Санаи 20 ноябри соли 2024 дар доираи сафари ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Сингапур, мулоқоти раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Султон Раҳимзода бо Президенти Ҷумҳурии Сингапур ҷаноби Тарман Шанмугаратнам баргузор гардид.
Дар мулоқот вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Сингапур мавриди муҳокима қарор гирифта, самтҳои афзалиятноки муносибатҳои иқтисодӣ, аз ҷумла ба роҳ мондани ҷалби сармоягузории мустақими Ҷумҳурии Сингапур ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, татбиқи лоиҳаҳо дар бахшҳои энергетика, канданиҳои фоиданок, молия, кишоварзӣ, сайёҳӣ, бонкдорӣ, рақамикунонӣ, истифодаи зеҳни сунъӣ дар бахшҳои гуногун, инчунин масъалаҳои дигари мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо баррасӣ карда шуданд.
Бояд қайд намуд, ки Тарман Шанмугаратнам ҳамчун узви Комиссияи глобалӣ оид ба иқтисоди об яке аз ҳаммуаллифони гузориши “Иқтисоди об” ба ҳисоб рафта, дар пешбурди масъалаҳои об, аз ҷумла баргузории Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба захираҳои об, ки бо ҳамраисии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моҳи марти соли 2023 дар шаҳри Ню Йорк баргузор гашт, саҳми муносиб гузоштааст.
Дар ин робита, ҷонибҳо ҳамчунин масъалаи ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Сингапурро дар пешбурди масъалаҳои об дар рӯзномаи ҷаҳонӣ баррасӣ намуда, баргузории Конфронси СММ оид ба масъалаҳои обро дар Душанбе дар соли 2028 барои тақвият бахшидани масъалаи об муҳим арзёбӣ намуданд.
Султон Раҳимзода ба Тарман Шанмугаратнам барои ҳамкориҳо дар ин самти муҳим изҳори миннатдорӣ намуда, ҳамчунин ӯро барои иштирок дар Конфронси байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо, ки моҳи майи соли 2025 дар Душанбе баргузор мегардад, даъват намуд.