Размер шрифта
Цвет фона и шрифта
Изображения
Озвучивание текста
Обычная версия сайта
Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
  • ДАР БОРАИ КУМИТА
  • МАРКАЗИ МАТБУОТӢ
  • ТЕНДЕРҲО
  • ТАМОС
  • ...
    "/>
    Русский English
    Тоҷикӣ
    Сармоягузорӣ
    • Сармоягузории давлатӣ
    • Имкониятҳои сармоягузорӣ
    • Роҳнамои сармоягузор
    • Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
    • Харитаи сармоягузорӣ
    Соҳибкорӣ
    • Дастгирии давлатии соҳибкорӣ
    • Нишондиҳандаҳои рушди фаъолияти соҳибкорӣ
    • Механизмҳои ҳамкорӣ
    • Санҷиши фаъолият
    • Раёсати иҷозатномадиҳӣ
    • Рейтингҳо
    • Соҳибкории занон
    • Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
    Моликияти давлатӣ
    • Идораи моликияти давлатӣ
    • Таҷдид ва хусусигардонӣ
    • Сохторҳои идораи амволи давлатӣ
    • Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
    Чаро Тоҷикистон?

      • Тоҷикӣ
        • Забон
        • Тоҷикӣ
        • Русский
        • English
      • +992 (37) 221-86-59
      • Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734000, ш. Душанбе, Шоҳтемур 27.
      • info@investcom.tj
      • Соатҳои корӣ аз 8:00 то 17:00

      Ҷойгиркунии мақомотҳои давлатӣ дар масоҳатҳои давлатӣ

      Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

      ҚАРОР

      Дар бораи Тартиби гузаронидани объектҳои моликияти ҷумҳуриявӣ ва моликияти коммуналӣ

      Мутобиқи моддаи 14 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон", моддаи 26 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ" ва моддаи 51 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

      1. Тартиби гузаронидани объектҳои моликияти ҷумҳуриявӣ ва моликияти коммуналӣ тасдиқ карда шавад (замима мегардад).

      2. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 апрели соли 1998, № 129 "Дар бораи тартиби супоридани амволи корхонаҳо, ташкилоту муассисаҳо, биноҳо ва иншоотҳои давлатӣ" аз эътибор соқит дониста шавад.


      Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
      Эмомалӣ Раҳмон

      аз 2 марти соли 2013, № 92

      ш. Душанбе


      Бо қарори Ҳукумати 

      Ҷумҳурии Тоҷикистон 

      аз 2 марти соли 2013, № 92 

      тасдиқ шудааст

      Тартиби гузаронидани объектҳои моликияти ҷумҳуриявӣ ва моликияти коммуналӣ

      1. Тартиби гузаронидани объектҳои моликияти ҷумҳуриявӣ ва моликияти коммуналӣ (минбаъд - Тартиб) бо мақсади пешбурди низоми ягона дар самти идораи самарабахш, таъмини ҳамоҳангсозии мутамарказ ва баҳисобгирии моликияти давлатӣ таҳия гардидааст.

      2. Меъёрҳои Тартиб нисбат ба корхонаҳо аа ташкилоту муассисаҳои давлатии мансуб ба моликияти ҷумҳуриявӣ ва моликияти коммуналӣ ва амволи онҳо, инчунин ҷамъиятҳои хоҷагидоре, ки дар сармояи оинномавии онҳо ҳиссаи давлат мавҷуд мебошад, татбиқ карда мешавад. 

      3. Мутобиқи Тартиб гузаронидани моликияти давлатӣ ба таври зерин муқаррар карда мешавад:

      а) дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон: 

      - гузаронидани корхона ва ташкилоту муассисаҳои давлатӣ аз ихтиёри як мақоми давлатӣ ба ихтиёри мақоми давлатии дигар, аз моликияти ҷумҳуриявӣ ба моликияти коммуналӣ, аз моликияти коммуналӣ ба моликияти ҷумҳуриявӣ, аз моликияти коммуналӣ ба моликияти коммуналии дахлдори дигар, бо дарназардошти хулосаи мақомоти иштироккунандаи гузаронидани моликияти давлатӣ ва пешниҳоди мақоми ваколатдори давлатии идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

      б) дар асоси фармоиши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон: 

      - гузаронидани амволи ғайриманқули давлатӣ аз моликияти ҷумҳуриявӣ ба моликияти коммуналӣ, аз моликияти коммуналӣ ба моликияти ҷумҳуриявӣ, аз тавозуни яке аз корхона ва ташкилоту муассисаҳои ҷумҳуриявӣ ба тавозуни дигар корхона ва ташкилоту муассисаҳои ҷумҳуриявӣ, бо дарназардошти хулосаи мақомоти иштироккунандаи гузаронидани моликияти давлатӣ ва пешниҳоди мақоми ваколатдори давлатии идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

      - гузаронидани иншооти сохтмонашон нотамом тавассути муайян намудани фармоишгари сохтмони он, бо дарназардошти хулосаи мақомоти иштироккунандагони гузаронидани моликияти давлатӣ;

      - гузаронидани амволи ғайриманқул аз тавозуни ҷамъиятҳои саҳомӣ мутобиқи қарори маҷлиси умумии саҳмдорон;

      - ҷойгир намудани мақомоти давлатӣ дар бино ва иншооти давлатӣ, бо дарназардошти хулосаи мақомоти дахлдор.

      4. Гузаронидани воситаҳои асосии манқули давлатӣ (воситаҳои нақлиётӣ ва механизмҳо, таҷҳизоту воситаҳои компютерӣ, мебелу инвентар ва дигар воситаҳои манқул) аз моликияти ҷумҳуриявӣ ба моликияти коммуналӣ, аз моликияти коммуналӣ ба моликияти ҷумҳуриявӣ, аз тавозуни яке аз корхонаҳо ва ташкилоту муассисаҳои ҷумҳуриявӣ ба тавозуни дигар корхонаҳо ва ташкилоту муассисаҳои ҷумҳуриявӣ, дар мувофиқа бо мақомоти иштироккунандаи гузаронидани моликияти давлатӣ дар асоси қарори мақоми ваколатдори давлатии идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.

      5. Гузаронидани воситаҳои асосӣ (ғайриманқул ва манқул) аз тавозуни яке аз корхонаҳо ва ташкилоту муассисаҳои ҷумҳуриявӣ ба тавозуни дигар корхонаҳо ва ташкилоту муассисаҳои ҷумҳуриявӣ, ки дар тобеияти як мақоми давлатӣ қарор доранд, дар мувофиқа бо мақоми ваколатдори давлатии идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси қарори мақоми идоракунии дахлдори Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.

      6. Гузаронидани моликияти коммуналӣ ба моликияти ҷумҳуриявӣ мутобиқи бандҳои 3 ва 4 Тартиби мазкур дар асоси қарори маҷлиси вакилони халқ ва дар ҳудуди салоҳият дар асоси қарори раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо амалӣ карда мешавад.

      7. Гузаронидани моликияти коммуналӣ ба моликияти коммуналии дахлдори дигар ба ғайр аз объектҳое, ки дар зербанди а) банди 3 Тартиби мазкур зикр гардидаанд, бо дарназардошти хулосаи иштироккунандагони гузаронидани моликияти давлатӣ ва дар асоси қарорҳои мақомоти намояндагии маҳаллии ҳокимияти давлатии дахлдор амалӣ карда мешавад.

      8. Барои гузаронидани амволи мансуб ба моликияти давлатӣ, ки дар тавозуни ҷамъиятҳои саҳомии хусусигардида қарор доранд, розигии дорандаи тавозун гирифта намешавад.

      9. Вазорату идораҳо, маҷлисҳои вакилони халқ, раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, корхона ва ташкилоту муассисаҳои давлатӣ ҳуқуқ надоранд, ки бе розигии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон моликияти давлатиро ба корхонаю ташкилотҳое, ки шакли моликияташон ғайридавлатӣ мебошад ва шахсони воқеӣ ройгон супоранд.


      11.10.2022
      4 277
      Саҳифаи асосӣ
      • Идораи моликияти давлатӣ
        • Корхонаҳои давлатӣ
        • Ҷойгиркунии мақомотҳои давлатӣ дар масоҳатҳои давлатӣ
        • Консерватсияи амвол
        • Металли сиёҳ ва ранга
        • Консессия
        • Иҷора
        • Аз эътибор соқит намудани моликияти давлатӣ
        • Барҳамдиҳиии корхонаҳо
        • Баҳодиҳии амвол
        • Хусусигардонии манзил
      • Таҷдид ва хусусигардонӣ
        • Лоиҳаҳои инфиродии хусусигардонӣ
        • Чамьиятҳои саҳомӣ
        • Хусусигардонӣ
        • Иншооти сохтмонаш нотамом
        • Фуруши саҳмияҳо ва амвол
      • Сохторҳои идораи амволи давлатӣ
        • Хадамоти назорати давлатии истифодаи амволи давлатӣ
        • Корхонаи воҳиди давлатӣ оид ба нархгузорӣ


      Сармоягузорӣ
      Сармоягузории давлатӣ
      Имкониятҳои сармоягузорӣ
      Роҳнамои сармоягузор
      Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
      Харитаи сармоягузорӣ
      Соҳибкорӣ
      Дастгирии давлатии соҳибкорӣ
      Нишондиҳандаҳои рушди фаъолияти соҳибкорӣ
      Механизмҳои ҳамкорӣ
      Санҷиши фаъолият
      Раёсати иҷозатномадиҳӣ
      Рейтингҳо
      Соҳибкории занон
      Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
      Моликияти давлатӣ
      Идораи моликияти давлатӣ
      Таҷдид ва хусусигардонӣ
      Сохторҳои идораи амволи давлатӣ
      Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
      Чаро Тоҷикистон?
      2024 © Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
      Яндекс.Метрика
      ТАМОС БО МО