ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ ХУСУСИГАРДОНИИ МОЛИКИЯТИ ДАВЛАТӢ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1997, №10, мод. 160; с. 2002, № 4, қ.1, мод. 167; с. 2003, №12, мод. 699; с. 2009, №3, мод. 90; с.2016, №7, мод.630)
(Қонуни ҶТ аз 3.05.2002 № 4, аз 8.12.2003 № 71, аз 26.03.2009 № 497, аз 23.07.2016 № 1352, аз 24.02.2017 № 1402)
Моддаи 1. Муқаррароти умуми
Қонуни мазкур муносибатҳои байни давлатро дар шахси мақомоти ваколатдори он ва шахсони ҳуқуқию воқеи дар рафти хусусигардонии моликияти давлати танзим менамояд (Қонуни ҶТ аз 24.02.2017 № 1402).
Моддаи 2. Хусусигардонии моликияти давлатӣ
(Қонуни ҶТ аз 24.02.2017 № 1402)
Хусусигардонии моликияти давлатӣ - фаъолияти аз тарафи давлат мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалишаванда оид ба додани молу мулки таҳти моликияти давлатӣ қарордошта ба моликияти хусусии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ (Қонуни ҶТ аз 24.02.2017 № 1402).
Моддаи 3. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи хусусигардонии моликияти давлатӣ
(Қонуни ҶТ аз 24.02.2017 № 1402)
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи хусусигардонии моликияти давлатӣ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад.
Хусусигардонии моликияти давлатӣ, ки берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад, бо Қонуни мазкур танзим мегардад, агар дар санадҳои ҳуқуқии байналмилалии аз тарафи Тоҷикистон эътирофшуда тартиби дигар пешбинӣ нагардида бошад(Қонуни ҶТ аз 24.02.2017 № 1402).
Моддаи 4. Принсипҳои асосии гузаронидани хусусигардони
Принсипҳои асосии гузаронидани хусусигардони аз инҳо иборатанд:
қонуни будан;
ошкор будан;
баробарии ҳуқуқи шаҳрвандон барои гирифтани ҳиссаи амволе, ки бояд хусуси гардонида шавад;
рақобат;
ворисияти ҳуқуқи ва масъулияти байниҳамдигарии тарафҳо.
Моддаи 5. Мақомоте, ки аз тарафи давлат дар соҳаи хусусигардони ваколатдор шудаанд
Мақомоти ваколатдори давлати дар соҳаи хусусигардони инҳо мебошанд:
дар мавриди моликияти ҷумҳурияви - Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
дар мавриди моликияти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳрҳо, ноҳияҳо - Маҷлисҳои дахлдори вакилони халқ ва дар ҳудуди салоҳияти худ, - Раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо (Қонуни ҶТ аз 24.02.2017 № 1402).
Моддаи 6. Ваколатҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи хусусигардони
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди салоҳияти худ;
татбиқи сиёсати давлатиро дар соҳаи хусусигардонии моликияти давлатӣ таъмин менамояд (Қонуни ҶТ аз 24.02.2017 № 1402);
идоракунии раванди хусусигардонии моликияти давлатиро тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин менамояд (Қонуни ҶТ аз 24.02.2017 № 1402);
барномаи хусусигардонии моликияти давлатиро тасдиқ мекунад;
тартиб ва усулҳои муайян намудани арзиши объектҳои хусусигардонидашавандаро тасдиқ менамояд (Қонуни ҶТ аз 24.02.2017 № 1402);
оид ба масъалаҳои хусусигардони қарорҳои дахлдор қабул мекунад (Қонуни ҶТ аз 24.02.2017 № 1402).
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад ба тартиби муқарраркардаи қонун як қисми ваколатҳои худро дар соҳаи хусусигардони ба мақомоти ваколатдори давлатии идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор намояд (Қонуни ҶТ аз 8.12.2003 № 71).
Моддаи 7. Ваколатҳои мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар соҳаи хусусигардонӣ
(Қонуни ҶТ аз 24.02.2017 № 1402)
Ваколатҳои маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ, раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо дар соҳаи хусусигардонӣ, ки аз моддаи 5 Қонуни мазкур бармеоянд, бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим карда мешаванд (Қонуни ҶТ аз 24.02.2017 № 1402).
Моддаи 8. Объектҳои хусусигардони
Объектҳои хусусигардони инҳо мебошанд:
а) тамоми намудҳои амволи корхонаҳои давлати, ки барои фаъолияти онҳо таъмин шудаанд, инчунин ҳуқуқи заминистифодабари дар қитъаҳои замине, ки онҳо дар он ҷо воқеанд, ҳуқуқи талабкуни, қарзҳо, ҳуқуқҳои истиснои, ки ба корхона ҳамчун ба шахси ҳуқуқи тааллуқ доранд;
б) бахшҳо ва воҳидҳои сохтории истеҳсоли ва ғайриистеҳсолии корхонаи давлати ҳамчун маҷмӯи амволе, ки хусусигардонии онҳо силсилаи ягонаи технологиро вайрон намекунад;
в) амволи алоҳидаи (ҷудо кардашуда, ки махсус барои хусусигардони пешбини шудаанд) корхонаи давлати;
г) саҳмияҳои ташкилоту корхонаҳои марбути давлат.
Амволи давлати аз лаҳзаи қабул шудани қарор аз тарафи мақоми давлатии дар моддаи 5 Қонуни мазкур зикршуда оид ба хусусигардонии он ба объекти хусусигардони табдил меёбад (Қонуни ҶТ аз 24.02.2017 № 1402).
Моддаи 9. Объектхое, ки хусуси гардонида намешаванд
Объектҳое, ки мутобиқи моддаи 13 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон моликияти истисноии давлати мебошанд, ҳамчунин объектҳои мероси таърихи ва сарвати милли, биноҳо ва иншооти мақомоти давлатӣ, системаҳои оби нӯшоки, корхонаҳои мудофиа корхонаҳо оид ба нигоҳдошти партовҳои радиоактивӣ, инчунин амволи нерӯгоҳи барқи обии "Норак", нерӯгоҳи барқи обии "Роғун" ва корхонаи воҳиди давлатии "Ширкати Алюминийи Тоҷик" хусуси гардонида намешаванд (Қонуни ҶТ аз 3.05.2002 № 4, аз 8.12.2003 № 71, аз 26.03.2009 № 497, аз 24.02.2017 № 1402).
Хусусигардонии объектҳое, ки фаоълияти иқтисодиёти шаҳрҳо ва ноҳияҳоро таъмин мекунанд: инооти комплекси сӯзишворию энергетики; иншооти хоҷагии об (ба истиснои системаҳои обрасонии оби нӯшоки), роҳҳои оҳан ва роҳҳои автомобилгард, шабакаҳои алоқа; объектҳои нигаҳдории тандурусти ва маориф бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад (Қонуни ҶТ аз 3.05.2002 № 4, аз 8.12.2003 № 71).
Номгӯи объектҳоеро, ки мутобиқи Қонуни мазкур хусуси гардонида намешаванд, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунад (Қонуни ҶТ аз 24.02.2017 № 1402).
Объектҳои пешбининамудаи моддаи 8 ва қисми дуюми моддаи мазкур, ки тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи шарикии давлат ва бахши хусусӣ" ба шарикии давлат ва бахши хусусӣ дода шудаанд, дар давраи амали созишномаи шарикии давлат ва бахши хусусӣ, хусусӣ гардонида намешаванд (Қонуни ҶТ аз 23.07.2016 № 1352).
Моддаи 10. Субъектҳои хусусигардони
Ашхоси воқеи ва ҳуқуқи субъектҳои хусусигардони мебошанд.
Ашхоси ҳуқуқие, ки дар сармояи оинномавии онҳо ҳиссаи давлат аз 25% зиёд аст, субъектхои хусусигардони буда наметавонанд (Қонуни ҶТ аз 24.02.2017 № 1402).
Тартиби ширкати ашхоси воқеи ва ҳуқуқии хориҷиро дар хусусигардонии моликияти давлати, қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.
Моддаи 11. Шаклҳо ва шартҳои хусусигардони
Хусусигардони ба шаклҳои зерин сурат мегирад:
а) ба савдо гузошта фурӯхтан;
б) аз рӯи лоиҳаи инфиродии хусусигардони дар асоси озмун.
Муайян намудани шаклҳо ва шартҳои хусусигардони, тартиби гузаронидани савдо, ҳамчунин тасдиқи лоиҳаҳои инфиродии хусусигардониро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамояд (Қонуни ҶТ аз 24.02.2017 № 1402).
Моддаи 12. Ба савдо гузошта фурӯхтани объектҳои хусусигардони
Савдо ба намуди музояда ё тендер гузаронида мешавад.
То гузаронидани савдо фурӯшанда вазифадор аст бо талаби харидор ба ӯ оиди объекте, ки хусуси гардонида мешавад, маълумоти пурра диҳад.
Моддаи 13. Лоиҳаи инфиродии хусусигардони
Объектҳои махсусан муҳим ва муҳим, ки номгӯи онҳоро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунад, мувофиқи лоиҳаҳои инфидори хусуси гардонида мешаванд.
Лоиҳаи инфиродии хусусигардони аз инҳо иборат аст:
1) таҳлили ҳамаҷонибаи фаъолият ва қобилияти рақобати объект;
2) муайян намудани арзиши маҷмӯи амволии он;
3) муайян намудани андозаи маҷмӯи давлатии саҳмияҳои фурӯхташаванда;
4) низоми дигаргуниҳои пешниҳодшавандаи ташкилию сохтори, технологи ва тағйироти дигари объект;
5) интихоби намуди хусусигардони.
Иҷрои табиқи лоиҳаи инфиродии хусусигардониро баъди тасдиқи он Комиссияи ҷумҳуриявии хусусигардонии объектҳои моликияти давлати аз рӯи лоиҳаҳои инфироди амали мегардонад. Рафти иҷрои талаботи шартномаи хариду фурӯши объектҳои моликияти давлатиро мутобиқи лоиҳаҳои инфироди мақомоти ваколатдори давлатии идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон назорат мекунад (Қонуни ҶТ аз 8.12.2003 № 71).
Моддаи 14. Коғазҳои қиматноки хусусигардони
Бо мақсади таъмини адолати иҷтимои ва шароити ибтидоии баробар барои ширкат дар хусусигардони ба шаҳрвандон ҷуброн намудани саҳми онҳо дар таъсиси амволи давлати аз коғазҳои қиматноки хусусигардони истифода бурда мешавад, ки онҳо барои соҳибонашон ба ҳиссаи муайяни моликияти давлати ҳуқуқ медиҳанд.
Шароити барориш тартиби муомилот ва истифодаи қоғазҳои қиматноки хусусигардони аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 24.02.2017 № 1402).
Моддаи 14(1). Фурӯши бастаи саҳмияҳои ба давлат тааллуқдошта дар сармояи оиномавӣ
Фурӯши бастаи саҳмияҳои ба давлат тааллуқдоштаи ҷамъиятҳои саҳомии зерин дар асоси озмун мутобиқи лоиҳаи инфиродии хусусигардонӣ анҷом дода мешавад:
- ҷамъиятҳои саҳомие, ки хусусигардонии онҳо бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад;
- ҷамъиятҳои саҳомие, ки дар бозори дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавқеи афзалиятнок ё инҳисориро (монополиро) ишғол мекунанд;
- ҷамъиятҳои саҳомие, ки ба вазъи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсири ҷиддӣ мерасонанд.
Хусусигардонии ҷамъиятҳои саҳомие, ки ба вазъи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Точикистон таъсири чиддӣ мерасонанд, бо шарту ӯҳдадориҳои муайяни сармоягузорӣ ва ё иҷтимоие, ки бояд аз ҷониби харидор иҷро карда шаванд, амалӣ карда мешавад.
Фурӯши саҳмияҳои ба давлат тааллуқдоштаи ҷамъиятҳои саҳомии кушода дар ҳолате амалӣ карда мешавад, ки ҳаҷми саҳмияҳои харидашаванда ба харидор имконияти идораи самараноки ҷамъияти саҳомиро таъмин намояд, ки барои иҷрои ӯҳдадориҳои тибқи шартҳои озмун қабулкарда зарур аст (Қонуни ҶТ аз 26.03.2009 № 497).
Моддаи 14(2). Ҳуқуқи махсус ("саҳмияи тиллоӣ")
Бо мақсади ҳифзи манфиатҳои муҳими стратегии давлат Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми табдил додани корхонаҳои давлатӣ ба ҷамъиятҳои саҳомӣ ва ё қабули қарор оид ба фурӯши саҳмияҳои ба давлат тааллуқдоштаи ҷамъиятҳои саҳомӣ метавонад дар ҳолатҳои истисноӣ нисбати онҳо оид ба истифодаи ҳуқуқҳои махсус ҷиҳати иштироки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар идоракунии ҷамъиятҳои саҳомии кушодаи зикргардида қарор қабул намояд (ҳуқуқҳои махсус - "саҳмияи тиллоӣ").
Номгӯи ҷамъиятҳои саҳомии кушодае, ки дар онҳо ҳуқуқҳои махсус ("саҳмияи тилоӣ") татбиқ мегарданд, бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди қабули қарор оид ба истифодаи ҳуқуқҳои махсус ("саҳмияи тиллоӣ") намояндаи худро дар Шӯрои директорони (Шӯрои нозирони) ҷамъияти саҳомии кушода таъин менамояд ва ин ҳуқуқ бояд дар Оинномаи ҷамъияти саҳомии дахлдор пешбинӣ карда шавад (Қонуни ҶТ аз 24.02.2017 № 1402).
Ҷамъияти саҳомие, ки нисбати он қарор дар бораи ҳуқуқҳои махсус ("саҳмияи тиллоӣ") қабул гардидааст, ӯҳдадор аст, ки дар бораи мӯҳлати баргузории маҷлиси умумии саҳмиядорон ва рӯзномаи он бо тартиби муқараррнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон намояндаи давлатро хабардор намояд.
Ҳуқуқҳои махсус ("саҳмияи тиллоӣ") ба дорандаи худ - Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вақти қабули қарори маҷлиси умумии саҳмиядорон ҳуқуқи манъкуниро нисбат ба ҳалли чунин масъалаҳо медиҳад:
- оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Оинномаи ҷамъияти саҳомӣ ва ё тасдиқи Оинномаи ҷамъияти саҳомӣ дар таҳрири нав;
- оид ба азнавташкилдиҳии ҷамъияти саҳомӣ;
- оид ба барҳамдиҳии ҷамъияти саҳомӣ;
- оид ба бастани аҳдҳои калон ва аҳдҳое, ки нисбати онҳо манфиатдорӣ дар анҷоми аҳд вуҷуд дорад ва тибқи Оиннома розигии маҷлиси умумии саҳмиядоронро талаб менамоянд;
- дар ҳолати қабули қарорҳое, ки барои иқтисодиёти ҷумҳурӣ аҳамияти калон доранд.
Мақоми ваколатдор, ки давлатро муаррифӣ менамояд, ҳуқуқ дорад аз нигоҳдорандаи феҳристи қоғазҳои қиматноки ҷамъияти саҳомӣ, ки дар он давлат ҳуқуқҳои махсус ("саҳмияи тиллоӣ") дорад, дар бораи номгӯи соҳибмулкони қоғазҳои қиматноки ҷамъияти саҳомии дар феҳристи мазкур бақайдгирифташуда оид ба миқдор, намуд ва арзиши номиналии қоғазҳои қиматнок маълумот гирад.
Қарор оид ба қатъи ҳуқуқҳои махсус ("саҳмияи тиллоӣ") аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда мешавад.
Ҳуқуқҳои махсус ("саҳмияи тиллоӣ") то қабули қарор оид ба қатъи он амал менамоянд.
Дар як вақт вобаста намудани саҳмияҳои ҷамъияти саҳомӣ ба моликияти давлатӣ ва нисбати ҳамин ҷамъияти саҳомӣ истифода бурдани ҳуқуқҳои махсус ("саҳмияи тиллоӣ") манъ аст. Ҳуқуқҳои махсус ("саҳмияи тиллоӣ") ба саҳмияҳои ҷамъиятҳои саҳомие, ки нисбати онҳо қарор оид ба истифодаи ҳуқуқи мазкур қабул гардидааст, иваз карда намешаванд (Қонуни ҶТ аз 26.03.2009 № 497).
Моддаи 15. Пайдоиши ҳуқуқи моликият ба объекти хусусигардонидашуда
Ҳуқуқи моликият ба объекти хусусигардонидашуда аз лаҳзаи ба тартиби муқаррарнамудаи қонун ба қайди давлати гирифта шудани ҳуқуқи моликият эътибор пайдо мекунад.
Ҳуҷҷати тасдиқкунандаи ҳуқуқи моликият ба маҷмӯи амвол Шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии ҳуқуқи моликият, ки онро идораи нотариати давлатии маҳали ҷойгиршавии объекти фурӯхташуда медиҳад, ба ҳисоб меравад (Қонуни ҶТ аз 8.12.2003 № 71).
Ҳуҷҷати тасдиқкукнандаи ҳуқуқи моликият ба саҳмияҳои фурӯхташуда Шаҳодатнома дар бораи соҳибии саҳмияҳои ҷамъиятҳои саҳҳоми ба ҳисоб меравад, ки онро мақомоти аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ваколатдор шуда оид ба пешбурд ва нигоҳдошти феҳрасти дорандагони коғазҳои қиматнок медиҳад (Қонуни ҶТ аз 8.12.2003 № 71).
Моддаи 16. Маблағҳои аз хусусигардони воридшаванда
Маблағҳои аз хусусигардони ба дастомада бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузори ба буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид мегарданд.
Қисме аз маблағҳои аз ҳисоби иҷрои амволи давлати ва дивидентҳои пакети давлатии саҳмияҳои ҷамъиятҳои саҳҳоми ба даст омада бо мақсади баланд бардоштани имкониятҳои функсионали ва беҳтар намудани таъминоти моддию техники метавонанд ба ихтиёри мақомоти ваколатдори давлатии идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон монда шаванд. Ҳаҷм ва тартиби истифодаи ин маблағҳоро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд (Қонуни ҶТ аз 8.12.2003 № 71).
Моддаи 16.1 Иттилоот дар хусуси ҷараёни хусусигардони
Мақомоти ваколатдори давлатии идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд дар хусуси ҷараёни хусусигардонии моликияти давлати дар воситаҳои ахбори омма иттилоот паҳн намояд (Қонуни ҶТ аз 8.12.2003 № 71).
Моддаи 17. Ҷавобгари барои вайрон кардани Қонуни мазкур
(Қонуни ҶТ аз 24.02.2017 № 1402)
Барои вайрон кардани Қонуни мазкур мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгари пешбини шудааст (Қонуни ҶТ аз 24.02.2017 № 1402).
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Э. РАҲМОНОВ
ш. Душанбе
16 майи соли 1997 № 464
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи иншооте, ки хусусӣ гардонида намешаванд ва иншооте, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хусусӣ гардонида мешаванд
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 7.04.2011 № 189, аз 17.02.2017 № 65)
Мутобиқи моддаи 9 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи хусусигардонии моликияти давлатӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1) Номгӯи иншооте, ки хусусӣ гардонида намешаванд, тасдиқ карда шавад (замимаи 1).
2) Номгӯи иншооте, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хусусӣ гардонида мешаванд, тасдиқ карда шавад (замимаи 2).
3) Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 августи соли 1997 №388 "Дар бораи объектҳое, ки хусусӣ гардонида намешаванд ва объектҳое, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хусусӣ гардонида мешаванд" аз эътибор соқит дониста шавад.
Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон
аз 30 декабри соли 2009 № 705
ш. Душанбе
Замимаи 1
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз "30" декабри соли 2009 № 705
тасдиқ шудааст
Номгӯи иншооте, ки хусусӣ гардонида намешаванд
Мутобиқи моддаи 13 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон замин, сарватҳои зеризаминӣ, об, фазои ҳавоӣ, олами набототу ҳайвонот ва дигар боигарии табиӣ моликияти истисноии давлат мебошанд ва давлат истифодаи самараноки онҳоро ба манфиати халқ кафолат медиҳад.
Ҳамчунин хусусӣ гардонида намешаванд:
- иншооти мероси таърихӣ ва моликияти миллӣ (дорои арзиши бадеӣ, осори фарҳангӣ, осорхонаҳо, мамнӯъгоҳҳо, фондҳои давлатӣ, бойгонӣ ва дигар иншооти осори таърихӣ ва моликияти миллӣ);
- биноҳо ва иншооти маъмурии мақомоти идоракунии ҳокимияти давлатӣ ва ҳокимияти маҳаллӣ;
- маблағқои буҷети давлатӣ, захираҳои асъори ҷумҳурӣ, фонди ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва дигар фондҳои давлатӣ;
- Бонки миллии Тоҷикистон ва дигар ташкилоту муассисаҳо ва корхонаҳое, ки барориш ва нигаҳдории маблағҳо, вомбарг ва дигар қоғазҳои қиматноки давлатиро таъмин менамоянд, захираи тиллоии ҷумҳурӣ;
- муассисаҳои хадамоти патентӣ, стандартизатсия ва метрология, инчунин омори давлатӣ;
- иншоот ва амволи Қувваҳои Мусаллаҳ, мақомоти амният ва қӯшунҳои сарҳадӣ, дигар мақомоти ҳифзи хукуқ, Хадамоти гумрук ва Кумитаи андоз (ба истиснои иншоот ва воситаҳои нақлиётие, ки таъиноти ҳарбӣ надоранд);
- корхонаҳои хадамоти обу ҳавосанҷӣ ва хадамоти назорати ҳолати муҳити зист ва ҳифзи табиат;
- корхонаю муассисаҳои хадамоти санитарию эпидемиологӣ (ба истиснои иншооти хизматрасон ва воситаҳои нақлиёт);
- шабакаҳои обёрии давлатӣ, иншооти хоҷагии об, пойгоҳҳои обкаш ва қубурҳои баландфишор, обанборҳо, системаҳои обрасонии оби нӯшокӣ, ба истиснои корхонаҳо ва иншооти хизматрасон, инчунин механизму воситаҳои нақлиётӣ;
- корхонаҳои профилакторияҳои муолиҷавию меҳнатӣ ва муассисаҳои ислоҳи меҳнатӣ;
- корхонаҳои оид ба истеҳсоли заҳрҳои зудтаъсиркунанда, воситаҳои нашъаовар ва моддаҳои заҳрнок, инчунин онҳое, ки бо киштукор, парвариш ва коркарди зироатҳое, ки дар таркибашон моддаҳои нашъаовар ва заҳрнок доранд, машғул мебошанд;
- иншоот, корхонаҳо ва таҷҳизот барои гӯронидани партовҳои сахти саноатӣ ва маишӣ, ҷойҳои гӯронидани чорво;
- корхонаҳо ва иншооте, ки бо таҳқиқотҳои илмӣ ва истеҳсол, коркард ва гӯронидани элементҳо ва нигоҳдошти партовҳои радиоактивӣ, таҷҳизоту асбобҳои бо истифодаи моддаҳои радиоактивӣ ва изотопҳо машғуланд, инчунин амволи Нерӯгоҳи барқи обии "Норак", ҶСК НБО "Роғун" ва Корхонаи воҳиди давлатии "Ширкати Алюминийи Тоҷик" (ба истиснои воситаҳои нақлиёт);
- корхонаҳои мудофиа, аз ҷумла корхонаҳое, ки ба коркард, истеҳсол, таъмир ва фурӯши аслиҳа ва лавозимоти ҷангӣ, моддаҳои тарканда, инчунин маводи махсус ва таҷҳизот барои истеҳсоли онҳо машғуланд (ба истиснои иншоот ва воситаҳои нақлиётие, ки таъиноти мудофиавӣ надоранд);
- муассисаҳо оид ба ҳодисаҳои фавқулодда ва корҳои мудофиаи гражданӣ ва таъмини амволи махсус (ба истиснои иншооти хизматрасон ва воситаҳои нақлиёт);
- захираҳои эҳтиётии давлатӣ, захираҳои сафарбарӣ ва иншооти нигоҳдории онҳо;
- ташкилоту корхонаҳое, ки ба истеҳсол, таъмир ва фурӯши силоҳи оташфишони шикорию варзишӣ ва муҳимот барои онҳо машғуланд;
- қабристонҳо;
- корхонаҳо ва иншооти соҳаи илмӣ ва истеҳсолию таҷрибавие, ки ба ҳайати Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон дохил мешаванд (ба истиснои иншооти хизматрасон ва воситаҳои нақлиёт);
- хоҷагиҳо ва бозрасиҳои тухмӣ ва зотпарварии давлатӣ, марказҳои селексияю дурагакунӣ, стансияҳо ва қитьаҳои тухмисанҷӣ, озмоишгоҳҳои наслсанҷии чорво, парваришхонаҳои ҳайвоноти озмоишгоҳӣ, хадамоти бойторӣ ва хадамоти ҳифзи растаниҳо;
- театрҳое, ки ба онҳо тибқи тартиби муқарраршуда унвони Академикӣ дода шудааст;
- иншооти намояндагиҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа (ба истиснои воситаҳои нақлиёт ва таҷҳизот);
- корхонаҳои системаи идораи ҳаракати ҳавоӣ ва корхонаҳое, ки бо таъмини системаи ягонаи идоракунии ҳаракати ҳавоӣ алоқаманданд;
- маводи аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ ё буҷети собиқ ИҶШС ташкилшуда оид ба таъсис ва омезиши шабакаҳои давлатии астрономию геодезӣ, нивелирӣ ва гравиметрӣ, аз ҷумла феҳристи координатҳо ва баландиҳои нуқтаҳои геодезӣ ва аҳамияти қувваи вазнинӣ дар нуқтаҳои гравиметрӣ, маводи аввалияи аксҳои кайҳонӣ ва ҳавоӣ, нусхаҳои аслии харитаҳои топографӣ, гравиметрӣ, ҷуғрофӣ, соҳавӣ, махсус, рақамӣ, электронӣ ва дигар намудҳои харитаҳо, нақшаҳо ва атласҳо, харитаҳои таърихӣ, нақша ва атласҳое, ки дар фондҳои (бойгониҳои) вазорату идораҳо нигоҳ дошта мешаванд;
- корхонаҳои алоқаи почта, хадамоти давлатии фелдегерӣ, хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаҳои алоқа ва нақлиёт, марказҳои пахши барномаҳои телевизиону радио (ғайр аз марказҳои қабулу пахши мавҷҳои алоқа, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хусусӣ гардонида мешаванд, иншооти хизматрасон ва воситаҳои нақлиёт).
Замимаи 2
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз "30" декабри соли 2009 № 705
тасдиқ шудааст
Номгӯи иншооте, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хусусӣ гардонида мешаванд
- иншооти ниҳоят муҳим ва муҳими комплекси хоҷагӣ;
- роҳҳои оҳан, роҳҳои автомобилгард ва иншооти муҳандисӣ (пулҳо, нақбҳо ва ғайраҳо);
- иншооти комплекси сӯзишворию энергетикӣ (ба истиснои иншооти хизматрасон ва воситаҳои нақлиёт), хатҳои магистралии интиқоли барқ, қубурҳои нафту газ;
- ташкилоту муассисаҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, хонаҳои кӯдакон, ятимхонаҳо, муассисаҳои таълимӣ барои кӯдакони ятим ва бепарастор, хонаҳо барои пиронсолон, интернатҳо, госпиталҳо ва санаторияҳо барои маҷрӯҳон, кӯдакон ва пиронсолон, инчунин иншооти соҳаи тандурустӣ, аз ҷумла ташкилоту муассисаҳо оид ба пешгирӣ ва муолиҷаи бемориҳои рӯҳӣ, сирояткунанда, онкологӣ, наркологӣ, касалиҳои пӯсту венерикӣ ва бемории СПИД (ба истиснои иншооти соҳаи тандурустӣ, ки дар тавозуни ҷамъиятҳои саҳомии хусусигардида ҳамчун моликияти давлатӣ қарор доранд, хизматрасон ва воситаҳои нақлиёт) (қарори Ҳукумати ҶТ аз 7.04.2011 № 189);
- агентиҳои иттилоотӣ ва телеграфӣ;
- иншооти соҳаи маориф, аз ҷумла муассисаҳои таҳсилоти олӣ, муассисаҳои таҳсилоти миёнаи махсус ва касбию техникӣ, муассисаҳои таълимии ҳамаи вазорату идораҳо, муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, марказҳои интихоби касбу ҳунар, муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва таҳсилоти иловагӣ (ба истиснои иншооти соҳаи маориф, ки дар тавозуни ҷамъиятҳои саҳомии хусусигардида ҳамчун моликияти давлатӣ қарор доранд, хизматрасон ва воситаҳои нақлиёт) (қарори Ҳукумати ҶТ аз 7.04.2011 № 189);
- мақомоти маълумоти илмию техникӣ, китобхонаҳои илмию техникӣ, ки ҷамъоварӣ, коркард, нигаҳдорӣ ва истифодабарии онҳоро таъмин менамоянд;
- пажӯҳишгоҳҳои соҳавии лоиҳакашӣ, донишкадаҳо ва марказҳои такмили ихтисос ва тарбияи кадрҳои соҳавии вазорату идораҳо;
- корхонаҳои махсусгардонидашудаи истеҳсоли ғизои кӯдакон барои муассисаҳои тандурустӣ;
- Қасри маданияти "Абрешимчӣ"-и шаҳри Хуҷанд.
Эзоҳ: Иншооти дар замимаи мазкур овардашудае, ки тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи шарикии давлат ва бахши хусусӣ" ба шарикии давлат ва бахши хусусӣ дода шудаанд, дар давраи амали созишномаи шарикии давлат ва бахши хусусӣ хусусӣ гардонида намешаванд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 17.02.2017 № 65).