Размер шрифта
Цвет фона и шрифта
Изображения
Озвучивание текста
Обычная версия сайта
Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
  • ДАР БОРАИ КУМИТА
  • МАРКАЗИ МАТБУОТӢ
  • ТЕНДЕРҲО
  • ТАМОС
  • ...
    "/>
    Русский English
    Тоҷикӣ
    Сармоягузорӣ
    • Сармоягузории давлатӣ
    • Имкониятҳои сармоягузорӣ
    • Роҳнамои сармоягузор
    • Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
    • Харитаи сармоягузорӣ
    Соҳибкорӣ
    • Дастгирии давлатии соҳибкорӣ
    • Нишондиҳандаҳои рушди фаъолияти соҳибкорӣ
    • Механизмҳои ҳамкорӣ
    • Санҷиши фаъолият
    • Раёсати иҷозатномадиҳӣ
    • Рейтингҳо
    • Соҳибкории занон
    • Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
    Моликияти давлатӣ
    • Идораи моликияти давлатӣ
    • Таҷдид ва хусусигардонӣ
    • Сохторҳои идораи амволи давлатӣ
    • Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
    Чаро Тоҷикистон?

      • Тоҷикӣ
        • Забон
        • Тоҷикӣ
        • Русский
        • English
      • +992 (37) 221-86-59
      • Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734000, ш. Душанбе, Шоҳтемур 27.
      • info@investcom.tj
      • Соатҳои корӣ аз 8:00 то 17:00

      IT ва рақамикунонӣ

      Бахши технологияҳои иттиллотӣ-коммуникатсионӣ

      Бахши технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ ва иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон дар марҳилаҳои аввали рушд қарор дошта, Ҳукумати кишвар бо мақсади фароҳам овардани фазои муосир, шаффоф ва рақобатпазири сармоягузорӣ табдили босуръати рақамӣ ва рушди технологияҳои инноватсиониро ҳамчун афзалияти стратегӣ муайян кардааст.

      Дар ин замина, Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуда ва солҳои 2025-2030 “Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия” эълон карда шуданд.

      Пешбурди фаъолонаи консепсияҳои «иқтисоди сабз» ва «иқтисоди рақамӣ» инъикоси таваҷҷуҳи ҳамаҷонибаи давлат ба рушди устувор мебошад. Ташаббусҳои экологӣ дар якҷоягӣ бо технологияҳои рақамӣ барои рушди дарозмуддати иқтисодӣ замина фароҳам оварда, ба коҳиш додани бӯҳрони экологӣ ва таъмини истифодаи оқилонаи захираҳо мусоидат мекунанд.

      Тавозуни беназири энергетикии кишвар – 98% истеҳсоли энергия аз манбаъҳои барқароршаванда – дороии муҳимест, ки на танҳо барои қонеъ гардонидани талаботи дохилӣ ба энергия, балки инчунин таъмини фаъолияти устувори инфрасохтори технологияҳои IT имкон медиҳад. Ҳадафи стратегии кишвар оид ба ноил шудан ба иқтисодиёти 100% сабз то соли 2037 имкониятҳои иловагиро барои сармоягузорӣ ва рушди технологияҳои сабз мекушояд.

      Барои ҳавасмандгардонии рушди лоиҳаҳои инноватсионӣ механизмҳои гуногуни маблағгузории муосир ҷорӣ карда мешаванд. Ташкили «Фонд барои Фондҳо» («Fund for Funds») ворид намудани чунин механизмҳо, аз ҷумла фондҳои венчурӣ, краудфандинг, фонди сармояи мустақим (FDI), Фонди сармоягузории “ангелӣ”, Фонди шарикии  давлат ва бахши хусусӣ ва ғайраро дар назар дорад. Ин имкон медиҳад, ки ҳам ба марҳилаҳои аввали рушди стартапҳо ва ҳам барои лоиҳаҳои калони устувор дастгирии молиявӣ расонад.

      Мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба инноватсия ва гузариши рақамӣ дорои сатҳи баланди салоҳият ва кадрҳои соҳибихтисос мебошад. Мақомоти соҳавӣ ба рушди чунин самтҳо ба мисли: IoT, AI, Blockchain, GovTech, E-Gov, E-Commerce, CyberSecurity, Green Data Center, Neo Banking, AgroTech, Industry 4.0/5.0, Digital Assets, CryptoCurrency, E-Documentation, E-Signature, DigitalTech, Digital Transformation ва ғайраҳо мусоидат мекунанд. 

      Ҳукумати электронӣ дар кишвар дар ҳоли рушд қарор дошта, корҳо ҷиҳати фаро гирифтани ҳама сохторҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ба ин низом бомаром ҷараён доранд. Хизматрасониҳои дигари электронӣ низ, аз қабили савдои электронӣ, таҳсилоти электронӣ, тибби электронӣ, хизматрасониҳои бонкии электронӣ ва ғайра, ҳанӯз пурра ҷорӣ карда нашудаанд.

      Айни замон, аз 64 шаҳру ноҳияи кишвар танҳо дар пойтахт – шаҳри Душанбе низоми “Шаҳри ҳушманд” бо истифода аз технологияҳои муосири назорат ҷорӣ карда шуда, корҳо ҷиҳати истифодаи чунин низом дар шаҳрҳои Бохтар, Хуҷанд, Ваҳдат, Турсунзода ва Панҷакент дар марҳилаи баррасӣ қарор доранд. Дигар шаҳру ноҳияҳои кишвар интизори сармоя ба ин самти муҳим мебошанд.

      Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушди зеҳни сунъӣ низ таваҷҷуҳи махсус зоҳир мекунад. Ҳукумати кишвар соли 2022 “Стратегияи рушди зеҳни сунъӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040”-ро қабул намуд.

      Дар заминаи ин барнома, баъзе стартапҳои кишвар, аз қабили Zypl.ai, Epsilon3.ai, AION ва Zehn.ai босуръат рушд карда, аллакай дар бозори зеҳни сунъии на танҳо минтақаи Осиёи Марказӣ, балки дигар кишварҳои мақоми худро пайдо кардаанд. Муваффақияти ин ширкатҳо шаҳодати он аст, ки зарфияти Тоҷикистон дар ин самт, хусусан, аз ҳисоби ҷавонони лаеқатманд хеле зиёд аст.

      Соли 2024 дар Тоҷикистон аввалин IT-Park бо ҳама шароити зарурӣ кушода шуд, ки ба ширкатҳои навкор дастрасӣ ба инфрасохтор ва машваратҳоро фароҳам оварда, имтиёзҳои андоз, иҷора ва дигар имтиёзҳои иқтисодиро пешниҳод мекунад. Айни замон, зиёда аз 10 ширкатҳои ватанию хориҷӣ ҳамчун резидент дар IT-Park худро ба қайд гирифтаанд.

      Ба шарофати имконияти истиқомати берунӣ, соҳаи аутсорсинги равандҳои бизнес (BPO) фаъолона инкишоф ёфта истодааст. Тоҷикистон тамоми заминаҳоро ҷиҳати ба муштариёни хориҷӣ хидматрасонии босифати IT-ро пешкаш кунад ва мавқеи худро дар бозори ҷаҳонӣ мустаҳкам намояд.

      Тоҷикистон дар соҳаи FinTech, бахусус дар татбиқи технологияҳои муосири зеҳни сунъӣ, аз ҷумла барои баҳодиҳии кредитӣ фаъолона пеш рафта истодааст. Ин тадбирҳо хавфҳоро барои бонкҳои тиҷоратӣ коҳиш дода, ба рушди технологияҳои молиявӣ, баланд бардоштани рақобатпазирӣ ва кушодани имкониятҳои нав барои сармоягузорӣ мусоидат менамояд.

      AgroTech ба баланд бардоштани самаранокии истеҳсолот, оптимизатсияи таъминоти захираҳо ва эҷоди моделҳои нави бизнес, ки ба рушди устувори комплекси агросаноатӣ нигаронида шудаанд, мусоидат мекунад.

      Барои рушди технологияҳои рақамӣ ва инноватсия Ҳукумат имтиёзҳои зиёди андозиву гумрукиро роҳандозӣ намудааст, ки сармоягузорону соҳибкорон аз онҳо метавонанд васеъ бархурдор шаванд.

      Дастрасӣ ба Интернет, аз ҷумла тариқи хатҳои нурӣ, дар Тоҷикистон имконияти васеъшавиро бо ҷалби сармоя доро мебошад. Тибқи супориши Ҳукумат шабакаи 5G бояд дар фурсати кутоҳтарин дар тамоми қаламрави мамлакат ҷорӣ карда шавад.

      Ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ, ки гузаштан ба он бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 июни соли 2023, №586 амалӣ мегардад, самти дигаре ҳаст, ки рушди технологияҳои иттилооотӣ-коммуникатсионӣ ва таъмини Интернети баландсуръатро талаб менамояд. Дар кишварҳои рушдкардаи ҷаҳон пардохтҳои ғайринақдӣ 80-90%-ро ташкил мекунад, дар Тоҷикистон ин нишондиҳанда ҳамагӣ ба 30% пардохтҳо баробар мебошад.

      Айни замон, дар Тоҷикистон шумораи ширкатҳое, ки дар бахши технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ ва зеҳни сунъӣ фаъолият менамоянд, на он қадар зиёд аст. Агар дар Қазоқистон ин шумора зиёда аз 5000, дар Ӯзбекистон зиёда аз 1500 ва дар Қирғизистон зиёда аз 300 ададро ташкил диҳад, дар Тоҷикистон ин нишондишанда ба каме бештар аз 250 адад баробар аст.  

      Ба ин васила, бозори хизматрасониҳои электронӣ дар Тоҷикистон дар марҳилаи аввали рушд қарор дошта, имкониятҳо барои сармоягузорӣ дар ин самти муҳим хеле зиёданд.

      Вобаста ба ин, сармоягузорӣ ба самтҳои зерини рушди бахши технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ ва зеҳни сунъӣ бисер ҷолиб мебошанд:

      - таъмини Интернети баландсуръат, аз ҷумла шабакаи 5G, хизматрасониҳои хостингӣ ва абрӣ;

      - таъсиси дата-марказҳо ва платформаҳои рақамӣ барои беҳтар кардани амнияти иттилоотӣ ва нигоҳдории маълумот;

      - таҳияи барномаҳои нави зеҳни сунъӣ барои хизматрасонӣ дар соҳаҳои гуногун;

      - ташкили платформаҳои инноватсионӣ барои рушди соҳибкории рақамӣ ва бозорҳои рақамӣ;

      - ташкили платформаҳо барои савдои электронӣ;

      - таъсиси бонкҳо бо хизматрасониҳои электронии муосир;

      - ташкили платформаҳо барои хизматрасониҳои электронӣ дар соҳаи маориф, тандурустӣ, меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ;

      - ҷорӣ кардани низоми биллингӣ дар соҳаи электроэнергия, нақлиет, хоҷагии манзилию коммуналӣ ва ғайра;

      - ташкили хизматрасонии электронӣ барои фароғат ва дилхушӣ;

      - ҷорӣ кардани низоми “Шаҳри ҳушманд” дар шаҳру ноҳияҳои кишвар.

      Умуман, бо назардошти рушди босуръати технологияҳои рақамӣ ва дар марҳилаи аввали рушд қарор доштани Тоҷикистон дар ин соҳа имкониятҳо барои сармоягузорӣ дар ин соҳаи босуръат рушдкунанда хеле фаровон аст, ки сармоягузорони хориҷиву ватанӣ аз он метавонанд васеъ истифода кунанд.

      Таҳлили имкониятҳои сармоягузорӣ дар бахши ТИК ва технологияҳои иттилоотии Тоҷикистон нишон медиҳад, ки ба шарофати сиёсати ҳамаҷонибаи ҳукумат, стратегияҳои инноватсионӣ ва ҳамгироии фаъоли технологияҳои пешрафта бахши ТИК ва ТИ дар Тоҷикистон ба яке аз самтҳои ояндадор барои сармоягузорӣ дар солҳои наздик табдил меёбад.


      20.04.2025
      7 330
      Саҳифаи асосӣ
      • Сармоягузории давлатӣ
        • Суроғаи агентиҳои татбиқкунандаи лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ
        • Маълумот оид ба лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ
        • Феҳристи лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ
        • Феҳристи лоиҳаҳои иҷтимои
      • Имкониятҳои сармоягузорӣ
        • Тоҷикистон кишвари имкониятҳо барои сармоягузории сабз
        • Омори сармоягузории хориҷӣ
        • Кафолату имтиёзҳо
        • Cозишномаҳои дуҷониба оид ба ҳавасмандгардонӣ ва ҳифзи мутақобилаи сармоягузорӣ
        • Феҳристи созишномаҳои сармоягузорӣ
        • Рӯйхати лоиҳаҳо барои ҷалби сармояи хусусӣ
        • Соҳаҳои афзалиятнок барои сармоягузорӣ
      • Роҳнамои сармоягузор
        • Ба Тоҷикистон омадан
        • Оғози тиҷорат
        • Рушди тиҷорат
        • Механизми дастгирӣ
      • Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
        • Қонунгузорӣ дар самти фаъолияти сармоягузорӣ
        • Санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ


      Сармоягузорӣ
      Сармоягузории давлатӣ
      Имкониятҳои сармоягузорӣ
      Роҳнамои сармоягузор
      Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
      Харитаи сармоягузорӣ
      Соҳибкорӣ
      Дастгирии давлатии соҳибкорӣ
      Нишондиҳандаҳои рушди фаъолияти соҳибкорӣ
      Механизмҳои ҳамкорӣ
      Санҷиши фаъолият
      Раёсати иҷозатномадиҳӣ
      Рейтингҳо
      Соҳибкории занон
      Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
      Моликияти давлатӣ
      Идораи моликияти давлатӣ
      Таҷдид ва хусусигардонӣ
      Сохторҳои идораи амволи давлатӣ
      Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
      Чаро Тоҷикистон?
      2024 © Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
      Яндекс.Метрика
      ТАМОС БО МО