ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи корхонаҳои давлатӣ
(Қонуни ҶТ аз 6.10.2008 № 426, аз 29.12.2010 № 659)
Қонуни мазкур ҳолати ҳуқуқии корхонаҳои давлатӣ, ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои моликони амволи онҳо, тартиби таъсис, азнавташкилдиҳӣ ва барҳамхӯрии корхонаҳои давлатиро муайян мекунад.
Боби 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ
Корхонаи воҳиди давлатӣ - ташкилоти тиҷоратиест, ки ҳуқуқи ба амволи вобастакардаи молик соҳиб шуданро надорад.
Корхонаи давлатии фаръӣ - шахси ҳуқуқиест, ки дар назди дигар корхонаи давлатӣ, аз ҳисоби қисми моликияти он таъсис меёбад.
Пешбурди хоҷагидорӣ - ҳуқуқи маҳдуди молии корхонае, ки аз давлат чун молик амволро гирифтааст ва дорои ҳуқуқи соҳибӣ, истифода ва ихтиёрдорӣ кардани ин амвол мебошад.
Идоракунии оперативӣ - ҳуқуқи маҳдуди молии корхонаи давлатӣ нисбати амволе, ки аз молик мутобиқи мақсадҳои фаъолияти худ, супоришҳои молик ва таъиноти амвол гирифтааст ва дорои ҳуқуқи соҳибӣ, истифода ва ихтиёрдории ин амволро дорад.
Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи корхонаҳои давлатӣ
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи корхонаҳои давлатӣ ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз ҳамин Қонун, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф намудааст, иборат мебошад.
Моддаи 3. Намудҳои корхонаи давлатӣ
Ба корхонаҳои давлатӣ мансубанд:
а) корхонаҳои воҳиди давлатӣ бо ҳуқуқи пешбурди хоҷагидорӣ;
б) корхонаи давлатӣ бо ҳуқуқи идораи оперативӣ.
Вобаста ба намудҳои моликияти давлатӣ корхонаҳо тақсим мешаванд:
а) ба корхонаҳое, ки таҳти моликияти ҷумҳуриявӣ қарор дорандкорхонаҳои давлатии ҷумҳуриявӣ;
б) ба корхонаҳое, ки таҳти моликияти ҳокимияти маҳаллӣ қарор доранд - корхонаҳои давлатии коммуналӣ.
Моддаи 4. Самтҳои асосии фаъолият ва вазифаҳои корхонаҳои давлатӣ
Ҳалли вазифаҳои иҷтимоию иқтисодӣ, ки талаботи ҷомеа ва давлатро муайян мекунанд, самтҳои асосии фаъолияти корхонаҳои давлатӣ мебошанд.
Вазифаҳои асосии корхонаҳои давлатӣ инҳоянд:
а) таъмини моддии қудрати мудофиавии давлат ва ҳифзи манфиатҳои ҷомеа;
б) истеҳсоли мол (кор, хизматрасонӣ);
в) анҷом додани фаъолият дар соҳаҳое, ки ба вазифаҳои давлат мансубанд.
Моддаи 5. Таъсиси корхонаҳои давлатӣ
Корхонаи давлатии ҷумҳуриявӣ бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода мешавад.
Корхонаи давлатии коммуналӣ бо санади мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ бо тартиби муқарраргардидаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода мешавад.
Муассиси корхонаи давлатӣ метавонад мақоми давлатие, ки барои таъсиси корхона қарор қабул кардааст, ё мақомоти идоракунии давлатии ваколатдоркардашудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад.
Муассисе, ки дар бораи таъсиси корхонаи давлатӣ қарор қабул кардааст, ҳақ дорад мақомоти давлатии дахлдорро ваколатдор намояд, ки қисме аз ҳуқуқҳои ӯро нисбати корхонаҳои давлатӣ татбиқ намояд. Ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои мақомоти ваколатдоркардашуда нисбат ба корхонаи давлатӣ дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ё ҳокимияти маҳаллӣ муайян карда мешавад.
Феҳристи корхонаҳои давлатии ҷумҳуриявиро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд.
Феҳристи корхонаҳои давлатии коммуналӣ аз тарафи раисони дахлдори Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳрҳо, ноҳияҳо тасдиқ карда мешавад.
Моддаи 6. Бақайдгирии давлатии корхонаҳои давлатӣ
(Қонуни ҶТ аз 29.12.2010 № 659)
Корхонаи давлатӣ аз лаҳзаи бақайдгирии давлатии он таъсисёфта ҳисобида шуда, ҳуқуқи шахси ҳуқуқиро пайдо мекунад.
Бақайдгирии давлатии корхонаҳои давлатӣ мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ" амалӣ карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 29.12.2010 № 659).
Моддаи 7. Оинномаи корхонаи давлатӣ
Оиннома ҳуҷҷати таъсисдиҳии корхонаи давлатӣ мебошад. Оинномаи корхонаи давлатӣ аз тарафи муассиси он ё мақоми аз тарафи муассис ваколтдоршуда тасдиқ карда мешавад.
Оинномаи корхонаи давлатӣ бояд инҳоро дар бар гирифта бошад:
- намуди корхона (воҳиди давлатӣ ё давлатӣ);
- номи он;
- маҳалли ҷойгиршавии корхона;
- соҳа ва мақсадҳои фаъолияти он;
- ваколатҳои роҳбар;
- тартиби кор;
- тартиби ташаккули амволи корхона ва тақсими даромадҳо;
- шартҳои азнавташкилдиҳӣ ва барҳамдиҳии корхона;
- андозаи фонди оинномавӣ ва тартиби ташкили он;
- дигар муқаррароте, ки мухолифи қонунгузорӣ нестанд.
Дар оиннома инчунин муносибати байни корхона ва муассис ё мақомоти ваколатдор, маъмурияти корхона ва корманд (кормандон , дар мавриди баста шудани шартномаи меҳнатии коллективона) муайян карда мешавад.
Моддаи 8. Номи фирмавии корхонаи давлатӣ
Номи фирмавии корхонаи давлатӣ бояд дорои нишондод ба соҳиби амвол будан, мансубият ба намуди моликияти давлатӣ (ҷумҳуриявӣ ё коммуналӣ)-ро дошта бошад.
Номи фирмавии корхонаи ҳуқуқи пешбурди хоҷагидори дошта, бояд дорои нишондод ба корхонаи воҳиди давлатӣ будани онро дошта бошад.
Номи фирмавии корхонаи ҳуқуқи идораи оперативӣ дошта, бояд дорои нишондод ба корхонаи давлатӣ будани онро дошта бошад.
Корхонаи давлатӣ дорои мӯҳр бо тасвири Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва номи фирмавии корхона мебошад.
Моддаи 9. Соҳа ва мақсадҳои фаъолияти корхонаҳои давлатӣ
Соҳа ва мақсадҳои фаъолияти корхонаи давлатӣ аз тарафи муассис ё мақоми ваколатдор муайян карда шуда, дар оинномаи корхона инъикос меёбанд ва бояд мутобиқи талаботи Қонуни мазкур ва дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бошанд.
Аз тарафи муассис ё мақоми ваколатдор ба корхонаи давлатӣ додани вазифаҳои давлатии назоратӣ ё иҷозатдиҳӣ манъ аст.
Аз тарафи корхона амалӣ намудани фаъолият, инчунин содир намудани аҳде, ки ба соҳа ва намуди фаъолияти дар оиннома нишон додашуда ҷавобгӯ нест, танҳо баъди ба оинномаи корхона ворид намудани тағйиру иловаҳо тибқи қонугузорӣ имкон дорад.
Аз тарафи корхона содир намудани аҳди мухолифи мақсадҳои фаъолияти он, ки дар оиннома муайян шудаанд, аз тарафи суд тибқи тартиботи муқарранамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад беэътибор дониста шавад.
Моддаи 10. Мақомоти ваколатдори давлат
Аз номи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сифати мақомоти идоракунии давлатии корхонаҳои давлатии ҷумҳуриявӣ, инчунин мақомоти нисбати онҳо вазифаи субъекти ҳуқуқи моликияти давлатиро адокунанда, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ё мақомоти давлатии идоракуние, ки аз тарафи ӯ ваколатдор шудааст, баромад менамояд.
Мақомоти идоракунии давлатии корхонаҳои давлатии коммуналӣ, инчунин мақомоти нисбати онҳо вазифаи субъекти ҳуқуқи моликияти давлатиро адокунанда мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ ё мақомоти ваколатдоршудаи онҳо ҳисобида мешаванд.
Анҷом додани вазифаҳои субъекти ҳуқуқи моликияти давлатии дар қисмҳои якум ва дуюми моддаи мазкур пешбинишуда салоҳияти қабули қарорро дар бораи саҳҳомикунонӣ ё хусусигардонии корхонаи давлатӣ дар бар намегирад.
Моддаи 11. Идоракунии корхонаи давлатӣ
Идоракунии давлатии корхонаро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ё мақомоти ба он ваколатдоршуда анҷом медиҳанд.
Мақоми идоракунии корхонаи давлатӣ роҳбари он ҳисобида мешавад, ки аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ё мақомоти ваколатдор таъин карда мешавад.
Муносибат бо роҳбари корхонаи давлатӣ тавассути шартнома сурат мегирад. Дар шартнома бояд ҳуқуқҳо, ӯҳдадориҳо ва масъулияти роҳбари корхона, шароити меҳнат, истироҳат ва таъминоти моддӣ, мӯҳлати шартнома ва дигар шартҳои пешбиникардаи Кодекси меҳнатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян гарданд.
Роҳбари корхонаи давлатӣ дар назди соҳибмулк нисбати ҳолати кори корхона масъулияти шахсӣ дорад.
Роҳбари корхонаи давлатӣ дар асоси принсипҳои яккасардорӣ фаъолият мекунад ва ҳама масъалаҳои фаъолияти корхонаро мутобиқи салоҳияташ, ки бо Қонуни мазкур ва Оинномаи корхона муайян мешаванд, мустақилона ҳал менамояд.
Роҳбари корхонаи давлатӣ бе ваколатнома аз номи корхона амал мекунад, манфиатҳои онро дар муносибатҳояш бо мақомоти давлатӣ ва шахсони ҳуқуқӣ намояндагӣ менамояд, шартномаҳо мебандад, ваколатномаҳо медиҳад, суратҳисобҳои бонкӣ мекушояд ва дигар аҳду амалҳоро, ки мухолифи қонунгузорӣ нестанд, анҷом медиҳад.
Моддаи 12. Амволи корхонаи давлатӣ
Амволи корхонаи давлатиро фондҳои асосӣ ва воситаҳои муомилотӣ, инчунин арзишҳое ташкил медиҳанд, ки нархи онҳо дар тавозуни корхона инъикос меёбанд.
Амволи корхонаи давлатӣ тақсимнашаванда аст ва наметавонад аз рӯзи саҳмҳо (ҳиссаҳо, пайҳо), аз ҷумла ба кормандони корхона дода шавад.
Амволи корхонаи давлатӣ аз ин ҳисоб ташкил меёбад:
а) амволи аз тарафи молик додашуда;
б) амволи (аз ҷумла даромади пулии) дар натиҷаи фаъолияти истеҳсолию хоҷагӣ ба дастомада;
в) дигар манбаъҳо, ки қонунгузорӣ манъ накардааст.
Моддаи 13. Нигоҳ доштани ҳуқуқи корхонаи давлатӣ ба амвол
Ҳангоми тибқи тартиботи қонунгузорӣ додани корхонаи давлатӣ аз моликияти ҷумҳуриявӣ ба моликияти коммуналӣ, ҳамчунин баракси он ё аз ихтиёри як мақомоти давлатии идоракунӣ ба мақомоти дигар, чунин корхона ҳуқуқи хоҷагидорӣ ё ҳуқуқи идораи оперативиро вобаста ба вазъи молики корхона нисбати амволи мутаалиқи он нигоҳ медорад.
Моддаи 14. Корхонаи давлатӣ ҳамчун комплекси амволӣ
Корхонаи давлатӣ дар маҷмӯъ ҳамчун комплекси амволи ғайриманқул дониста мешавад ва объекти ҳуқуқи моликияти давлатӣ ҳисобида мешавад.
Ба таркиби корхона, чун комплекси амволӣ, ҳамаи намудҳои амволи барои фаъолияти он таъиншуда, аз ҷумла бино, иншоот, таҷҳизот, асбобу ускона, ашёи хом, маҳсулот, ҳуқуқи истифодаи қитъаи замин, ҳуқуқи талаб кардани қарз, ҳуқуқи ифодакунии фардикунонии фаъолияти он (номи он, нишони мол), инчунин дигар ҳуқуқҳои мустасно шомиланд.
Аҳд нисбати корхонаи ҷумҳуриявии давлатӣ (гарав, конссесия), ки корхона ба сифати комплекси ягонаи амволӣ ҳисоб меёбад, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нисбати корхонаи коммуналӣ бошад, бо санади мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ баста мешавад.
Моддаи 15. Мусодираи даромади ғайриқонунии корхонаи давлатӣ
Даромаде, ки корхонаи давлатӣ аз фаъолияти манъшудаи дар оиннома пешбининашуда гирифтааст ва барои ин вай аз мақоми ваколатдор иҷозатнома надорад, инчунин даромаде, ки дар натиҷаи баланд кардани нархҳои муқарраршудаи фурӯши мол, иҷрои кор ва расонидани хизматҳо ба даст омадааст, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мусодира карда мешавад.
Моддаи 16. Шикояти корхонаи давлатӣ нисбати амалҳои мақомоти давлатӣ
Корхона ҳуқуқ дорад бо тартиби муқарраркардаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз амали мақомоти давлатӣ, аз ҷумла амалҳои мақомоти ваколатдор, ки ба мусодираи фоидаи корхона, азнавтақсимкунии амвол, ҷойгир намудани супоришҳои давлат, муқаррар кардани нархи ба моли (кори, хизматрасонӣ) истеҳолии корхона, инчунин дигар амалҳое, ки ҳуқуқи корхонаро вайрон мекунанд, ба суд даъво пешниҳод кунад.
Моддаи 17. Азнавташкилдиҳӣ ва барҳамдиҳии корхонаи давлатӣ
Азнавташкилдиҳӣ ва барҳамдиҳии корхонаи давлатӣ бо ин роҳ сурат мегирад:
- нисбати корхонаи давлатии моликияти ҷумҳуриявӣ - бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- нисбати корхонаи давлатии моликияти коммуналӣ - бо санади мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ.
Корхонаи давлатӣ мумкин аст бо асосҳои дигари пешбининамудаи Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барҳам дода шавад.
Амволи боқимондаи корхонаи барҳамдодашуда баъди қонеъ гардонидани талаботи кредиторҳо аз тарафи молик ё мақоми ваколатдор аз нав тақсим карда мешавад.
Маблағҳои боқимондаи корхонаи барҳамдодашуда, аз ҷумла маблағҳои дар натиҷаи фурӯши амволи ин корхона ба дастомада баъди қонеъ кардани талаботи кредиторҳо ба даромади буҷети дахлдор ворид мешаванд.
Моддаи 18. Хусусигардонии корхонаи давлатӣ
Хусусигардонии корхонаи давлатӣ бо тартиби муқарраргардидаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.
Моддаи 19. Иттиҳодияҳои корхонаҳои давлатӣ
Корхонаҳои давлатӣ метавонанд ба ассотсиатсияҳо (иттифоқҳо) муттаҳид шаванд.
Ассотсиатсияҳо (иттифоқҳо) дар асоси шартнома, мутобиқи Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои қонунгузорӣ, бо мақсади васеъ шудани имкониятҳои корхонаҳо дар тараққиёти истеҳсолӣ, илмию-техникӣ ва иҷтимоӣ, инчунин барои намояндагӣ ва ҳифзи манфиатҳои амволии корхонаи таркиби ассотсиатсияҳо (иттифоқҳо) таъсис меёбанд.
Ассотсиатсияҳои (иттифоқҳои) корхонаҳои давлатӣ шахси ҳуқуқӣ мебошанд. Ҳуҷҷати таъсисии ассотсиатсия (иттифоқ) шартномаи таъсисии аз ҷониби аъзоёни он имзогардида ва оинномаи тасдиқнамудаи онҳо мебошад.
Корхонаҳое, ки ба ҳайати ассотсиатсия (иттифоқ) дохил шудаанд, мустақилият ва ҳуқуқҳои шахси ҳуқуқиро нигоҳ медоранд. Мақомоти роҳбарикунандаи ассотсиатсияҳо (иттифоқҳо) ҳуқуқи ихтиёрдориро нисбати корхонаҳои шомили ассотсиатсия (иттифоқ) надоранд ва вазифаҳои худро дар асоси шартнома бо корхонаҳо иҷро менамоянд.
Ассотсиатсияҳо (иттифоқҳо) дар асосҳои зерин таъсис меёбанд:
- ихтиёран ворид шудани корхона ба ассотсиатсияҳо (иттифоқҳо) ва аз таркиби он баромадан бо шартҳои муайянкардаи оинномаи ассотсиатсия (иттифоқ);
- риояи қонунгузории зиддиинҳисорӣ;
- озодии интихоби шакли ташкилии ассотсиатсия (иттифоқ).
Ассотсиатсия (иттифоқ) дорои номи фирмавӣ буда, дар он мақсади асосии фаъолияти он ва аъзоёнаш бо иловаи калимаҳои "ассотсиатсия" ё "иттифоқ" нишон дода мешавад.
Ассотсиатсия (иттифоқ) аз рӯи ӯҳдадориҳои аъзои худ масъулият надорад.
Корхонаи давлатӣ, ки узви ассотсиатсия (иттифоқ) мебошад, аз рӯи ӯҳдадориҳои ассотсиатсия (иттифоқ) мувофиқи андоза ва тартиб, ки дар ҳуҷҷатҳои таъсисёбии ассотсиатсия (иттифоқ) пешбинӣ шудаанд, ҷавобгарии субсидиарӣ дорад.
Боби 2. КОРХОНАИ ВОҲИДИ ДАВЛАТӢ
Моддаи 20. Фаъолияти корхонаи воҳиди давлатӣ
Корхонаи воҳиди давлатӣ метавонад баробари дигар корхонаҳои таъсисёфта дар соҳаҳои зерин амал намояд:
- тарҳрезӣ, истеҳсол ва таҳвили маҳсулот барои эҳтиёҷоти давлат, аз қабили яроқи ҷангӣ, лавозимоти ҷангӣ, техникаи ҳарбӣ, амволи дигари ҳарбӣ, маснуоти масолеҳи комплектонӣ, бо мақсади таҳкими қобилияти мудофиавӣ ва амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- барҳамдиҳӣ (нобудсозӣ, партовкунонӣ, гӯрондан) ва коркарди воситаҳои ҳарбию-техникии бекоршуда;
- истихроҷ, истеҳсол, ҳамлу нақл, коркард, гӯркунӣ, фурӯши уран ва дигар маводи радиоактивӣ, ба андозаи зиёда аз меъёри истифодаи онҳо, бе зарурати истифодаи воситаҳои махсуси муҳофизат;
- тайёр кардан ва фурӯхтани дорувор, воситаҳои табобатӣ, таҷҳизот ва асбобҳои тиббӣ;
- анҷом додани фаъолияти хоҷагидорӣ дар соҳаҳое, ки ба монополияи давлатӣ мутааллиқанд;
- анҷом додани фаъолияти хоҷагидорӣ дар соҳаи таъмини қувваи барқ, об, гармӣ ва газ;
- расонидани хизмат тавассути нақлиёти роҳи оҳан ва истифодаи умумӣ, интиқоли ҳавоии бор ва мусофирон;
- расонидани хизмати алоқа (аз ҷумла алоқаи почта) ва телекоммуникатсионӣ, истифодаи хатҳои алоқаи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ;
- расонидани хизмат дар соҳаи хоҷагии коммуналӣ ва манзилӣ, инчунин дигар системаҳои таъмини ҳаёт дар инфрасохтори ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ, ки вобаста ба эътиборнокии ҳолати монополияи табиӣ ва аҳамиятнокии иҷтимоию иқтисодиашон идораи бевоситаи давлатиро тақозо доранд;
- дар соҳаи бонкӣ, суғуртавӣ ва дигар фаъолияти қарзию молиявӣ;
- анҷом додани фаъолияти истеҳсолию хоҷагидорӣ дар соҳаи тандурустӣ, ҳифзи табиат, маориф, ҳифзи иҷтимоӣ, илм, фарҳанг ва варзиш;
- анҷом додани фаъолияти истеҳсолию хоҷагидорӣ дар соҳаи телевизион (аз ҷумла телевизиони кабелӣ) ва радиошунавонӣ, фаъолияти ноширӣ ва полиграфӣ;
- анҷом додани фаъолияти дигари истеҳсолию хоҷагӣ, ки дар нақшаҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рушди иҷтимоию иқтисодӣ пешбинӣ шудаанд;
- дар дигар соҳаҳои фаъолият мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Моддаи 21. Фонди оинномавӣ ва захиравии корхонаи воҳиди давлатӣ
Андозаи фонди оинномавии корхонаи воҳиди давлатӣ аз тарафи муассиси он муайян мегардад ва аз арзиши умумии амволи ба корхона додашаванда зиёд буда наметавонад. Андозаи фонди оинномавӣ аз андозаи панҷсадкаратаи нишондиҳанда барои ҳисобҳо кам буда наметавонад (Қонуни ҶТ аз 06.10.2008 № 426).
Фонди оинномавӣ бояд пурра аз тарафи молик (муассис) дар муддати як сол аз рӯзи бақайдгирии давлатӣ ташкил ёбад (Қонуни ҶТ аз 29.12.2010 № 659).
Корхонаи воҳиди давлатӣ вазифадор аст фонди захиравиро, ки дар оинномаи он муайян гардидааст, ташкил намояд.
Маблағи фонди захиравӣ танҳо барои пӯшонидани зарар, иҷрои ӯҳдадориҳо дар назди буҷет, пардохти қарзҳои давлатӣ ва фоизи онҳо, дар мавридҳои нокифоягии дигар маблағҳои корхона истифода мешавад.
Моддаи 22. Салоҳияти молик (муассис) ва мақомоти ваколатдори давлатӣ
Нисбати корхонаи воҳиди давлатӣ муассис ё мақомоти ваколатдори давлатӣ ваколатҳои зеринро иҷро мекунанд:
- оинномаи корхонаро тасдиқ мекунанд ва чун муассиси он баромад мекунанд;
- директори (роҳбари) корхонаро ба вазифа таъин ва аз вазифа озод мекунанд;
- супоришҳои давлатиро ба корхона мерасонанд ва иҷрои онҳоро назорат мекунанд;
- меъёрҳои тақсими фоидаеро, ки дар ихтиёри корхона боқӣ мондааст, тасдиқ мекунанд;
- ба содир кардани аҳдҳо нисбати амволе, ки розигии моликро талаб мекунад, иҷозат медиҳанд;
- дигар масъалаҳоеро, ки Қонуни мазкур ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба салоҳияти вай мансуб донистаанд, ҳал менамоянд.
Моддаи 23. Нархи молҳое, ки корхонаи воҳиди давлатӣ истеҳсол менамояд
Нархи моле (кор, хизматрасонӣ), ки корхонаи воҳиди давлатӣ истеҳсол менамояд, бояд хароҷоти ба истеҳсоли он сарфшударо пурра пӯшонад, фаъолияти безарарии он ва маблағгузориро аз ҳисоби даромадҳои худӣ таъмин намояд.
Нархи молҳое (кор, хизматрасонӣ), ки аз тарафи корхонаи воҳиди давлатӣ истеҳсол ва фурӯхта мешаванд, вобаста ба талабот ва таклифот ба онҳо ташкил карда мешаванд.
Танзими давлатии нарх бо мақсади роҳ надодан ба ҷойгиршавии монополӣ дар бозори молҳо (корҳо, хизматрасониҳо), мутобиқи қонунгузории зиддиинҳисории Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.
Моддаи 24. Маблағгузории фаъолияти корхонаи воҳиди давлатӣ
Фаъолияти корхонаи воҳиди давлатӣ аз ҳисоби даромади худӣ ва аз рӯи нақшаи молиявии тасдиқкардаи молик маблағгузорӣ мешавад.
Корхонаи воҳиди давлатӣ аз ҳисоби даромадҳои худии фаъолияташ нигоҳ дошта мешавад.
Корхонаи воҳиди давлатӣ бо тартиби пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузорӣ карда мешавад.
Фоидае, ки корхонаи воҳиди давлатӣ баъди пардохти андозҳо ба даст медарорад, аз ҷониби он бо тартиби пешбининамудаи оинномааш мустақилона тақсим карда мешавад.
Моддаи 25. Музди меҳнати кормандони корхонаи воҳиди давлатӣ
Андозаи фонди музди меҳнати корхонаи воҳиди давлатӣ аз ҷониби роҳбари он дар мувофиқа бо молик муқаррар карда мешавад. Шаклҳои пардохти музди меҳнат, ҷадвали (рӯйхати) штатӣ, андозаи маошҳои мансабӣ, системаи мукофотонӣ ва дигар ҳавасмандгардониҳо аз ҷониби корхонаҳои воҳиди давлатӣ мустақилона муайян мегардад.
Андозаи маошҳои мансабии роҳбари корхонаи воҳиди давлатӣ, муовинон ва сармуҳосиб, системаи мукофотонии онҳо ё дигар ҳавасмандгардониҳо аз ҷониби молик муқаррар карда мешавад.
Моддаи 26. Фаъолияти иктисодии хориҷии корхонаи воҳиди давлатӣ
Корхонаи воҳиди давлатӣ фаъолияти иқтисодии хориҷиро бо тартиби муқаррарнамудаи оиннома ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом медиҳад. Даромади асъорӣ, ки баъди пардохти андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ дар ҳисоби корхона боқӣ мемонад, тибқи нишондоди оинномаи корхонаи воҳиди давлатӣ мустақилона тақсим карда мешавад.
Истифодаи асъоре, ки дар ихтиёри корхонаи воҳиди давлатӣ боқӣ мондааст, аз ҷониби он мутобиқи тартиби пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.
Боби 3. КОРХОНАИ ДАВЛАТӢ
Моддаи 27. Таъиноти корхонаи давлатӣ
Корхонаи давлатӣ метавонад баробари корхонаҳои дигари таъсис ёфта дар соҳаҳои зерини муқаррар намудаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намояд:
- нигоҳдорӣ ва инкишофи шабақаи роҳҳои давлатии автомобилгард ва дигар объектҳои инфрасохтор, ки барои онҳо тибқи қонунгузорӣ тартиби махсуси маблағгузорӣ муқаррар шудааст;
- иҷрои корҳои наҷотбахшӣ дар кӯҳсор ва дигар корҳои махсус дар вазъияти фавқуллода ва садамавӣ, ҳифз аз сӯхтор, обхезиҳо ва дигар фалокатҳои табиӣ;
- анҷом додани фаъолияти истеҳсолӣ дар муассисаҳои системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ;
- истеҳсоли корҳои топографию геодезӣ ва картографӣ;
- анҷом додани фаъолияти истеҳсолию хоҷагидорӣ дар соҳаи тандурустӣ, ҳифзи табиат, маориф, ҳифзи иҷтимоӣ, илм, фарҳанг ва варзиш;
- анҷом додани дигар фаъолияти истеҳсолию хоҷагидорӣ, ки дар нақшаҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рушди иҷтимоию иқтисодӣ пешбинӣ шудаанд.
Моддаи 28. Объекти ҳуқуқи идораи оперативӣ
Объекти ҳуқуқи идораи оперативӣ метавонад танҳо амволи давлатӣ бошад, агар Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни мазкур ё дигар қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳолати дигарро пешбинӣ накарда бошанд.
Корхонаи давлатӣ танҳо он амволеро таҳти ҳуқуқи идораи оперативӣ қарор дода метавонад, ки он барои таъмини фаъолияти оинномавиаш зарур аст.
Моддаи 29. Ба даст овардан ва қатъи ҳуқуқи идораи оперативӣ
Ба даст овардан ва қатъи ҳуқуқи идораи оперативӣ дар асоси шартҳою тартиботи пешбининамудаи Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати ба даст овардан ва қатъи ҳуқуқи моликият ва дигар ҳуқуқҳои ашёӣ сурат мегирад, агар дар Қонуни мазкур ва дигар қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳолати дигар муқаррар нашуда бошад.
Корхонаи давлатӣ ҳуқуқ надорад, ки тибқи аҳдҳои ҳуқуқии гражданӣ амволеро, ки ба фондҳои асосӣ дохил мешаванд бе розигии молик аз худ кунад.
Корхонаи давлатӣ ҳуқуқ надорад, ки аз кредитҳои бонкӣ бе иҷозати молик истифода барад.
Моддаи 30. Ҳуқуқи молики амвол, ки ба идораи оперативии корхонаи давлатӣ дода шудааст
Молики амволе, ки дар ҳолати идораи оперативии корхонаи давлатӣ қарор дорад, мутобиқи Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, талаботи қонунгузории зиддиинҳисорӣ ва Қонуни мазкур масъалаи таъсис, азнавташкилдиҳӣ ва барҳамдиҳии корхона, муайян кардани соҳа, мақсадҳо ва вазифаҳои фаъолияти онро ҳал мекунад.
Молик истифода ва нигоҳдории амволи ба ихтиёри корхонаи давлатӣ додашударо назорат мекунад.
Моддаи 31. Ҳуқуқи молик ба гирифтан ва азнавтақсимкунии амвол
Молики амволи ба ихтиёри корхонаи давлатӣ додашуда ҳуқуқ дорад, ки ин амволро гирад ё байни дигар шахсони ҳуқуқии таъсисдодааш бо назардошти худ тақсим кунад, агар дар санадҳои қонунгузорӣ тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад.
Моддаи 32. Ихтиёрдории амволи корхонаи давлатӣ
Корхонаи давлатӣ метавонад амволи ба вай вобаста шуда ва амволи аз ҳисоби маблағҳои дар натиҷаи фаъолияти хоҷагидории худ гирифтаашро бо розигии молик бегона ё ихтиёрдорӣ намояд.
Корхонаи давлатӣ маҳсулоташро бо розигии молик мефурӯшад.
Тартиби тақсими даромади корхонаи давлатиро молик муайян менамояд.
Моддаи 33. Фаъолияти хоҷагидории корхонаи давлатӣ
Фаъолияти хоҷагидории корхонаи давлатӣ бо мақсаду вазифаҳои он, ки дар оинномааш зикр шудаанд, инчунин тавассути супориши давлатӣ, ки аз ҷониби молик ба корхона расонида мешавад, муайян мегардад.
Фаъолияти хоҷагидорие, ки дар оиннома пешбинӣ нашудааст, танҳо бо иҷозати молик бо минбаъд ворид кардани тағйиру иловаҳо ба оиннома, имкон дорад (Қонуни ҶТ аз 29.12.2010 № 659).
Моддаи 34. Табдили корхонаи воҳиди давлатӣ ба корхонаи давлатӣ
Табдили корхонаи воҳиди давлатии шакли ҷумҳуриявии моликият ба корхонаи давлатӣ тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди мақомоти ваколатдор сурат мегирад.
Табдили корхонаи воҳиди давлатии шакли моликияти коммуналӣ ба корхонаи давлатӣ бо санади мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ сурат мегирад.
Қарор дар бораи табдили корхонаи воҳиди давлатӣ ба корхонаи давлатӣ дар мавридҳои зерин мумкин аст:
а) истифодаи ғайримақсадноки амволи давлатӣ ва маблағҳо аз ҷониби корхонаи воҳиди давлатӣ;
б) набудани фоида аз рӯи ҷамъбасти ду соли охир.
Ҳамаи хароҷоти табдили корхонаи воҳиди давлатӣ ба корхонаи давлатӣ, инчунин ҳисоббаробаркуниҳои корхонаи табдилёбанда бо кредиторҳои он ҳангоми мавҷуд набудани маблағҳои кофӣ дар худи корхона дар асоси маблағҳои буҷети дахлдор сурат мегирад.
Корхонаи давлатии дар заминаи корхонаи воҳиди давлатӣ таъсисёбанда дар ин ҳолатҳо вориси корхонаи табдилёфта мебошад:
- бо амволи давлатӣ ва маблағҳои пештар ба корхонаи воҳиди давлатӣ додашуда;
- бо ҳуқуқи истифодаи замин, об ва табиат;
- бо истифодаи сарватҳои зеризаминӣ;
- бо пешниҳоди квотаҳо, иҷозатномаҳо ва шартномаҳои пештар басташуда, агар ин шартномаҳо ба соҳа ва мақсадҳои фаъолияти корхонаи давлатии нави таъсисёбанда мувофиқат кунанд.
Ҳангоми табдили корхонаи воҳиди давлатӣ ба корхонаи давлатӣ тартиботи граждании ҳуқуқии амволи ба он вобасташуда аз ҳуқуқи пешбурди хоҷагидорӣ ба ҳуқуқи идораи оперативӣ иваз мешавад. Лаҳзаи ин тағйирёбӣ чун санаи қабули қарор дар бораи табдили корхонаи воҳиди давлатӣ ба корхонаи давлатӣ дониста мешавад.
Боби 4. КОРХОНАИ ДАВЛАТИИ ФАРЪӢ
Моддаи 35. Таъсиси корхонаи давлатии фаръӣ
Танҳо корхонаи воҳиди давлатӣ ҳуқуқи таъсиси корхонаи давлатии фаръиро дорад.
Корхонаи давлатии фаръӣ, ки моликияти ҷумҳуриявӣ мебошад, бо мувофиқаи молики корхонаи асосӣ таъсис дода мешавад.
Корхонаи давлатии фаръӣ, ки моликияти коммуналӣ аст, бо мувофиқаи молики корхонаи асосӣ таъсис меёбад.
Оинномаи корхонаи давлатии фаръиро муассиси он бо розигии мақоми болоии идораи давлатӣ тасдиқ мекунад.
Корхонаи давлатии фаръӣ ҳуқуқи таъсиси дигар корхонаи фаръиро надорад.
Моддаи 36. Ҳолати ҳуқуқии корхонаи давлатии фаръӣ
Корхонаи давлатии фаръӣ дар шакли корхонаи воҳиди давлатӣ таъсис дода мешавад ва дорои ҳуқуқҳои муқаррарнамудаи Қонуни мазкур барои чунин навъи корхонаҳои давлатӣ мебошад.
Масъулияти корхонаи фаръӣ аз рӯи ӯҳдадориҳояш, инчунин масъулияти корхонаи онро таъсисдода нисбати ӯҳдадориҳои корхонаи фаръӣ мувофиқи талаботи Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.
Моддаи 37. Мақсадҳои таъсиси корхонаҳои давлатии фаръӣ
Корхонаҳои давлатии фаръӣ бо ин мақсадҳо таъсис меёбанд:
а) тақсимшавӣ ё ҷудошавӣ аз корхонаи асосӣ ба сабаби талаботи қонунгузории зиддиинҳисорӣ;
б) табдили филиалҳои корхонаи асосӣ ба шахсони ҳуқуқии дорои тавозуни (баланси) алоҳида;
в) таъсиси истеҳсолоти иловагӣ ва махсус барои баланд бардоштани самаранокии истеҳсолоти асосӣ;
г) озод шудани корхонаи асосӣ аз навъҳои фаъолият ва вазифаҳои бо мақсаду вазифаҳояш мувофиқ набуда.
Моддаи 38. Мақомоти ваколатдори давлатӣ
Мақоми идораи давлатии корхонаи давлатии фаръӣ, инчунин мақомоти нисбати он анҷомдиҳандаи вазифаи субъекти ҳуқуқи моликияти давлатӣ корхонаи асосӣ аст.
Корхонаи давлатии фаръии корхонаи воҳиди давлатӣ, ки ба моликияти ҷумҳуриявӣ тааллуқ дорад, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад ба корхонаи воҳиди давлатӣ табдил ёбад.
Корхонаи давлатии фаръии корхонаи воҳиди давлатии моликияти коммуналӣ бо санади мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ метавонад ба корхонаи воҳиди давлатии моликияти коммуналӣ табдил ёбад.
Моддаи 39. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур
Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
ш. Душанбе
28 феврали соли 2004 № 10
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи тасдиқи Тартиби ба ҷамъияти саҳомии кушода табдил додани корхонаи давлатӣ ва воҳиди сохтории он
Мутобиқи моддаи 11 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҷамъиятҳои саҳомӣ" ва ҷиҳати иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 декабри 1996 №631 "Дар бораи тадбирҳои суръатбахшии саҳомикунонии корхонаҳо" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1) Тартиби ба ҷамъияти саҳомии кушода табдил додани корхонаи давлатӣ ва воҳиди сохтории он тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
2) Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 июни соли 1997 №280 "Дар бораи тартиби ба ҷамъияти саҳомии навъи кушода табдил додани корхонаи давлатӣ" аз эътибор соқит дониста шавад.
Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон
аз 2 августи соли 2010 № 392
ш. Душанбе
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз "2" августи соли 2010 № 392
тасдиқ шудааст
Тартиби ба ҷамъияти саҳомии кушода табдил додани корхонаи давлатӣ ва воҳиди сохтории он
1. Муқаррароти умумӣ
1) Тартиби ба ҷамъияти саҳомии кушода табдил додани корхонаи давлатӣ ва воҳиди сохтории он (минбаъд - Тартиб) мутобиқи қисми якуми Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҷамъиятҳои саҳомӣ" ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи хусусигардонии моликияти давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" таҳия гардидааст.
2) Меъёрҳои Тартиб ба корхонаҳои давлатӣ ва воҳидҳои сохтории онҳо, ки ба моликияти ҷумҳуриявӣ ва коммуналӣ тааллуқ дошта, хусусигардонии онҳо тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ намебошад, тавсеа мегардад.
3) Мақсадҳои асосии Тартиби мазкур:
- афзун намудани доираи корхонаҳои хурде, ки шакли ташкилию ҳуқуқии онҳо ҷамъияти саҳомии кушода мебошад;
- рушди рақобат дар бозор;
- тайёр намудани замина барои хусусигардонии моликияти давлатӣ;
- фароҳам сохтани шароити мусоид барои ҷалби сармоягузории ватанӣ ва хориҷӣ;
- баланд бардоштани самаранокии истеҳсолот ва зиёд намудани ҳаҷми он.
4) Тартиб нисбат ба воҳидҳои сохтории ҷудошавандаи корхонаҳои давлатӣ дар ҳолатҳои зерин татбиқ намегардад:
- агар воҳиди сохтории ҷудошаванда дорои даромади алоҳида набошад ва ба он соҳиб гашта натавонад;
- агар ба ҷамъияти саҳомӣ табдил додани воҳиди сохтории корхона ба фаъолияти мӯътадили тамоми корхона, ки сохтори он тағйир дода мешавад, халал расонад;
- агар силсилаи ягонаи технологии корхонаи давлатиеро, ки сохтори он тағйир дода мешавад, вайрон созад.
2. Тартиби ба ҷамъияти саҳомии кушода табдил додани корхонаи давлатӣ
5) Корхонаи давлатие, ки муассиси он Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи мақомоти ваколатдори давлатии идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷамъияти саҳомии кушода табдил дода мешавад.
6) Қарор дар бораи ба ҷамъияти саҳомии кушода табдил додани корхонаи дигари давлатӣ, ки ба моликияти ҷумҳуриявӣ тааллуқ дорад, аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатии идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, нисбат ба корхонаи ба моликияти коммуналӣ тааллуқ дошта бошад, аз ҷониби маҷлиси дахлдори вакилони халқ ва дар доираи салоҳиятҳои худ аз тарафи раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо қабул карда мешавад.
7) Роҳбарияти корхонаи давлатии ба ҷамъияти саҳомӣ табдилдодашаванда рӯйхати тасдиқгардидаи воситаҳои асосӣ, иншооти сохтмони нотамом, таҷҳизоти васлнагардида, маблағгузории дарозмӯҳлат (зиёда аз 1 сол), воситаҳои гардишӣ, қарзҳои дебиторӣ, кредиторӣ, дигар ӯҳдадориҳо, баланс барои санаи охирини ҳисоботӣ, ки аз ҷониби мақоми андози маҳалли ҷойгиршавии корхона тасдиқ шудааст ва лоиҳаи оинномаи ҷамъияти саҳомии кушодаро таҳия намуда, вобаста аз шакли моликияти корхонаи давлатӣ ба мақомоти ваколатдори давлатии идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ пешниҳод мекунад.
8) Дар ҳолати зарурӣ мақомоти ваколатдори давлатии идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ дорад аз мақомоти болоии корхонаи давлатӣ маълумоти иловагиро талаб намояд.
9) Роҳбарияти корхонаҳои давлатӣ барои дурустии ҳуҷчатҳои пешниҳодгардида тибки қонунгузорӣ ҷавобгар мебошанд.
10) Мақомоти ваколатдори давлатии идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатӣ (минбаъдМуассис) тибқи қонунгузории амалкунанда амволи корхонаи давлатиро нархгузорӣ намуда, бо қарори худ андозаи сармояи оинномавӣ, намуди саҳмияҳо ва оинномаи ҷамъияти саҳомии навтаъсисро тасдиқ мекунад.
11) Муассис то даъвати маҷлиси якуми умумии саҳмдорон вазифаи директори иҷроияи ҷамъияти саҳомиро чун қоида ба зиммаи роҳбари корхонае, ки ба ҷамъияти саҳомӣ табдил дода мешавад, мегузорад ва ҳуҷҷатҳои барои бақайдгирии давлатии ба ҷамъияти саҳомӣ зуруриро ба мақомоти андози маҳали ҷойгиршавии ҷамъияти саҳомӣ пешниҳод мекунад.
12) Ҷамъияти саҳомӣ баъди бақайдгирии давлатӣ дар мӯҳлати на зиёда аз 30 рӯз лоихаи эмиссияро таҳия мекунад ва ҳуҷҷатҳои заруриро ҷиҳати бақайдгирии давлатии барориши саҳмияҳо ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд.
3. Тартиби ҷудо намудан ва ба ҷамъияти саҳомии кушода табдил додани воҳиди сохтории ҷудошавандаи корхонаи давлатӣ
13) Қарор дар бораи ҷудо намудан ва ба ҷамъияти саҳомии кушода табдил додани воҳиди сохтории ҷудошавандаи корхонаи давлатиеро, ки ба моликияти ҷумҳуриявӣ тааллуқ дорад, аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатии идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, нисбат ба корхонаи ба моликияти коммуналӣ тааллуқдошта, аз ҷониби маҷлиси дахлдори вакилони халқ ва дар доираи салоҳиятҳои худ аз тарафи раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо қабул карда мешавад.
14) Корхонаи давлатие, ки сохтори он тағйир дода мешавад, рӯйхати тасдиқгардидаи амвол ва тавозуни тақсимотии воҳиди сохтории ҷудокардашударо бо имзои роҳбар ва сармуҳосиби корхона ва лоиҳаи оинномаи ҷамъияти саҳомии дар заминаи воҳиди сохторӣ таъсисдодашавандаро вобаста ба шакли моликият ба мақомоти ваколатдори давлатии идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ пешниҳод менамояд.
15) Роҳбарияти корхонаи давлатӣ барои дурустии ҳуҷҷатҳои пешниҳодгардида тибқи қонунгузории ҷумҳурӣ ҷавобгар мебошанд.
16) Мақомоти ваколатдори давлатии идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ (минбаъдМуассис) тибқи қонунгузории амалкунанда амволи корхонаи давлатиеро, ки сохтори он тағйир дода мешавад, барои воҳиди сохтории ҷудогардида нархгузорӣ намуда, бо қарори худ андозаи сармояи оинномавӣ, намуди саҳмияҳо ва оинномаи ҷамъияти саҳомии навтаъсисро тасдиқ менамояд.
17) Муассис дар мӯҳлати то 30 рӯз дар мувофиқа бо мақомоти болоии корхонаи давлатие, ки сохтори он тағйир дода мешавад, то даъвати маҷлиси якуми умумии саҳмдорон директори иҷроияи ҷамъияти саҳомиро таъин менамояд ва ҳуҷҷатҳои барои бақайдгирии давлатӣ ба ҷамъияти саҳомӣ заруриро ба мақомоти андози маҳали ҷойгиршавии ҷамъияти саҳомӣ пешниҳод мекунад.
18) Ҷамъияти саҳомӣ баъди бақайдгирии давлатӣ дар мӯҳлати на зиёда аз 30 рӯз лоиҳаи эмиссияро таҳия мекунад ва ҳуҷҷатҳои заруриро ҷиҳати бақайдгирии давлатии барориши саҳмияҳо ба Вазорати молияи Ҷумҳури Тоҷикистон пешниҳод менамояд.
4. Муқаррароти хотимавӣ
19) Ҷараёни минбаъдаи хусусигардонии ҷамъияти саҳомии дар заминаи моликияти давлатӣ таъсисдодашуда тибқи тартиби муқаррарнамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи хусусигардонии моликияти давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардад.