ТАМОС БО МО
Замимаи 1
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 28 декабри соли 2006,
№590
НИЗОМНОМАИ Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 29.05.2010 № 284, аз 03.03.2011 № 135, аз 31.05.2012 №296) аз 13.09.2012 № 488, аз 05.02.2013 № 34, аз 02.07.2013 № 289)
I.Муқаррароти умумӣ
1. Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумхурии Тоҷикистон (минбаъд-Кумита) мақомоти марказии ҳокимияти иҷроия буда, дар доираи салоҳияти худ сиёсати давлатӣ ва батанзимдарории меъёрии ҳуқуқиро дар соҳаи сармоягузорӣ тадбирҳои мақсаднок оид ба ҷалб, ҳамоҳангсозӣ ва мониторинги кӯмаки беруна, идораи амволи давлатӣ, роҳбарӣ ва амалӣ намудани раванди ғайридавлатигардонӣ ва хусусигардонии моликияти давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ намуда, манфиати давлатро ҳамчун соҳибмулк намояндагӣ мекунад, фаъолиятро оид ба иҷрои барномаҳои дастгирии соҳибкорӣ анҷом медиҳад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 3.03.2011 № 135).
2. Кумита дар фаъолияти худ Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармон ва амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарор ва фармоишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамин Низомномаро дастури амал қарор медиҳад.
3. Кумита фаъолияти худро мустақиман ва тавассути мақомоти ҳудудии худ дар ҳамкорӣ бо дигар мақомоти ҳокимияти иҷроия, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва дигар ташкилотҳо анҷом медиҳад.
II. Ваколатҳо
4. Кумита дар соҳаи муқарраргардидаи фаъолият ваколатҳои зеринро анҷом медиҳад:
- таҳияи лоиҳаҳои қонунҳо, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои марбути соҳаи фаъолияти Кумита ва пешниҳоди онҳо ба баррасии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- мустақилона қабул намудани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва қарорҳо вобаста ба соҳаи муқарраргардидаи фаъолият;
- таҳия ва татбиқи тадбирҳо оид ба беҳбуди фазои сармоягузорӣ дар кишвар, фароҳам овардани шароитҳои ҳуқуқӣ ва дигар шароит, ки ба ҷалби сармоя мусоидат менамояд;
- иштирок дар таҳия ва амалӣ гардондани барномаҳои сармоягузорӣ, ба низом даровардани шартҳои шартномаҳои консессионӣ, хамзамон ҳамчун соҳибмулк дар доираи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон намояндагӣ намудани манфиатҳои давлат дар масъалаҳои мазкур;
- мусоидат ба ҷалби сармоягузориҳо барои татбиқи барномаҳои давлатӣ, лоиҳаҳои афзалиятноки иҷтимоӣ, аз ҷумла аз ҳисоби қарз ва грантҳои ташкилотҳои байналмилалии иқтисодӣ, молиявӣ ва кишварҳои донор;
- ҳамоҳангсозии умумии ҷараёни ҷалб, истифода ва мониторинги кӯмаки беруна, инчунин татбиқи нақшаю чорабиниҳое, ки дар барномаҳо ва стратегияҳо оид ба ҷараёни ҷалб, истифода ва мониторинги кӯмаки беруна пешбинигардида (қарори Ҳукумати ҶТ аз 3.03.2011 № 135);
- таъсиси системаи судманди ҳамкорӣ бо сармоягузорон, мусоидат ба таъмини риояи кафолатҳое, ки қонунгузорин Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст, инчунин ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии сармяогузорон;
- таъмини ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти давлатӣ ҷиҳати кор бо сармоягузорон;
- татбиқи сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ғайридавлатигардонӣ ва хусусигардонии моликияти давлатӣ бо мақсади ташаккули иқтисодиёти гуногунҷабҳа ва ба дигар шакли моликият табдил додани моликияти давлатӣ;
- таҳияи таъмини методологии раванди хусусигардонӣ;
- роҳбарӣ ва ҳамоҳансозии фаъолияти раёсату шӯъбаҳои сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ (қарори Ҳукумати ҶТ аз 3.03.2011, № 135);
- таъмини ҳифз ва истифодаи судманди моликияти давлатӣ;
- иҷрои фаъолияти арзёбии (баҳодиҳии) моликияти давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- ҳифзи ҳукукҳои амволӣ ва манфиатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қисми ҳуқуқи амволӣ ва истифодаи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди дигар давлатҳо;
- ҷалби сармоягузориҳо тавассути таъмини иштироки доираи васеи сармоягузориҳои имконпазир ба раванди хусусигардонӣ;
- - пешбурди сиёсати давлатӣ оид ба пешгирии муфлисшавии корхонаҳои давлатӣ ва татбиқи қонунгузорӣ дар бораи муфлисшавӣ;
- мусоидат ба ташаккули муносибатҳои бозаргонӣ дар асоси рушди соҳибкорӣ;
- пешбурди сиёсати давлатӣ, ки ба дастгирии соҳибкорӣ, аз ҷумла соҳибкории хурд ва миёна нигаронида шудааст, мусоидат ба таҳкими бахши соҳибкории иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, танзими давлатӣ, ҳамоҳангсозии байнисоҳавӣ ва байниминтақавӣ дар соҳаи рушд ва дастгирии соҳибкории хурд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 03.03.2011 № 135);
- таҳия ва таъмини татбиқи барномаҳои давлатии дасггирии соҳибкорӣ, аз он ҷумла соҳибкории хурду миёна;
- мусоидат ба рушди фаъолияти сармоягузории субъектҳои соҳибкории хурд;
- таҳлили ҳаракати ҷараёни сармоягузориҳо, омӯзиш ва ҷамъбасти таҷрибаи ҷаҳонии ҷалб ва ҳавасмандтардонии онҳо;;
- таҳияи пешниҳодот оид ба татбиқи чорабиниҳое, ки ба беҳбудии фазои сармоягузории Ҷумҳурии Тоҷикистон нигаронида шудааст, аз ҷумла оид ба такмили қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин рушди ҳамкориҳои сармоягузории байналмилалӣ;
- дар ҳамоҳангсозӣ бо вазорату идораҳои дахлдор иштирок дар омода намудан ва бастани созишномаҳои байналмилалӣ оид ба масъалаҳои фаъолияти сармоягузорӣ;
- доир намудани чорабиниҳои рекламавию иттилоотӣ оид ба имкониятҳои сармоягузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- ҷамъбаст, таҳлил ва таъмини татбиқи минбаъдаи пешниҳод ва лоиҳаҳои ирсолгардидаи муассисаҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби муқаррариамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мақомоти иҷроияи марказӣ ва маҳаллии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- якҷоя бо мақомоти давлатии манфиатдор ташкил намудани баҳисобгирӣ ва ҳисоботдиҳӣ оид ба ҷалб ва истифодаи сармоягузориҳо ва ҳамаи намудҳои кӯмаки берунаи ба Ҷумҳурии Тоҷикистон воридшаванда (карор аз 3.03.2011 № 135);
- кӯмак ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар танзими баҳсҳои хоҷагӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва хориҷ аз он тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии онҳо дар мурофиаҳои судӣ (карор аз 3.03.2011 № 135);
- якҷоя бо мақомоти манфиатдори давлатӣ ташкил ва гузаронидани саммитҳо, форумҳо, семинарҳо, рӯнамоҳо, конференсия ва дигар чорабиниҳо дар Тоҷикистон ва дар хориҷа бо мақсади маъруфият, таблиғи дастовардҳо ва имкониятҳои сармоягузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- ҳамкорӣ бо сармоягузорон, ташкилотҳои байналмилалӣ ва дигар ташкилотҳо оид ба масъалаҳои соҳаи фаъолияти худ;
- ташкил ва гузаронидани экспертизаи қарордодҳо ва дигар ҳуҷҷатҳои марбут ба лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар доираи салоҳияти худ;
- таҳлил ва ташкили иҷрои шартҳои истеҳсолию техникӣ, иқтисодӣ, экологӣ, молиявӣ, андоз ва дигар шартхои қарордодҳои басташуда;
- таъмини ба даст овардани ҳамаи ҳуҷҷатҳои мувофиқавӣ ва иҷозатдиҳанда, ки барои татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ заруранд;
- гузаронидани мониторинг ва назорати татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ, аз ҷумла назорати риоя намудани шартҳои қарордодҳо;
- таъмини дар воситаҳои ахбори омма нашр намудани санадҳои меъёрии ҳуқуқии марбут ба татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ, номгӯи лоиҳаҳо, ки вобаста ба онҳо қарордод баста шудаанд, маблағи сармоя барои лоиҳаҳо ва миқдори ҷойҳои кории таъсисшаванда;
- ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти давлатӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳое, ки таҳти Кумита қарор доранд;
- дар доираи салоҳияти худ таҳия ва тасдиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ҳуҷҷатҳои методии танзимкунандаи масъалаҳои муносибатҳои амволии раванди хусусигардонӣ, муфлисшавӣ, назорати иҷрои ҳуҷҷатҳои зикргардида, ба онҳо ворид намудани тағйиру иловаҳо, инчунин тавзеҳот оид ба татбиқи онҳо;
- таҳия ва татбиқи стратегия ва барномаҳои хусусигардонии моликияти давлатӣ, лоиҳаҳои инфиродии реструктуризатсия ва хусусигардонии корхонаҳои давлатӣ ва дигар ташкилотҳое, ки аз нигоҳи стратегӣ барои иқтисоди ҷумҳурӣ муҳим мебошанд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 03.03.2011 № 135);
- иҷрои корҳо оид ба идораи судманд ва ихтисори амволи давлатӣ, аз ҷумла тибқи тартиби муқарраргардида додани он бо хуқуқи пешбурди хоҷагидорӣ ва идораи оперативӣ, гузаронидани чунин амвол аз баланс ба баланс, додани амвол ба иҷора, идораи ба бовари асос ёфта, ворид намудани он ба сармояи оинномавии субъектҳои хоҷагидор;
- аз номи давлат анҷом додани ваколати саҳҳом (иштирокчӣ) дар ҷамъиятҳои саҳомӣ, ки дорои пакети (ҳиссаи) давлатии саҳмияҳо мебошанд;
- ташкили кор оид ба назорати истифодаи судманд ва ҳифзи амволи давлатӣ;
- ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти давлатӣ оид ба масъалаҳои ихтиёрдории амволи давлатӣ;
- пешбурди баҳисобгирии объектҳои моликияти давлатӣ;
- таҳлили суръати рушди раванди хусусигардонӣ, ҷараёни татбиқи барномаҳои хусусигардонии амволи давлатӣ ва ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намудани ҳисобот оид ба иҷрои онҳо;
- пешбурди корҳо оид ба ҳифзи ҳуқуқи амволӣ ва истифодаи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа;
- намояндагии манфиатҳои давлат дар ҳалли масъалаҳои вобаста ба оғоз намудани парванда дар бораи муфлисшавӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- ташкили корҳо оид ба таҷдиди сохтор, азнавташкилдиҳӣ ва барҳамдиҳии корхонаҳо ва дигар ташкилотҳои давлатӣ;
- таҳлили ҳолати молиявию иқтисодии корхонаҳо ва дигар ташкилотҳое, ки дар онҳо ҳиссаи моликияти давлатӣ мавҷуданд;
- татбиқи стратегия, сиёсат ва ҳамоҳангсозии корҳо оид ба муқаррар намудан ва рушди фаъолияти нархгузории (баҳодиҳии) амвол дар Ҷумхурии Тоҷикистон, такмили заминаи меъёрии ҳуқуқии фаъолияти нархгузории амвол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- таъмини ошкоро будан ва шафофии раванди хусусигардонӣ;
- таъмини ҳифзи манфиатҳои давлатии ҷумҳурӣ дар соҳаи риояи истифодаи қонунии амволи давлатӣ, таъмини риояи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо сармоягузорони хориҷӣ баста шудаанд;
- татбиқи сиёсати давлатӣ оид ба пешгирии муфлисшавӣ, инчунин шартҳои таъмини татбиқи раванди муфлисшавӣ;
- бо ташкилотҳои илмӣ ва олимон бастани шартномаҳо ҷиҳати гузаронидани корҳои илмӣ оид ба асосноксозии тавсияҳо, ки барои иҷрои ваколатҳои Кумита заруранд;
- ҷалби ташкилотҳои машваратӣ, аз ҷумла хориҷӣ, барои таҳияи лоиҳаҳо ва барномаҳои хусусигардонӣ ва ҷалби сармоягузориҳо;
- ташаккул ва пешбурди махзани маълумоти дивидендӣ ва маълумот оид ба хариди моликияти давлатӣ, назорати ҳисоби дурусти дивидентҳо ба пакети саҳмияҳои давлатии моликияти ҷумҳуриявӣ;
- тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмини гирифтан ва гузаронидани дивидендҳо, маблағҳои, ки дар натиҷаи хусусигардонии амволи давлатӣ ва дигар намуди фаъолияти Кумита ба даст омадаанд;
- иштирок дар идораи моликияти давлатӣ (ҳиссаи давлат) тавассути намояндагони ваколатдори Кумита дар кори шӯроҳои директорон, раёсатҳо, маҷлисҳои саҳҳомони ҷамъиятҳои саҳомӣ;
- иҷрои функсияҳои ҳифзи манфиати давлатӣ ҳамчун соҳибмулк;
- ҳамоҳангсозии раванди таҷдиди сохтор дар корхонаҳо, ки ҳама гуна намуди фаъолияти корхонаро фаро гирифта, ба кам гардидани хароҷот, барҳам додани намудҳои бесамари фаъолият ва таъсиси механизми судманди идора мусоидат менамояд;
- назорати истифодаи амволи давлатӣ, ки ба иҷора дода шудааст;
- ҳамкорӣ бо ташкилотҳои байналмилалӣ оид ба масъалаҳои омӯзиш ва истифодаи амалии дастовардҳо ва таҷрибаи дигар кишварҳо дар соҳаи хусусигардонӣ, идоракунӣ, ихтиёрдорӣ, истифодаи самарабахш ва назорати ҳифзи объектҳои моликияти давлатӣ;
- ҷори намудани омодагии судманди пеш аз хусусигардонӣ ва пешазфурӯшии корхонаҳо барои минбаъд фурӯхтани онҳо ба моликияти шахсӣ ё табдил додан ба дигар намуди моликият;
- идоракунии ҳиссаҳои ба Ҷумҳурии Тоҷикистон тааллуқдошта дар ҷамъиятҳои муштараки бо ҷалби сармояи дохилӣ ва хориҷӣ таъсисдодашуда ва иштироки бевоситаи намояндаҳои Кумита дар шӯроҳои директорон (шӯрои мушоҳидакорон) ва маҷлисҳои умумии иштирокчиён (карор аз 3.03.2011 №135);
- танзими соҳаи низоми иҷозатдиҳӣ (қарори Ҳукумати ҶТ аз 31.05.2012 №296);
- пешбурди Феҳристи ягонаи давлатии электронии ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ (қарори Ҳукумати ҶТ аз 31.05.2012 №296).
- ҷорӣ намудани системаи идораи корпоративӣ, ки ба куллан баланд бардоштани нақши саҳҳомон, шӯроҳои назоратӣ ва дигар мақомоти дохилӣ дар идораи ҷамъиятҳои саҳомӣ бо ҳиссаи давлатӣ нигаронида шудааст, баланд бардоштани масъулияти мақомоти иҷроияи корхонаҳо ва дигар ташкилотҳо оид ба натиҷаҳои фаъолияти онҳо;
- мусоидат ба рушди соҳибкории хурд ва миёна;
- мусоидат ба ташаккул ва рушди инфраструктураи соҳибкорӣ дар ҷумҳурӣ;
- таҳлили ҳолати соҳибкори ва самарабахшии чорабиниҳои дастгирии давлатӣ;
- таҳлили барномаҳои минтақавии рушди соҳибкорӣ;
- иштирок дар татбиқи назорати истифодаи самарабахши воситаҳои молиявии давлатӣ, ки барои дастгирӣ ва рушди соҳибкорӣ нигаронида шудаанд;
- таъсис додани фондҳои қарздиҳии хурд ба соҳибкорон бо мақсади дастгирии соҳибкорӣ (қарори Ҳукумати ҶТ аз 3.03.2011 № 135);
- омода намудани хулоса ва дар мавридҳои зарурӣ додани пешниҳодот ба бонкҳои тиҷоратӣ ҳангоми додани қарзҳо ба соҳибкорон (қарори Ҳукумати ҶТ аз 3.03.2011 № 135);
- пешбурди феҳристи ассотсиатсияҳои соҳибкорӣ, намояндагиҳои тиҷоратӣ ва соҳибкорони тоҷики бурунмарзӣ (қарори Ҳукумати ҶТ аз 3.03.2011 № 135);
- таҳияи пешниҳодот дар бораи фароҳам овардани шароитҳои имтиёзнок ҷиҳати аз ҷониби субъектҳои соҳибкорӣ истифода бурдани захираҳои молиявии давлатӣ, моддию техникӣ ва иттилоотӣ, инчунин коркардҳо ва технологияҳои илмию техникӣ;
- ташкили ҳамкориҳои муштараки мақомоти иҷроияи марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар ҳалли масъалаҳои вобаста ба фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ (қарори Ҳукумати ҶТ аз 3.03.2011 № 135);
- ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон манзур доштани пешниҳодот оид ба такмили системаи андозбандӣ, тағйир додани сиёсати молиявӣ ва кредитӣ нисбат ба субъектҳои соҳибкорӣ бо мақсади таъмини дастгирии онҳо;
-дастгирии давлатии соҳибкорӣ, фаъолияти иқтисодии хориҷии субъектҳои он, аз ҷумла рушди робитаҳои тиҷоратӣ, илмию техникӣ ва истеҳсолии онҳо бо шарикони хориҷӣ, ки ба рушди соҳибкорӣ мусоидат менамоянд;;
- тибқи тартиби мууарраргардида гузаронидани озмунҳо ва бастани қарордодҳои давлатӣ ҷиҳати ҷойгиркунии фармоиш барои дастрас намудаии молҳо, иҷрои корҳо ва хизматрасонӣ барои эҳтиёҷоти Кумита, инчунин барои дар соҳаи мукарраргардидаи фаъолият гузаронидани корҳои илмию тадқиқотӣ барои эҳтиёҷоти давлатӣ;
- ҷамъбасти амалияи истифодаи қонунгузории Ҷумхурии Тоҷикиртон ва таҳлили, татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи муқарраргардидаи фаъолият;
- иҷрои функсияи ихтиёрдории асосӣ ва гирандаи маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ, ки барои нигаҳдошти Кумита ва татбиқи функсияҳои ба зиммаи Кумита гузошташуда пешбинӣ гардидаанд;
- қабули шаҳрвандон, пурра ва сари вақт баррасӣ намудани муроҷиати хаттӣ ва шифоҳии шаҳрвандон, қабули қарор оид ба онҳо ва дар мӯҳлати муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол намудани ҷавоб ба аризадиҳандагон;
- дар доираи салоҳияти худ ҳифзи маълумоте, ки дорои сирри давлатӣ мебошанд;
- ташкили омодагии касбии кормандони Кумита, такмили ихтисос, баланд бардоштани тахассус ва таҷрибаомӯзии онҳо, инчунин тайёр намудани мутахассисон ва такмилдиҳии касбии онҳо дар масъалаҳои марбут ба соҳаи фаъолияти Кумита;
- тибқи тартиби муқарраргардида ҳамкорӣ бо мақомоти ҳокимияти давлатии дигар кишварҳо ва ташкилотҳои байналмилалӣ дар соҳаи муқарраргардидаи фаъолият;
- тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъоварӣ, нигаҳдошт, баҳисобгирӣ ва истифодаи ҳуҷҷатҳои бойгонӣ, ки дар ҷараёни фаъолияти Кумита ба вуҷуд меоянд;
- иҷрои дигар ваколатҳое, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба зиммаи Кумита гузоштаанд;
- мустақилона гузарониданидани гуфтушунид бо ташкилотҳои байналмилалии молиявӣ, донорҳо ва сармоягузорони хориҷӣ барои ҷалби воситаҳои зарурӣ ҷиҳати маблағгузории лоиҳаҳои афзалиятнок (қарори Ҳукумати ҶТ аз 03.03.2011 № 135);
- ба маҳзани маълумот ворид намудани лоиҳаҳое (созишномаҳо), ки аз ҳисоби кӯмаки беруна маблағгузорӣ мегарданд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 03.03.2011 № 135);
- омода намудани ҳисобот оид ба рафти татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ, вазъи ҷараёни ҷалби кӯмаки беруна ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (қарори Ҳукумати ҶТ аз 03.03.2011 № 135);
- иштирок намудан дар таҳия ва мувофиқаи лоиҳаҳои барномаҳои сармоягузории давлатӣ (қарори Ҳукумати ҶТ аз 3.03.2011 № 135);
- андешидани тадбирҳо оид ба таъмини шаффоф, боадолатона ва самарабахши ҷараёни хариди мол, кор ва хизматрасонӣ дар доираи лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ (қарори Ҳукумати ҶТ аз 3.03.2011 № 135); - ташкили фаъолият оид ба кушодани дархостҳои тендерӣ барои хариди мол, кор ва хизматрасонӣ дар доираи татбиқи лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ (қарори Ҳукумати ҶТ аз 3.03.2011 № 135);
- мониторинги фаъолияти харид дар марказҳои татбиқи лоиҳаҳои давлатии сармоятузорӣ (қарори Ҳукумати ҶТ аз 3.03.2011 № 135);
- таҳия ва амалӣ намудани низоми идоракунии иттилоотии кӯмаки беруна, амалисозии ҷамъоварӣ, коркард, нигоҳдорӣ ва паҳнкунии иттилоот дар бораи татбиқи лоиҳаҳои кӯмаки беруна дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (қарори Ҳукумати ҶТ аз 3.03.2011 № 135);
- таҳия ва омодасозии шакли намунавии пешниҳодҳои лоиҳавӣ ҷиҳати ҷалби сармоягузорон (қарори Ҳукумати ҶТ аз 3.03.2011 № 135);
- иштирок намудан дар чорабиниҳои вобаста ба муаррифии имкониятҳои сармоягузории Ҷумҳурии Тоҷикистон (қарори Ҳукумати ҶТ аз 03.03.2011 № 135);
- омӯзиш ва таҳлили иҷрои шартҳои созишномаҳо, шартномаҳо оид ба сармоягузорӣ (қарори Ҳукумати ҶТ аз 3.03.2011 № 135);
- омода ва ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намудани лоиҳаҳои созишномаҳо ва ёддошти тафоҳум оид ба ҳифзи мутақобилаи сармоягузорӣ ва беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ (қарори Ҳукумати ҶТ аз 3.03.2011 № 135);
5. Кумита бо мақсади татбиқи ваколатҳо дар соҳаи муқарраргардидаи фаъолият ҳуқук дорад:
- тибқи тартиби муқарраргардида аз мақомоти идоракунанда, шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ маълумотеро, ки барои қабули қарорҳо оид ба масъалаҳои таҳти салоҳияти Кумита қарордошта заруранд, дархост намуда гирад;
- дар доираи салоҳияти худ ва ваколатҳои додашуда аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон баромад кунад, оид ба масъалаҳои бастани санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ дар соҳаи ҳамкориҳои инвеститсионӣ, ҳавасманадгардонӣ ва ҳифзи мутақобилаи сармоягузориҳо гуфтушунид доир намояд;
- дар доираи салоҳияти худ қарор қабул мекунад, ки барои иҷро аз ҷониби мақомоти давлатӣ ва дигар ташкилотҳо ҳатмӣ мебошанд, аз ҷумла вобаста ба масъалаҳои марбут ба таҳия ва татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ;
- дар доираи ваколатҳои додашуда Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳангомигуфтушунидҳои мустақим бо сармоягузорон намояндагӣ кунад, шарт ва тартиби бастан ё бекор кардани санадҳои ҳуқуқии байналмилалиро муайян намояд, имзо гузорад, ба қайд гирад, дар доираи салоҳияти худ риояи шартҳои онро назорат кунад;
- якҷоя бо Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти мақомоти давлатӣ ва муассисаҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистонро оид ба масьалаҳои таҳти салоҳияти Кумита қарордошта ҳамоҳанг созад;
- лоиҳаҳои санадҳои қонунгузорӣ ва меъёрии ҳуқуқии вобаста ба танзими фаъолияти сармоягузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҳия намояд ё дар таҳияи онҳо иштирок кунад;
- раванди барҳамдиҳии марказҳои татбиқи лоиҳаҳо, ихтиёрдорӣ ва ба тавозуни дигар сохторҳои давлатӣ гузаронидани амволи дар доираи татбиқи лоиҳаҳо харидоришударо ташкил намояд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 3.03.2011 № 135);
- ҳамоҳангсозии фаъолият оид ба татбиқи чорабиниҳое, ки ба дастгирии давлатии сармоягузории мустақими хориҷӣ равона шудаанд, амалӣ намояд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 3.03.2011 № 135);
- пешниҳод ва ҳисоботҳоро оид ба рафти иҷрои стратегияи миллии рушд ва стратегияи паст намудани сатҳи камбизоатӣ омода намояд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 3.03.2011 № 135);
- ташкил ва гузаронидани ҷаласаҳои комиссияҳои байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ (қарори Ҳукумати ҶТ аз 3.03.2011 № 135);
- аз сармоягузорон, мақомоти давлатӣ, дигар ташкилотҳо ва шахсони мансабдори онҳо оид ба масъалаҳои таҳти салоҳияти Кумита қарордошта иттилооти заруриро дархост намояд ва гирад;
- фаъолияти нашриётиро анҷом диҳад, аз ҷумла бо забони давлатӣ ва забонҳои хориҷӣ оид ба масъалаҳои таҳти салоҳияти Кумита қарордошта рӯзнома, бюллетен ва маҷаллаҳо чоп кунад;
- тибқи тартиби муқарраргардида барои интишори санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ вобаста ба соҳаи муқаррарғардидаи фаъолият, эълонҳои расмӣ, дигар мавод оид_ба масъалаҳои таҳти салоҳияти Кумита ва корхонаю ташкилоти система он қарордошта воситаҳои чопии иттилооти оммавӣ таъсис диҳад;
- тибқи тартиби муқарраргардида барои ҳалли масъалаҳои соҳаи муқарраргардидаи фаъолият ташкилотҳои илмӣ, дигар ташкилотҳо, олимон ва мутахассисонро ҷалб намояд;
- дар соҳаи муқарраргардидаи фаьолият мақомоти ҳамоҳангсоз, машварати ва экспертӣ (шӯроҳо, комиссияҳо, гурӯҳҳои корӣ), аз ҷумла байниидоравӣ таъсис диҳад;
- тибқи тартиби муқарраргардида оид ба хусусигардонии иншооти таҳти моликиятӣ ҷумҳуриявӣ қарордошта қарор қабул кунад;
- ҳамчун муассиси ҷамъиятҳои саҳомӣ баромад кунад, дар ҳолатҳои зарурӣ пакети назоратии саҳмияҳоро барои давлат нигоҳ дорад, ҳангоми ба ҷамъиятҳои саҳомӣ табдилдиҳии корхонаҳо ва ташкилотҳои таҳти моликияти давлатӣ қарордошта ҳаҷми онро муайян намояд;
- тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қисми дивидендҳои аз ҳисоби саҳмияҳои ба давлат мансуб буда ва иҷорапули воридшударо ҷиҳати ташкили корҳои омодагӣ барои хусусигардонӣ, аз ҷумла пӯшондани хароҷот вобаста ба гузаронидани музоядаҳо ва тендерҳо, таҳлили фаъолияти корхонаҳои давлатӣ ва хусусигардонидашуда, таҳкими заминаи моддиютехникӣ ва омӯзиши таҷрибаи дигар кишварҳо истифода барад;
- тибқи тартиби муқарраргардида аз ҷониби давлат барои интихоб дар мақомоти идораи ҷамъиятҳои саҳомӣ, ки дар онҳо ҳиссаи давлат мавҷуд аст, номзадҳоро пешниҳод намояд, онҳоро ба вазифа таъин ва аз вазифа озод намояд;
- дар бораи барҳамдиҳии ихтиерӣ ё азнавташкилдиҳии корхонаҳои давлатии ғайри қобили пардохт қарор қабул кунад;
- тибқи тартиби муқарраргардида амволи давлатиро ба иҷора диҳад, истифодаи судманди онҳоро назорат кунад, бо дархости корхонаи давлатӣ дар мавриди гузаронидани амволи корхона ба низоми боздошти муваққатӣ (консерватсия) қарор қабул кунад;
- ихтиёрдорӣ, баҳодиҳӣ ва фурӯши амволеро, ки ба манфиати давлат мусодира карда шудааст ва инчунин амволеро, ки аз ҷониби мақомоти судӣ ва андоз ба ҳабс гирифта шудааст, тибқи тартиби муқарраргардида анҷом диҳад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 3.03.2011 № 135);
- аз ҷониби давлат ба сифати муассиси ҷамъиятҳои хоҷагидорӣ, ки дар раванди хусусигардонӣ ташкил шудаанд, баромад кунад ва дар ҷамъиятҳое, ки дар онҳо саҳмияҳои (ҳиссаҳои) давлат дар сармояи оинномавӣ мавҷуд аст, ваколати саҳҳомро (иштирокчӣ дар ҷамъиятҳои хоҷагидориро) анҷом диҳад;
- ташкилотҳои консалтингӣ, баҳодиҳӣ, ҳуқуқӣ ва дигар ташкилотҳоеро, ки барои иҷрои кор ва хизматрасонихои дахлдор ҳуқуқ доранд ва барои татбиқи хусусигардонӣ заруранд, ҷалб намояд;
- барои идораи ҳиссаи давлатии саҳмияҳо дар ҷамъиятҳои саҳомӣ ва муштарак мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон намояндагонро ба ҳайати шӯрои директорон (нозирон) ва маҷлиси умумии саҳмдорон таъин намояд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 3.03.2011 № 135);
- дар доираи салоҳияти худ санадҳои меъёрии ҳуқуқиро, ки масъалаҳои идораи моликияти давлатӣ, барҳамдиҳӣ, муфлисшавӣ ва нодоршавии корхонаҳоро танзим менамоянд, тасдиқ кунад;
- аз ҷониби давлат дар сохторҳои бозаргонӣ, ки бо иштироки шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ дар асоси шаклҳои мухталифи моликият таъсис гардидаанд, баромад кунад;
- барои таъсис, азнавташкилдиҳӣ ва барҳамдиҳии корхонаҳо тадбирҳо андешад, ба истиснои он амалҳои ҳуқуқӣ, ки ҳуқуқи анҷом додани онҳоро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба зиммаи дигар вазорату идораҳо гузоштааст;
- ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба номзадҳо барои таъин ба вазифа ва ё аз вазифаи ишғолнамуда сабукдӯш кардани роҳбарон ва муовинони роҳбарони марказҳои татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ таклифҳо пешниҳод менамояд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 3.03.2011 № 135);
- роҳбарони ҷамъиятҳои саҳомиеро, ки ҳамаи саҳмияҳои онҳо ба давлат тааллуқ дорад, ба вазифа таъин ва аз вазифа озод менамояд, агар тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигармуқаррар нашуда бошад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 3.03.2011 № 135);
- таклифҳоро ҷиҳати ба вазифа таъин ва аз вазифа озод намудани роҳбарони ҷамъиятҳои саҳомие, ки масъалаҳои таъину озод кардани онҳо ба салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил мебошанд, пешниҳод намояд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 3.03.2011 № 135);
- шунидани ҳисоботи роҳбарони лоиҳаҳои кӯмаки беруна дар ҷаласаҳои ҳайати мушовара (қарори Ҳукумати ҶТ аз 3.03.2011 № 135);
- гузаронидани санҷиши мавзӯии дурустии маълумот ва ҳисобот оид ба ҷалб ва истифодаи кӯмаки беруна (қарори Ҳукумати ҶТ аз 3.03.2011 №135).
III. Ташкили фаъолият
6. Кумитаро Раис роҳбарӣ мемамояд, ки аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешавад.
Раис барои иҷрои ваколатҳои ба зиммаи Кумита гузошташуда ва татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи муқарраргардидаи фаъолият масъулияти шахсӣ дорад.
Шумораи муовинони Раисро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.
7. Воҳидҳои сохтории Кумита оид ба самтҳои асосии фаъолият аз раёсатҳо ва шӯъбаҳои функсионалӣ иборатанд. Ба таркиби раёсатҳо низ шӯъбаҳо шомил мебошанд.
8. Раис:
- роҳбарии умумии фаъолияти Кумитаро анҷом медиҳад;
- қарорҳо мебарорад, ки иҷрои онҳо аз ҷониби кормандони дастгоҳи марказии Кумита, инчунин ташкилотҳои системаи он ҳатмӣ мебошанд(қарори Ҳукумати ҶТ аз 03.03.2011 № 135);
- байни муовинони худ вазифаҳоро тақсим мекунад;
- низомномаи воҳидҳои сохтории Кумита, инчунин тибқи тартиби муқарраргардида низомнома ва оинномаҳои ташкилотҳои системаи Кумитаро тасдиқ менамояд;
- тибқи тартиби муқарраргардида ба баррасии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хусуси ба вазифа таъин ва аз вазифа озод намудани муовинони Раис, роҳбари Хадамоти назорати давлатии истифодаи амволи давлатӣ пешниҳод манзур медорад;
- тибқи тартиби муқарраргардида кормандони дастгоҳи марказӣ ва ташкилотҳои системаи Кумитаро ба вазифа таъин ва аз вазифа озод менамояд;
- тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистондар бораи хизмати давлатӣ масъалаҳои вобаста ба адои хизмати давлатиро дар Кумита ҳал менамояд;
- ҷадвали штатии Кумитаро дар доираи фонди музди меҳнат ва шумораи кормандони муқарраршуда ва сметаи хароҷоти нигаҳдоштӣ Кумитаро дар доираи маблағгузорӣ, ки барои давраи дахлдор дар буҷети ҷумҳуриявӣ пешбинӣ гардидааст, тасдиқ мекунад;
- нақшаи кори ҳарсола ва нишондиҳандаҳои дурнамои фаъолияти корхонаҳо ва дигар ташкилотҳои системаи Кумита, инчунин ҳисобот оид ба иҷрои онҳоро тасдиқ менамояд;
- ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ташаккули буҷети ҷумҳуриявӣ дар қисми таъмини молиявии фаъолияти Кумита ва ташкилотҳои системаи Кумита пешниҳод манзур медорад;
- ба корхонаю ташкилотҳои системаи Кумита супориш медиҳад ва иҷрои онҳоро назорат мекунад;
- тибқи тартиби муқарраргардида кормандони Кумита, ва сохторҳои дар системаи Кумита қарордошта, дигар шахсонеро, ки дар соҳаи муқарраргардидаи фаъолият корҳоро анҷом медиҳанд, барои сарфароз гардонидан бо унвонҳои фахрӣ ва мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд;
- қарорҳои хусусияти меъёридошта ва оид ба масъалҳои фаврӣ ва ҷории ташкили фаъолияти Кумита фармонҳои хусусияти ғайримеъёрӣ интишор мекунад.
9. Дар Кумита дар ҳайати Раиси Кумита (раиси ҳайати мушовара), муовинони он (аз рӯи вазифа), роҳбарони воҳидҳои сохтории алоҳидаи дастгоҳи марказии Кумита ва дигар шахсон ҳайати мушовара таъсис дода мешавад. Аъзои ҳайати мушовара ба ғайр аз онҳое, ки аз рӯи вазифа ба ҳайати он дохил мегарданд аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин ва озод карда мешаванд.
Ҳайати мушовараи Кумита дар ҷаласаҳои мунтазам доиршавандаи худ масъалаҳои ташкили кор, интихоб ва ҷобаҷогузории кормандони роҳбарикунандаи Кумита, масъалаҳои роҳбарии амалии фаъолияти воҳидҳои сохтории худ ва мақомоти ҳудудиро муҳокима менамояд, инчунин ҳангоми зарурат оид ба масъалаҳои таҳти салоҳияти Кумита қарордошта гузориши роҳбарони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, вазорату идораҳо, корхонаҳо, муассисаҳо, дигар ташкилотҳо ва субъектҳои хоҷагидориро муҳокима менамояд.
Қарорҳои ҳайати мушовара бо фармонҳои Раиси Кумита дар амал татбиқ карда мешаванд. Дар сурати ихтилофи назар байни Раиси Кумита ва ҳайати мушовара, Раис дар хусуси ихтилофи назар ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот дода, қарори худро дар амал татбиқ менамояд, аъзои ҳайати мушовара низ метавонанд андешаҳои худро ба Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон изҳор намоянд.
10. Санадҳои Кумита, ки умумиҳатмӣ мебошанд, дар шакли қарорҳо бароварда мешаванд, Санадҳои меъёрии ҳуқуқии Кумита, ки хусусияти умумиҳатмӣ доранд, аз лаҳзаи бақайдгирии давлатӣ дар Вазорати адлияи Ҷумқурии Тоҷикистон эътибор пайдо мекунанд. Санадҳои дорои хусусияти ғайримеьёрӣ дар шакли фармон бароварда мешаванд. Қарору фармонҳоро Раис ё ҳангоми набудани ӯ муовини аввали Раис имзо мегузорад.
11. Сохтор ва шумораи кормандони дастгоҳи марказии Кумитаро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд. Ба Раиси Кумита ҳуқуқ дода шудааст дар доираи шумораи муқарраргардида ба ҳайати воҳидҳои сохтори Кумита тағйирот ворид намояд.
Ҷадвали штаттӣ ва сметаи хароҷоти дастгоҳи марказии Кумита, инчунин низомномаи воҳидҳои сохтории мақомоти ҳудудии Кумитаро Раиси Кумита тасдиқ менамояд.
12. Хароҷоти нигаҳдошти дастгоҳи марказии Кумита аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ, пардохтҳои комиссионӣ аз фурӯши амволи давлатӣ, як қисми маблағи иҷорапулӣ ва дивидендҳо, кӯмаки молиявии ташкилотҳои байналмилалӣ ва дигар манбаъҳо пардохта мешавад.
13. Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумхурии Тоҷикистон шахси ҳуқуқӣ буда, дорои мӯҳр бо сабти Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва номи худ бо забонҳои давлатӣ ва русӣ, мӯҳрҳои дахлдор штампу бланкаҳо мебошад ва аз суратҳисоби ягонаи хазинадории Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузорӣ мегардад.
14. Маҳали ҷойгиршавии Кумита - шаҳри Душанбе, кӯчаи Шоҳтемур 27 мебошад.