Ба мақсади расидан ба афзалиятҳои миллӣ тавассути рушди минтақаҳои кишвар, баланд бардоштани иқтидори истеҳсолию содиротии мамлакат ва дар ин раванд ҷалби ҳарчи бештари сармояи хориҷӣ ба ҶумҳурииТоҷикистон 4 минтақаи озоди иқтисодӣ таъсис дода шудааст.
Минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамзамон бо мақсади таъмини шароити мусоид барои суръатбахшии рушди иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла барои мақсадҳои таъмини аҳолӣ бо ҷои кор, рушди бемайлони иқтисодиёт дар асоси технологияи инноватсионӣ, истифодаи таҷрибаи пешқадами хориҷӣ, муттаҳидсозӣ ва истифодаи маҷмӯии сармояи давлатӣ, тиҷоратӣ ва хориҷӣ, санҷиши усулҳои нави хоҷагидорӣ, ки ба омезиши шаклҳои гуногуни моликият асос ёфтаанд, дар иқтисодиёт ҷорӣ намудани ихтироот ва коркарди илмию техникии ватаниву хориҷӣ бо истифодаи минбаъдаи онҳо дар дигар ташкилотҳои ҷумҳуриявӣ: густариши истеҳсоли молҳои истеъмолӣ ва хизматрасониҳо, афзун намудани содироти маҳсулот ва ҳалли дигар вазифаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ такшкил шудаанд.
Минтақаҳои мусоиди ҷойгиркунии минтақаҳои озоди иқтисодӣ, асосан, чун анъана дар мавзеҳои наздисарҳадӣ, мавзеъҳои аз назари мавҷудияти инфрасохтори коммуникатсонӣ ва иҷтимоӣ тараққиёфта ташкил карда шудааст.
Санадҳои меъёрии ҳуқуқии қабулшуда оиди Минтақаҳои озоди иқтисодӣ, аз ҷумла;
1. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи минтақаҳои озоди иқтисоди дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 17.05.2004, №24;
2. Низомнома «Дар бораи минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 05.12.2005, № 191;
3. Карори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи чораҳои аввалиндараҷа оид ба ташкили минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 05.03.2008, №103;
4. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъсиси минтақаҳои озоди иқтисодии «Панҷ» ва «Суғд» аз 02.05.2008, №227;
5. Низомномаҳои минтақаҳои озоди иқтисодии «Суғд» ва «Панҷ» бо қарорҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон №1146 ва 1147 аз 29.10.2008;
6. Қарори Ҳукумати чумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъсиси минтақаҳои озоди иқтисодии «Ишкошим» ва «Данғара» №74 аз 20.02.2009; Низомномаҳои минтақаҳои озоди иқтисодии «Ишкошим» ва «Данғара» бо қарорҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон №2010 ва №1545 аз 20.01.2010;
7. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон №700 аз 25.03.2011.
8. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъсиси Фонди ҷумҳуриявии рушди минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» №565 аз 8 октябри соли 2012;
9. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъсиси Шӯрои нозирон оид ба масъалаҳои минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» №664, 30 декабри соли 2014 мебошанд.
Минтақаи озоди иқтисодии “Суғд” бошад 320 гектар замин ҷудо шудааст, ки бо қарори раиси шаҳри Хуҷанд №462 аз 20.06.с.2008 ва бо қарори раиси вилояти Суғд аз 7.07.с.2008 №225 тасдиқ гардидааст.
Ҳамин тавр, дар соли 2008 бо тасвиби қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъсиси минтақаҳои озоди иқтисодии «Панҷ» ва «Суғд» аз 02.05.08, №227 ду минтақаи озоди иқтисодӣ –“Панҷ” ва “Суғд” таъсис дода шуд.
Ҳамзамон, Низомномаҳои минтақаҳои озоди иқтисодии «Суғд» ва «Панҷ» бо қарорҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон №1146 ва №1147 аз 29.10.08 тасдиқ гардиданд.
Дар соли 2007 масъалаи таъсиси минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» дар ҳамон давра масоҳати он бо қарори раиси ноҳияи Данғара дар масоҳати 98 гектар замин пешбинӣ гардид. Инчунин аз ҷониби Вазорати рушди иқтисод ва савдо Гӯруҳи корӣ таъсис дода шуд, ки таҳияи лоиҳаи оиннома, низомнома ва асоснокунии таъсиси минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» аз рӯи масоҳати 242, 31 гектар омода карда карда шуд.
Бо назардошти имкониятҳои мавҷуда барои боз ҳам васеъ намудани ҳудуди минтақа ва ҳарчи бештар ташкил намудани корхонаҳо ва сехҳои истеҳсолии саноатӣ, ташкили ҷойҳои нави корӣ, ба кор ҷалбкунии захираҳои меҳнатӣ, рушди иқтисодиёти минтақа масоҳати он 521 гектар васеъ гардид.
Минтақаи озоди иқтисодии «Ишкошим» соли 2009 таъсис дода шуда бошад ҳам фаъолияти кории худро соли 2012 оғоз намуд. Мушкилоти асосии таъсисёбии минтақа ин ба танзимдарории ҳуҷҷатгузорӣ оид ба ҷудо намудани қитъаи замин гардид.
Бояд қайд намуд, ки заминҳое, ки барои таъсиси минтақаи озоди иқтисодии «Ишкошим» ҷудо гардида буданд, дар ҳудуди фурудгоҳи ноҳия Ишкошим қарор дошта, дар тавозуни КВД «Тоҷикаэронавигатсия» буд.
Ҳамзамон, масъалаи мазкур тайи чанд сол тӯл кашида, баъд аз баҳсу музокираҳои зиёд қитъаи замини ҷудогардида ба тавозуни минтақаи озоди иқтисодии «Ишкошим» гузаронида шуд.
Вобаста ба ин, Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъсиси минтақаҳои озоди иқтисодии “Ишкошим” ва “Данғара” №74 аз 02.02.09 ба тасвиб расид.
Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» дар ҳудуди ноҳияи Данғара бо масоҳати умумии 521 гектар қитъаи замин ва Минтақаи озоди иқтисодии «Ишкошим» дар ҳудуди ноҳияи Ишкошим бо масоҳати умумии 200,0 гектар қитъаи замин таъсис дода шуд.
Айни замон дар минтақаҳои озоди иқтисодии ҷумҳурӣ 67 ширкати ватанию хориҷӣ ҳамчун субъект ба қайд гирифта шудааст, аз ҷумла дар МОИ “Суғд” 23, МОИ “Данғара” 28, МОИ “Панҷ” 14 ва “Ишкошим” 2. Аз миқдори умумии субъектҳои бақайдгирифташуда айни замон 17 ширкат, аз ҷумла дар МОИ “Суғд” 12 ва дар МОИ “Данғара” 3 ва дар МОИ "Панҷ" 2 ширкат фаъолияти истеҳсолӣ, хизматрасонӣ ва фаъолияти содиротию воридотиро ба роҳ мондаанд, ширкатҳои боқимонда ба оғоз намудани фаъолият ва ворид намудани таҷҳизотҳои технологӣ машғуланд.