Соҳаи энергетика
Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои захираҳои бузурги нерӯи таҷдидшаванда – энергияи “сабз” буда, аз рӯйи истифодаи он дар ҷаҳон дар мақоми шашум ҷой гирифтааст. Ҳудуди 98 дарсади нерӯи барқи дар кишвар тавлидшавандаро нерӯи таҷдидшавандаи энергия, асосан, гидроэнергетика, ташкил медиҳад.
Зимнан, иқтидори гидроэнергетикии Тоҷикистон 527 млрд.кВт соат/солро ташкил менамояд, ки бо ин нишондод кишвар дар ҷаҳон дар ҷойи 8-ум ва дар Осиёи Марказӣ дар ҷои аввал меистад.
Иқтидори гидроэнергетикии Тоҷикистон аз талаботи имрӯзаи кишварҳои Осиёи Марказӣ ду маротиба бузург буда, то имрӯз танҳо 5 дарсади он азхуд карда шудааст. Ин захираи бузурги энергияи “сабз” дар оянда метавонад на танҳо ба Тоҷикистон, балки ба дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ, инчунин Афғонистон ва Покистон, ки Тоҷикистон бо онҳо тавассути хатти баландшиддати CASA-1000 пайваст шуда истодааст, хизмат расонад.
Иқтидори энергияи офтоб ва бод низ дар Тоҷикистон хеле зиёд буда, ҳануз истифода нашудаанд. Давомнокии солонаи дурахши офтоб дар ҳудуди ҷумҳурӣ ба ҳисоби миёна 300 рӯзро ташкил дода, иқтидори аз лиҳози иқтисодӣ асосноки он 369 600 МВт-ро ташкил медиҳадю Иқтидори энергияи бодӣ бошад, ба 4 485 МВт баробар аст, ки он низ то кунун истифода нашудааст.
Ҳукумати кишвар тасмим гирифтааст, ки то соли 2032 тавлиди нерӯи барқро дар кишвар пурра аз ҳисоби энергияи “сабз” таъмин намояд.
Бо ин мақсад, айни замон дар кишвар сохтмони НБО-и “Роғун” бо иқтидори 3780МВт ва НБО-и “Себзор” бо иқтидори 11 МВт идома дошта, асосноккунии техникию иқтисодии НБО-и “Шӯроб” бо иқтидори 800 МВт омода шуда истодааст. Инчунин, дар якҷоягӣ бо ҷониби Ӯзбекистон асосноккунии техникӣ-иқтисодии нерӯгоҳҳои барқи обӣ дар ҳавзаи дарёи Зарафшон бо иқтидори умумии 320 МВт таҳия шуда истодааст.
Дар баробари ин, дар якҷоягӣ бо Қирғизистон, Афғонистон ва Покистон сохтмони хатти баландшиддати CASA-1000 барои таҳвили энергияи “сабз” ба Осиёи Ҷанубӣ дар марҳилаи ниҳоӣ қарор дошта, соли 2024 Тоҷикистон пас аз 15 сол дубора ба низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ пайваст гардид.
Бо истифода аз заминаҳои ҳуқуқии амалкунанда, то ин вақт дар Тоҷикистон бо ҷалби сармояи хориҷӣ бунёди неругоҳи барқи обии Сангтуда-1 бо иқтидори 670 МВт, неругоҳи барқи обии Сангтуда-2 бо иқтидори 220 МВт, барқтаъминкунии Минтақаи озоди иқтисодии Данғара ва консессияи Помир энерҷӣ татбиқ шудаанд. Дар баробари ин, бо ҷалби бахши хусусӣ дар Тоҷикистон лоиҳаи гузаштан ба низоми биллингӣ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе амалӣ гардида, созишномаи иловагӣ барои татбиқи чунин лоиҳа дар 16 шаҳру ноҳияи дигар ба имзо расонида шудааст.
Идоракунии шабакаҳои тақсимоти барқ низ дар кишвар барои панҷ сол ба бахши хусусӣ – консортсиуми байналмилалӣ зери роҳбарии ширкати “TATA Power” дода шудааст, ки дар асоси натиҷаҳои он тасмими ниҳоӣ барои ҷалби бахши хусусӣ ба ин низоми муҳим гирифта хоҳад шуд.
Зимнан, солҳои охир бинобар рушди босуръати иқтисод, афзоиши аҳолӣ, рақамикунонӣ ва истифодаи технологияҳои наву инноватсивонӣ ва саноатикунонии босуръати кишвар талабот ба нерӯи барқ афзоиш ёфта, равандҳои ҷаҳонӣ хусусан гармшавии иқлим ва обшавии пиряхҳо аҳамияти энергияи “сабз”-ро, рӯз аз рӯз зиёд намуда истодаанд.
Дар ин замина, аз ҷумла, таваҷҷуҳ ба истифодаи гидрогени «сабз» сол то сол зиёд шуда истодааст, ки Тоҷикистон бо захираҳои бузурги обиву гидроэнергетикӣ зарфияти бузурги истеҳсоли онро доро мебошад.
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар Тоҷикистон талабот ба нерӯи барқ солона 5-7 дарсад афзоиш дошта, чунин ҳолат дар дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ низ ҷой дорад. Дар ин замина, Афғонистон ва Покистон, ки ба Тоҷикистон бо онҳо тавассути хати баландшиддати CASA-1000 пайваст мешавад, бозори бисер муносиб дониста мешавад, чун дар Афғонистон ҳамагӣ 30-40 дарсади аҳолӣ бо барқ таъмин асту дар Покистон низ дар фасли тобистон норасоии шадиди нерӯи барқ мавҷуд мебошад.
Бо назардошти ин, ҷалби сармояи хориҷӣ ба соҳаи нерӯи барқи таҷдидшаванда ё энергияи “сабз” дар Тоҷикистон муфид дониста шуда, сармоягузорон метавонанд дар самтҳои зерин саҳмгузорӣ намоянд:
- сохтмони неругоҳҳои барқи обии миёна ва бузург, аз ҷумла НБО-и “Шӯроб” (800МВт), НБО-и “Ёвон” ва НБО-и “Фондарё” бо иқтидори умумии 320 МВт, НБО Санобод бо иқтидори 500 МВт дар се марҳила ва ғайра;
- сохтмони неругоҳҳои офтобӣ, бодӣ ва инчунин энергияи геотермалӣ, аз ҷумла тавассути механизми шарикии давлат ва бахши хусусӣ;
- ҷорӣ кардани низоми биллингӣ ва дигар намуди механизмҳо барои истифодаи самараноки нерӯи барқ;
- идоракунии шабакаҳои алоҳидаи тақсимоти барқ тавассути механизми шарикии давлат ва бахши хусусӣ;
- ташкили низоми устувори фуруши нерӯи барқ барои автомашинаҳои барқӣ;
- бунёди хатҳои истеҳсоли гидрогени сабз бо таваҷҷуҳ ба содироти он ба дигар кишварҳо;
- дигар намуди фаъолияти сармоягузорӣ, ки ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат намекунад.
Бо назардошти сол то сол зиёд шудани талабот ба нерӯи барқи таҷдидашаванда барои гузаштан ба иқтисоди “сабз”, имкониятҳои фаровони Тоҷикистон дар ин самт, бешубҳа, метавонад мавриди таваҷҷуҳи махсуси срамоягузорон гардад.