ТАМОС БО МО
Санаи 23 октябри соли 2024 вохурии муовини якуми раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Ф. Юсуфзода бо як қатор соҳибкорону сармоягузорони Ҷумҳурии Исломии Эрон баргузор гардид.
Зимни вохӯри аз ҷониби муовини якуми раиси Кумита ба сармоягузорон маълумот вобаста ба фазо ва имкониятҳои сармоягузорӣ дар кишвар дода шуд.
Ҷонибҳо масъалаҳои вобаста ба роҳ мондани ҳамкорӣ дар самти тиҷоратӣ молу маҳсулоти кишоварзӣ, доруворӣ ва молҳои сохтмонӣ мавриди муҳоқима қарор доданд.
Дар фарҷом, ба ҷониби сармоягузорони Ҷумҳурии Исломии Эрон ҷиҳати таъсиси корхонаҳои муштарак дар кишвар ва содироти молу маҳсулоти кишоварзӣ даъват ба амал оварда шуд.