Размер шрифта
Цвет фона и шрифта
Изображения
Озвучивание текста
Обычная версия сайта
Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
  • ДАР БОРАИ КУМИТА
  • МАРКАЗИ МАТБУОТӢ
  • ТЕНДЕРҲО
  • ТАМОС
  • ...
    "/>
    Русский English
    Тоҷикӣ
    Сармоягузорӣ
    • Сармоягузории давлатӣ
    • Имкониятҳои сармоягузорӣ
    • Роҳнамои сармоягузор
    • Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
    • Харитаи сармоягузорӣ
    Соҳибкорӣ
    • Дастгирии давлатии соҳибкорӣ
    • Нишондиҳандаҳои рушди фаъолияти соҳибкорӣ
    • Механизмҳои ҳамкорӣ
    • Санҷиши фаъолият
    • Низоми иҷозатдиҳӣ
    • Рейтингҳо
    • Соҳибкории занон
    • Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
    Моликияти давлатӣ
    • Идораи моликияти давлатӣ
    • Таҷдид ва хусусигардонӣ
    • Сохторҳои идораи амволи давлатӣ
    • Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
    Чаро Тоҷикистон?

      • Тоҷикӣ
        • Забон
        • Тоҷикӣ
        • Русский
        • English
      • +992 (37) 221-86-59
      • Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734000, ш. Душанбе, Шоҳтемур 27.
      • info@investcom.tj
      • Соатҳои корӣ аз 8:00 то 17:00

      ДАЪВАТ БАРОИ ИЗҲОРИ ҲАВАСМАНДӢ МУШОВИРИ ИНФИРОДӢ

      Ҷумҳурии Тоҷикистон

      Лоиҳаи Тавонмандсозии иқтисодии занони Тоҷикистон (TWEEP)

      Рақами грант: TF-D1600

      Вазифа: Мутахассис оид ба дастгирии барномаҳои лоиҳа

      Рақами истинод: TWEEP-CS-IC-06

      Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Бонки ҷаҳонӣ маблағгузорӣ барои омодасозӣ ва татбиқи Лоиҳаи Тавонмандсозии иқтисодиёти занон дар Тоҷикистон (TWEEP) гирифтааст ва ният дорад қисми ин маблағҳоро барои хизматрасонии мушовири инфиродӣ равона созад.

      Вазифа аз пешниҳоди дастгирии барномавӣ, ҳамоҳангсозӣ ва таҳлили фаъолият ба Гурӯҳи татбиқи лоиҳа иборат буда, ба татбиқи саривақтӣ, мониторинг ва ҳисоботдиҳии фаъолияти лоиҳа дар тамоми компонентҳо мусоидат менамояд. Мутахассис оид ба дастгирии барномавии лоиҳа ҳамоҳангсозии фаъолияти лоиҳаро дар байни компонентҳо ва бо Шарикони техникии мусоидаткунанда иҷро намуда, дар омода намудани нақшаҳои корӣ, ҷадвалҳо, воситаҳои пайгирии татбиқ, ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ, мукотиба, ёддоштҳои дохилӣ, инчунин дар ташкил намудани вохӯриҳо, тренингҳо, семинарҳо ва миссияҳо мусоидат менамояд. Мутахассиси оид ба дастгирии барномавии лоиҳа ба таври пурра дар шаҳри Душанбе фаъолият намуда, дар ҳолати зарурӣ ба объектҳои минтақавии лоиҳа (ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва ВМКБ) сафарҳои корӣ анҷом медиҳад. Мӯҳлати шартнома аввал 12 моҳ, аз ҷумла мӯҳлати озмоишии се (3) моҳа, бо имкони тамдид вобаста ба натиҷаҳои фаъолият ва эҳтиёҷоти лоиҳа мебошад. Давомнокии умумии лоиҳа то моҳи апрели соли 2029 мебошад.

      Супориши техникии муфассал (ToR) барои ин вазифа аз тариқи истиноди зерин дастрас аст: https://docs.google.com/document/d/1EU3BSN6fjBfdsiEJyAiepKOL-4Cf7yu_OD4I-iBPD8g/edit?usp=sharing

      Бо ин васила, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон шахсони воқеии дахлдор («Мушовирон»)-ро даъват менамояд, то ҳавасмандии худро ҷиҳати расонидани ин хизматрасониҳо изҳор намоянд. Мушовирони ҳавасманд бояд маълумоти тасдиқкунандаи мавҷудияти тахассуси зарурӣ ва таҷрибаи дахлдор барои иҷрои ин хизматрасониҳоро, аз ҷумла маълумотномаи навшудаи (CV) тавсифи таҷрибаи иҷрои супоришҳои монанд ва номаи кӯтоҳи ҳамроҳ пешниҳод намоянд.

      Меъёрҳои интихоби Мушовир:

      Маълумот

      • Дорои маълумоти олӣ дар соҳаи иқтисод, идоракунии давлатӣ, илмҳои иҷтимоӣ, таҳқиқоти рушд ё соҳаи марбута;

      Таҷрибаи корӣ

      • На камтар аз як (1) соли таҷрибаи касбии дахлдор дар вазифаҳои дастгирии лоиҳа ё ҳамоҳангсозӣ;
      • Таҷрибаи кор дар лоиҳаҳои маблағгузоришаванда аз ҷониби донорҳо ё лоиҳаҳои давлатӣ афзалият ба ҳисоб меравад;

      Малакаҳои махсуси шахсӣ ва муоширатӣ

      • Малакаҳои қавии ташкилӣ, таҳлилӣ ва муоширатӣ;
      • Донистани забони русӣ ҳатмист; донистани забони тоҷикӣ хеле матлуб аст; дониши кории забони англисӣ афзалият ба ҳисоб меравад.

      Диққати Мушовирони ҳавасмандро ба бандҳои 3.14, 3.16 ва 3.17-и «Қоидаҳои Бонки ҷаҳонӣ оид ба харидҳо барои қарзгирони ИФП» (Procurement Regulations for IPF Borrowers) аз сентябри соли 2025 (минбаъд - «Қоидаҳо»), ки сиёсати Бонки ҷаҳонӣ оид ба ихтилофи манфиатҳоро муқаррар менамоянд, ҷалб менамоем.

      Мушовир мутобиқи усули интихоби мушовирони инфиродӣ, ки дар Қоидаҳои Бонки ҷаҳонӣ оид ба харидҳо муқаррар шудааст, интихоб карда мешавад.

      Маълумоти иловагӣ метавонад дар суроғаи зерин дар соатҳои корӣ аз соати 08:00 то 17:00 бо вақти маҳаллӣ дастрас карда шавад.

      Изҳори шавқмандӣ, аз ҷумла маълумотнома (CV) ва номаи ҳамроҳ, метавонанд ба забонҳои англисӣ, русӣ ё тоҷикӣ пешниҳод карда шаванд ва бояд то соати 17:00 бо вақти маҳаллӣ санаи 24 июли соли 2026 ба суроғаи электронии зерин фиристода шаванд.

      Ҳуҷҷатҳои пешниҳоднамудаи номзадҳо бояд тахассус, таҷрибаи касбии дахлдор ва қобилияти онҳоро барои иҷрои супориши мазкур пурра инъикос намоянд. Ҳуҷҷатҳои пешниҳодшаванда, аз ҷумла маълумотнома (CV) ва номаи ҳамроҳ, бояд мухтасар буда, дар маҷмӯъ аз даҳ (10) саҳифа зиёд набошанд.

      Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва

      идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

      Лоиҳаи Тавонмандсозии иқтисодии занони Тоҷикистон (TWEEP)

      Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 40

      Почтаи электронӣ: mahmadaliev.proc@gmail.com

      Нусха: khurshedai_qodir@mail.ru

      Нусха: orzuahmadzoda1979@gmail.com 

      TWEEP TOR Junior Program Officer.docx
      25.18 Kb

      14.07.2026
      76
      Саҳифаи асосӣ
      • Хабарҳо
      • Эълонҳо
      • Форумҳо
      • Ҳуҷҷатҳо
      • Нашри матбуотӣ
      • Видеомаводҳо


      Сармоягузорӣ
      Сармоягузории давлатӣ
      Имкониятҳои сармоягузорӣ
      Роҳнамои сармоягузор
      Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
      Харитаи сармоягузорӣ
      Соҳибкорӣ
      Дастгирии давлатии соҳибкорӣ
      Нишондиҳандаҳои рушди фаъолияти соҳибкорӣ
      Механизмҳои ҳамкорӣ
      Санҷиши фаъолият
      Низоми иҷозатдиҳӣ
      Рейтингҳо
      Соҳибкории занон
      Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
      Моликияти давлатӣ
      Идораи моликияти давлатӣ
      Таҷдид ва хусусигардонӣ
      Сохторҳои идораи амволи давлатӣ
      Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
      Чаро Тоҷикистон?
      2024 © Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
      Яндекс.Метрика
      ТАМОС БО МО