Бахши нақлиётӣ-логистикӣ
Маҷмааи нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон нақлиёти автомобилӣ, роҳи оҳан ва ҳавоиро муттаҳид сохта, хоҷагии роҳҳои автомобилгардро дар бар мегирад.
Дар кишвар 4 фурудгоҳи байналмилалӣ ва даҳҳо фурудгоҳҳои маҳаллӣ, ҳудуди 900 км хатти роҳ оҳан, 13968 км роҳҳои автомобилгарди истифодаи умум ва 12791 км роҳҳои автомобилгарди ғайри истифодаи умум бо шароити зарурӣ фаъолият намуда, ба мардум ва хоҷагии халқи мамлакат хизмат мерасонанд.
Бо назардошти муҳимияти соҳа ва зарурати таъмини дастрасӣ ба бозорҳои минтақа ва ҷаҳон, баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ яке аз ҳадафҳои стратегии давлат эълон шуда, Ҳукумати кишвар барои ноил гаштан ба ин ҳадаф иқдомҳои зиёдеро амалӣ намуд. Аз ҷумла, дар ин давра тавассути лоиҳаҳои бузургҳаҷми сармоягузории давлатӣ даҳҳо км роҳҳои автомобилгард, 300 км хати роҳи оҳан, 5 туннели калон бо дарозии умумии зиёда аз 20 км, даҳҳо пули бузург бо дарозии умумии 5 км, аз ҷумла 5 пул дар болои дарёи Панҷ дар сарҳад бо Афғонистон ва дигар инфрасохтори муҳими соҳавӣ сохта шуда, корҳо дар ин самт бомаром идома доранд.
Вобаста ба шароити хоси табиӣ-иқлимии ҷумҳурӣ, ки 93 фоизи масоҳати онро кӯҳҳо ишғол мекунанд, нақлиёти автомобилӣ нисбат ба дигар воситаҳои нақлиёт дорои бартарияти муҳими стратегӣ, хусусан дар самти таъмини интиқоли мунтазами дохилӣ ва фарогирии ҳамаи минтақаҳои мамлакат мебошад.
Бо рушди нақлиёти автомобилӣ, тавсеаи шабакоти роҳи оҳан чун калонтарин интиқолдиҳанда дар самти ҳамлу нақли байналмилалӣ низ ҳамчун омили муҳими сохтори нақлиётии кишвар муайян гардидааст.
Давлат барои ташаккули хабҳои муосири муҷаҳҳазшудаи мултимодалии боркаш, ки ба ҳам пайвастани нақлиёти ҳавоӣ, роҳи оҳан ва автомобилӣ шароит фароҳам меорад
Барои рушди инфрасохтори логистикӣ, бахусус «сабз», бо дар назар доштани ҷорисозии технологияи рақамӣ, ки долонҳои транзитии бефосиларо таъмин менамоянд, имкониятҳои зиёд мавҷуд мебошад.
Сармоягузорӣ дар бахши нақлиёт ва логистикаи Тоҷикистон дар самтҳои зерин барои сармоягузорон метавонад ҷолиб бошад:
- Сармоягузориҳои инфрасохторӣ: сохтмон ва навсозии марказҳои логистикӣ, анборҳо, узелҳои тақсимотӣ, тараккиёти узелхои нақлиёт — бандарҳо (дар хориҷа барои эҳтиёҷоти Тоҷикистон), аэропортхо, терминалхои рохи охан, таъсиси терминалҳои интермодалӣ барои пайвасти самараноки намудҳои гуногуни нақлиёт.
- Мошинҳо: харидорӣ ё иҷораи воситаҳои нақлиёт - мошинҳои боркаш, қатораҳо ва ё ҳавопаймоҳо, маблаггузорй ба электриконидани хати роҳи оҳан ва парки автомобилӣ (мошинхои боркаш, гидроген ва гайра) дар заминаи «логистикаи сабз».
- Қарорҳои IT ва рақамӣ: системаҳои WMS, TMS, ERP платформаҳои рақамӣ барои идоракунии занҷираи таъминот, сармоягузорӣ ба стартапҳо, ки технологияҳои пайгирии бор, автоматикунонии равандҳо ва оптимизатсияи масирро таҳия мекунанд, IoT ва Big Data барои мониторинги нақлиёт, пешгӯии талабот ва ғайра.
- Воситаҳои молиявӣ: хариди саҳмияҳо ё вомбаргҳои ширкатҳои логистикӣ, сармоягузории венчурӣ ба стартапҳои логистикии технологӣ, фондҳои сармоягузорӣ (ETF ё REIT) ба нақлиёт ва логистика.
- Аутсорсинг ва франчайзинг: сармоягузорӣ ба франчайзингҳои логистикӣ ба монанди интиқоли экспресс, хидматрасонии хаткашон, эҷоди операторҳои 3PL ё 4PL бо қобилияти пешниҳоди хидматҳои ҳамаҷонибаи логистикӣ.
- Логистикаи сабз: инфрасохтори энергияи алтернативӣ - истгоҳҳои барқгиранда, сақфҳои офтобӣ дар анборҳо, сармоягузорӣ ба коркарди дубораи бастаҳо, оптимизатсияи ҷараёни боркашонӣ барои кам кардани партовҳо.