Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои захираҳои бойи табиӣ ва иқтидори бузурги рушди иқтисоди “сабз” мебошад. Қисми асосии неруи барқ дар кишвар аз манбаъҳои барқароршаванда, махсусан гидроэнергетика истеҳсол мегардад, ки ин Тоҷикистонро ба яке аз кишварҳои пешсаф дар самти истифодаи энергияи тоза табдил медиҳад.
Ҳукумати кишвар сиёсати устуворро дар самти ҳифзи муҳити зист, коҳиши партовҳои газҳои гулхонаӣ ва рушди технологияҳои “сабз” пеш мебарад. Қабули стратегияҳо ва барномаҳои давлатӣ барои рушди иқтисоди сабз заминаи мусоид барои ҷалби сармоягузориҳои дохилӣ ва хориҷиро фароҳам овардааст.
Имкониятҳои сармоягузорӣ бахусус дар соҳаҳои энергетикаи барқароршаванда, идоракунии захираҳои об, кишоварзии устувор, инфрасохтори “сабз” ва коркарди партовҳо васеъ мебошанд.
Бо дарназардошти иқтидори табиӣ, сиёсати дастгирии давлатӣ ва ҳамкориҳои байналмилалӣ, Тоҷикистон метавонад ба маркази муҳими сармоягузории сабз дар минтақа табдил ёбад.
Ҳудуди Тоҷикистони муосир дорои захираҳо ва имкониятҳои зиёд барои рушди иқтисоди "сабз" буда, аз куҳҳои баланд, табиати нотакрор, обҳои мусаффо ва манбаъҳои барқароршаванда иборат мебошад. Дар ҳудуди Тоҷикистон беш аз 64 фоизи захираҳои оби Осиёи Марказӣ ташаккул ёфта, нерӯи барқ дар кишвар асосан аз манбаъҳои барқароршавандаи энергия истеҳсол карда мешавад.
Дар ин раванд гидроэнергетика манбаи асосии таъмини аҳолӣ ва иқтисодиёти миллӣ бо энергия мебошад, зеро неруи барқ асосан аз неругоҳҳои барқи обӣ ҳосил мегардад ва ин соҳа дар рушди иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон мақоми асосӣ дорад. Тоҷикистон дорои иқтидори истеҳсоли 527 млрд квт/соат қувваи барқ дар як сол буда, айни замон ҳамагӣ 6 фоизи ин иқтидорҳо аз худ карда шудаанд.
Иқлими Тоҷикистон бо мавҷудияти 280-330 рӯзи офтобӣ ва дар маҷмуъ 2000 кВт/м2 шиддатнокии радиатсияи офтобӣ дар як сол барои истифодаи энергияи офтобӣ ҳамчун сарчашмаи аз рӯйи аҳамият дуюмдараҷаи энергияи барқароршаванда хеле мусоид мебошад, ки ин дар қиёс бо кишварҳои пешрафтаи васеъ истифодабарандаи энергияи офтобии Аврупо ду маротиба зиёд мебошад.
Тибқи арзёбии коршиносон иқтидори тавлиди энергияи офтобии Тоҷикистон қариб 25,16 млрд кВт/соат дар як солро ташкил дода, 10-20 фоизи талаботи хоҷагии миллӣ ба ҳомили энергия ва 60-80 фоизи талаботи умумии аҳолиро ҳадди ақал давоми 10 моҳ дар як сол, дар тамоми ҳудуди кишвар қонеъ гардонида метавонад.
Дар ояндаи наздик Тоҷикистон метавонад бо истифода аз иқтидорҳои тавлиди неруи барқ аз сарчашмаҳои барқароршаванда дар ҷаҳон мавқеи чорумро ишғол намояд ва ба содироткунандаи азими қувваи барқ дар минтақа табдил ёбад. Инчунин Тоҷикистон дорои имкониятҳои рушди кишоварзии органикӣ, инфрасохтору нақлиёти барқӣ ва савдои "сабз" бо дар назар доштани талаботи бозорҳои ҷаҳонӣ мебошад.
Дар ин раванд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон се самти имконияти ташаккули иқтисоди "сабз" -ро ҷудо кардан мумкин аст:
- самти иқтисодӣ, ки дар он бо мақсади пешбурди иқтисодиёти босамар ва камкарбон, аввалан истифодабарӣ аз чораҳои маъмурии маҳдудкунии ҳаҷми ихроҷҳо ба атмосфера ва дуюм аз воситаҳои иқтисодӣ, ки асоси онҳоро андозбандии "сабз", пардохтҳои экологӣ ва субсидияҳои "сабз" ташкил медиҳанд; сеюм чораҳои ихтиёриро дар бар мегирад, ки ташкили махзани маълумоти дахлдор ва низоми идоракунии ба шарикии давлату бахши хусусӣ тақозо мекунад;
- самти иҷтимоии иқтисоди "сабз" аз ҳисоби мусоидат ба сармоягузории "сабз" ба технологияҳо, сайёҳии экологӣ, маориф ва илм, афзоиши даромад ва шуғли аҳолӣ, кам кардани ихроҷи гази карбон ва ифлосшавии муҳити зистро таъмин менамояд ва ба баланд бардоштани самарабахшии энергия ва захираҳо ташаккул хоҳад ёфт;
- самти экологии иқтисоди "сабз" тақозо менамояд, ки манбаъҳои маъданӣ (зеризаминӣ)-и энергияи тамомшаванда самаранок истифода шавад, чунончи истифодабарии бошиддати онҳо аз як тараф ба иқлим таъсири манфӣ расонад, аз тарафи дигар боиси маҳдудияти заҳираҳои табиӣ барои наслҳои оянда мегардад. Аз ин рӯ, асоси ин самти иқтисоди "сабз" ё ба таври дигар иқтисоди пасткарбониро он принсипҳои таъмини боэътимоди энергия ташкил медиҳанд, ки ба сарфаи энергия, самаранокии он ва гузариш ба манбаъҳои барқароршавандаи энергия такя мекунанд.
Самтҳои номбурда дорои аҳамияти зерин мебошанд:
- самти иқтисодӣ: мақсади он баланд бардоштани сифати рушди иқтисодӣ (на нишондиҳандаи миқдории ММД), рушди технологияҳо (аз ҷумла "сабз") ва навовариҳо, рушди иқтисодии аз ҷиҳати экологӣ устувор, ташкили ҷойҳои нави корӣ ва афзоиши сармоягузории "сабз" мебошад;
- самти иҷтимоӣ: ба баланд бардоштани некуаҳволӣ, таъмини дастрасии тамоми қишри ҷомеа ба маҳсулоти асосӣ ва неъматҳо (молҳои ғизоӣ ва ғайриозуқа) ва хизматрасониҳо (нақлиётӣ, сохтмонӣ, хоҷагию манзилӣ), ки ба дарозумрӣ таъсир мерасонад равона шудааст;
- самти экологӣ: дорои ҳусусиятҳои нигоҳ доштани сармояи табиӣ, баланд бардоштани сифати хизматрасониҳои экологӣ, кам кардани ихроҷи гази карбон (СО2), таъмини самаранокии истифодаи нерӯи барқ ва баланд бардоштани маърифати экологӣ мебошад.
Ягонагии се самти номбурдаи иқтисоди "сабз" метавонанд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон на танҳо рушди устуворро таъмин намоянд, балки ба андозаи муайян барои барқарор кардан, нигоҳ доштан ва афзоиши сармояи табиии кишвар мусоидат намуда, ба рушди маҷмуи маҳсулоти дохилӣ, баланд бардоштани сатҳи зиндагӣ ва мутобиқшавии кишвар ба тағйирёбии иқлим таъсир расонанд.
Бо татбиқи иқтисоди "сабз" Тоҷикистон метавонад мавқеи пешсафро дар истифодабарии иқтидорҳои тавлиди нерӯи барқ аз сарчашмаҳои барқароршаванда дар ҷаҳон ишғол намояд, ҳамчунин ба содироткунандаи азими қувваи барқ дар минтақа, истеҳсолкунандаи неруи барқ аз дигар манбаъҳои барқароршавандаи энергия (офтоб, бод ва ғайра), истеҳсолкунанда ва содироткунандаи маҳсулоти кишоварзии аз ҷиҳати экологии тоза (органикӣ) шуда, ба қатори давлатҳои камихроҷкунандаи газҳои гулхонаӣ (карбон) ва аз ҷиҳати сайёҳии экологӣ рушдёфта ворид гардад.
Амалисозии принсипҳои иқтисоди "сабз" ба рушди муносибатҳои зерин таъсир мерасонад:
- робитаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дигар кишварҳо дар самти амалишавии иқтисоди "сабз" тақвият дода мешаванд;
- низоми содирот, ҷалби маблағҳо, сармоягузорӣ, аз ҷумла сармояи "сабз" таҳким дода мешавад;
- сохтори истеҳсол, тақсимот ва истеъмол такмилу тақвият дода шуда, ба рушди инсон нигаронида мешавад.
Рушди иқтисоди "сабз" дар давраи дарозмуҳлат тавассути се ҷараёни асосӣ роҳандозӣ мегадад:
- истифодаи самаранок ва сарфаҷӯёнаи сармояи табиӣ;
- истифодаи технологияҳои муосир ва инноватсионӣ;
- истеҳсол ва содироти маҳсулоти ба стандартҳои муосири ҷаҳонӣ ҷавобгӯ.

Русский
English
5 652