Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи тасдиқи Низомномаи хусусигардонии корхонаҳои давлатӣ тибқи лоиҳаҳои инфиродӣ
Баҳри иҷрои банди 2 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 октябри соли 1998 № 418 "Дар бораи тасдиқи номгӯи корхонаҳои давлатие, ки тибқи лоиҳаҳои инфиродӣ хусусӣ гардонида мешаванд", Ҳукуматн Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Низомномаи замимашудаи ҳусусигардонии корхонаҳои давлатӣ тибқи лоиҳаҳои инфиродӣ тасдиқ карда шавад.
2. Кумитаи давлатии идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ ва идораҳо, Раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо ҳангоми хусусигардонии объектҳое, ки ба рӯйхати корхонаҳои давлатии тибқи лоиҳаҳои инфиродӣ хусусишаванда ворид карда шудаанд, қатьиян Низомномаи мазкурро дастури амал қарор диҳанд.
Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Э. Раҳмонов
аз 30 декабри соли 1998 № 526
ш. Душанбе
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 30 декабри соли 1998 № 526
тасдиқ шудааст
Низомномаи хусусигардонии корхонаҳо тибқи лоиҳаҳои инфиродӣ
(Қарори Ҳукумати ҶТ аз 18.06.1999с. № 243, аз 25.04.2007с. № 202)
1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
1. Низомномаи хусусигардонии корхонаҳо тибқи лоиҳаҳои инфиродӣ (минбаъд - Низомнома) мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи хусусигардонии моликияти давлатӣ" ҷиҳати муайян намудани самтҳои асосии таъмини ҷалби самарабахши сармоягузориҳои хориҷӣ ва ватанӣ, тсхнологияи пешқадам ва таҷрибаи идоравӣ, инчунин расмиёти фурӯши корхонаҳо тибқи лоиҳаҳои инфиродӣ таҳия шудааст.
2. Мақсади хусусигардонии корхонаҳо тибқи лоиҳаҳои инфиродӣ ташкили гурӯҳҳои устувори сармоягузорони имконпазир, ки барои солим гардонидани корхонаҳои асосии соҳаҳои муҳими хоҷагии халқи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷалб карда мешаванд ва аз ин ҷараён ба даст овардани даромади ниҳоят зарурӣ ба буҷети давлат мебошад. Номгӯи объектҳое, ки тибқи лоиҳаҳои инфиродӣ хусусӣ гардонида мешаванд, аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шудааст.
3. Корхонаҳои махсусан муҳим ва аз ҷиҳати иқтисодӣ нодир тибқи лоиҳаҳои инфиродӣ хусусӣ гардонда мешаванд.
4. Лоиҳаҳои инфиродии хусусигардонӣ вазифаҳои зеринро дар бар мегиранд:
- таҳлили ҳаматарафаи фаъолият ва қобилияти рақобати объект;
- муайян намудани амволе, ки бояд хусусӣ гардонида шавад;
- баҳодиҳии арзиши маҷмӯи амволии он;
- муайян намудани ҳаҷми маҷмӯи саҳмияҳо, ки бояд фурӯхта шаванд;
- интихоби усулҳои хусусигардонӣ;
- ба савдо гузошта, фурӯхтани маҷмӯи саҳмияҳои давлатӣ.
5. Татбиқи лоиҳаҳои инфиродии хусусигардонӣ ба зиммаи Комиссияи лоиҳаҳои инфиродӣ, ки ҳайати онро мутобиқи Низомномаи мазкур муайян карда мешавад.
6. Барои пштирок дар савдо оид ба фурӯшмаҷмӯи саҳмияҳои давлатии корхонаҳои тибқи лоиҳаҳои инфиродӣ хусусишаванда ашхоси воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки бо тартиби муқарраркардаи ҳамин Низомнома ба қайд гирифта шудаанд, ба истиснои ашхоси ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳиссаи давлат дар сармояи оинномавии онҳо аз 25 % бештар аст, роҳ дода мешаванд.
2. ТАШКИЛИ КОМИССИЯИ ЛОИҲАҲОИ ИНФИРОДИИ ХУСУСИГАРДОНӢ
7. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон комиссияи лоиҳаҳои инфиродии хусусигардониро (минбаъд - Комиссия) таъсис медиҳад, ки ба ҳайати он аз он ҷумла намояндагони вазорату идораҳои зерин ворид мешаванд:
- Кумитаи давлатии идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- Вазорати иқтисод ва робитаҳои иқтисодии хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- Бонки миллии Тоҷикистон;
- Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурин Тоҷикистон;
- дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- Вазорат ё идораҳо, ки корхонаҳои хусусишаванда тобеъи онҳо мебошанд;
- Корхонаҳое, ки тибқи лоиҳаҳои инфиродӣ хусусӣ гардонида мешаванд;
- Эксперту мутахассисони зарурӣ.
Комиссияро намояндаи Кумитаи давлатии идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбарӣ мекунад.
8. Комиссия:
- регламенти кори худро мустақилона таҳия ва тасдиқ мекунад;
Қарор ба таври оддӣ бо овози аксарияти аъзои Комиссия қабул карда мешавад. Дар ҳолати баробарии овозҳо овози Раис аҳамияти ҳалкунанда дорад;
- ҳайати гурӯҳи кориро муайян мекунад;
- фаъолият ва қобилияти рақобатнокии ҳар як корхонаро ҳаматарафа таҳлил менамояд;
- баҳои арзиши амволи корхона ва нархи онро бо мувофиқаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, тасдиқ менамояд;
- ҳангоми зарурат эксперҳои ватанӣ ва хориҷиро ҷалб менамояд;
- пешакӣ интихоби тахассусии иштирокдорони савдоро гузаронида, рӯйхати харидорони имконпазирро муайян менамояд;
- оид ба ҳаҷми маҷмӯи саҳмияҳои давлатӣ, ки ба фурӯш гузошта мешаванд, бо мувофиқаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод таҳия мекунад;
- меъёрҳои муйаян кардани ғолиби савдоро муқаррар менамояд;
- ғолиби савдоро, ки ба ӯ ҳангоми фурӯши саҳмияҳо дар асоси шартҳои мувофиқашуда, афзалият дода мешаванд, муайян мекунад;
- аз рӯи натиҷаҳои кори комиссия протоколро имзо мекунад.
3. ОМОДА КАРДАНИ КОРХОНА ҶИҲАТИ ХУСУСИГАРДОНӢ ТИБҚИ ЛОИҲАҲОИ ИНФИРОДӢ
9. Барои гузаронидани таҳлили ҳаматарафаи фаъолияти корхонаи хусусишаванда, ҷустуҷӯи харидорони имконпазир, ташкил ва гузаронидани савдо ва барои дигар мақсадҳо, ки бо ба амал баровардани лоиҳаҳои инфиродии хусусигардонӣ вобастаанд, Комиссия аз ҳисоби кормандони вазорату идораҳои дахлдор гурӯҳи корӣ таъсис медиҳад.
10. Гурӯҳи кори фаъолият ва қобилияти рақобатнокии корхонаи хусусишавандаро ҳаматарафа таҳлил менамояд, ки он метавонад маълумоти зеринро дарбар дошта бошад:
- реквизитҳои корхона;
- дар бораи ҳолат ва сохтори воситаҳои асосӣ: ҳуқуқи амволӣ, ҳаҷми фарсудашавӣ аз рӯи онҳо. Нусхаи шаҳодатнома барои ҳуқуқи истифодаи замин ё шартнома дар хусуси ба иҷора гирифтани замин пешниҳод мешавад; дар ҳолати ба расмиятдарории нодурусти аснод нусхаи мукотиба бо идораҳои дахлдор пешниҳод карда мешавад.
- дар бораи активҳои ғайримоддии корхона;
- дар бораи маҳсулот ё намудҳои хизматрасонӣ: маҳсулоти истеҳсолшаванда ва таркибҳои асосии онҳо, миқдор ва сифати маҳсулот аз рӯи намудҳои асосӣ, номгӯй, проблемаҳои мавҷуда, имкониятҳои беҳбудии имконпазир;
- дар бораи бозори фурӯш ва талаботи харидорон: бозори фурӯши маҳсулот, ҳаҷми фурӯш, ғунҷоиши бозор, нерӯи афзоиш ё маҳдудияти бозори мазкур, дараҷаи мувофиқати соҳаи корхона, имкониятҳои он ба талаботи бозори интихобшуда; харидорони яклухт, маҳали ҷойгиршавии онҳо, ҳаҷми маиҳсулоти таҳвилшаванда, ҳаҷми маҳсулоте, ки рост ба харидорони чакана дастрас мешаванд;
- дар бораи истеҳсолот: ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот (хизматрасонӣ), дараҷаи ҷараёни технологӣ ва инъикос ба сифати маҳсулот (хизматрасонӣ) характеристикаи таҷҳизот, дараҷаи фарсудашавии воқеӣ, фарсудашавии маънавӣ; майдонҳои истеҳсолӣ ва истифодаи онҳо;
- дар бораи рақобат: рақибҳои мустақим ва ғайримустақим; бозори фурӯш, ки таҳти рақибон қарор дорад;
- дар бораи молрасонҳо: молрасонҳо, маҳали ҷойгиршавии онҳо: ҳаҷми ашёи хом аз он ҷумла маҳсулоти воридотии таҳвилгардида; қисмҳои таҷҳизоти таҳвилшаванда, бо таври иловагӣ нишон дода мешаванд:
а) маҳали ҷойгиршавии молрасонҳои асосӣ;
б) тарифҳо ва нархҳо дар се соли охир;
в) проблемаҳое, ки бо дастрас шудани ашёи хом, таҷҳизот ва дастгоҳҳои зарурӣ ба миён меоянд;
г) маблағи умумӣ, ки тибқи ҳисобҳо ба молрасон пардохта нашудааст ва зиёда аз 60 рӯз дар ҳолати санаи охирини ҳисоботӣ ба таъхир мондааст ва ин қарз аз маблағҳои умумии ҳисобномаи пардохт кадом фоизро ташкил медиҳад;
д) миқдори қувваи барқи истифодашаванда;
- дар бораи усули ҳамлу нақли ашёи хом ва маҳсулоти тайёр:
ба таври иловагӣ нишон дода мешавад:
а) масофа аз молрасон ва бозори фурӯш;
б) намудҳои асосии нақлиёти истифодашаванда:
в) нақлиёти мавҷудаи худӣ;
- дар бораи идора: сохтори мақомоти идора. вазифаҳои воҳидҳои гуногун, бароми иҷрои вазифаҳои хадамоти асосӣ таъминоти моддию техникӣ, фурӯши маҳсулот, ҳолати ҳисоботи муҳосибӣ, нигоҳдории арзишҳои моддӣ, нақшаи рушди корхона) дар шароити мавҷуда;
- дар бораи барзиёдии активҳои истеҳсолӣ дар заминаи асосноксозии самаранокӣ ё бесамари бегона намудани онҳо;
- дар бораи муносибат бо вазоратҳои болоӣ, ҳисоботе, ки онҳо талаб мекунанд ба таври иловагӣ нишон дода мешавад;
- дар бораи ҳайати роҳбарикунандаи корхона ва дараҷаи маълумотнокии он;
- дар бораи ҷараёни густариши шуғли коргарон дар се соли охир ва ба фикри роҳбарони корхона дар даҳ соли охир як соли беҳтарин, аз рӯи дараҷаҳои зерин:
а) роҳбарият;
б) хизматчиён ва маъмурият;
в) коргароне, ки бевосита дар соҳаи истеҳсолот шуғл доранд;
г) коргароне, ки дар истеҳсолот бо меҳнати дастӣ шуғл доранд;
д) коргароне, ки дар соҳаи иҷтимоӣ шуғл доранд.
Дар ин маврид ба таври иловагӣ нишон дода мешавад; шумораи ашхосе, ки бо нигоҳ доштани маош ва бе нигоҳдории маош дар рухсатии маҷбурӣ мебошанд ва давомнокии рухсатии онҳо, ихтисосҳое, ки дар корхона зарур аст, сабабҳои бамиёномадаи норасоӣ, тарбияи кадрҳо ва азхудкунии ихтисосҳои омехта:
- дар бораи тахассуси коргарон;
- дар бораи музди миёнаи меҳнати ҳармоҳаи индексатсияшуда (бо доллари США) аз рӯи дараҷаҳои зерин;
а) роҳбарият;
б) хизматчиён ва маъмурият;
в) коргароне, ки бевосита дар истеҳсол шуғл доранд;
г) коргароне, ки дар истеҳсолот бо меҳнати дастӣ шуғл доранд;
д) коргароне, ки дар соҳаи иҷтимоӣ шуғл доранд.
- дар бораи мавҷудияти ӯҳдадориҳо оид ба ҳифзи муҳити зист дар панҷ соли охир дар хусуси натиҷаҳои муоинаҳо, сертификатҳо, литсензияҳо, муҳокимаҳои судӣ, ки бо истифодаи захираҳои табиӣ, бо партови обҳои гандида, партовҳо ба фазо, обанборҳо ва замин аз ҷониби корхонаҳо вобаста мебошанд; меъёрҳои иҷозатдодашуда;
- дар бораи шартномаи амалкунандаи коллективи коргарон бо маъмурияти корхона;
- дар бораи ҳаҷми маблағи пулҷудокунӣ ба фонди нафақа ва фонди суғуртаи иҷтимоӣ, ки ӯҳдадориҳо дар се соли охир пардохта нашудаанд;
- дар бораи фаъолияти иттифоқи касаба;
- дар бораи сатҳи ҳифзи саломатии коргарон ва ҳаҷми пардохтҳои ҳатмӣ; ба таври иловагӣ шумораи вафоткардагон ва ашхосе, ки дар натиҷаи кор заҳм бардошта ё касал шуда, қобилияти меҳнатии худро гум кардаанд, зикр карда мешаванд;
- дар бораи техникаи бехатарӣ ва амнияти зидди сӯхтор;
- дар бораи ҳуқуқҳои патентӣ ва шартномаҳо нисбат ба моликияти ақлӣ, ки ҳозир дар корхонаҳо истифода мешаванд, ё соҳибони онҳо корхона мебошад;
- дар бораи объектҳои инфракструктураҳои иҷтимоии корхона, ки ба боғчаҳои бачагона, ошхона, поликлиника, хонаҳои истиқоматӣ, хонаҳои истироҳатӣ, бӯстонсаройҳо, лагерҳои тобистона, иншооти варзишӣ, мағозаҳо, шабакаҳои гармидиҳии мустақил ва ба дигар хадамоти коммуналӣ ва ғайра ҷудо шудаанд, бо зикри:
а) арзиши балансӣ;
б) шумораи коргарон;
в) хароҷоти соф;
г) мансубияти ҳудудӣ;
- дар таҳлили барзиёдии активҳои иҷтимоӣ ба таври иловагӣ қонунӣ ё ғайриқонунӣ будани бегона кардани онҳо асоснок карда мешавад;
- дар бораи ҳолати молиявию иқтнсодии корхона дар се соли ба анҷомрасидан соли молиявӣ ва барои як соли ба фикри роҳбарияти корхона дар давоми даҳ соли охир беҳтарин, ки маълумоти зеринро, аммо хусусияти мустасно набударо, дарбар мегирад;
а) нишондихандан мачмӯи даромади корхона;
б) ҳисобу китоби коэффисиентҳо аз фурӯш, ки маҳсулнокии меҳнатро бо роҳи ба назар гирифтани тақсими тамоми маблағ аз фурӯшро ба шумораи кормандон ва ифода бо доллари ШМА муайян мекунад;
в) нишондиҳандаи даромаднокии корхона; бо ин мақсад даромади софи ҳарсола ҷиҳати ҳисоби пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет ҳамчун фарқи байни ҳамаи фондҳои захиравӣ ва фоида, ки дар ибтидои сол зиёда аз сатҳи муайяншуда ва бо тамоми захираҳо ҷамъ карда шудаанд ва дар охири сол бо фоида ҷамъ карда шудааст, муайян мегардад;
г) маблағи умумии зиёда аз 60 рӯз пардохтанашудаи ҳисобномаҳои кредиторон бо доллар ва бо ифодаи фоиз нисбат ба маҷмӯи фурӯшҳо/ даромадҳо;
д) маблағи умумии зиёда аз 60 рӯз пардохтанашудаи ҳисобномаҳои дсбиторои бо доллар ва мутапосибан бо фоиз аз ҳаҷми фурӯш ё даромад;
е) қарзи дебитории фармоишгарони маҳалӣ ва хориҷӣ;
ж) баланс ва бақайдгирии гардиши пули нақд, қайди воридот мувофиқи стандартҳои амалан дар ҷаҳон қабулшуда дар се соли охир;
з) номи (номгӯи) кредиторон ва маблағи пардохтҳои батаъхирмонда, агар қарзи кредитории онҳо аз 50000 доллари ШМА зиёд бошад;
и) рӯйхати интиқоли бартерӣ дар се соли охир, ӯҳдадориҳои қарзӣ аз рӯи шартномаҳои бартерӣ;
к) декларатсияҳои андоз дар бораи пардохти андозҳои давлатӣ, минтақавӣ ва маҳаллӣ;
л) пешбурди ҳисобномаҳо дар бонкҳо ва гузаронидани амалиёти асьорӣ.
11. Дар лаҳзаи татбиқи лоиҳаи инфиродии хусусигардонӣ корхонаҳо, ки хусусӣ гардонида мешавад, бояд мутобиқи Тартиби табдили корхонаҳои давлатӣ ба ҷамъияяҳои саҳомии шакли кушода, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 июни соли 1997 № 280 тасдиқ шудааст, ба ҷамъияти саҳомии шакли кушода табдил дода шавад ва тарҳи мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифташудаи эмиссияи саҳмияҳоро дошта бошад.
12. Комиссия лоиҳаҳои инфиродии хусусигардонии корхонаҳоро баррасӣ карда, ба тасдиқи Хукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд.
Дар сурате, агар лоиҳаи инфиродии хусусигардонӣ, ки аз ҷониби гурӯҳи корӣ таҳия шудааст, такмилро талаб кунад, он гоҳ лоиҳа барои такмил ба муаллифон баргардонида мешавад.
13. Ҳамаи маълумоти дар ҷараёни гузаронидани ташхиси фаъолияти корхона ва таҳияи лоиҳаи инфиродӣ гирифташуда мафхӣ буда, фақат бо қарори Комиссия ошкор карда мешавад.
4. ОМОДА ВА ГУЗАРОНИДАНИ САВДО ОИД БА ФУРӮШИ МАҶМӮИ САҲМИЯҲОИ ДАВЛАТИИ КОРХОНАҲО, КИ ТИБҚИ ЛОИҲАҲОИ ИНФИРОДӢ ХУСУСӢ ГАРДОНИДА МЕШАВАНД
14. Омодагӣ ҷиҳати гузаронидани савдо оид ба фурӯши маҷмӯи саҳмияҳои давлатии корхонаҳо, ки тибқи лоиҳаҳои инфиродӣ хусусӣ гардонида мешаванд, аз тарафи Комиссия ва/ё Гурӯҳи корӣ дар асоси озмун бо тартиби зерин анҷом дода мешавад:
- лотаҳо ташкил карда мешаванд, бо дарназардошти он ки ғолиби савдо сармоягузори стратегӣ (соҳиби маҷмӯи саҳмияҳои контролӣ) мегардад;
- мӯҳлатҳои гузаронидани савдо муайян карда мешаванд;
- шартҳои фурӯши корхона муқаррар карда мешаванд;
- меъёрҳои муайян намудани ғолиби савдо муқаррар карда мешаванд;
- нархҳои ибтидоии лотҳо муайян карда мешаванд;
- тартиби ворид кардани пардохти кафолатнок муайян карда мешавад;
- дар воситаҳои ахбори умум дар бораи савдое, ки баргузор мегардад, ахборот дарҷ карда мешаванд ва дигар фаъолиятҳои рекламавӣ амалӣ мегарданд;
- интихоби муайянкунии иштирокчиёни савдо гузаронида мешавад;
- пардохтҳои кафолатнок қабул карда мешаванд;
- бақайдгирии иштироккунандагон гузаронида мешавад.
15. Ҳангоми хусусигардонии корхона тибқи лоиҳаҳои инфиродӣ Комиссия ҳуқуқ дорад шартҳои фурӯши маҷмӯи саҳмияҳои давлатиро муайян намояд, аз он ҷумла;
- ҳаҷм ва мӯҳлати сармоягузориҳо;
- гузаронидани чорабиниҳои ҳатмӣ оид ба амнияти экологӣ;
- бо дарназардошти манфиатҳои иқтисодӣ ҷорӣ намудани технологияи ҳозиразамон ва ғайра.
Комиссия ҷиҳати таҳия ва муайян намудани шартҳои фурӯши корхонаҳо тибқи лоиҳаҳои инфиродӣ ҳуқуқ дорад дар асоси шартнома фирмаҳои консалтингии мустақил ва аудиторонро ҷалб намояд.
16. Барои муайян намудани Ғолиби савдо Комиссия меъёрҳои зеринро муқаррар менамояд:
- маблағи сармоягузориҳои пешниҳодшаванда, ки онҳоро сармоядор нияти дар корхона дар давоми мӯҳлати муқарраргардида гузоштан дорад;
- баромадан ба бозори нави фурӯш ё зиёд кардани ҳиссаи мавҷуда;
- аз худ намудани маҳсулоти нави қобили рақобат ё ҷорӣ намудани технологияи нав, ки азнавкунии истеҳсолотро таъмин менамояд;
- чорӣ намудани менеджменти ҳозиразамон, ҳисоботи молиявию муҳосибӣ ва таълими кадрҳо;
- розият ба иҷрои шартҳо, ки Комиссия муайян намудааст;
- вазъи устувори молиявӣ;
- шумораи ҷойҳои кории нигоҳдошташуда ё ташкилшаванда, хаҷм ва намудҳои аз нав таълими кормандон, ки аз тарафи сармоягузор ба нақша гирифта шудааст.
17. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба намуд ва аҳамияти корхонаҳо афзалияти меъёриро муқаррар мекунад, ба онҳо тағйирот ё иловаҳо ворид кардан мумкин аст. Меъёрҳои интихоби ғолибон якҷоя бо маълумот дар бораи корхонаҳои хусусишаванда чоп карда мешаванд.
18. Нархи маҷмӯи саҳмияҳои давлатии корхонаи хусусишаванда, ки тибқи қонунгузории ҷории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян ва бо дарназардошти арзиши воқеии бозории амволи корхона тағйир дода шудааст, нархи сараввал пурсидашавандаи маҷмӯи саҳмияҳои давлатии корхонаи хусусишаванда мебошад.
19. Барои иштирок дар савдо Иштироккунандаи савдо вазифадор аст дар ҳаҷми 0,1 % аз нархи эълоншудаи фурӯши маҷмӯи саҳмияҳои давлатӣ, ки фурӯхта мешаванд, ӯҳдадории Иштироккунандаро доир ба имзо расонидани протокол дар хусуси натиҷаҳои савдо кафолат дода, пардохти кафолатнок пешниҳод намояд, дар сурати ғолибият дар савдо бо тартиби муқарраргардида шартномаи хариду фурӯшро бандад.
20. Пардохти кафолаток эквивалент ба доллари ШМА бо асъори миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шакли нақди ва ғайринақдӣ бо тартиби дар ахборот муқарраргардида ворид карда мешавад. Пардохти кафолатнокро тибқи салоҳдиди Комиссия метавон дар шакли чеки тасдиқшуда ё кафолати бонкии бонки боэътимод пешниҳод кард.
21. Пардохти кафолатноки Иштироккунанда, ки дар савдо ғолиб омадааст ва шартномаи хариду фурӯш бастааст, ба ҳисоби пардохтҳои ҳисобшуда оид ба шартномаи хариду фурӯш ҳисоб карда мешавад.
22. Пардохти кафолатнок ба Иштироккунанда дар ҳолатҳои зерин баргардонда намешавад:
- радди ғолиб аз имзои протокол дар хусуси натиҷаи савдо ё аз бастани шартномаи хариду фурӯш;
- иҷро накардан ё ба таври бояду шояд иҷро накардани ӯҳдадориҳо аз рӯи шартномаи хариду фурӯш;
- ҳангоми иҷрои амалиёт, ки дар банди 39 Низомномаи мазкур пешбинӣ шудааст;
23. Дар ҳамаи дигар ҳолатҳои боқимонда пардохтҳои кафолатнок дар мӯҳлати на зиёда аз понздаҳ рӯз, аз рӯзи эълони Ғолиби савдо, агар пулҳо баъд аз рӯзи эълони Ғолиби савдо ба ҳисобномаи мақоми ваколатдори давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид шуда бошанд, он гоҳ дар тӯли понздаҳ рӯз аз рӯзи ворид шудани онҳо баргардонида мешаванд.
24. Барои ҷалб ҷиҳати иштирок дар савдо Комиссия дар мӯҳлати на кам аз 2 моҳ то гузаронидани тендер интишори маълумоти ботафсилро дар матбуоти ҷумҳуриявӣ ва байналхалқӣ таъмин месозад, дар сурати зарурат маълумоти зикршударо ба сармоягузорони имконпазир ирсол месозад ва дар Интернет дар бораи савдои доиршаванда хабари дорои мундариҷаи тахминии зерниро ҷой медиҳад:
* сана, ҷой ва вақти гузаронидани тендер;
* варақаи иттилоотӣ, ки дар бораи корхонаҳои хусусишаванда маълумот медиҳад;
* корхона (таърихи мухтасари корхона, суроға, телефонҳо, фамилия, ном ва номи падари роҳбарони корхонаи асосӣ);
* маҳсулот/хизматрасонӣ (намудҳои маҳсулоти асосӣ/хизматрасонӣ, ҳаҷми истеҳсоли онҳо; дигар намудҳои маҳсулот/хизматрасонӣ, ҳаҷмт истеҳсоли онҳо);
* технологияи истифодашаванда (шарҳи мухтасари ҷараёни технологӣ, ки дар истеҳсолоти асосӣ ва ёрирасон истифода мешаванд, соли аз худ намудани технология, азнавкунии гузаронидашуда);
* молрасонҳо (маҳали ҷойгиршавии молрасонҳо, чи ва дар кадом ҳаҷм таҳвил медиҳад);
* бозори фурӯш (таҳлили мухтасар, ки ҳаҷми фурӯш дар дохили ҷумҳурӣ, берун аз он, баҳои талобот ба маҳсулоти корхона, дар оянда васеъ намудани доираи савдоро дарбар мегирад);
* рақобат (шарҳи мухтасари маҳсулоти шабеҳи корхонаҳои маҳаллӣ ва хориҷӣ; фарқиятҳои асосӣ; нархҳо);
* идора (менеджмент) (сохтори мухтасари идораи корхона, хадамот ва вазифаҳои онҳо);
* кадрҳо (шумораи кормандон дар корхона, шаклҳои музди меҳнат);
* ҳисоботи молиявӣ ва муҳосибӣ (маълумотнома дар бораи нишондиҳандаҳои асосии молиявию иқтисодии корхона, рамзхонии қарзҳои дебиторӣ ва кредиторӣ);
* маълумоти иловагӣ (мавҷудияти проблемаҳои экологӣ, ҳуқуқӣ ва ғайра дар корхона);
* шарти бастани шартномаи хариду фурӯш;
* меъёрҳои муайян намудани Ғолиби савдо;
* ҳаҷми пардохти кафолатнок, тартиби ворид кардани он, суратҳисоби қабулкунанда дар сурати гузаронидани он;
* ҷой ва мӯҳлати қабули дархостҳо;
* телефонҳо ва суроғае, тибқи онҳо қоидаҳои гузаронидани савдо ва дигар маълумоти иловагиро фаҳмидан мумкин аст.
25. Дигар намудҳои реклама дар шакли озод амалӣ карда мешаванд ва бояд ба ҷалб васеи сармоягузорон нигаронида шавад.
Барои ҷустуҷӯ ва ҷалби самоягузорони имконпазир, амалӣ сохтани рекламаи васеи ширкатҳо Комиссия ҳуқуқ дорад дар асоси шартнома мушовиронро (мутахасисонро), аз ҷумла хориҷиёнро ҷалб намояд.
26. Барои бақайдгирӣ ба ҳайси иштироккунандаи савдо дар мӯҳлат ва тибқи суроғаи дар ахборот зикргардида пешниҳоди асноди зерин зарур аст:
а) барои ашхоси ҳуқуқӣ: ариза барои иштирок дар савдо;
асноде, ки пардохта шудани пардохти кафолатнокро тасдиқ мекунад; ҳуҷҷатҳои (шаҳодатнома, асноди муасиссӣ) тасдиқкунандаи мақоми шахси ҳуқуқӣ, ки дар кишваре бақайдгирии он сурат гирифта, дода шудааст;
ҳуҷҷатҳои (нусха аз ҳисобномаи бонкии шахси ҳуқуқӣ ва ғайра) тасдиқкунандаи дорои қобилияти баргардонидани кредит, инчунин дар бораи он ки шахси ҳуқуқӣ расмиёти азнавтаъсисдиҳӣ ё барҳамдиҳиро, ки аз ҷониби бонки дахлдор дода, тасдиқ карда шудааст, амалӣ намесозад;
ҳуҷҷате (эътимодномаи дар нотариус тасдиқшуда), ки ваколати иштироки намояндаро дар савдо тасдиқ мекунад;
б) барои ашхоси (хусусӣ) воқеӣ:
ариза бораи иштирок дар савдо;
ҳуҷҷате, ки пардохта шудани пардохти кафолтнокро тасдиқ мекунад;
ҳуҷҷате, ки шахсиятро тасдиқ мекунад;
ҳуҷҷате (эътимодномаи дар нотариус тасдиқшуда), ки ваколати намояндаро барои иштирок дар савдо тасдиқ менамояд;
ҳуҷҷате, ки пардохти ӯҳдадории молиявии шахси воқеиро тасдиқ мекунад.
Ашхоси ҳуқуқӣ ва воқеии хориҷӣ ба таври иловагӣ тарҷумаи аз ҷиҳати нотариалӣ тасдиқгардидаи асноди зикргардидаро ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ пешниҳод менамоянд.
27. Санаи анҷоми қабули дархостҳоро Комиссия муайян карда, дар ахборот чоп мекунад.
28. Комиссия асноди барои бақайдгирӣ пешниҳодшударо баррасӣ менамояд ва интихоби муайянкунии нштирокчиёни савдоро мегузаронд. Дар асоси интихоби муайянкунии пешакӣ бояд баҳои имкониятҳо ва захираҳои иштирокдорони эҳтимолии савдо бо мақсади самарабахш амалӣ сохтани лоиҳаи мушаххаси инфиродии хусусигардонӣ бо дарназардошти зерин, гузошта шавад:
- мавҷудияти таҷрибаи корӣ дар фаъолияти шабеҳӣ;
- имкониятҳое, ки бо мавҷудияти кадрҳо, таҷҳизот, технология ва ғайра вобаста мебошанд;
- вазъияти устувори молиявӣ.
Комиссия ба таври хаттӣ арзкунандагонро аз иштирокчиёни савдо эътироф гардидани онҳо огоҳ сохта, дар як вақт дар лифофаи алоҳидаи маҳкам ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ манзур кардани асноди зерниро пешниҳод мекунад:
- пешниҳоди нарх ва шарти пардохт;
- пешниҳод вобаста ба сармоягузориҳо ба корхонаҳои хусусишаванда;
- пешниҳод оид ба шартҳои фурӯш;
- мӯҳлати амали пешниҳоди иштироккунанда.
Комиссия ба таври хаттӣ дар бораи радди эътирофи иштироккунандагони савдо бо зикри сабабҳои рад арзкунандагонро огоҳ месозад.
29. Комиссия ҳамаи иштирокчиёни савдоро бо ташриф ба корхона ва бо дастраси ҳар гуна маълумот дар бораи корхона, маҷмӯи саҳмияҳои давлатӣ, ки онҳо барои фурӯш пешниҳод мешаванд, таъмин менамояд.
30. Дархостҳо ва лифофаҳои маҳкам рақамгузорӣ шуда, дар дафтари махсус қайд карда мешаванд ва то оғози доир гардидани савдо махфӣ нигоҳ дошта мешаванд.
31. Аъзои Комиссия ҳуқуқ надорад маълумотро, ки ба Иштирокчиёни савдо мансубанд ё ба ҷараёни савдо дахл доранд дар тамоми давраи омодагӣ ва гузаронидани савдо ошкор созад. Шахсе, ки ба ошкор шудани маълумоти дар боло зикршуда роҳ медиҳад, мутобиқи қонунгузории пешбиншудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешавад.
32. Комиссия лифофаҳоро кушода, пешниҳодоти аз ҷониби иштирокчиён манзуршударо меомӯзад. Ҳамаи аъзои комиссия бояд пешниҳодоти аз ҷониби иштирокчиён манзургардидаро омӯхта, муқоиса намоянд.
33. Баъди омӯхтани пешниҳодоти аз ҷониби, иштирокчиён манзуршуда Комиссия ҷадвали гузаронидани гуфтушунидҳои мустақимро бо иштирокчиёни савдо тасдиқ мекунад. Комиссия ҳуқуқ дорад дар як вақт бо якчанд нафар иштирокчиёни савдо гуфтушунид намояд.
34. Дар ҷараёни гуфтушунид тарафҳо ҳуқуқ доранд шартҳои ибтидоии фурӯши маҷмӯи саҳмияҳои давлатиро аз нав баррасӣ карда, тағйироти дахлдор ворид намояд.
35. Дар мӯҳлати на бештар аз 4 моҳ аз рӯзи бо охир расидани қабули дархостҳо Комиссия аз рӯи натиҷаҳои гуфтушунидҳои доиршуда Ғолиби Иштироккунандаи пешниҳодотро, ки бештар самарабахш буда, ба шартҳо ва меъёрҳои муқарраркардаи Комиссия ҷавобгӯ мебошад, эълон менамояд.
Комиссия ба таври хаттӣ ҳамаи иштирокчиёни савдоро аз натиҷаи савдо огоҳ месозад ва дар як вақт аз мавҷудияти имкониятҳои баргаштан ба муҳокимаи пешниҳодоти онҳо, агар Ғолиби савдо давом додани гуфтушунидро ё бастани шартномаи хариду фурӯшро рад созад, хабар медиҳад.
36. Дар сурате, агар дар савдо пешниҳоди ду ва бештар Иштирокчиён аз рӯи нарх якхела бошад, аз рӯи шартҳои сармоягузориҳо ва дигар шартҳои муқарраргардида Комиссия онҳоро барои гуфтушуниди такрорӣ даъват менамояд. Аз рӯи натиҷаҳои гуфтушуниди такрорӣ Иштироккунандае, ки нархи баландтаринро пешниҳод намудааст, Ғолиб дониста мешавад.
37. Дар ҷараёни гуфтушуниди ниҳоӣ бо Ғолиб протокол тартиб дода мешавад, ки дар он натиҷаҳои савдо қайд шуда, шарти ниҳоии бастани муомилот, ки бояд дар шартномаи хариду фурӯш ворид гардад, ҳамроҳ карда мешавад. Протокол аз ҷониби аъзои Комиссия ва Ғолиб ба имзо мерасад ва ба тасдиқи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда мешавад. Протокол ба зиммаи тарафҳо ӯҳдадории бастани шартномаи хариду фурӯшро, на дертар аз 15-рӯзи аз лаҳзаи аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудани он, мегузорад.
Ҳар як узви Комиссия ҳуқуқ дорад ба таври хаттӣ фикри хоси худро баён намояд, ки Раис вазифадор аст онро ба протокол ҳамроҳ намуда, дар он аз ин хусус қайд кунад.
38. Дар сурате, агар Ғолиби савдо ва Комиссия нисбат ба варианти ниҳоии шартнома ба мувофиқа наоянд, Комиссия ҳуқуқ дорад қарори қабулшудаи Ғолиб эътироф кардани Иштирокчиро беэътибор гардонад ва бо дигар иштирокчиён гуфтушунидро аз нав барқарор намояд.
39. Иштирокчиёне, ки мустақиман ё дар шакли пӯшида бо мақсади қалбақисозии натиҷаҳои гуфтушунидҳои мустақим, бо мақсади ба даст овардани нархҳои афзалиятнок шароити фурӯш ё иштирокчиён, ки ба густариши гуфтушуниди мустақим монеъ мсшаванд, созишнома мебанданд, ҳуқуқи иштирок дар савдоро гум мекунанд. Қарори аз савдо озод намудани иштирокчиёнро Комиссия қабул мекунад.
40. Боҷи комиссиониро харидор аз нархи ибтидоӣ на зиёда аз 0,5% мепардозад, ки он баъди ворид ба буҷети Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ташкил ва гузаронидани хусусигардонии объектҳо тибқи лоиҳаҳои инфиродӣ масраф мегардад.
5 ТАРТИБИ ҲИСОБУ КИТОБ ВА БА РАСМИЯТ ДАРОВАРДАНИ ҲУҚУҚИ МОЛИКИЯТ
41. Шартномаи хариду фурӯши маҷмӯи саҳмияҳои давлатӣ, ки дар протокол дар бораи натиҷаҳои савдо истинодро дар бар мегирад, байни мақоми ваколатдори давлатӣ ва Ғолиби савдо дар шакли хаттӣ ба забони тоҷикӣ ва забони давлатии кишвари Ғолиб баста мешавад. Ҳарду нусхаи шартнома дорои эътибори якхелаи ҳуқуқӣ мебошанд.
42. Ҳисобу китобҳо тибқи шартномаи хариду фурӯш бо тартиб ва аз рӯи шартҳои дар шартнома пешбинишуда анҷом дода мешаванд.
43. Ҳуқуқи моликият ба маҷмӯи саҳмияҳои давлатии корхонаҳои хусусишаванда ба Ғолиби савдо баъд аз пурра пардохтани нархи фурӯш, ки дар шартномаи хариду фурӯш зикр шудааст, фаро мегардаа.
44. Дар бораи натиҷаҳои савдо дар давоми 30 рӯз пас аз эълони Ғолиби савдо эътироз баён намудан мумкин аст.
45. Маблағҳое, ки аз фурӯши маҷмӯи саҳмияҳои давлатии корхонаҳои тибқи лоиҳаҳои инфиродӣ хусусишаванда ба даст меоянд, ба даромади буҷети дахлдори Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол мегарданд.