14 майи соли 2024 раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳимзода Султон бо сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Исломии Покистон дар Тоҷикистон Муҳаммад Саид Сарвар мулоқот анҷом дод.
Зимни мулоқот вазъи ҳамкории Тоҷикистону Покистон дар самтҳои иқтисодию сармоягузорӣ, аз ҷумла фаъолияти ширкатҳои покистонӣ дар Тоҷикистон, татбиқи лоиҳаҳои афзалиятнок дар соҳаҳои энергетика, кишоварзӣ, нақлиёт, саноат, даъвати ширкатҳои покистонӣ ба Тоҷикистон ҷиҳати сармоягузорӣ, баргузории форуми навбатии сармоягузорӣ, имкониятҳо ва имтиёзҳои сармоягузории Тоҷикистон ва ғайраҳо, мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор дода шуд.
Ҳамзамон, татбиқи лоиҳаи КАСА-1000 дар самти рушди ҳамкории энергетикӣ ҳамчун омили муҳими таҳкими робитаҳои дуҷониба арзёбӣ гардида, барои тақвияти ҳамкориҳои минбаъда дар самтҳои зикршуда изҳори омодагӣ карда шуд.