Санаи 16 августи соли 2022 дар доираи Форуми байналмилалии соҳибкорию сармоягузории “Помиринвест -20222” маросими расмии кушодашавии бинои Бахши Муассисаи давлатии “Ташаккул ва рушди соҳибкории Тоҷикистон”- и Кумитаи давлати исармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон баргузор гардид.
Чорабинии мазкур бо иштироки Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ муҳтарам Қодирзода Саъдӣ Сангинмурод, Роҳбари намояндагии Барномаи Рушди СММ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон - Лени Монтиел ва Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон - Алишер Мирзонабот дигар намояндагони шарикони рушд баргузор карда шуд.
Қайд карда шуд, ки дар партави сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади рушди соҳибкорӣ ва ҷалби ҳарчи бештари сармояи дохиливу хориҷӣ ислоҳоти муҳим гузаронида шуданд.
Дар ин раванд рушди институтсионалии соҳа низ ташаккул ёфта, бо мақсади дастгирии методӣ ва машваратии соҳибкорон, аз ҷумла соҳибкорони ҷавон Муассисаи давлатии “Ташаккул ва рушди соҳибкории Тоҷикистон” дар назди Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд.
Дар рафти чорабинӣ директори Муассиса Ҷуразода Дилшод суханронӣ намуд.
Бояд қайд намуд, ки бинои Бахши Муассиса дар шаҳри Хоруғ бо таҷҳизоти замонавӣ муҷаҳҳаз гардонида шуда, барои соҳибкорони навтаъсис ва амалкунанда имконияти нав фароҳам оварда шудааст, то ки бо соҳибкорони муваффақи ватаниву хориҷӣ мубодилаи афкор ва таҷриба намоянд.
Муассисаи давлатии “Ташаккул ва рушди соҳибкории Тоҷикистон” имконияти мусоид барои рушди соҳибкории хурду миёна дар кишвар буда, он дар баланд бардоштани маърифати соҳибкорӣ ва малакаҳои тиҷоратии ҷавонон саҳми назаррас хоҳад гузошт.