Размер шрифта
Цвет фона и шрифта
Изображения
Озвучивание текста
Обычная версия сайта
Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
  • ДАР БОРАИ КУМИТА
  • МАРКАЗИ МАТБУОТӢ
  • ТЕНДЕРҲО
  • ТАМОС
  • ...
    "/>
    Русский English
    Тоҷикӣ
    Сармоягузорӣ
    • Сармоягузории давлатӣ
    • Имкониятҳои сармоягузорӣ
    • Роҳнамои сармоягузор
    • Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
    • Харитаи сармоягузорӣ
    Соҳибкорӣ
    • Дастгирии давлатии соҳибкорӣ
    • Нишондиҳандаҳои рушди фаъолияти соҳибкорӣ
    • Механизмҳои ҳамкорӣ
    • Санҷиши фаъолият
    • Низоми иҷозатдиҳӣ
    • Рейтингҳо
    • Соҳибкории занон
    • Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
    Моликияти давлатӣ
    • Идораи моликияти давлатӣ
    • Таҷдид ва хусусигардонӣ
    • Сохторҳои идораи амволи давлатӣ
    • Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
    Чаро Тоҷикистон?

      • Тоҷикӣ
        • Забон
        • Тоҷикӣ
        • Русский
        • English
      • +992 (37) 221-86-59
      • Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734000, ш. Душанбе, Шоҳтемур 27.
      • info@investcom.tj
      • Соатҳои корӣ аз 8:00 то 17:00

      Рафти татбиқи лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ дар соли 2025

      Ба ҳолати 1-уми январи соли 2026 маҷмӯи лоиҳаҳои сармоягузории давлатии амалкунанда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 82 адад (55 лоиҳаи грантӣ, 5 лоиҳаи қарзӣ ва 22 лоиҳа дар ҳаммаблағгузории қарз ва грант) буда, маблағи умумии онҳо 43,2 млрд. сомонӣ (4 680,7 млн. доллари ИМА)-ро ташкил медиҳад.

      Дар таркиби маҷмӯи лоиҳаҳои амалкунанда маблағҳои грантӣ 28,8 млрд. сомонӣ (3 120,6 млн. доллар) ё 66,7 фоиз, маблағҳои қарзӣ 12,9 млрд. сомонӣ (1 403,05 млн. доллар) ё 30,0 фоиз, саҳми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 1,4 млрд. сомонӣ (151,2 млн. доллар) ё 3,2 фоиз ва дигар сарчашмаҳо, аз ҷумла саҳми корхонаҳои давлатии ҷумҳурӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ҷамоатҳо (бенефитсиарҳо) ва ғайра 53,7 млн. сомонӣ (5,8 млн. доллар) ё 0,1 фоизро ташкил медиҳад.

      Дар ин давра аз маблағи умумии маҷмӯи лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ (43,5 млрд сомонӣ ё 4,6 млрд доллар) тақсимоти маблағҳо ба соҳаҳо дар чунин шакл қарор дорад:

      • Маориф - 11 лоиҳа, ба мабалағи 426,3 млн доллари ИМА (9 фоиз);
      • Тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ - 6 лоиҳа ба маблағи 232,6 млн доллари ИМА (5 фоиз);
      • Кишоварзӣ - 4 лоиҳа ба маблағи 210,4 млн доллари ИМА (5 фоиз);
      • Ирригатсия ва обёрӣ - 4 лоиҳа ба маблағи 170,7 млн доллари ИМА (4 фоиз);
      • Хоҷагии манзилию коммуналӣ - 11 лоиҳа ба маблағи 282,5 млн доллари ИМА (6 фоиз);
      • Энергетика - 20 лоиҳа, ба маблағи 1,6 млрд доллари ИМА (35 фоиз);
      • Нақлиёт - 14 лоиҳа, ба маблағи 1,2 млрд доллари ИМА (27 фоиз);
      • Экология ва ҳолатҳои фавқулода - 4 лоиҳа, ба маблағи 158,7 млн доллари ИМА (3 фоиз);
      • Соҳаҳои дигар (молияи давлатӣ, андоз, омор ва сайёҳӣ) - 8 лоиҳа, ба маблағи 284,8 млн доллари ИМА (6 фоиз).

      Азхудкунии маблағҳо дар доираи лоиҳаҳои сармоягузорӣ аз санаи оғози татбиқи лоиҳаҳо 28,16 млрд. сомонӣ (3,04 млрд. доллар) ё 65 фоиз ва тибқи нақшаи молиявии моҳҳои январ-декабри соли 2025 6,4 млрд. сомонӣ (697,2 млн. доллар) ё 101 фоизро ташкил медиҳад.

      Дар доираи лоиҳаҳои сармоягузории давлатии амалкунанда  азхудкунии маблағҳо барои хариди мол, иҷрои кор ва хизматрасонӣ аз санаи оғози татбиқ 28,16 млрд. сомонӣ (3,04 млрд. доллар) ё 65 фоиз ва тибқи нақшаи молиявии моҳҳои январ-декабри соли 2025 6,4 млрд. сомонӣ (697,2 млн. доллар) ё 101 фоизро ташкил медиҳад.

      Азхудкунии маблағҳо тибқи нақшаҳои молиявӣ барои соли 2025 аз рӯи соҳаҳо:

      • Нақлиёт – 180,7 млн. доллари ИМА ё 104 фоиз;
      • Энергетика – 223,8 млн доллари ИМА ё 96 фоиз;
      • Молия, андоз, омор, сайёҳӣ ва ғайра – 48,3 млн доллари ИМА ё 92 фоиз;
      • Маориф – 70,8 млн доллари ИМА ё 105 фоиз;
      • Тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ – 33,7 млн доллари ИМА ё 107 фоиз;
      • Ирригатсия – 33,1 млн доллари ИМА ё 98 фоиз;
      • Кишоварзӣ – 25,8 млн доллари ИМА ё 108 фоиз;
      • Хоҷагии манзилию коммуналӣ – 47,9 млн доллари ИМА ё 104 фоиз;
      • Экология ва ҳодисаҳои фавқулодда – 32,4 млн доллари ИМА ё 112 фоиз.

      Дар моҳҳои январ – декабри соли 2025 бо шарикони рушд 31 созишномаи қарзию грантӣ вобаста барои татбиқи 25 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи умумии 619,02 млн. доллари ИМА ба имзо расонида шуд, ки татбиқи лоиҳаҳоро дар самти рақамикунонӣ, нақлиёт, обтаъминкунӣ, тандурустӣ, энергетика, рушди соҳибкорӣ, таъминоти гармӣ, экология, кишоварзӣ ва инноватсия дар бар мегирад.

      Дар таркиби лоиҳаҳои нави сармоягузории баимзорасида маблағҳои қарзӣ – 322,7 млн доллари ИМА ё 52,1 фоиз, грантӣ – 294,8 млн доллари ИМА ё 47,6 фоиз ва саҳми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон – 1,5 млн доллари ИМА ё 0,3 фоизро ташкил медиҳад.

      Ҷиҳати таъмини иҷрои банди 2 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 июни соли 2018, №330 «Дар бораи арзёбии самаранокии фаъолияти агентиҳои амаликунандаи лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ» дар назди Кумита Гурӯҳи кории байниидоравӣ аз ҳисоби намояндагони Вазорати молия, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Палатаи ҳисоб таъсис дода шуда, аз ҷониби он самаранокии фаъолияти агентиҳои амаликунандаи лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ дар соли 2024 арзёбӣ карда шуд.

      Натиҷаи арзёбӣ нишон дод, ки фаъолияти агентиҳои татбиқкунандаи лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ дар соли 2024 нисбати ба соли 2023 беҳтар гардидааст. Арзёбии умумии нишондиҳандаҳои фаъолияти онҳо ҳамчун:

      • «Хуб» (16 - адад);
      • «Қаноатбахш» (31 - адад);
      • «Ғайриқаноатбахш» (23 - адад).

       

      Ҳисобот оид ба рафти амалишавии лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ дар соли 2025.pdf
      464.75 Kb

      19.01.2026
      6 503
      Саҳифаи асосӣ
      • Сармоягузории давлатӣ
        • Суроғаи агентиҳои татбиқкунандаи лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ
        • Феҳристи лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ
        • Феҳристи лоиҳаҳои иҷтимои
        • Рафти татбиқи лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ дар соли 2025
      • Имкониятҳои сармоягузорӣ
        • Кафолату имтиёзҳо
        • Феҳристи созишномаҳои сармоягузорӣ
        • Тоҷикистон кишвари имкониятҳо барои сармоягузории сабз
        • Cозишномаҳои дуҷониба оид ба ҳавасмандгардонӣ ва ҳифзи мутақобилаи сармоягузорӣ
        • Рӯйхати лоиҳаҳо барои ҷалби сармояи хусусӣ
        • Омори сармоягузории хориҷӣ
        • Соҳаҳои афзалиятнок барои сармоягузорӣ
      • Роҳнамои сармоягузор
        • Ба Тоҷикистон омадан
        • Оғози тиҷорат
        • Рушди тиҷорат
        • Механизми дастгирӣ
      • Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
        • Қонунгузорӣ дар самти фаъолияти сармоягузорӣ


      Сармоягузорӣ
      Сармоягузории давлатӣ
      Имкониятҳои сармоягузорӣ
      Роҳнамои сармоягузор
      Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
      Харитаи сармоягузорӣ
      Соҳибкорӣ
      Дастгирии давлатии соҳибкорӣ
      Нишондиҳандаҳои рушди фаъолияти соҳибкорӣ
      Механизмҳои ҳамкорӣ
      Санҷиши фаъолият
      Низоми иҷозатдиҳӣ
      Рейтингҳо
      Соҳибкории занон
      Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
      Моликияти давлатӣ
      Идораи моликияти давлатӣ
      Таҷдид ва хусусигардонӣ
      Сохторҳои идораи амволи давлатӣ
      Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
      Чаро Тоҷикистон?
      2024 © Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
      Яндекс.Метрика
      ТАМОС БО МО