Размер шрифта
Цвет фона и шрифта
Изображения
Озвучивание текста
Обычная версия сайта
Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
  • ДАР БОРАИ КУМИТА
  • МАРКАЗИ МАТБУОТӢ
  • ТЕНДЕРҲО
  • ТАМОС
  • ...
    "/>
    Русский English
    Тоҷикӣ
    Сармоягузорӣ
    • Сармоягузории давлатӣ
    • Имкониятҳои сармоягузорӣ
    • Роҳнамои сармоягузор
    • Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
    • Харитаи сармоягузорӣ
    Соҳибкорӣ
    • Дастгирии давлатии соҳибкорӣ
    • Нишондиҳандаҳои рушди фаъолияти соҳибкорӣ
    • Механизмҳои ҳамкорӣ
    • Санҷиши фаъолият
    • Низоми иҷозатдиҳӣ
    • Рейтингҳо
    • Соҳибкории занон
    • Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
    Моликияти давлатӣ
    • Идораи моликияти давлатӣ
    • Таҷдид ва хусусигардонӣ
    • Сохторҳои идораи амволи давлатӣ
    • Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
    Чаро Тоҷикистон?

      • Тоҷикӣ
        • Забон
        • Тоҷикӣ
        • Русский
        • English
      • +992 (37) 221-86-59
      • Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734000, ш. Душанбе, Шоҳтемур 27.
      • info@investcom.tj
      • Соатҳои корӣ аз 8:00 то 17:00

      Сармояи инсонӣ

      Рушди сармояи инсонӣ ҳамчун самти афзалиятноки фаъолияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян гардида, тибқи Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 вазифаҳои асосии он дар давраи дарозмуҳлат инҳо хоҳанд буд:

      - пешбурди фарогирии иҷтимоӣ тариқи баланд бардоштани дастрасӣ ба хизматрасониҳои босифат, аз ҷумла маориф, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоӣ, обтаъминкунӣ ва беҳдошт;

      - фароҳам овардани фазои мусоиди сармоягузорӣ дар соҳаи иҷтимоӣ.

      Сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти рушди сармояи инсонӣ ба баланд бардоштани сифати маориф, тандурустӣ, шуғл ва малакаҳои касбӣ равона шуда, ин тадбирҳо на танҳо сатҳи зиндагии аҳолиро беҳтар мекунанд, балки фазои мусоиди сармоягузориро низ таҳким бахшида, рушди устувори иқтисоди миллиро таъмин менамоянд.

      Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарназардошти аҳамияти калидии сармояи инсонӣ дар рушди иқтисодӣ, беҳтарсозии фазои сармоягузорӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ, як қатор сиёсати давлатӣ, стратегияҳо ва барномаҳои миёнамуҳлату дарозмуҳлатро амалӣ менамояд.

       Рушди низоми маориф

      • сохтмон ва таҷдиди муассисаҳои таълимӣ;
      • ҷорӣ намудани усулҳои муосири таълим;
      • рушди таҳсилоти рақамӣ ва истифодаи технологияҳои иттилоотӣ;
      • такмили барномаҳои таълимӣ мутобиқ ба талаботи бозори меҳнат.
      1. Омодасозии кадрҳои соҳибихтисос
      • густариши ҳамкории муассисаҳои таълимӣ бо бахши хусусӣ;
      • рушди таҳсилоти касбӣ ва техникӣ (коллеҷҳо ва литсейҳо);
      • афзоиши барномаҳои таҷрибаомӯзӣ ва омӯзиши амалӣ.
      1. Рушди соҳаи тандурустӣ
      • беҳтарсозии инфрасохтори тиббӣ;
      • васегардонии дастрасӣ ба хизматрасониҳои тиббӣ;
      • татбиқи барномаҳои пешгирии бемориҳо ва тарзи ҳаёти солим.
      1. Дастгирии ҷавонон ва шуғл
      • барномаҳои дастгирии шуғли ҷавонон;
      • рушди соҳибкории хурду миёна;
      • фароҳамсозии ҷойҳои нави корӣ.
      1. Рақамисозӣ ва рушди малакаҳои нав
      • густариши барномаҳои омӯзиши технологияҳои иттилоотӣ;
      • дастгирии рушди иқтисоди рақамӣ ва хизматрасониҳои электронӣ;
      • омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва малакаҳои рақобатпазир.
      1. Рушди илм ва инноватсия
      • дастгирии марказҳои илмӣ-тадқиқотӣ;
      • тақвияти ҳамкории илм ва истеҳсолот;
      • дастгирии стартапҳо ва лоиҳаҳои инноватсионӣ.

      Дар шароити муосири рушду таҳкими тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва дар ин ҷода вусъат бахшидан ба раванди рақамикунонии иқтисоди миллӣ ва рушди равандҳои инноватсионии кишвар, бо ибтикори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон солҳои 2025-2030 «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» эълон гардид.

      Имрӯз Тоҷикистон дар ҷодаи гузариш ба рақамикунонии соҳаҳои иқтисоди миллӣ ҷиҳати таъмин намудани шаффофияти муносибатҳои иқтисодиву молиявӣ қадамҳои устувор гузошта истодааст ва татбиқи саривақтии ташаббуси мазкур имкон медиҳад, ки дар панҷсолаи минбаъда ба раванди мазкур вусъат бахшида шуда, заминаҳои ҳуқуқӣ такмил ёбад ва санадҳои дахлдор дар самти гузариш ба иқтисоди рақамӣ қабулу амалӣ карда шаванд.

      Инфрасохтори рақамӣ, рушди марказҳои коркарди маълумот ва таъсиси махзани мукаммали миллии маълумот инкишоф ёфта, рақамикунонии пурраи хизматрасониҳои давлатӣ ба роҳ монда мешавад.

      Сармояи инсонӣ бо роҳи омӯзиш ва бозомӯзии кадрҳо доир ба технологияҳои иттилоотӣ дар дохил ва хориҷи кишвар рушд ёфта, маърифати истифодаи технологияҳои рақамӣ баланд бардошта мешавад.

      Истифодаи васеи зеҳни сунъӣ дар пешниҳоди хизматрасониҳо ва низоми бақайдгирии давлатӣ ҷорӣ гардида, амнияти киберии махзанҳои маълумот таъмин мешавад. Дар баробари ин соҳибкории рақамӣ ва рушди савдои электронӣ ташаккул меёбад.

      Дар ин раванд, омода кардани барномасозон ва дигар мутахассисони зарурӣ барои рушди иқтисоди рақамӣ дар низоми таълимии муассисаҳои тамоми зинаҳои таҳсилоти касбӣ амалӣ шуда, тавассути ҳавасмандгардонӣ дар самти технологияҳои иттилоотӣ ва бозомӯзӣ дар муассисаҳои пешқадами хориҷӣ кадрҳои баландихтисоси миллӣ рӯйи кор меоянд.


      20.01.2026
      10 597
      Саҳифаи асосӣ
      • Сармоягузории давлатӣ
        • Суроғаи агентиҳои татбиқкунандаи лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ
        • Феҳристи лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ
        • Феҳристи лоиҳаҳои иҷтимои
        • Рафти татбиқи лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ дар соли 2025
      • Имкониятҳои сармоягузорӣ
        • Кафолату имтиёзҳо
        • Феҳристи созишномаҳои сармоягузорӣ
        • Тоҷикистон кишвари имкониятҳо барои сармоягузории сабз
        • Cозишномаҳои дуҷониба оид ба ҳавасмандгардонӣ ва ҳифзи мутақобилаи сармоягузорӣ
        • Рӯйхати лоиҳаҳо барои ҷалби сармояи хусусӣ
        • Омори сармоягузории хориҷӣ
        • Соҳаҳои афзалиятнок барои сармоягузорӣ
      • Роҳнамои сармоягузор
        • Ба Тоҷикистон омадан
        • Оғози тиҷорат
        • Рушди тиҷорат
        • Механизми дастгирӣ
      • Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
        • Қонунгузорӣ дар самти фаъолияти сармоягузорӣ


      Сармоягузорӣ
      Сармоягузории давлатӣ
      Имкониятҳои сармоягузорӣ
      Роҳнамои сармоягузор
      Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
      Харитаи сармоягузорӣ
      Соҳибкорӣ
      Дастгирии давлатии соҳибкорӣ
      Нишондиҳандаҳои рушди фаъолияти соҳибкорӣ
      Механизмҳои ҳамкорӣ
      Санҷиши фаъолият
      Низоми иҷозатдиҳӣ
      Рейтингҳо
      Соҳибкории занон
      Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
      Моликияти давлатӣ
      Идораи моликияти давлатӣ
      Таҷдид ва хусусигардонӣ
      Сохторҳои идораи амволи давлатӣ
      Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
      Чаро Тоҷикистон?
      2024 © Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
      Яндекс.Метрика
      ТАМОС БО МО