Тоҷикистон дили Осиёи Марказӣ ҳисоб меёбад. Бахшҳои Шоҳроҳи Бузурги Абрешим аз ин сарзамин убур мекарданд.
Тоҷикистон кишвари агросаноатӣ буда, дорои иқтидори бузурги гидроэнергетикӣ ва саноатӣ буда, конҳои калони маъданҳои фоиданок мебошад. Наздикии бозорҳои ӣузурги истеъмолӣ дар Русия, Қазоқистон, Чин, Афғонистон ва Покистон ин бахши иқтисодро хеле ҷолиб месозад.
Таъсиси минтақаҳои озоди иқтисодӣ ба барномаи рушди инноватсионии Тоҷикистон ворид карда шудааст, чунки иқтисоди муосирро бе чунин минтақаҳо тасаввур кардан душвор аст. Мувофиқи таҳлили коршиносон 30%-и тиҷорати ҷаҳонӣ тавассути минтақаҳои озоди иқтисодӣ амалӣ мегардад. Дар кишвар 4 минтақаи озоди иқтисодӣ фаъолият доранд. Арзиши иҷораи қитъаи замин мутобиқи низомнома солона 1 доллар барои 1 метри мураббаъро ташкил мекунад. “Минтақаҳои озоди иқтисодӣ - маконҳоеанд, ки дар он ҷо шумо тиҷорати муваффақро бунёд карда метавонед. Онҳо на танҳо сармоягузоронро ҷалб мекунанд, балки барои онҳо имкониятҳои навро фароҳам меоранд”.
Вилояти Хатлон – Инфрасохтори Хатлон як шабакаи рушдёфтаи роҳҳои автомобилгард, оҳан ва ҳавоӣ мебошад. Соҳаҳои саноати сабук, хӯрокворӣ, кимиё, электроэнергетика ва саноати коркарди оҳан хуб инкишоф ёфтаанд. Дарёҳои асосии ин вилоят Панҷ, Вахш ва якчанд обанборҳо захираҳои бепоёни захираҳои гидроэнергетикӣ доранд. Шароити иқлими минтақа, ки нури офтоб, об ва водиҳои ҳосилхези фаровон доранд, ба шумо имкон медиҳанд, ки дар як сол то 3 маротиба сабзавот ва мева парвариш кунед.
Дар вилояти Хатлон ду минтақаи озоди иқтисодӣ - Данғара ва Панҷ намояндагӣ мекунанд.
Минтақаи озоди иқтисодии Данғара яке аз минтақаҳои пешрафтаи иқтисодии ҷумҳурӣ маҳсуб ёфта, масоҳати он 521,03 гектарро ташкил медиҳад. Корхонаи ояндадори дар қаламрави Минтақаи озоди иқтисодӣ бунёдшаванда дар бахши истихроҷи нафт аз ҷониби ширкати Чин сохта мешавад. Иқтидори лоиҳавии корхона дар як сол 1,2 миллион тонна хоҳад буд. Субъекти дигари минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» корхонаи истеҳсоли конструксияҳои оҳанӣ бо иқтидори коркарди солона то як миллион тонна оҳан мебошад. Ҳамчунин корхонаҳои истеҳсоли масолеҳи пластикӣ ва қубурҳои пластикӣ, заводи коркард ва бастабандии меваҳои хушк ва ғайраҳо бунёд гардида истодаанд.
Ҳудуди Минтақаи озоди иқтисодии Панҷ 401,6 гектарро ташкил дода, як қисми он бо 186 гектар ба бахши тиҷорат, воридот, содирот, молия ва инноватсия ва қисми дуюм бо 215,6 гектар ба бахши саноат тааллуқ дорад. Минтақаи озоди иқисодии «Панҷ» дорои захираҳои бузурги ашёи хом ба мисли қуми квартсӣ ва пахтаи хом, инчунин маҳсулоти кишоварзӣ мебошад, ки метавонанд аз чор ноҳияҳои дар масофаи 50 км дар атрофи минтақаи озоди иқтисодӣ ҷойгирбуда таъмин карда шаванд. Дар ин минтақа инфрасохтори хуб бо назорати гумрукӣ ташкил карда шудааст ва бо об ва қувваи барқ таъмин мебошад. Дар айни замон шартномаҳо бо ширкатҳои Корея оид ба истеҳсоли шеткаи дандон ва бунёди фабрикаи пойафзол баста шудаанд.
Вилояти Суғд бо макони мусоиди ҷуғрофии худ ҳамчун дарвозаи тиҷоратии шимолии Тоҷикистон аст ва "марвориди" водии Фарғона машҳур аст.
Минтақаи озоди иқтисодии Суғд соли 2009 таъсис дода шуда, дар қисми саноатии ҷанубу ғарби шаҳри Хуҷанд ҷойгир аст. Масоҳати умумии он 320 гектарро ташкил медиҳад. Субъектҳои дар минтақаи озоди иқтисодии мазкур фаъолияткунанда ба истеҳсоли кабелҳои барқӣ, қубурҳои полимерӣ, профилҳои алюминӣ ва пластикӣ, масолеҳи сохтмонӣ ва рангҳо, зарфҳои пластикӣ, васлу насби таҷҳизоти истеҳсоли барқ аз нируи офтобӣ ва насосҳои амиқ, инчунин коркарди такрории оҳан машғуланд. Корхонаҳои истеҳсоли лампаҳои каммасраф, мебел ва ғайра мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта истодаанд. Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» барои корхонаҳое, ки дар самти содирот кор мекунанд, шароити мусоид пешниҳод мекунад.
Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар қисми шарқии Тоҷикистон ҷойгир аст. Ин сарзамин аз манзараҳои беназири диққатҷалбкунанда, сангҳои қимматбаҳо, чашмаҳои оби шифобахш ва канданиҳои фоиданок бой аст.
Минтақаи озоди иқтисодии "Ишкошим" аз соли 2011 вуҷуд дорад ва масоҳати он 200 гектарро ташкил медиҳад. Вилоят дар шимол бо Қирғизистон, дар шарқ бо Чин ва дар ҷануб ва ғарб бо Афғонистон ҳамсарҳад аст. Пешбурд ва истифодаи захираҳои табиӣ ва тафреҳӣ дар бозорҳои ҷаҳонии хизматрасониҳои сайёҳӣ ҷараёни ҷалби сайёҳони хориҷиро ба Тоҷикистон таъмин хоҳад кард. Минтақаи мазкур бо мавҷудияти дарёҳои сершумори кӯҳӣ ва захираҳои бойи об барои рушди гидроэнергетика, бунёди нерӯгоҳҳои барқи обии бузург ва рушди неругоҳҳои хурди обӣ мусоидат мебошад.
Дар минтақаҳои иқтисодии кишвар барномаи махсуси андозбандӣ амал мекунад. Дар ҳамаи минтақаҳои озоди иқтисодӣ андоз аз даромад, андоз аз истифодабарандагони роҳ, андоз аз арзиши иловашуда, андоз аз фурӯши пахта ва алюминии аввалия, андоз аз захираҳои табиӣ, аксизҳо, андозҳо аз воситаҳои нақлиёт, амволи ғайриманқул ва боҷҳои гумрукӣ барои содироти маҳсулоти дар минтақаҳои озоди иқтисодӣ истеҳсолшуда ба сифр фоиз баробар аст. Аз 10 андозе, ки Кодекси андози кишвар пешбинӣ кардааст, субъектҳои минтақаҳои озоди иқтисодӣ танҳо ду намудро пардохт мекунанд: андози иҷтимоӣ (25%) ба Фонди музди меҳнат ва андоз аз даромад (8% - 13%), ки аз музди меҳнати корманд нигоҳ дошта мешавад.
Ҳифзи ҳуқуқҳо ва афзалиятҳои сармоягузорон, ҳуқуқҳои баробари сармоягузорони ватанию хориҷӣ, ҳифзи ҳуқуқии сармоягузорон, дахолати накардани давлат ба тиҷорат, ҳуқуқи интиқол додани даромад ба хориҷа, ҳаракати бемамонияти моликият ва иттилоот, ҳифзи моликияти зеҳнӣ ва ҳуқуқи истифодаи захираҳои табиӣ кафолат дода мешаванд.
Барои дарёфт кардани мақоми субъекти Минтақаи озоди иқтисодӣ зарур аст:
1. Дар мақомоти андоз худро ҳамчун шахси ҳуқуқӣ ба қайд гиред;
2. Бизнес-нақша ва ҳуҷҷатҳои заруриро омода кунед;
3. Дар Комиссияи назди Вазорати рушди иқтисод ва савдо лоиҳаи сармоягузориатонро асоснок кунед;
4. Бо маъмурияти Минтақаи озоди иқтисодӣ шартнома бандед;
5. Иҷозатнома дастрас намоед.
Арзиши иҷозатнома барои ҳама намуди фаъолият, новобаста аз ҳаҷми истеҳсол ва гардиши он якдафъаина 5000 доллар-ро ташкил мекунад.
Тоҷикистон ҷоест, ки дар он вазъи мӯътадили ҷамъиятию сиёсӣ, мавқеи мусоиди геополитикӣ ва захираҳои бойи канданиҳои фоиданок барои сифатан беҳтар кардани рушди соҳибкорӣ мусоидат мекунанд. Дар ин ҷо тамоми шароитҳо барои шукуфоӣ фароҳам оварда шудаанд.
Ба минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон сармоягузорӣ кунед!
Минтақаҳои озоди иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон минтақаҳои мӯътадили сармоягузорӣ мебошанд!