Санаи 8 январи соли 2024 ҷаласаи васеи ҳайати мушовараи Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати раиси Кумита муҳтарам Қодирзода Саъдӣ Сангинмурод баргузор гардид.
Дар ҷаласаи мазкур роҳбарияти Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон,сардори раёсати банақшагирии стратегӣ ва ислоҳоти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбари котиботи Шурои машваратӣ оид ба беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ, сардорони воҳидҳои сохтории дастгоҳи марказӣ ва корхонаҳои системаи Кумита, сардор/мудири бахшҳои сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ дар вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанде ва ноҳияҳои тобеи марказ ширкат варзиданд.
Қодирзода Саъдӣ Сангинмурод ҷаласаи ҳайати мушовараро ифтитоҳ намуда, вобаста ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти Кумита дар соли 2023 гузориши муфассал пешниҳод намуданд.
Қодирзода Саъдӣ Сангинмурод ҷиҳати таъмини иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва беҳсозии фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ ба масъулин дастуру супоришҳо доданд.
Ҳамзамон дар кори ҷаласа аз ҷониби масъулин ҳисобот пешниҳод карда шуда, дар анҷоми ҷаласа вобаста ба масъалаҳои баррасишуда қарорҳои дахлдор қабул гардидаанд.