ТАМОС БО МО
Санаи 28 октябри соли 2024 вохӯрии раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Раҳимзода Султон бо Сафири Фаронса дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Элза Пинёл баргузор гардид.
Зимни вохӯри аз ҷониби раиси Кумита ба меҳмонон вобаста ба фазо, имкониятҳо ва механизмҳои ҷалби сармоягузорӣ дар кишвар маълумот дода шуд. Ҳамзамон ҷонибҳо масъалаҳои ҷалби ширкатҳои фаронсавӣ ҷиҳати сармоягузорӣ дар самтҳои энергетика, маъдан, туризм ва рақамикунонии кишвар мавриди баррасӣ қарор доданд.
Дар анҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати ҳамкориҳои минбаъдаи мутақобилан судманд иброз намуданд.