳо») ҷалб карда мешавад, ки сиёсати Бонки Ҷаҳониро оид ба ихтилофи манфиатҳо муқаррар менамоянд.
Мушовирон метавонанд барои тақвияти тахассуси худ бо ширкатҳои дигар муттаҳид шаванд, вале бояд ба таври равшан нишон диҳанд, ки иттиҳод дар шакли корхонаи муштарак ва/ё субмашварат мебошад. Дар сурати корхонаи муштарак, ҳдар ҳолати интихоб шудан, ҳамаи шарикон якҷоя ва инфиродан барои тамоми шартнома масъул мебошанд.
Машовир мутобиқи усули Интихоб дар асоси сифат ва арзиш (QCBS), ки дар “Қоидаҳои хариди Бонки Ҷаҳонӣ оид ба харид барои қарзгирандагони IPF” пешбинӣ шудааст интихоб карда мешавад.
Маълумоти иловагиро метавон аз суроғаи зерин дар соатҳои корӣ аз 08:00 то 17:00 дастрас намуд.
Изҳори ҳавасмандӣ бояд шахсан, тавассути почта ё почтаи электронӣ то 19 июни соли 2026, соати 17:00 (бо вақти маҳаллӣ) ба суроғаи зерин ирсол карда шавад.
Гурӯҳи татбиқи лоиҳа (ГТЛ)
Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (КДСИАД)
Хиёбони Рӯдакӣ 40, ш. Душанбе, Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734000
Масъул барои қабули ҳуҷҷат: Темур Маҳмадалиев, мутахассис оид ба харид
Почтаи электронӣ: mahmadaliev.proc@gmail.com
Нусха: khurshedai_qodir@mail.ru
Сомона: investcom.tj

Русский
English
34