ТАМОС БО МО
Санаи 13-уми ноябри соли ҷорӣ вохӯрии муовини якуми раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Фаррух Юсуфзода бо ҳайати сармоягузорони Ҷумҳурии Исломии Эрон баргузор гардид.
Зимни вохӯри аз ҷониби муовини якуми раиси Кумита ба сармоягузорон маълумот вобаста ба фазо ва имкониятҳои сармоягузорӣ дар кишвар дода шуда, ҷонибҳо масъалаи ба роҳ мондани ҳамкориро дар самти тиҷорати молу маҳсулоти кишоварзӣ, доруворӣ ва молҳои сохтмонӣ мавриди муҳоқима қарор дода, ҳавасмандии худро ҷиҳати таъсиси корхонаҳои муштарак дар Тоҷикистон ва содироти минбаъдаи молу маҳсулоти кишоварзӣ иброз намуданд.