Бахши молиявӣ-монетарӣ
Низоми молиявӣ ва бонкии Тоҷикистон дар солҳои охир устувории ҷиддиро касб карда, босуръат рушд карда истодааст. Айни замон, низоми бонкии кишвар аз 65 адад ташкилоти қарзии молиявӣ, аз ҷумла 15 адад бонки анъанавӣ, 1 адад бонки исломӣ, 1 адад ташкилоти қарзии ғайрибонкӣ, 22 адад ташкилоти амонатии қарзии хурд, 3 адад ташкилоти қарзии хурд ва 23 адад фондҳои қарзии хурд иборат буда, аз ин шумора 9 ташкилот пурра бо сармояи хориҷӣ ва 4 ташкилот бо иштироки сармояи хориҷӣ фаъолият менамоянд.
Иштироки сармоягузорони хориҷӣ дар сармояи низоми бонкӣ аз он дарак медиҳад, ки ҷолибият ва фазои сармоягузории кишвар тадриҷан беҳтар гардида, ҳиссаи сармоя хориҷӣ дар сармояи оинномавии низоми бонкӣ зиёд шуда истодааст. Дар соли 2024 ҳиссаи сармояи хориҷӣ дар сармояи оинномавии ташкилотҳои қарзии молиявӣ маблағи 28 фоизро ташаккул дода, нисбат ба соли 2019 20 дарсад афзоиш ёфтааст.
Дар ин ҳангом, аз ҷониби ташкилотҳои қарзи молиявӣ дар соли 2024 ба маблағи 4 190,9 млн. долл. ИМА сармояи хориҷӣ ҷалб карда шудааст, ки нисбат ба охири соли 2023 ба андозаи 88,7 фоиз афзоиш ёфтааст.
Дар соли 2024 нишондиҳандаи даромаднокии дороиҳо (ROA) ва нишондиҳандаи даромаднокии сармоя (ROE) мутаносибан ба 2,6 ва 13,9 фоиз баробар шуд, ки барои ҷалби бештари сармоя имконият фароҳам меорад.
Дар соли 2024 меъёри кифоятии сармояи ташкилотҳои қарзии молиявӣ 21,8 фоиз (талаботи муцарраршуда 12 фоиз) ва меъёри пардохтпазирии ҷории онҳо - 78,3 фоизро ташкил дод, ки шаҳодати устувор будани сармоя ва пардохтпазирии саривақтии уҳдадориҳои низоми бонкии кишвар мебошад.
Тамоюли қарздиҳии ташкилотҳои қарзии молиявӣ сол аз сол зиёду устувортар гардида, дар соли 2024 қарзҳои умумии додашудаи низоми бонкӣ ба 24,6 млрд сомонӣ баробар шуд, ки ин нишондиҳанда нисбати соли 2019 ба маблағи 15 млрд сомонӣ ё 157% афзоиш ёфтааст.
Бақияи қарзҳои ғайрифаъол 1,5 млрд сомониро ташкил дода, вазни қиёсии онҳо дар таркиби сандуқи қарзӣ ба 7,1 фоиз баробар гардид, ки нисбат ба соли қаблӣ 5,4 б.ф. ва 39,7 б.ф. нисбати соли 2016 кам мебошад. Маҳз дар соли 2024 низоми бонкӣ тавонист, ки ҳиссаи қарзҳои ғайрифаъолро ба дараҷаи назаррас коҳиш дода, онро аз адади ду рақама то ба адади якрақама поён барад.
Илова бар ин, қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдор ҷиҳати ба танзим даровардани фаъолияти бонкии исломӣ барои ҷалби сармояи хориҷӣ ба бахши бонкдории исломӣ шароити мусоид фароҳам овардааст. Ба санаи 31 декабри соли 2024 дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон 1 адад бонки исломӣ ва 3 адад равзанаи бонкии исломӣ фаъолият менамоянд.
Нишондиҳандаи бақияи умумии пасандозҳои низоми бонкӣ ба санаи 31 декабри соли 2024 маблағи 25 529,9 млн сомониро ташкил дода, дар муқоиса ба ҳамин давраи соли 2023 31,2 фоиз афзоиш ёфтаанд.
Ҳамчунин, паҳлуи дигари ҷолибияти сармоягузорӣ ба низоми бонкии кишвар ин таъмин намудани фаъолияти устувор ва шаффофи ташкилотҳои қарзии молиявӣ тибқи стандартҳои пешрафтаи байналмилалӣ мебошад, ки вобаста ба он Бонки миллии Тоҷикистон маълмуотҳои заруриро пайваста дар сомонаи худ ҷойгир менамояд.
Дар ҷумҳурӣ низоми устувори суғуртаи амонату пасандозҳои муштариёни низоми бонкӣ амал мекунад, ки ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои онҳоро таъмин менамояд.
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тадбирҳои вусъатбахшии гузариш ба ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ” аз 22 июни соли 2023, №586 ва гузаштан ба иқтисоди рақамӣ эҳтиёҷотро ба низоми бонкӣ боз ҳам зиёд мекунад. Рушди бонизоми иқтисоди кишвар низ (рушди ММД дар се соли охир на кам аз 8,0%) талаботро ба хизматраксониҳои бонкӣ зиёд гардонида, таъсиси ташкилотҳои нави қарзӣ ва беҳтару муосиртар шудани хизматрасониҳои бонкиро тақозо менамояд.
Дар ин самт, афзоиши солонаи воридоти сармояи хориҷӣ низ, ки дар се соли охир на кам аз 30%-ро ташкил мекунад, барои кушода шудани бонкҳои нав бо маблағгузории сармоягузорони хориҷӣ мусоидат хоҳад кард.
Доираи васеи хизматрасониҳои молиявӣ, аз хизматрасониҳои анъанавии бонкӣ то маблағгузории хурд, дастрасии сармояро барои бахшҳои гуногуни иқтисод, аз ҷумла соҳибкории хурду миёна, таъмин менамояд, ки ин боиси рушди иқтисодӣ ва ҷалби сармоягузорӣ мегардад. Чунин гуногунрангии муассисаҳои молиявӣ ба сармоягузорон имкон медиҳад, ки воситаҳои мувофиқтарини татбиқи лоиҳаҳои худро интихоб намоянд.
Дар ин робита, бахши молиявӣ-монетарии Тоҷикистон дорои зарфияту имкониятҳои зиёди сармоягузорӣ буда, самтҳои зерин барои сармоягузорон метавонанд ҷолиб бошанд:
- таъсиси бонкҳову ташкилотҳои қарзӣ, аз ҷумла фондҳои венчурӣ;
- кушодани филиалҳои бонкҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон;
- таъсиси ташкилотҳои суғуртавӣ;
- ҷорӣ кардани низоми қарзи ипотека;
- сармоягузорӣ ба ширкатҳое, ки қарорҳои инноватсиониро барои низоми бонкӣ ва бахши молиявӣ таҳия менамоянд;
- иштирок дар фондҳои хусусии сармоягузорӣ ё сармояҳои венчурӣ, ки барои рушди стартапҳо ва бахши молия сармоягузорӣ мекунанд;
- сармоягузорӣ ба краудфандинг ва қарздиҳии Р2Р ҷиҳати овардани даромади баланд.
Рушди босуръати технологияҳои рақамӣ, дар марҳилаҳои аввали рушд қарор доштани низоми бонкӣ, афзоиши сармоягузориҳои хориҷӣ, рушди бонизоми иқтисод ва баланд гаштани некуаҳволии аҳолӣ шароити бисер мусоидро барои ҷалби сармоя ба низоми молиявӣ ва бонкии Тоҷикистон фароҳам овардааст.