Санаи 29 апрели соли 2022 ҷаласаи навбатии Гурӯҳи кории доимоамалкунанда оид ба тақвият бахшидан ба рушди соҳибкорӣ байни ҷавонон, занон ва шахсони имконияташон маҳдуд баргузор гардид.
Дар кори ҷаласа аъзои Гурӯҳи корӣ аз ҳисоби намояндагони вазорату идораҳо, бахши хусусӣ, шарикони рушд ва ассотсиатсияҳои соҳибкорӣ, инчунин аз вилояти Суғд, Хатлон ва ВМКБ ба таври маҷозӣ (онлайн) иштирок карданд.
Дар ҷаласа ҷанбаҳои ҳуқуқии мафҳуми соҳибкории бонувон, масъалаҳои вобаста ба таҳияи лоиҳаи Барномаи рушди соҳибкории бонувон барои давраи то соли 2030, фаъолияти соҳибкории шахсони имконияташон маҳдуд ва масъалаҳои ҷорӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Тибқи банди якуми рӯзномаи ҷаласа, аз ҷониби коршиноси миллии бахши гендерӣ таҳлили мухтасар вобаста ба натиҷаҳои кори мизи мудаввар оид ба ҷанбаҳои ҳуқуқии мафҳуми соҳибкории бонувон, аз ҷумла натиҷаҳои пурсишнома вобаста ба тақвият додани мафҳуми соҳибкории бонувон дар санадҳои меъёрию ҳуқуқии зарурӣ, ки аз ҷониби намояндагони мақомотӣ давлатӣ, шарикони рушд, ассотсиатсияҳои соҳибкорию намояндагони бахши хусусӣ хонапурӣ шудааст, муаррифӣ гардид. Инчунин, дар асоси таҳлили гузаронидашуда хулоса ва тавсияҳои мушаххас дар самти мазкур пешниҳод гардид.
Тибқи банди дуюми рӯзномаи ҷаласа, маърузаҳои намояндагони ассотсиатсияҳо, ташкилотҳои ҷамъиятӣ дар самти кор бо шахсони имконияташон маҳдуд пешниҳод гардид. Дар он масъалаҳо оид ба муқаррароти умумии вазъи кунунӣ, мушкилот ва дурнамо, пешниҳоду тавсияҳо вобаста ба ҳалли масъалаҳои вуҷуддошта дар бар гирифта шуда, аз ҷумла ташкил ва гузаронидани ҷаласаи алоҳида дар самти мазкур муҳим арзёбӣ гардид
Вобаста ба масъалаи сеюми рӯзномаи ҷаласа, аз ҷониби Котиби Гурӯҳи корӣ муаррифнома оид ба таҳияи лоиҳаи Барномаи рушди соҳибкории бонувон барои то давраи соли 2030 шунида шуд. Аз ҷумла, ёдрас карда шуд, ки масъалаи беҳтар намудани фазои соҳибкорию сармоягузорӣ барои бонувону ҷавонон дар рафти ҷаласаи 22-юми Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат мавриди баррасӣ қарор дода, вобаста ба самти занону ҷавонон ба вазорату идораҳо ва шарикони рушд супоришҳои мушаххас шуд.
Ҳамзамон, таваҷҷуҳи аъзои Гурӯҳи корӣ барои иштироки фаъол дар мизи мудаввар вобаста ба самти саноат, таҳияи сомонаи Гурӯҳи корӣ ва саҳифа дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва дигар масъалаҳои ҷорӣ ҷалб гардид.
Дар фарҷоми ҷаласа, баъд аз баррасии мавзуъҳо вобаста ба масъалаҳои матраҳшуда ва дигар масъалаҳои мубрам мубодилаи афкор сурат гирифт.