Размер шрифта
Цвет фона и шрифта
Изображения
Озвучивание текста
Обычная версия сайта
State Committee on Investments and State property management
of the Republic of Tajikistan
  • ABOUT THE COMMITTEE
  • PRESS CENTER
  • TENDERS
  • CONTACTS
  • ...
    "/>
    Тоҷикӣ Русский
    English
    Investments
    • Public investments
    • Investment opportunities
    • Investor's Guide
    • Regulatory framework
    • Investment map
    Entrepreneurship
    • State support for entrepreneurship
    • Business development indicators
    • Cooperation mechanisms
    • Checking the activity
    • Licensing system
    • Ratings
    • Women's entrepreneurship
    • Regulatory framework
    State property
    • State Property Management
    • Restructuring and privatization
    • Structure of state property management
    • Regulatory framework
    Why Tajikistan?

      • English
        • Language
        • English
        • Тоҷикӣ
        • Русский
      • +992 (37) 221-86-59
      • The Republic of Tajikistan, 734000, Dushanbe, Shootemur str. 27.
      • info@investcom.tj
      • Opening hours from 8:00 to 17:00

      Conservative property


      Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

      ҚАРОР

      Дар бораи тасдиқ намудани "Тартиб оиди гузаронидани амволи корхонаҳо ба реҷаи консерватсионӣ"

      (Қарори Ҳукумати ҶТ аз 28.12.2006с. № 590)

      Бо назардошти он, ки қисми аксари иқтидорҳои истеҳсолӣ ва воситаҳои асосии (фондҳои) хоҷагии халқи ҷумҳурӣ бо сабабҳои норасоии воситаҳои моддӣ ва захираҳои ашёвӣ дар ҳолати ғайрикорӣ буда, он ба пастравии боздеҳи фондҳо оварда мерасонад ва бо мақсади ба мувофиқат овардани нишондодҳои молиявии корхонаҳои ҳамаи шаклҳои моликият Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

      1. "Тартиб оиди гузаронидани амволи корхонаҳо ба реҷаи консерватсионӣ" -и замимагардида тасдиқ карда шавад.

      2. Ҳадди ақали ба реҷаи консерватсия гузаронидани фондҳои асосӣ 1 (як) сол муқаррар карда шавад.

      3. Вазорату идораҳо, субъектҳои хоҷагидори манфиатдор, ки дорои шароитҳои махсусанд, бо мувофиқаи Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мӯҳлати як моҳ дастурамалҳои соҳавии консерватсиякунонии амволи корхонаҳоро тасдиқ намоянд (Қарори Ҳукумати ҶТ аз 28.12.2006 с. № 590).

      4. Дар ҳолати аз тарафи мақомоти Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва хадамоти андоз ошкор намудани бе иҷозатнома истифодабарии амволи дар консерватсиябуда, аз андозсупорандагон аз ҳамин амвол мутобиқи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон андоз ситонида мешавад (Қарори Ҳукумати ҶТ аз 28.12.2006 с. № 590).

      Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

      Э. Раҳмонов


      аз 3 феврали соли 2000 № 48 ш. Душанбе


      Бо қарори Ҳукумати 

      Ҷумҳурии Тоҷикистон 

      аз 3 феврали соли 2000 № 48 

      тасдиқ карда шудааст

      Тартиб оиди гузаронидани амволи корхонаҳо ба реҷаи консерватсионӣ

      (Қарори Ҳукумати ҶТ аз 28.12.2006 с. № 590)

      1. Мақсади асосии гузаронидани амволи корхонаҳо ба реҷаи консерватсионӣ (воситаҳои асосӣ-фондҳо) аз иҷрои амалҳои зайл иборат аст:

      а) таъмин намудани нигоҳубин ва қобилияти корӣ доштани воситаҳои асосӣ (фондҳо);

      б) нархгузорӣ ба ҳолати воқеии воситаҳои асосии (фондҳо) корхонаҳо;

      в) муқаррар намудани нишондодҳои бо эътимоди фаъолияти моливӣ-хоҷагӣ;

      г) ба низомдарории масъалаҳои андозситонӣ аз амволҳо;

      д) муайян намудани шарту шароитҳо барои ҳисобӣ кардани қисмҳои фарсудашудаи (амортизатсия) воситаҳои асосӣ ва ғайраҳо.

      2. Ба реҷаи консерватсяи, он қисми амвол (объектҳои таъиноти истеҳсолӣ ва ғайриистеҳсолӣ, баъзе аз иморатҳою иншоотҳо, сохтмонҳои интиқолӣ, таҷҳизотҳо, мошину олотҳои механизмӣ, сохтмонҳои нотамом ва дигар намуди воситаҳои асосӣ (фондҳо) гузаронида мешавад, ки онхо дар тарозномаи корхона истодаанду, дар раванди истеҳсолӣ ба натиҷаи фаъолияти молиявӣ - хоҷагӣ, чӣ ба воситаю чӣ бе восита, таъсири манфии худро расонидаанд.

      3. Барои муайян намудани номгӯи амволе, ки ба речаи консерватсиони гузаронида мешавад, мутобиқи фармони роҳбари корхона дар ҳайати муҳандису ҳисобдорон Комиссияи бо салоҳият созмон дода шуда, онро худи роҳбари корхона ва ё сармуҳандис (ҷонишини сардор) сарварӣ менамояд.

      Сониян, ҳайат дар гурӯҳи пуррааш, амволи ба консерватсия гузаронандаро (дар ҷояш), дар ҳолати воқеияш куллан дида баромада, маълумотҳои мувозинаи қобилияти истеҳсолӣ (формаи БМ) ва дигар ҳуҷҷатҳои ҳисобии ба он ҳамроҳ кардашударо, дида мебарояд.

      Комиссияи созмонёфта, дар асоси таҳлилҳои амиқи иқтисодӣ, хулосаҳои даркорӣ бароварда, қимати мувозинавӣ (барқароркунӣ), маблағи воқеии қисмҳои фарсудашуда, санаи хариди амвол (воридгардида ва ё ба истифода додашуда, саршавии сохтмон) ва дигар мусодираҳои зарурии воситаҳои асоси (фондҳо) муайян менамояд.

      Сониян, комиссия дар ҳайати пуррааш амволи ба консерватсия гузаронандаро (дар ҷояш) ва ҳолати воқеиаш куллан дида баромада, маълумотҳои мувозинаи, қобилияти истеҳсолӣ (формаи БМ) ва дигар ҳуҷҷатҳои ҳисобии ба он ҳамроҳ кардашударо дида мебарояд.

      Комиссияи таъсисдодашуда, кори анҷомёфтаро бо хулосаҳои (замимаи №1) ҳар як объект ва номгӯи (замимаи №2) ҷамъи объектҳое, ки ба реҷаи консерватсия гузаронида мешавад, чун дигар мусодираҳо, мӯҳлати (муддат) объекти аниқи амволи консерватсиониро низ, пешниҳод менамояд.

      Натиҷаи кориро, ҳайат дар санади (шакли озод) тартибдодааш инъикос намуда, ба он хулосаю номгӯйҳо, ҳамчун асос замима карда мешавад. Санади сохташударо роҳбарияти корхона тасдиқ намуда, 2-нусхаи он ба мақомоте, ки корхона ба тобеияти он тааллуқ дорад, пешниҳод менамояд ва дар сурати надоштани чунин мақомот, ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ барои баррасии он фиристода мешавад. (Санад, номгӯйҳо ва хулосаҳои тартибдодашуда дар ҳаҷми 4-нусхагӣ.) (Қарори Ҳукумати ҶТ аз 28.12.2006 с. № 590).

      4. Макомоти болоӣ (вазоратҳо, идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ) дар ҳолати маъқул донистан (дастгирӣ ёфтан), маводҳоро (дар ҳаҷми як нусха) барои мувофиқат ва гирифтани ҳуҷҷатҳои лозимаи ба реҷаи консерватсионӣ гузаронидани амвол, ба мақомоти Кумитаи амволи давлатӣ пешниҳод менамояд (Қарори Ҳукумати ҶТ аз 28.12.2006 с. № 590).

      5. Мӯхлати баррасии чунин масъала, аз ҷониби вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ на бояд зиёда аз даҳ рӯз ва мақомоти Кумитаи амволи давлатӣ бошад, бист рӯзро дар бар гирад (Қарори Ҳукумати ҶТ аз 28.12.2006 с. № 590).

      6. Хароҷотҳое, ки барои нигоҳубини амволи дар консерватсиябуда ба амал омадааст, аз ҳисоби фоидае, ки дар ихтиёри корхона мемонад амали мегардад.

      7. Ҳуҷҷатҳои дар боло нишондодашуда, барои аз андоз аз амвол озод намудани амволи дар реҷаи консерватсия буда ва қатъ намудани ҳисоби қисми фарсудашудаи он (амортизатсия), асос шуда метавонад.

      8. Бо мақсади ба ҳисоб гирифтан ва назорат, андозсупоранда, як нусхаи санадро бо замимаҳояш, ба мақомоти андоз (дар ҷои ба қайд гирифташуда) мефиристад.

      9. Мақомоте, ки қарори ба консерватсия гузаронидани амволро қабул намудааст, давра ба давара риоя намудани шартҳои дар консерватсия будани амволро санҷида баромада метавонанд ва мақомоти молиявӣ бошад, инчунин амволи корхонаҳои давлатиро.

      10. Агар, дар ҳолати мавҷудияти ходисаҳои сабабнок, ки амволи дар консерватсиябуда, бо мақсади коркарди маҳсулот, бо тамоми иқтидораш истифода бурда шавад, он гоҳ барои аз нав баровардан аз ҳолати консерватсионӣ, қарор қабул карда мешавад.

      Макомоте, ки барои ба реҷаи консерватсионӣ гузаронидани амвол қарор қабул намудааст, барои аз ҳолати консерватсионӣ баровардани он, бо дархости корхона қарор қабул менамояд.

      Тартиби мазкур ба ҳамаи корхонаҳо новобаста аз шакли моликияташон тааллуқ дорад.


      10.10.2022
      2 716
      Main page
      • State Property Management
        • State-owned enterprises
        • Transfer of property from balance to balance
        • Conservative property
        • Ferrous and non-ferrous metals
        • Concession
        • Rent
        • Write-off of property
        • Liquidation of enterprises
        • Property valuation
        • Privatization of housing
      • Restructuring and privatization
        • Individual Privatization Projects
        • Joint Stock Companies
        • Privatization
        • Construction in progress
        • Sale of shares and property
      • Structure of state property management
        • Service of state supervision over the use of state property
        • State Unitary Enterprise for Evaluation


      Investments
      Public investments
      Investment opportunities
      Investor's Guide
      Regulatory framework
      Investment map
      Entrepreneurship
      State support for entrepreneurship
      Business development indicators
      Cooperation mechanisms
      Checking the activity
      Licensing system
      Ratings
      Women's entrepreneurship
      Regulatory framework
      State property
      State Property Management
      Restructuring and privatization
      Structure of state property management
      Regulatory framework
      Why Tajikistan?
      2024 © State Committee on Investments and State property management of the Republic of Tajikistan
      Яндекс.Метрика
      CONTACT US