Размер шрифта
Цвет фона и шрифта
Изображения
Озвучивание текста
Обычная версия сайта
Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
  • ДАР БОРАИ КУМИТА
  • МАРКАЗИ МАТБУОТӢ
  • ТЕНДЕРҲО
  • ТАМОС
  • ...
    "/>
    Русский English
    Тоҷикӣ
    Сармоягузорӣ
    • Сармоягузории давлатӣ
    • Имкониятҳои сармоягузорӣ
    • Роҳнамои сармоягузор
    • Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
    • Харитаи сармоягузорӣ
    Соҳибкорӣ
    • Дастгирии давлатии соҳибкорӣ
    • Нишондиҳандаҳои рушди фаъолияти соҳибкорӣ
    • Механизмҳои ҳамкорӣ
    • Санҷиши фаъолият
    • Раёсати иҷозатномадиҳӣ
    • Рейтингҳо
    • Соҳибкории занон
    • Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
    Моликияти давлатӣ
    • Идораи моликияти давлатӣ
    • Таҷдид ва хусусигардонӣ
    • Сохторҳои идораи амволи давлатӣ
    • Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
    Чаро Тоҷикистон?

      • Тоҷикӣ
        • Забон
        • Тоҷикӣ
        • Русский
        • English
      • +992 (37) 221-86-59
      • Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734000, ш. Душанбе, Шоҳтемур 27.
      • info@investcom.tj
      • Соатҳои корӣ аз 8:00 то 17:00

      Сайёҳӣ

      Комплекси сайёҳӣ

      Тоҷикистон дорои зарфияти бузурги сайёҳӣ мебошад. Табиати рангину дилфиреби кишвар асоси ин зарфиятро ташкил дода, дар баробари ин, таърихи қадимаву ғанӣ, фарҳанги бой, ҷашнҳои зебо ва дигар унсурҳои миллӣ ҷолибияти Тоҷикистонро ҳамчун кишвари сайёҳӣ дучанд менамоянд.

      Дар Тоҷикистон калонтарин пиряхи дунё – Ванҷях (Федченко), яке аз кӯлҳои зеботарин ва баландкуҳтарини дунё - Сарез, баландтарин сарбанди сунъӣ дар ҷаҳон – Норак (сабт дар китоби рекордҳои Гиннес), дуюмин баландтарин парчампояи ҷаҳон (сабт дар китоби рекордҳои Гиннес), калонтарин неругоҳи барқии обӣ дар Осиёи Марказӣ – НБО Норак, НБО Роғун, ки баъд аз сохта ба истифода доданаш калонтарин НБО дар минтақа ва баландарин сарбанд дар ҷаҳон хоҳад буд, даҳҳо дигар объектҳои машҳуру ҷолиб мавҷуданд, ки таваҷҷуҳи сайёҳони хориҷиро ба худ ҷалб мекунанд. 

      Айни замон 14 мавзеъҳои табиию фарҳангии Тоҷикистон ба руйхати мероси ҷаҳонии Ташкилоти СММ оид ба маориф, илм ва фарҳанг (ЮНЕСКО) ва 12 номгӯи ҳунарҳову анъанаҳои миллии кишвар ба феҳристи мероси фарҳангии ғайримоддии ЮНЕСКО ворид карда шудаанд, ки аз таърихи бою ғанӣ ва табиати зебою рангни кишвар шаҳодат мемдиҳанд.

      Дар қатори 10 кишвари ҷолибтарин барои боздиди сайёҳон эълон шудани ҷумҳурӣ (соли 2012), ба 10 роҳи зеботарини дунё шомил намудани шоҳроҳи Помир (соли 2016), ба даҳгонаи кишварҳои беҳтарин аз рӯи сайёҳии пиёдагардӣ ва саргузаштӣ шомил шудани Тоҷикистон (соли 2014) ва ба панҷгонаи беҳтарин аз рӯи низоми соддаи пешниҳоди раводид ворид шудани ҷумҳурӣ (соли 2018), шаҳодати дар сатҳи байналмилалӣ эътироф шудани соҳаи сайёҳии Тоҷикистон мебошад.

      Дар се соли охир Тоҷикистон дар сегонаи аввали феҳристи кишварҳои амнтарини дунё, ки ҳамасола аз ҷониби Пажуҳишгоҳи амрикоӣ Gallup Institute интишор мешавад, қарор дорад.

      Аз лиҳози бозори сайёҳӣ низ кишвар бисер ҷолиб дониста мешавад, чун кишвар дар масири “Роҳи Абрешим” қарор дошта, бо Чин, Афғонистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон ҳамсарҳадӣ ва аз дигар кишварҳои минтақа – Ҳиндустон, Русия, Қазоқистон, Туркманистон, Эрон, Покистон ва Туркия дар масофаи на он қадар дур ҷойгир аст. Аҳолии ҳамаи ин кишварҳо зиёда аз 3 млрд. нафар ё зиёда аз 35% аҳолии ҷаҳонро ташкил медиҳад.

      Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки шумораи сайёҳон аз ин кишварҳо сол то сол зиёд шуда, Тоҷикистон бо назардошти зарфиятҳои сайёҳӣ ва дастрас будани арзиши сафар метавонад барои онҳо макони хуби боздид гардад.

      Нишондиҳандаҳои воридшавии сайёҳони хориҷӣ ба Тоҷикистон низ шаҳодати он аст, ки кишвар сол то сол миёни сайёҳони хориҷӣ маҳбубият пайдо карда истодааст. Дар панҷ соли охир шумораи сайёҳони хориҷӣ дар Тоҷикистон ба ҳисоби миёна 1100,94-ро ташкил дода, суръати рушд солона 17,8%-ро ташкил менамояд.

      Ҳукумати кишвар ба ин соҳаи муҳим таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, соли 2018-ро “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” ва солҳои 2019-2021-ро “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон намуд, ки дар заминаи онҳо ин соҳаи басо муҳим рушди тоза ёфт.

      Дар ин радиф, Ҳукумат якчанд иқдомҳоро барои ҷалби сармоя ба соҳаи сайёҳӣ ва рушди инфрасохтори он пиёда намуд, ки имтиёзҳои андозию гумрукӣ ва кафолати ҳуқуқи сармоягузорон ва ҳимояи сармояи онҳоро таъмин менамояд.

      Ҷумҳурии Тоҷикистон дар марҳилаи аввали рушди инфрасохтори сайёҳӣ қарор дорад. Афзоиши босуръати шумораи сайёҳон ва рушди соҳа шумораи бештари меҳмонхонаву осоишгоҳ, тарабхонаву ошхонаҳо, фурудгоҳу роҳҳо, мағозаву дуконҳои фуруши маҳсулоти армуғонӣ ва дигар инфрасохтори лозимӣ, инчунин хизматрасониҳои гуногунро дар ин самти муҳим талаб менамояд.

      Айни замон, дар кишвар 6 меҳмонхонаи панҷситорадор, 13 меҳмонхонаи чорситорадор, 241 меҳмонхонаи хурду миёна, 4 фурудгоҳи байналмилалӣ, зиёда аз 54 осоишгоҳу фароғатгоҳҳои хушманзара, 70 осорхона,  26 театр ва дигар иншооту объектҳо барои сайёҳон хизматрасонӣ мекунанд, ки бо назардошти рушди босуръати соҳа ин басанда нест.

      Вобаста ба ин, ҷалби сармояи хориҷӣ ба соҳаи сайёҳӣ дар Тоҷикистон ҷолиб дониста шуда, сармоягузорон метавонанд дар самтҳои зерин саҳмгузорӣ намоянд:

      - азнавсозии инфрасохтори нақлиётӣ: ҷалби сармоягузорӣ барои таъмир ва сохтмони роҳҳо, навсозии фурудгоҳҳо ва гузаргоҳҳои сарҳадӣ;

      - таъсиси системаи автоматикунонидашудаи бақайдгирии сайёҳон (e-guest): ҷалби сармоягузорӣ барои татбиқи технологияҳои муосир барои содда кардани раванди бақайдгирӣ ва гирифтани маълумот дар бораи сайёҳон;

      - рушди инфрасохтори будубош: ҷалби сармоягузорӣ барои бунёди меҳмонхонаҳо, тарабхонаҳо ва муассисаҳои фарҳангии ҷавобгӯ ба стандартҳои байналмилалӣ;

      - таъсиси кластерҳо дар минтақаҳои асосии сайёҳӣ: ҷалби сармоягузорӣ барои таъсиси кластерҳои лижаронӣ, фароғатӣ ва фарҳангӣ, ки ба рушди соҳибкории маҳаллӣ мусоидат мекунанд;

      - ташкили чорабиниҳо: баргузории форумҳо, симпозиумҳо ва мусобиқаҳои варзишӣ барои ҷалби таваҷҷӯҳ ба Тоҷикистон ҳамчун як макони сайёҳӣ;

      - ташаккули лоиҳаҳои сармоягузорӣ барои кластерҳои соҳавӣ: рушди кластерҳои махсус оид ба сайёҳии экологӣ, солимгардонӣ, таърихию фарҳангӣ ва кӯҳнавардӣ, шикор ва моҳидорӣ.



      20.04.2025
      4 579
      Саҳифаи асосӣ
      • Сармоягузории давлатӣ
        • Суроғаи агентиҳои татбиқкунандаи лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ
        • Маълумот оид ба лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ
        • Феҳристи лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ
        • Феҳристи лоиҳаҳои иҷтимои
      • Имкониятҳои сармоягузорӣ
        • Тоҷикистон кишвари имкониятҳо барои сармоягузории сабз
        • Омори сармоягузории хориҷӣ
        • Кафолату имтиёзҳо
        • Cозишномаҳои дуҷониба оид ба ҳавасмандгардонӣ ва ҳифзи мутақобилаи сармоягузорӣ
        • Феҳристи созишномаҳои сармоягузорӣ
        • Рӯйхати лоиҳаҳо барои ҷалби сармояи хусусӣ
        • Соҳаҳои афзалиятнок барои сармоягузорӣ
      • Роҳнамои сармоягузор
        • Ба Тоҷикистон омадан
        • Оғози тиҷорат
        • Рушди тиҷорат
        • Механизми дастгирӣ
      • Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
        • Қонунгузорӣ дар самти фаъолияти сармоягузорӣ
        • Санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ


      Сармоягузорӣ
      Сармоягузории давлатӣ
      Имкониятҳои сармоягузорӣ
      Роҳнамои сармоягузор
      Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
      Харитаи сармоягузорӣ
      Соҳибкорӣ
      Дастгирии давлатии соҳибкорӣ
      Нишондиҳандаҳои рушди фаъолияти соҳибкорӣ
      Механизмҳои ҳамкорӣ
      Санҷиши фаъолият
      Раёсати иҷозатномадиҳӣ
      Рейтингҳо
      Соҳибкории занон
      Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
      Моликияти давлатӣ
      Идораи моликияти давлатӣ
      Таҷдид ва хусусигардонӣ
      Сохторҳои идораи амволи давлатӣ
      Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
      Чаро Тоҷикистон?
      2024 © Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
      Яндекс.Метрика
      ТАМОС БО МО