Санаи 11 ноябри соли ҷорӣ дар ҳошияи Саммити муштараки ғайринавбатии ғайринавбатии арабию исломӣ, мулоқоти Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ бо ҳайати роҳбарикунандаи Вазорати сармоягузории Арабистони Саудӣ оид ба пайгирии тавофуққоте, ки дар мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҷониби Саудӣ ҳосил шуда буд, баргузор гардид.
Зимни мулоқот баррасии имкониятҳои сармоягузорӣ дар самтҳои саноати сабук, хӯрокворӣ, металлургӣ, дорусозӣ, энергетика ва кишоварзӣ мавриди муҳокима қарор гирифт.
Инчунин, ҷонибҳо омодагии худро барои дар сатҳи баланд баргузор намудани ҷаласаи чоруми Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ, тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, техникӣ ва фарҳангӣ санаи 25-26 ноябри соли 2024 дар шаҳри Риёзи Арабистони Саудӣ баён намуданд.
Дар анҷоми мулоқот ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати ҳамкориҳои минбаъдаи мутақобилан судманд иброз намуданд.