Размер шрифта
Цвет фона и шрифта
Изображения
Озвучивание текста
Обычная версия сайта
Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
  • ДАР БОРАИ КУМИТА
  • МАРКАЗИ МАТБУОТӢ
  • ТЕНДЕРҲО
  • ТАМОС
  • ...
    "/>
    Русский English
    Тоҷикӣ
    Сармоягузорӣ
    • Сармоягузории давлатӣ
    • Имкониятҳои сармоягузорӣ
    • Роҳнамои сармоягузор
    • Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
    • Харитаи сармоягузорӣ
    Соҳибкорӣ
    • Дастгирии давлатии соҳибкорӣ
    • Нишондиҳандаҳои рушди фаъолияти соҳибкорӣ
    • Механизмҳои ҳамкорӣ
    • Санҷиши фаъолият
    • Раёсати иҷозатномадиҳӣ
    • Рейтингҳо
    • Соҳибкории занон
    • Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
    Моликияти давлатӣ
    • Идораи моликияти давлатӣ
    • Таҷдид ва хусусигардонӣ
    • Сохторҳои идораи амволи давлатӣ
    • Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
    Чаро Тоҷикистон?

      • Тоҷикӣ
        • Забон
        • Тоҷикӣ
        • Русский
        • English
      • +992 (37) 221-86-59
      • Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734000, ш. Душанбе, Шоҳтемур 27.
      • info@investcom.tj
      • Соатҳои корӣ аз 8:00 то 17:00

      Саноат

      Соҳаи саноат

      Соҳаи саноати Тоҷикистон яке аз бахшҳои асосии рушди иқтисодӣ иҷтимоии кишвар ба ҳисоб рафта, бо ин сабаб Ҳукумати Тоҷикистон солҳои 2021-2026-ро Солҳои саноатикунонии босуръат эълон кардааст.

      Бо назардошти ин ва мавҷудияти захира ва имкониятҳои мавҷуда соҳаи саноат яке аз бахшҳои асосӣ ва ҷолиби кишвар барои сармоягузорон ба ҳисоб меравад. То ин дам зиёда аз нисфи сармояи ба Тоҷикистон воридшуда маҳз ба соҳаи саноат рост меодя.

      Саноати маъданҳои кӯҳӣ ва металлҳои қиматбаҳо аз муҳимтарин ва ҷолибтарин бахши соҳаи саноати кишвар маҳсуб ёфта, дорои зарфияти хеле зиёд мебошад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 800 кони маъданҳои фоиданок, металлҳои нодир ва қиматбаҳо, аз ҷумла мис, нуқра, тилло, сурб, литий, сурма, никел, волфрам, ванадий ва дигар маъданҳои нодир кашф шуда, аз ин шумора 100 мавриди истифода қарор доранд, ки дар онҳо зиёда аз 40 намуди маъдан истихроҷ карда мешавад.

      Аз 12 металлу маъданҳои муҳимтарин барои “гузариши сабз” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 10-тои онҳо мавҷуд мебошад. Зимнан, Тоҷикистон аз лиҳози истеҳсоли сурма дар ҷаҳон дар ҷои 2-юм меистад. Яке аз конҳои калонтарини нуқра дар ҷаҳон – “Конимансури калон” бо иқтидори зиёда аз 60 ҳазор тонна дар Тоҷикистон ҷойгир буда, ҳанӯз истифода карда нашудааст. 

      Тибқи маълумоти Фонди иттилоотии геологӣ дар ҷумҳурӣ 26 кони аслӣ ва пошхӯрда мавриди коркард қарор доранд, ки захираи умумии онҳо зиёда аз 149,5 млн тонна маъдан ва 33140,6 ҳазор м3 қуми зардорро (76,2 млн тонна) ташкил медиҳанд. Дороии тиллои Тоҷикистонро 130 кон бо захираҳои баҳисобгирифтаи тиллои саноатӣ ва 120 зуҳуроти ғайрисаноатӣ ташкил мекунад.

      Ҷанбаи муҳими истихроҷу истеҳсоли ин маъданҳо дар Тоҷикистон ин истифода аз неруи “сабз” аст, ки яке аз талаботҳои асосии рушди минбаъдаи инсоният маҳсуб меёбад. Маъданҳои мазкур дорои сертификати “сабз” гашта, аз андози “карбон”, ки дар баъзе кишварҳои аврупоӣ аллакай ҷорӣ карда шудаанд, озод мегарданд.

      Саноати хуроквории кишвар нз дорои захираҳои бузург ва ояндадори ашёи хом ва иқтидори калони содиротию ивазкунандагии воридот буда, ҷалби сармоя ба он бо назардошти талаботи мавҷуда дар бозорҳои дохил ва хориҷи кишвар манфиатбор дониста мешавад. Ин пеш аз ҳама ба консерваҳои меваю сабзавот, обҳои минералӣ, шарбатҳо, маҳсулоти машруботӣ, намак, гӯшт ва маҳсулоти гӯштӣ дахл дорад.

      Мавҷудияти иқтидорҳои истеҳсолӣ, аз ҷумла дар соҳаи коркарди гандум 2,5 млн тонна, шир 150,0 ҳазор тонна, маҳсулоти гӯштӣ 30,0 ҳазор тонна, зироатҳои равғандиҳанда 80,0 ҳазор тонна, истеҳсоли маҳсулоти қаннодӣ 30,0 ҳазор тонна, нӯшокиҳои спиртӣ ва ғайриспиртӣ 100,0 млн декалитр, қувваи кории нисбатан арзон, талаботи доимӣ ба маҳсулоти хӯрокворӣ дар дохил ва хориҷи кишвар ин бахши саноатро барои сармоягузорон ҷолиб мегардонад.

      Саноати масолеҳи сохтмонӣ дар Тоҷикистон дорои имкониятҳои зиёд буда, дар кишвар зиёда аз 420 конҳо бо захираи 30 намуди гуногуни ашёи хом (серпантинит, кварсит, порфирит, перлит, габбро, санги хоро, гранодиорит, диорит, мармар, оҳаксанги мармарӣ, гаҷ, садаф, травертин, суглинка, реги кварсӣ) кушода ва омӯхта шудаанд.

      Давоми солҳои охир дар соҳа маҳсулоти нави воридотивазкунанда ва ба содирот нигаронидашуда, аз ҷумла семент, пахтаи минералӣ аз санг, рангҳои аккрилӣ, қубурҳои пластмассӣ, хишти ороишӣ ва ғайра ба роҳ монда шудааст. Вале талабот ба маҳсулоти сохтмонӣ сол то сол зиёд шуда, аксари чунин маҳсулот аз хориҷ ворид карда мешавад. Вобаста ба ин, сармоягузорӣ ба ин бахш ва истеҳсоли ин маҳсулот дар дохили кишвар афзал дониста мешавад.

      Саноати сабуки Тоҷикистон низ дорои имкониятҳои зиёд барои сармоягузорӣ мебошад. Дар ҳоле, ки истеҳсоли пахтаи хом дар кишвар зиёда 400 ҳазор тоннаро ташкил мекунад, иқтидори истеҳсолии корхонаҳои коркарди нахи пахта ҳамагӣ ҳудуди 87 ҳазор тоннаро дар як сол ташкил медиҳад.

      Сармоягузорӣ ба ин бахш ҷиҳати истифодаи иқтидорҳои истеҳсолӣ ва таъсиси корхонаҳои нав имконият медиҳанд, ки то соли 2037 ҳаҷми истеҳсоли риштаи пахтагин 166,6 фоиз, матоъҳои пахтагин 25 маротиба, маҳсулоти кешбофӣ 3,1 баробар, ҷуробҳо 4,8 баробар, қолинҳо 2,1 маротиба, пойафзол 185,3 фоиз, мебел 118,9 фоиз ва адрасу атлас 9,0 баробар афзоиш ёбанд.

      Дар мамлакат иқтидори коркарди 2 млн дона пӯст вуҷуд дорад. Ҷиҳати ба эътидол овардани фаъолияти корхонаҳои коркарди пашм ва пӯст маҳдудияти содироти ашёи хоми номбаршуда ва ҷалби сармоягузорӣ барои воридоти технологияи дахлдор зарур мебошад.

      Мавҷудияти ашёи хоми маҳаллӣ, нахи пахта, пӯст, пашм ва пилла, афзоиши талаботи бозори дохилӣ бо маҳсулоти тайёр (сару либос, қолин, ҷӯроб, пойафзол, мебел, халта) ва имконияти содироти онҳо, шароити мусоид дар самти таъсиси корхонаҳои нав ин бахшро барои сармоягузорӣ ҷолиб менамояд.

      Соҳаи мошинсозӣ, саноати мудофиа ва кимиё яке аз соҳаҳои ҳаҷман васеи маҷмӯӣ буда, истеҳсоли алюминии аввалия, коркарди металлҳои сиёҳ ва ранга, истеҳсоли техникаҳои гуногун, мошинолоти кишоварзӣ, дастгоҳу таҷҳизоти истеҳсолӣ, автобусҳо, таҷҳизоти электротехникӣ ва истеҳсоли қисмҳои эҳтиётӣ барои хатҳои технологии истеҳсоли семент, таҷҳизоти хатҳои коркарди маъданҳои кӯҳиро дар бар мегирад.

      Суръати афзоиши миёнаи солонаи истеҳсоли маҳсулот дар корхонаҳои истеҳсоли трансформаторҳои баландшиддат то 2 баробар, кабелҳо 1,7 баробар, арматураи сохтмонӣ 2 баробар, қисмҳои эҳтиётӣ барои мошинҳои кишоварзӣ 4,6 баробар ва ноқилҳои баландшиддат 2,5 баробар ба нақша гирифта шудааст.

      Дар заминаи иқтидорҳои корхонаи воҳиди давлатии «Ширкати Алюминийи Тоҷик» кластерҳое таъсис ва рушд меёбанд, ки коркарди алюминийи аввалияро то маҳсулоти ниҳоӣ анҷом медиҳанд.

      Самтҳои асосии рушди саноати кимиёи Тоҷикистон ба гузаронидани тадқиқотҳо ҷиҳати муайян намудани манбаъҳои ашёи хоми истеҳсолӣ барои ба кор андохтани коргоҳҳои нав, омӯзиш ва таҳқиқотҳои илмӣ оид ба муайян намудани таркиб ва файзнокии кони фосфорити «Равот»-и шаҳри Панҷакент бо мақсади таъсиси истеҳсолоти нурии минералии фосфордор вобаста мебошанд.

      Мавҷудияти захираҳои энергетикӣ, иқтидор ва инфрасохтори зарурӣ, потенсиали кадрӣ барои афзоиш додани истеҳсоли алюминии аввалия, аз ҷумла тавассути ба кор даровардани серияҳои 5 ва 6 ҶСК «Ширкати Алюминийи Тоҷик», талаботи доимӣ ба техника ва мошинолотҳои кишоварзӣ дар ҷумҳурӣ,  афзоиши талаботи рӯзафзун ба маҳсулоти металлӣ ва маҳсулоти пластикӣ, зиёд гардидани талаботи хоҷагиҳои кишоварзӣ ба нуриҳои минералии гуногун, мавҷуд будани имконоти коркарди комплексии маъданҳои металлӣ то маҳсулоти ниҳоӣ аз омилҳое мебошанд, ки метавонанд таваҷҷуши сармоягузоронро ба ин бахши саноат равона намоянд.

      Ҷиҳати иҷрои мақсад ва вазифаҳои сиёсати инноватсионӣ дар саноат муқаррар намудани муносибат бо объектҳои фаъолияти инноватсионӣ, яъне муассисаҳои илмӣ, новобаста аз мансубияти ташкилию ҳуқуқии онҳо ва шахсони ҳуқуқӣ, ки лоиҳаҳои нави технологиро кор карда баромадаанд, бояд дар мавқеи аввал қарор дода шавад.

      Сиёсати инноватсионӣ дар саноат тақозои онро дорад, ки муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотии академиявӣ, соҳавӣ ва муассисаҳои таълимии олӣ амалияи тиҷоратикунонии лоиҳаҳои инноватсиониро бештар фаъол гардонанд.

      Бо назардошти рушди соҳаи саноат ва зарфияту захираҳои мавҷуда ҷалби сармоя ба самтҳои зерин муфид дониста мешавад:

      - дар саноати маъданҳои куҳӣ - ташкили истеҳсолоти маҳсулоти тайёр аз консентратҳои сурб, руҳ, мис, истифодаи технологияҳои дар як раванд ҷудо намудани металлҳои ҳамроҳ, аз қабили тилло, нуқра ва металлҳои нодиру камёфт;

      - дар саноати хӯрокворӣ - технологияҳои коркард ва истеҳсоли бепартови равғани растанӣ аз маҳсулоти маҳаллӣ;

      - дар саноати сабук - истеҳсоли маҳсулоти нассоҷӣ, дӯзандагӣ (либоси мактабӣ) ва моделҳои нави пойафзоли мардона, занона ва кӯдакона, истеҳсоли матоъ аз атласу адрас, қолинбофии дастӣ;

      - дар саноати масолеҳи сохтмон - ҷорӣ намудани технологияҳои такмилёфтаи истеҳсоли гаҷкартон, кошинҳо ва шиша;

      - дар саноати мошинсозӣ ва кимиё - истеҳсоли феррохӯлаҳо, қисмҳои эҳтиётӣ барои таҷҳизоти технологии корхонаҳои саноатӣ, сохтмон ва роҳсозӣ, мошинолоти кишоварзӣ.

       



      20.04.2025
      8 069
      Саҳифаи асосӣ
      • Сармоягузории давлатӣ
        • Суроғаи агентиҳои татбиқкунандаи лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ
        • Маълумот оид ба лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ
        • Феҳристи лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ
        • Феҳристи лоиҳаҳои иҷтимои
      • Имкониятҳои сармоягузорӣ
        • Тоҷикистон кишвари имкониятҳо барои сармоягузории сабз
        • Омори сармоягузории хориҷӣ
        • Кафолату имтиёзҳо
        • Cозишномаҳои дуҷониба оид ба ҳавасмандгардонӣ ва ҳифзи мутақобилаи сармоягузорӣ
        • Феҳристи созишномаҳои сармоягузорӣ
        • Рӯйхати лоиҳаҳо барои ҷалби сармояи хусусӣ
        • Соҳаҳои афзалиятнок барои сармоягузорӣ
      • Роҳнамои сармоягузор
        • Ба Тоҷикистон омадан
        • Оғози тиҷорат
        • Рушди тиҷорат
        • Механизми дастгирӣ
      • Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
        • Қонунгузорӣ дар самти фаъолияти сармоягузорӣ
        • Санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ


      Сармоягузорӣ
      Сармоягузории давлатӣ
      Имкониятҳои сармоягузорӣ
      Роҳнамои сармоягузор
      Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
      Харитаи сармоягузорӣ
      Соҳибкорӣ
      Дастгирии давлатии соҳибкорӣ
      Нишондиҳандаҳои рушди фаъолияти соҳибкорӣ
      Механизмҳои ҳамкорӣ
      Санҷиши фаъолият
      Раёсати иҷозатномадиҳӣ
      Рейтингҳо
      Соҳибкории занон
      Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
      Моликияти давлатӣ
      Идораи моликияти давлатӣ
      Таҷдид ва хусусигардонӣ
      Сохторҳои идораи амволи давлатӣ
      Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
      Чаро Тоҷикистон?
      2024 © Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
      Яндекс.Метрика
      ТАМОС БО МО