
РАҲИМЗОДА СУЛТОН НУРМАҲМАДПУР
Раиси Кумита
РАҲИМЗОДА Султон
Аз 29 январи соли 2024 дар вазифаи раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон кор мекунад.
Соли таваллуд: 12 декабри соли 1974
Ҷои таваллуд: шаҳри Норак
Миллат: тоҷик
Маълумот: олӣ
Соли 1996 Донишгоҳи аграрии Тоҷикистонро хатм кардааст
Ихтисос муҳандиси сохтмони иншоотҳои обӣ
Кадом забонҳои хориҷиро медонад: рӯсӣ, англисӣ ва форсӣ
Вакили халқ ҳаст ё не: нест
Бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шудааст ё не: – соли 2011 медали ҷашнии «20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Кор ва фаъолияти собиқа:
Солҳои 1991-1996 | Донишҷӯи Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон |
Солҳои 1996-1997 | Электоромонтёри лабораторияи электортехникии Нерӯгоҳи Барқии Обии Норак |
Солҳои 1999-2000 | Техники шӯъбаи истеҳсолӣ-техникии ҶСК «Норак НБОсоз» |
Солҳои 2000-2002 | Оператори мошинҳои электронии ҳисоббарори сехи иншоотҳои обии НБО-и Норак |
Солҳои 2002-2003 | Муҳандиси барномасози сехи иншоотҳои НБО-и Норак |
Солҳои 2003-2004 | Сармутахассиси бахши иттилоотии Кумитаи Иҷроияи Фонди Байналмилалии наҷоти Арал |
Солҳои 2004-2005 | Сардори бахши иттилоотии Кумитаи Иҷроияи Фонди Байналмилалии наҷоти Арал |
Солҳои 2005-2009 | Иҷрокунандаи вазифаи раиси Кумитаи Иҷроияи Фонди Байналмиллалии наҷоти Арал, шаҳри Душанбе |
Солҳои 2009-2010 | Мудири Шӯъбаи экология ва ҳолатҳои фавқулоддаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон |
Солҳои 2010-2013 | Муовини якуми Вазири мелиоратсия ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон |
Солҳои 2013-2019 | Муовини якуми Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон |
Солҳои 2019-2020 | Сафири Фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ҳиндустон ҳамзамон Сафири Фавқулодда ва Мухтори ҶТ дар Ҷумҳурии Федеративии Демократии Непал ва дар Ҷумҳурии Демократии Сотсиалистии Шри-Ланка |
аз сентябри соли 2020 то 29 январи соли 2024 | Раиси Кумитаи Иҷроияи Фонди Байналмиллалии наҷоти Арал |

Юсуфзода Фаррух Юсуф
Муовини якуми Раиси Кумита
Юсуфзода Фаррух Юсуф
Санаи таваллуд: 4-уми феврали соли 1985
Миллат: Тоҷик
Таҳсилот:
Соли 2008 Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистонро хатм кардааст:
Ихтисос: Иқтисодиёт,
Соли 2016 Магистратураи Донишгоҳи Осиёву Уқёнуси Ором-Ритсумейканро хатм кардааст:
Ихтисос: Сиёсати робитаҳои байналмилалӣ,
Соли 2022 Докторантураи (PhD) Донишгоҳи Осиёву Уқёнуси Ором-Ритсумейканро хатм кардааст:
Унвони илмӣ: Доктори (PhD) илмҳои Осиёву Уқёнуси Ором (иқтисодӣ)
Кадом забонҳои хориҷиро медонад: русӣ ва англисӣ
Вазъи оилавӣ: Оиладор
Кор ва фаъолияти собиқа:
1. | Солҳои 2003-2008 | Донишҷӯи Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон |
2. | Солҳои 2008-2010 | Мутахассиси Раёсати мониторинги иҷрои барномаҳои рушди миллӣ ва минтақавии Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон |
3. | Солҳои 2010-2014 | Мутахассиси пешбари Раёсати мониторинги иҷрои барномаҳои рушди миллӣ ва минтақавии Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон |
4. | Солҳои 2014-2016 | Таҳсил дар бахши магистратураи Донишгоҳи Осиёву Уқёнуси Ором- Ритсумейкани Япония |
5. | Солҳои 2016-2018 | Муовини сардори раёсат - сардори шуъбаи рушди соҳаҳои иҷтимоии Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон |
6. | Солҳои 2018-2019 | Сармутахассиси раёсати банақшагирии стратегӣ ва ислоҳоти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон |
7. | Солҳои 2019- 2022 | Таҳсил дар бахши Докторантураи (PhD) Донишгоҳи Осиёву Уқёнуси Ором-Ритсумейкани Япония |
8. | Солҳои 2022- 2023 | Сармутахассиси раёсати банақшагирии стратегӣ ва ислоҳоти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон |
9. | Солҳои 2023 - 2024 | Роҳбари Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ |
10. | Аз 07.2024 | Муовини якуми Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон |

ХУРШЕДАИ ҚОДИР
Муовини Раиси Кумита
Муовини Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
2 марти соли 1991 дар шаҳри Хоруғи ВМКБ, Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст.
- Солҳои 2008-2012 донишҷӯи Коллеҷи Фергюссони Донишгоҳи Пуна дар, ш.Пунаи Ҷумҳурии Ҳиндустон.
- Солҳои 2012-2013 коромӯз-мутахассиси Раёсати БДА ҶТ“Амонатбонк”, ш. Душанбе.
- Солҳои 2013-2013 иқтисодчии дараҷаи дуюми шуъбаи интиқоли маблағҳои Идораи ҳисоббаробаркунии Раёсати БДА ҶТ “Амонатбонк”, ш. Душанбе.
- Солҳои 2013-2014 муҳосиби дараҷаи якуми шуъбаи ҳисоббаробаркунии Идораи ҳисоббаробаркунии Раёсати БДА ҶТ “Амонатбонк”, ш. Душанбе.
- Солҳои 2014-2015 иқтисодчии дараҷаи якуми шуъбаи интиқоли маблағҳои Идораи ҳисоббаробаркунии Раёсати БДА ҶТ “Амонатбонк”, ш. Душанбе.
- Солҳои 2015-2016 мутахассиси Хадамоти мониторинги молиявии Идораи ҳисоббаробаркунии Раёсати БДА ҶТ “Амонатбонк”, ш. Душанбе.
- Солҳои 2016-2017мутахассиси дараҷаи якуми Хадамоти мониторинги молиявии Идораи ҳисоббаробаркунии Раёсати БДА ҶТ “Амонатбонк”, шаҳри Душанбе.
- Солҳои 2017-2019 мутахассиси пешбари Хадамоти мониторинги молиявии Идораи ҳисоббаробаркунии Раёсати БДА ҶТ “Амонатбонк”, шаҳри Душанбе.
- Солҳои 2019-2020 Муовини сардори Раёсати пешбурди фаъолияти сармоягузории Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Аз феврали соли 2020 - Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 феврали соли 2020, №96 муовини Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардидааст.
Забонҳои русӣ ва англисиро медонад.
