ТАМОС БО МО
Санаи 13-уми ноябри соли ҷорӣ вохӯрии раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Султон Раҳимзода бо ҳайати Бонки Осиёии Рушд баргузор гардид. Дар мулоқот рафти татбиқи лоиҳаҳои сармоягузории давлатии аз ҷониби Бонки Осиёии Рушд маблағгузоришаванда, аз ҷумла, лоиҳаҳои «Беҳтарсозии малакаҳои касбӣ ва имкониятҳои бокортаъминшавӣ» ва «Такмили таҳсилоти миёна дар соҳаҳои илмҳои табиӣ, технологӣ, муҳандисӣ ва математика» мавриди муҳокимаи ҷонибҳо қарор гирифт.
Дар маҷмӯъ ҷонибҳо аз рафти амалишавии лоиҳаҳои зикргардида изҳори қаноатмандӣ намуда, омодагии худро барои боз ҳам тақвият бахшидани ҳамкорӣ дар доираи дигар лоиҳаҳои нави сармоягузории давлатӣ иброз намуданд.