Размер шрифта
Цвет фона и шрифта
Изображения
Озвучивание текста
Обычная версия сайта
Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
  • ДАР БОРАИ КУМИТА
  • МАРКАЗИ МАТБУОТӢ
  • ТЕНДЕРҲО
  • ТАМОС
  • ...
    "/>
    Русский English
    Тоҷикӣ
    Сармоягузорӣ
    • Сармоягузории давлатӣ
    • Имкониятҳои сармоягузорӣ
    • Роҳнамои сармоягузор
    • Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
    • Харитаи сармоягузорӣ
    Соҳибкорӣ
    • Дастгирии давлатии соҳибкорӣ
    • Нишондиҳандаҳои рушди фаъолияти соҳибкорӣ
    • Механизмҳои ҳамкорӣ
    • Санҷиши фаъолият
    • Низоми иҷозатдиҳӣ
    • Рейтингҳо
    • Соҳибкории занон
    • Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
    Моликияти давлатӣ
    • Идораи моликияти давлатӣ
    • Таҷдид ва хусусигардонӣ
    • Сохторҳои идораи амволи давлатӣ
    • Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
    Чаро Тоҷикистон?

      • Тоҷикӣ
        • Забон
        • Тоҷикӣ
        • Русский
        • English
      • +992 (37) 221-86-59
      • Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734000, ш. Душанбе, Шоҳтемур 27.
      • info@investcom.tj
      • Соатҳои корӣ аз 8:00 то 17:00

      Маълумоти таърихӣ

      Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро аз аввали солҳои соҳибистиқлолӣ оғоз намуда, тадриҷан такмил дода шуд.

      Нахуст, бо Фармони Президенти Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон аз 22 январи соли 1991, № УП-12 Комитети давлатии республикавии РСС Тоҷикистон оид ба идораи молу мулки давлатӣ таъсис дода шуд.

      Бо Фармони Президенти Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон аз 22 январи соли 1991, № УП-14 якумин раиси Комитети давлатии РСС Тоҷикистон оид ба идораи молу мулки давлатӣ Каримов Исматулло Ҳомидович таъин гардид.

      Бо Қарори Девони вазирони Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон аз 22 августи соли 1991, №250 якумин Низомномаи Кумитаи амволи давлатии ҶШС Тоҷикистон тасдиқ карда шуд.

      Тибқи Низомномаи мазкур дар он давра Кумита ҳамчун мақоми ҷумҳурии идоракунии давлатӣ, ба ҷараёни ғайридавлатикунонӣ ва хусусигардонии моликият дар ҶШС Тоҷикистон, ки заминаи ҳатмии гузариш ба иқтисоди бозорӣ ва ҳавасмандкунии фаъолияти соҳибкорӣ мебошад, роҳбарии методологию амалиро анҷом дода, дар фаъолияти худ ба Девони Вазирони ҶШС Тоҷикистон итоат менамуд.

      Вазифаҳои асосии Кумита, ташкил ва гузарондани ғайридавлатикунонӣ ва хусусигардонии корхонаю ташкилотҳои давлатӣ, хурдкунии истеҳсолоти мавҷудаи монополӣ, барӯйхатгирӣ ва арзёбии амволи давлатӣ, ташаккул додани моликияти ҷумҳурӣ ва моликияти Шӯроҳои депутатҳои халқ (моликияти коммуналӣ) дар асоси моликияти давлатии ҶШС Тоҷикистон, иштирок намудан дар ташаккулдиҳии моликияти умумииттифокӣ, ҳифзи ҳуқуқҳои амволӣ ва манфиатҳои ҷумҳурият дар мақомоти иттифоқӣ ва хориҷаро дар бар мегирифт.

      Мутобиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи такмили сохтори мақомоти марказии ҳокимияти иҷроияи Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз 30-юми ноябри соли 2006 №9 Кумитаи давлатии идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барҳам дода шуда, дар заминаи он Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шудааст.

      Тибқи Фармони мазкур ба Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифаҳои собиқ Кумитаи давлатии идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази ҳамоҳангсозии кӯмаки берунаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, масъалаҳои вобаста ба ҷалби инвеститсияҳои собиқ Вазорати иқтисод ва савдои Ҷумхурии Тоҷикистон ва Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин масъалаҳои вобаста ба дастгирии соҳибкории собиқ Агентии давлатии сиёсати зиддимонополӣ ва дастгирии соҳибкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор карда шуд.

      Тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28-уми декабри соли 2006, №590 Низомнома, Сохтори дастгоҳи марказӣ, Нақшаи идора ва Номгӯи ташкилотҳои системаи Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шуд.

      Мутобиқи Низомномаи мазкур Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумхурии Тоҷикистон мақомоти марказии ҳокимияти иҷроия буда, дар доираи салоҳияти худ сиёсати давлатӣ ва батанзимдарории меъёрии ҳуқуқиро дар соҳаи сармоягузорӣ тадбирҳои мақсаднок оид ба ҷалб, ҳамоҳангсозӣ ва мониторинги кӯмаки беруна, идораи амволи давлатӣ, роҳбарӣ ва амалӣ намудани раванди ғайридавлатигардонӣ ва хусусигардонии моликияти давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ намуда, манфиати давлатро ҳамчун соҳибмулк намояндагӣ мекунад, фаъолиятро оид ба иҷрои барномаҳои дастгирии соҳибкорӣ анҷом медиҳад.

      Аз соли 1991 то имрӯз ба Кумита як қатор арбобони давлатӣ роҳбарӣ намудаанд, аз ҷумла:

      1. Каримов Исматулло Ҳомидович (1991–1993)
      2. Давлатов Матлубхон Султонович (1993–2001)
      3. Гул Шералӣ (2001–2006)
      4. Раҳимзода Шариф (2006–2008)
      5. Ҳамрализода Фаррух Маҳмуд (2008–2009, 2018–2020)
      6. Саид Давлаталӣ (2009–2013)
      7. Қодири Қосим (2013–2017)
      8. Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор (2017–2018)
      9. Қодирзода Саъдӣ (2020–2024)
      10. Раҳимзода Султон Нурмаҳмадпур (2024 – то имрӯз).

      19.01.2026
      14 979
      Саҳифаи асосӣ
      • Сохтор
      • Маълумоти таърихӣ
      • Низомнома
      • Роҳбарият
      • Муқовимат ба коррупсия
      • Ваколатҳои Кумита


      Сармоягузорӣ
      Сармоягузории давлатӣ
      Имкониятҳои сармоягузорӣ
      Роҳнамои сармоягузор
      Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
      Харитаи сармоягузорӣ
      Соҳибкорӣ
      Дастгирии давлатии соҳибкорӣ
      Нишондиҳандаҳои рушди фаъолияти соҳибкорӣ
      Механизмҳои ҳамкорӣ
      Санҷиши фаъолият
      Низоми иҷозатдиҳӣ
      Рейтингҳо
      Соҳибкории занон
      Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
      Моликияти давлатӣ
      Идораи моликияти давлатӣ
      Таҷдид ва хусусигардонӣ
      Сохторҳои идораи амволи давлатӣ
      Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
      Чаро Тоҷикистон?
      2024 © Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
      Яндекс.Метрика
      ТАМОС БО МО