Размер шрифта
Цвет фона и шрифта
Изображения
Озвучивание текста
Обычная версия сайта
Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
  • ДАР БОРАИ КУМИТА
  • МАРКАЗИ МАТБУОТӢ
  • ТЕНДЕРҲО
  • ТАМОС
  • ...
    "/>
    Русский English
    Тоҷикӣ
    Сармоягузорӣ
    • Сармоягузории давлатӣ
    • Имкониятҳои сармоягузорӣ
    • Роҳнамои сармоягузор
    • Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
    • Харитаи сармоягузорӣ
    Соҳибкорӣ
    • Дастгирии давлатии соҳибкорӣ
    • Нишондиҳандаҳои рушди фаъолияти соҳибкорӣ
    • Механизмҳои ҳамкорӣ
    • Санҷиши фаъолият
    • Раёсати иҷозатномадиҳӣ
    • Рейтингҳо
    • Соҳибкории занон
    • Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
    Моликияти давлатӣ
    • Идораи моликияти давлатӣ
    • Таҷдид ва хусусигардонӣ
    • Сохторҳои идораи амволи давлатӣ
    • Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
    Чаро Тоҷикистон?

      • Тоҷикӣ
        • Забон
        • Тоҷикӣ
        • Русский
        • English
      • +992 (37) 221-86-59
      • Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734000, ш. Душанбе, Шоҳтемур 27.
      • info@investcom.tj
      • Соатҳои корӣ аз 8:00 то 17:00

      Кишоварзӣ

      Комплекси кишоварзӣ

      Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои иқлими бисёр мусоид, заминҳои ҳосилхез ва захираҳои оби фаровон мебошад, ки барои рушди соҳаи кишоварзӣ заминаи воқеӣ мегузорад. Маҳз ба ин хотир, ин соҳа дар кишвар хеле рушд карда, ба яке аз соҳаҳои муҳимтарини иқтисодиёти кишвар табдил ёфтааст.

      Айни замон, тақрибан 23% ҳиссаи ММД, зиёда аз 20% ҳиссаи содирот ва зиёда аз 70% шуғли аҳолӣ дар ҷумҳурӣ ба соҳаи кишоварзӣ рост меояд, ки аз нақши муҳими он дар рушди иқтисодӣ-иҷтимоии кишвар шаҳодат медиҳад.

      Дар Тоҷикистон 863 ҳазор гектар заминҳои обӣ мавҷуд буда, дар майдони 600 ҳазор гектари он кишти зироатҳои кишоварзӣ ба роҳ монда шудааст. Дар оянда бо азхудкунии заминҳои нав ва беҳтар намудани ҳолати мелиоративии заминҳо имконияти то 1,5 млн гектар расонидани заминҳои кишт мавҷуд мебошад.

      Илова ба ин, иқлими мусоиди минтақаҳои ҷумҳурӣ имконият медиҳад, ки майдонҳои боғу токзорҳои ҳосилнокиашон баланд бунёд ва барқаррор карда шуда, дар заминҳои талу теппаҳои бо намӣ таъмин ҳамасола майдони он зиёд, инчунин дар доманнакӯҳҳо кишти зироатҳо ба роҳ монда шуда, талаботи аҳолӣ, корхонаҳои коркард бо ашёи хом пурра таъмин ва як қисми он ба содирот равона карда шавад.

      Бо рушди соҳаи боғу токпарварӣ дар ҷумҳурӣ майдони боғу токзор ба 208,4 ҳазор гектар расонида шудааст, ки аз он 170,1 ҳазор гектар боғ ва 38,3 ҳазор гектарро токзор ташкил медиҳад.

      Меваю сабзавоти дар Тоҷикистон истеҳсолшаванда хеле хуштаъму хушмазза буда, аз лиҳози экологӣ тоза мебошанд. Дар кишвар солона зиёда аз 1,2 млн тонна меваҷот, 3,2 млн тонна сабзавот, 1,3 млн тонна полезӣ истеҳсол карда шуда, зиёда аз 50% онҳо ҳам ба тариқи тару тоза ва ҳам тариқи хушк, бастубандшуда ба берун аз кишвар содирот карда мешаванд.

      Зарфияти содиротии кишвар дар ин бахш хеле зиёд аст, аммо норасоии марказҳои агрологистикӣ, сардхонаҳо ва дигар инфрасохтори зарурӣ имкон намедиҳад, ки ин зарфият ба пуррагӣ истифода карда шавад.

      Яке аз зироатҳои асосии содиротии кишварро пахта ташкил мекунад, ки истеҳсоли он солона то 400 ҳазор тонна мерасад. Зимнан, зарфияти корхонаҳои коркарди  пахта ҳамагӣ 125 ҳазор тоннаро ташкил дода, айни замон боқимондаи он ба таври хом содирот карда мешавад. Ҳол он ки ташкили кластерҳо дар ин бахш тавассути механизми “истеҳсол – коркарди ниҳоӣ” метавонад арзиши иловашударо ба бор орад. 

      Дар баробари рушди растанипарварӣ иқлими мусоиди ҷумҳурӣ шароити хубро барои чорвопарварӣ, қутоспарварӣ, паррандапарварӣ, моҳипарварӣ ва занбури асалпарварӣ фароҳам овардааст, ки ин бахшҳо ҳамасола рӯ ба афзоиш намуда истодаанд.

      Бо рушди соҳаи чорводорӣ саршумори чорвои калони шохдор ба 2,8 млн. сар, чорвои майдаи шохдор ба 7,1 млн. сар, асп ба 91,6 ҳазор сар, занбури асал ба 274,3 ҳазор оила ва парранда ба 12 млн. сар расонида шудааст.

      Бо мақсади таъмини аҳолӣ бо гӯшти парҳезӣ шумораи корхонаҳои паррандапарварӣ ба 228 адад ва хоҷагиҳои моҳипарварӣ ба 385 адад расидааст.

      Механикунонии инноватсионии соҳаи кишоварзӣ барои кам кардани арзиши аслии маҳсулот дар занҷираҳои истеҳсолу фурӯш нақши бориз дошта, дар баробари 27 ҳазор адад техникаҳои мавҷудбуда, ҷиҳати беҳтар намудани таъминоти хоҷагиҳо ворид намудани он зарур мебошад.

      Айни замон қисми зиёди техникаи кишоварзии кишвар барои саривақт гузаронидани чорабиниҳои кишоварзӣ, баланд бардоштани сифати ҳосил ва маҳсулнокӣ ба навсозии ҷиддӣ эҳтиёҷ дорад.

      Бозорҳои анъанавӣ барои содироти маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон Россия ва Қазоқистон ба ҳисоб рафта, солҳои охир таваҷҷуҳи кишварҳои арабӣ ва аврупоӣ ба маҳсулоти кишоварзии ҷумҳурӣ зиёд шуда истодааст. Илова ба ин, Чин ва Ҳиндустон бо нуфузи хеле зиёди аҳолӣ метавонанд барои содироти маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон бозори хуб шаванд.

      Сармоягузорӣ ба соҳаи кишоварзии Тоҷикистон бисёр муфид арзёбӣ гардида, зарфиятҳои мавҷуда имкон фароҳам меоранд, ки сармоягузорон даромади худ дошта бошанд. Дар кишвар аллакай якчанд лоиҳаҳои сармоягузорӣ бо маблағгузории соҳибкорон аз Чин, Ҷопон, Россия мавриди татбиқ қарор доранд.

      Афзоиши талабот ба озуқаворӣ, зарфиятҳои мавҷуда, қувваи кории арзон ва имтиёзҳое, ки кишвар барои рушди соҳаи кишоварзӣ роҳандозӣ кардааст, имкониятҳои хубро барои сармоягузорӣ дар ин соҳаи муҳим фароҳам овардаанд.

      Бо назардошти ин, сармоягузорӣ ба самтҳои зерини рушди соҳаи кишоварзӣ бисер ҷолиб мебошад:

      - кластеркунонии занҷираҳои арзиши иловашудаи кишоварзӣ, аз ҷумла дар самти пахтакорӣ;

      - сармоягузорӣ ба таъсиси кластерҳо ва агропаркҳо;

      - механикикунонии кишоварзӣ тавассути харид ва азнавсозии техника ва таҷҳизоти кишоварзӣ;

      - сармоягузорӣ  барои рушди инфрасохтор, аз ҷумла бунёди анборҳо, сардхонаҳо ва иншооти коркарди меваю сабзавот;

      - таъсиси марказҳои агрологистикӣ ҷиҳати мусоидат ба рушди содироти маҳсулоти кишоварзӣ.

       

       



      20.04.2025
      7 167
      Саҳифаи асосӣ
      • Сармоягузории давлатӣ
        • Суроғаи агентиҳои татбиқкунандаи лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ
        • Маълумот оид ба лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ
        • Феҳристи лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ
        • Феҳристи лоиҳаҳои иҷтимои
      • Имкониятҳои сармоягузорӣ
        • Тоҷикистон кишвари имкониятҳо барои сармоягузории сабз
        • Омори сармоягузории хориҷӣ
        • Кафолату имтиёзҳо
        • Cозишномаҳои дуҷониба оид ба ҳавасмандгардонӣ ва ҳифзи мутақобилаи сармоягузорӣ
        • Феҳристи созишномаҳои сармоягузорӣ
        • Рӯйхати лоиҳаҳо барои ҷалби сармояи хусусӣ
        • Соҳаҳои афзалиятнок барои сармоягузорӣ
      • Роҳнамои сармоягузор
        • Ба Тоҷикистон омадан
        • Оғози тиҷорат
        • Рушди тиҷорат
        • Механизми дастгирӣ
      • Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
        • Қонунгузорӣ дар самти фаъолияти сармоягузорӣ
        • Санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ


      Сармоягузорӣ
      Сармоягузории давлатӣ
      Имкониятҳои сармоягузорӣ
      Роҳнамои сармоягузор
      Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
      Харитаи сармоягузорӣ
      Соҳибкорӣ
      Дастгирии давлатии соҳибкорӣ
      Нишондиҳандаҳои рушди фаъолияти соҳибкорӣ
      Механизмҳои ҳамкорӣ
      Санҷиши фаъолият
      Раёсати иҷозатномадиҳӣ
      Рейтингҳо
      Соҳибкории занон
      Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
      Моликияти давлатӣ
      Идораи моликияти давлатӣ
      Таҷдид ва хусусигардонӣ
      Сохторҳои идораи амволи давлатӣ
      Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
      Чаро Тоҷикистон?
      2024 © Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
      Яндекс.Метрика
      ТАМОС БО МО