24-уми июни соли 2026, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Султон Раҳимзода дар Форуми сармоягузории Созмони Ҳамкории Шанхай таҳти унвони «25 соли фаъолияти СҲШ: якҷоя ба сӯи сулҳи устувор, рушд ва шукуфоӣ», ки дар шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон баргузор гардид, иштирок ва суханронӣ намуд.
Зимни суханронии худ раиси Кумита Султон Раҳимзода қайд намуд, ки Созмони Ҳамкории Шанхай ҳамчун яке аз ниҳодҳои муҳими минтақавӣ барои таҳкими ҳамкориҳои иқтисодиву сармоягузорӣ, рушди тиҷорати мутақобила ва густариши шарикии стратегӣ байни давлатҳои аъзо нақши муҳим дошта, истифодаи самараноки имкониятҳои мавҷуда ҷиҳати ҷалби сармоя, рушди инфрасохтор, татбиқи лоиҳаҳои муштараки истеҳсолӣ ва тақвияти робитаҳои байни соҳибкорону сармоягузорон муҳим арзёбӣ гардид.
Ҳамчунин, ба иштирокчиёни форум имкониятҳо ва афзалиятҳои сармоягузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муаррифӣ гардида, оид ба ислоҳоти иқтисодӣ, беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва тадбирҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати дастгирии сармоягузорон маълумоти муфассал пешниҳод карда шуд.
Дар ҳошияи чорабинӣ раиси Кумита бо роҳбарону намояндагони мақомоти бахши иқтисодӣ ва сармоягузории давлатҳои аъзои СҲШ мулоқотҳои дуҷониба анҷом дода, зимни онҳо масъалаҳои таҳкими ҳамкориҳои иқтисодӣ, ҷалби сармояи мустақим ва татбиқи лоиҳаҳои нави муштарак дар бахшҳои афзалиятноки иқтисодиёт баррасӣ гардиданд.

Русский
English
29