Санаи 5 октябри соли 2024 дар Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ чорабинии тантанавӣ ба муносибати 30-юмин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарияти Кумита баргузор гардид.
Ҷамъомади идона бо бо садо додани суруди миллӣ оғоз гардида, сипас раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳимзода Султон кормандонро ба 30-солагии Рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуд.
Инчунин, дар ҷаласа ходими давлатӣ, вакили Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати 12 (солҳои 1990-1995) ва Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (солҳои 1995-2000), иштирокчии Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҷеъ ба марҳилаи таърихи таҳия ва қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақши он дар рушди қонунгузорӣ баромад намуд.
Қайд гардид, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар асоси принсипҳои демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ таҳия гашта, барои тақвият бахшидани Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳкими пояҳои давлатдории навин ва амалӣ гардидани орзӯю ормони деринаи халқи тоҷик заминаи асосӣ гардидааст.
Яке аз вазифаҳои муҳими таърихиву ҳуқуқӣ ва иҷтимоиву сиёсии Конститутсия - дар он муқаррар гардидани тағйирнопазир будани шакли идораи ҷумҳурӣ, моҳияти демократӣ, ҳуқуқбунёдӣ, дунявӣ ва иҷтимоии давлат, тамомияти арзӣ ва тақсимнашавандаву дахлнопазир будани ҳудуди Тоҷикистон буд, ки ин меъёр барои таъмини соҳибихтиёрӣ ва рушди Тоҷикистон ҳамчун давлати воҳид шароити мусоид фароҳам овард.
Дар сатҳи Конститутсия дарҷ гардидани кафолати фаъолияти озоди иқтисодӣ, соҳибкорӣ ва эътирофи моликияти хусусӣ ба ташкили асосҳои иқтисодиёти миллии пешрафта мусоидат карда, дар соҳаҳои афзалиятноки иқтисоди миллии Тоҷикистон дигаргуниҳои куллӣ ва пешравиҳои назаррас ба амал омаданд, ки бунёди даҳҳо иншооти бузурги саноатию коммуникатсионӣ ва гидроэнергетикии аср дар мамлакат далели ин гуфтаҳо аст.
Дар доираи чорабинӣ, бахшида ба ин ҷашни бузург як қатор фаъолони Кумита бо сипоснома ва ифтихорномаҳои Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ қадрдонӣ гардиданд.