ТАМОС БО МО
Санаи 8 ноябри соли 2024 вохӯрии роҳбарияти Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва намояндагони Шӯрои ҳамоҳангсозии рушд дар Тоҷикистон баргузор гардид.
Зимни вохӯрӣ ба намояндагони Шӯрои ҳамоҳангсозии рушд дар Тоҷикистон рӯнамоҳо оид ба масъалаҳои марбут ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва дастгирии соҳибкорӣ дар Тоҷикистон, инчунин ҳамкорӣ ҷиҳати дар сатҳи баланд баргузор намудани форуми байналмилалии сармоягузории Dushanbe Invest – 2025 ва тақвият бахшидани фаъолияти Корхонаи воҳиди давлатии “TojInvest” манзур гардид.
Дар анҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати ҳамкориҳои минбаъдаи мутақобилан судманд дар самтҳои зикргардида иброз намуданд.