Санаи 23 июни соли 2022 бо ташаббуси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ дар якҷоягӣ бо Палатаи савдои Амрико дар Тоҷикистон (АмЧам Тоҷикистон) бо иштироки ширкатҳои амрикоӣ дар Тоҷикистон мизи мудаввар баргузор гардид.
Дар чорабинӣ намояндагони Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Палатаи савдои Амрико дар Тоҷикистон (AmCham Tajikistan), Муассисаи давлатии «Маркази татбиқи лоиҳаҳои шарикии давлат ва бахши хусусӣ», Академияи илмҳо ва Кумитаи андоз суханронӣ намуданд.
Дар рафти чорабинӣ масъулин доир ба имкониятҳо ва фазои мусоиди сармоягузорӣ, хизматрасониҳои «Равзанаи ягона», созишномаи шарикии давлат ва бахши хусусӣ, нақши маркетинги бонкӣ дар саноатикунонии кишвар ва Кодекси андоз дар таҳрири нав баромад намуданд. Ҳамчунин вазъи кунунии сармоягузории Амрико дар Тоҷикистон муаррифи гардида, имконоти ҷалби сармоя ва таҳкими ҳамкориҳои минбаъда баррасӣ шуд.
Дар фарҷоми чорабинӣ сармоягузорон ба саволҳои худ посух гирифта, ҷиҳати такмили минбаъдаи ҳамкориҳои сармоягузорӣ таклифҳои мушаххас пешниҳод намуданд.