Муҳтарам намояндагони воситаҳои ахбори омма,
Ба иттилои шумо мерасонем, ки санаи 6 августи соли 2025, соати 11:00, дар маҷлисгоҳи Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, нишасти матбуотӣ оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият дар нимсолаи якуми соли 2025 баргузор мегардад.
Дар ҷараёни нишасти матбуотӣ оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолият, натиҷаҳои татбиқи лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ, ҷалби сармояи хориҷӣ, дастгирии давлатии соҳибкорӣ, идораи молу мулки давлатӣ, пешбурди ислоҳоти иқтисодӣ ва дигар масъалаҳои муҳими соҳа маълумоти муфассал пешниҳод карда мешавад.
Аз Шумо эҳтиромона хоҳиш карда мешавад, ки барои иштирок дар нишаст соати 10:45 ҳозир бошед.
Макони баргузорӣ:
ш. Душанбе, кӯчаи Шотемур, 27
Маҷлисгоҳи Кумита (ошёнаи 4)
Тамос барои тасдиқи иштирок:
📞 2215054
📧 info@investcom.tj
Бо эҳтиром,
Раёсати котиботи Кумитаи давлатии
сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ