Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи таъсис додани муассисаи давлатии «Ташаккул ва рушди соҳибкории Тоҷикистон»

0
416
  ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
 
ҚАРОР
 
 аз 31 декабри соли 2018 №624
 ш. Душанбе


Дар бораи таъсис додани
муассисаи давлатии «Ташаккул ва рушди соҳибкории Тоҷикистон»



         Мутобиқи моддаҳои 52 ва 132 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаҳои 13 ва 16 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон«Дар бораи ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ» ва моддаи 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қ а р о р м е к у н а д:
         1.Муассисаи давлатии  «Ташаккул ва рушди соҳибкории Тоҷикистон» таъсис дода шавад.
         2. Муқаррар карда шавад, ки фаъолияти муассисаи давлатии «Ташаккул ва рушди соҳибкории Тоҷикистон» танҳо бо мақсади дастгирии методӣ, иттилоотӣ, машваратӣ ва омӯзишӣ ба соҳибкорони навтаъсис амалӣ карда мешавад.
         3.Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаҳои ташкилию ҳуқуқии таъсиси муассисаи давлатии «Ташаккул ва рушди соҳибкории Тоҷикистон»-ро тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳал намояд.
         4.Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо дар мувофиқа бо Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди минтақаҳо воҳидҳои сохтории муассисаи давлатии «Ташаккул ва рушди соҳибкории Тоҷикистон»-ро бо бинои дахлдор таъмин намоянд.
         5.Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти муассисаи давлатии «Ташаккул ва рушди соҳибкории Тоҷикистон»-ро бо роҳи ҷалби сармояи дохилию хориҷӣ таъмин намоянд.
         6.Ба Номгӯи ташкилотҳои системаи Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006,  №590  «Дар бораи Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» тасдиқ шудааст, сархати панҷум бо мазмуни зерин илова карда шавад: 
«Муассисаи давлатии «Ташаккул ва рушди соҳибкории Тоҷикистон».».

 
             Раиси
      Ҳукумати Ҷумҳурии
          Тоҷикистон                                                                                               Эмомалӣ Раҳмон