ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи фаъолияти баҳодиҳӣ (нархгузорӣ)
(Қонуни ҶТ аз 6.10.2008 № 428)
Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқии муносибатҳоеро, ки ҳангоми амалӣ намудани фаъолияти баҳодиҳӣ (нархгузорӣ) бо мақсади муқаррар намудани арзиши бозорӣ ё арзиши дигари объектҳои баҳодиҳӣ (нархгузорӣ) ба миён меоянд, ба танзим дароварда, ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои субъектҳои фаъолияти баҳодиҳиро (нархгузориро) новобаста аз шакли моликияташон муайян мекунад.
БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:
-фаъолияти баҳодиҳӣ (нархгузорӣ) - фаъолияти соҳибкорие, ки аз ҷониби субъектҳои фаъолияти баҳодиҳӣ (нархгузорӣ) барои муайян намудани арзиши бозорӣ ва ё арзиши дигари объектҳои баҳодиҳӣ (нархгузорӣ) -(минбаъд -нархгузорӣ) дар санаи муқарраргардида анҷом дода мешавад, агар дар қонунҳо тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад;
-нархгузор -шахси воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки барои амалӣ гардонидани фаъолияти нархгузорӣ иҷозатнома дорад;
-объекти нархгузорӣ - объектҳои ҳуқуқи гражданӣ, ки нисбати онҳо фаъолияти нархгузорӣ баргузор шуданаш мумкин аст;
-усули нархгузорӣ - маҷмӯи амалиёти характери ҳуқуқӣ, иқтисодию молиявӣ, ташкилию техникӣ дошта, ки барои муайян намудани арзиши бозорӣ ё арзиши дигари объектҳои нархгузорӣ истифода мешаванд;
-нархгузории такрорӣ - муайян намудани арзиши бозорӣ ва ё арзиши дигари объектҳои нархгузорӣ дар натиҷаи пайдоиши баҳс байни нархгузору фармоишгар аз як тараф ва шахсони сеюм аз тарафи дигар;
-нархи бозории объекти нархгузорӣ - нархи тахминие, ки бо он объекти мазкур дар бозори кушод дар шароити мавҷудияти рақобат харида ва ё фурӯхта шуда метавонад ва дар ҳолате, ки иштирокчиёни муомилот (харидору фурӯшанда) барои хулосабарорӣ ҳамаи маълумоти дастрасбударо доранд ва ба андозаи нархи муомилот ягон ҳолати фавқулодда таъсир намерасонад, дар ҳолатҳое,ки:
а) на харидор ва на фурӯшанда барои харидан ва ё фурӯхтани объекти мазкур ӯҳдадории ҳатмӣ надоранд ва ба онҳо аз ягон тараф бо мақсади маҷбур кардан барои харидан ва ё фурӯхтани объекти мазкур таъсир расонида нашудааст;
б) нархи объект дар шакли пулӣ ифода шудааст;
в) иштирокчиёни муомилот аз хусусиятҳои объекти муомилотшаванда ба хубӣ огоҳанд ва ба манфиати худ рафтор мекунанд;
г) объекти нархгузоришаванда дар бозори кушод, дар шароите, ки ҳамаи хоҳишмандони муомилот иштирок намуда метавонанд, пешниҳод гардидааст;
д) нархи объекти муомилашаванда ҳамарзиши маблағи пардохтшуда ба объекти нархгузорӣ буда, ба тарафҳои муомилот аз ягон ҷониб дахолат мушоҳида нагардидааст;
-арзиши дигар - ҳамагуна арзиши объекти нархгузорӣ, ба истиснои арзиши бозории он (арзиши мувозинавӣ, арзиши боқимонда ва ғайра);
-фармоишгар - шахси воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки аз хизмати нархгузор истифода мебарад;
-ҳисобот оид ба натиҷаи нархгузорӣ - ҳисоботи хаттии ба фармоишгар супоридашавандаи нархгузор дар бораи натиҷаи кори нархгузорӣ дар шакл ва мазмуне, ки аз тарафи мақомоти ваколатдор тасдиқ шудааст ва ба талаботи Қонуни мазкур мувофиқат менамояд;
-мақомоти ваколатдор - мақомоти давлатӣ, ки фаъолияти иҷозатномадиҳӣ, назоратӣ, ҳамчунин роҳбариро дар соҳаи нархгузорӣ амалӣ менамояд.
Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи фаъолияти нархгузорӣ
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи фаъолияти нархгузорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад.
Моддаи 3. Прнисипҳои асосии фаъолияти нархгузорӣ
Принсипҳои асосии фаъолияти нархгузорӣ инҳоянд:
-беғаразӣ;
-воқеият;
-боэътимодӣ;
-босалоҳиятӣ;
-шаффофият.
Моддаи 4. Субъектҳои фаъолияти нархгузорӣ
Субъектҳои фаъолияти нархгузорӣ аз як тараф шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ мебошанд, ки барои машғул шудан ба фаъолияти нархгузорӣ иҷозатнома доранд ва аз тарафи дигар шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие мебошанд, ки ҳамчун фармоишгар баромад мекунанд.
Моддаи 5. Объектҳои нархгузорӣ
Ба объектҳои нархгузорӣ объектҳои зерин тааллуқ доранд:
-объектҳои алоҳидаи моддӣ (ашё), аз он ҷумла объектҳои бесоҳиб;
-маҷмӯи ашёҳои ташкилдиҳандаи амволи шахс, аз ҷумла амволи намуди муайян (манқул ё ғайриманқул, аз ҷумла корхонаҳо);
-ҳуқуқи моликият ва дигар ҳуқуқҳои молӣ ба амвол ё ашёҳои алоҳида аз таркиби амвол;
-ҳуқуқи талаб намудан, ӯҳдадориҳо (қарзҳо);
-корҳо, хизматрасонӣ, иттилоот;
-объектҳои ғайримоддӣ (аз ҷумла моликияти зеҳнӣ);
-дигар объектҳои ҳуқуқи гражданӣ, ки нисбати онҳо дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон имконияти иштирок кардан дар муомилоти гражданӣ пешбинӣ шудааст.
Моддаи 6. Мақомоти салоҳиятдори давлатӣ дар соҳаи нархгузорӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии маҳаллӣ, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқи оид ба нархгузории объектҳои ба онҳо тааллуқдоштаи нархгузорӣ
Мақомоти салоҳиятдори давлатӣ дар соҳаи нархгузорӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии маҳаллӣ, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар асоси талаботи пешбининамудаи Қонуни мазкур ба нархгузории ҳамаи объектҳои ба онҳо тааллуқдоштаи нархгузорӣ аз ҷониби нархгузор ҳуқуқ доранд.
Ҳуқуқ оид ба нархгузории объекти нархгузорӣ аз тартиби амалӣ гардонидани ҳисоботи омори давлатӣ ва ҳисоботи муҳосибӣ, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст, вобаста намебошад. Ҳамин ҳуқуқ ҳангоми нархгузории такрорӣ ба объекти нархгузорӣ низ паҳн мегардад. Натиҷаҳои нархгузории объекти нархгузорӣ метавонанд барои саҳеҳ гардонидани нишондиҳандаҳои ҳисоби муҳосиботӣ ва ҳисобот истифода шаванд.
Дар ҳолатҳои зарурӣ шахсони манфиатдор тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба натиҷаҳои нархгузории объекти нархгузорӣ метавонанд шикоят кунанд.
Моддаи 7. Эҳтимолияти муайян намудани арзиши бозории объекти нархгузорӣ
Агар дар санади меъёрии ҳуқуқие, ки баргузории ҳатмии нархгузории объекти нархгузориро талаб наменамояд ё дар шартнома оид ба нархгузории объекти нархгузорӣ (минбаъд шартнома) нархгузории мушаххаси объекти нархгузорӣ муайян нашуда бошад, бояд арзиши бозории ҳамин объект муқаррар карда шавад.
Қоидаи номбурда дар мавридҳои дар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ истифода шудани мафҳумҳои намуди нархгузориро муайянкунандае, ки дар Қонуни мазкур нишон ва ё шарҳ дода нашудаанд, аз ҷумла истифодаи мафҳумҳои "арзиши ҳақиқӣ", "арзиши воқеӣ", "арзиши мувофиқ" ва ғайра низ татбиқ карда мешавад.
Моддаи 8. Намудҳои нархгузории объектҳои нархгузорӣ
Намудҳои нархгузории объектҳои нархгузорӣ чунинанд:
-нархгузории ҳатмӣ ва нархгузории ташаббусӣ.
Нархгузории ҳатмӣ ҳангоми ба муомилот баровардани объектҳои нархгузории зерин ба амал бароварда мешавад:
-ҳангоми муайян намудани арзиши объекти нархгузорӣ дар ҳолати хусусигардонӣ, ба иҷора додан, ба идоракунии боваринок додан;
-хорич карда шуд (Қонуни ҶТ аз 6.10.2008 № 428);
-ҳангоми фурӯш ва ё бо тарзи дигар бегона намудани объекти нархгузорӣ;
-ҳангоми гузашт кардани ӯҳдадории қарзии ба объекти нархгузорӣ тааллуқдошта;
-ҳангоми супоридани объекти нархгузорӣ ҳамчун ҳисса ба сармояи оинномавии шахсони ҳуқуқӣ, аз он ҷумла шахсони ҳуқуқӣ бо иштироки сармояи хориҷӣ;
-ҳангоми муайян кардани арзиши ибтидоӣ барои музоядаҳо, озмунҳо оид ба фурӯши объектҳои нархгузорӣ;
-ҳангоми муайян намудани иҷорапулӣ барои имзои шартномаи иҷораи объектҳои нархгузорие, ки амволи давлатӣ мебошанд;
-ҳангоми муайян намудани зарари объектҳои суғурташудаи ҳуқуқҳои гражданӣ бар асари фаро расидани ҳолати суғуртавӣ, дар ҳолати суғуртаи ҳатмии объекти нархгузорӣ;
-ҳангоми пайдоиши баҳс оид ба арзиши объекти нархгузорӣ, аз ҷумла ҳангоми милликунонии амвол;
-ҳангоми пайдоиши баҳс оид ба андозаи арзиши иншооти ба гаравгузошташуда (иншооти ипотека) дар мавриди қарзгирии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ тавассути багаравмонии моликияти ғайриманқул (ипотека);
-ҳангоми тартиб додани шартномаи никоҳ ва тақсими амволи зану шавҳари ҷудошаванда бо талаби яке аз тарафҳо, ё ҳар ду тараф дар мавриди пайдоиши баҳс оид ба арзиши ин амвол;
-ҳангоми харидории амвол барои эҳтиёҷоти давлатӣ;
-ҳангоми мусодираи амвол ба манфиати давлат тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;
-ҳангоми нархгузории объекти нархгузорӣ бо мақсади назорати дурусти пардохти андозҳо дар мавриди пайдоиши баҳс дар бораи ҳисоб намудани заминаи андозбандӣ.
Нархгузории ташаббусӣ дар асоси дархости фармоишгар дар бораи нархгузории ҳар як объекти ба фармоишгар тааллуқдошта тибқи Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад.
БОБИ 2. АСОС БАРОИ ФАЪОЛИЯТИ НАРХГУЗОРӢ ВА ШАРТҲОИ ИҶРОШАВИИ ОН
Моддаи 9. Асос барои нархгузории объекти нархгузорӣ
Асос барои нархгузории объекти нархгузорӣ шартномаи оид ба нархгузории байни нархгузор ва фармоишгар мебошад, ки мутобиқи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон баста шудааст.
Мувофиқи шартнома оид ба нархгузорӣ нархгузор ӯҳдадор мешавад, ки барои муқаррар намудани арзиши бозорӣ ё арзиши дигари объектҳои нархгузорӣ хизмат расонад, фармоишгар бошад ӯҳдадор аст, ки ҳаққи ин хизматро пардозад.
Дар шартномаи байни нархгузор ва фармоишгар мумкин аст аз ҷониби ҳамин нархгузор нархгузории объекти нархгузории мушаххас, як қатор объектҳои нархгузорӣ ё хизматрасонии дарозмуддат ба фармоишгар аз рӯи муроҷиати ӯ пешбинӣ шавад.
Дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон нархгузории объекти нархгузорӣ, аз ҷумла нархгузории такрорӣ мумкин аст дар асоси таъиноти суд ё бо қарори мақомоти ваколатдор аз ҷониби нархгузор гузаронида шавад.
Суд дар интихоби нархгузор мустақил аст. Хароҷоти вобаста ба нархгузории объекти нархгузорӣ, ҳамчунин музди меҳнати нархгузор бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пардохта мешавад.
Моддаи 10. Талаботи ҳатмӣ ба шартнома
Ба шартномаи нархгузорӣ меъёрҳои Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи шартномаи муздноки хизматрасонӣ татбиқ карда мешавад.
Шартномаи байни нархгузор ва фармоишгар дар шакли оддии хаттӣ баста мешавад.
Шартнома бояд маълумотҳои зеринро дар бар гирад:
- номи фармоишгар ва нархгузор, суроғаи ҳуқуқии онҳо;
- номи объекти нархгузоришаванда, маҳалли ҷойгиршавии он;
- мӯҳлат ва санаи нархгузорӣ;
- масъулияти тарафҳо;
- асоси бастани шартнома;
- намуди нархгузорӣ;
- намуди арзиши (арзишҳои) муайяншавандаи объекти нархгузорӣ;
- пардохти пулии иҷрои нархгузории объекти нархгузорӣ;
- маълумот дар бораи суғуртаи масъулияти граждании нархгузор;
- шарти махфӣ нигоҳ доштани нархгузорӣ ва маҳдудияти ӯҳдадориҳои нархгузор;
- маълумоти ҳуҷҷати тасдиқкунандаи ҳуқуқи амволии фармоишгар ба объекти нархгузорӣ ё дигар асосҳо, ки ба фармоишгар барои бастани шартнома дар бораи нархгузорӣ ҳуқуқ медиҳанд.
Дар шартнома ба таври ҳатмӣ бояд маълумоти оид ба иҷозатнома доштани нархгузор барои иҷрои фаъолияти нархгузорӣ бо нишон додани рақами тартибӣ ва санаи додани иҷозатнома, мақомоте, ки онро додааст, ҳамчунин мӯҳлати эътибори иҷозатнома зикр карда шавад.
Шартнома оид ба нархгузории ҳам объекти ягонаи нархгузорӣ ва ҳам маҷмӯи объектҳои нархгузорӣ бояд нишондиҳандаи дақиқи ин объекти нархгузорӣ (объектҳои нархгузорӣ), ҳамчунин тавсифи онро (онҳоро) дар бар гирад.
Оид ба нархгузории объекти нархгузории ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии маҳаллӣ тааллуқдошта миёни нархгузор ва шахси аз ҷониби соҳибмулк барои хариду фурӯш ваколатдоркардашуда шартнома баста мешавад, агар дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигар пешбинӣ нашуда бошад.
Моддаи 11. Талаботи умумӣ оид ба мазмуни ҳисоботи нархгузории объекти нархгузорӣ
Саривақт ба тарзи хаттӣ тартиб додан ва ба фармоишгар супоридани ҳисоботи нархгузории объекти нархгузорӣ (минбаъд ҳисобот) аз тарафи нархгузор ба таври мувофиқ иҷро кардани вазифаҳояш мебошад, ки онҳо тибқи созишнома ба зиммаи ӯ гузошта шудаанд.
Ҳисобот набояд ба маънидоди гуногун роҳ диҳад ё ба иштибоҳ андозад. Дар ҳисобот ба тарзи хаттӣ санаи нархгузории объекти нархгузорӣ, стандартҳо дар мавриди нархгузорӣ истифодашуда, мақсад ва вазифаҳои нархгузории объекти нархгузорӣ, инчунин дигар маълумотҳо оварда мешаванд, ки барои маънидоди пурра ва саҳеҳу равшани натиҷаҳои нархгузории объекти нархгузории дар ҳисобот инъикосёфта зарур мебошанд.
Дар мавриде ки агар ҳангоми баргузории нархгузории объекти нархгузорӣ на арзиши бозорӣ, балки намуди дигари арзиш муайян шуда бошад, дар ҳисобот бояд меъёри гузоштани нархи объекти нархгузорӣ ва сабабҳои сарфи назар кардан аз имконияти муайян намудани нархи бозории объекти нархгузорӣ нишон дода шавад.
Дар ҳисобот бояд нишон дода шавад:
-санаи тартиб додан ва рақами тартибии ҳисобот;
-асосҳо барои нархгузории объекти нархгузорӣ аз тарафи нархгузор;
-суроғаи ҳуқуқии нархгузор ва маълумот дар бораи доштани иҷозатнома барои фаъолияти нархгузории ҳамин намуди амвол;
-фамилия, ном, номи падари фармоишгар ва маълумоти ҳатмии (реквизитҳои) фармоишгар;
-тавсифи пурраи объекти нархгузорӣ, нисбати объекти нархгузории ба шахси ҳуқуқӣ тааллуқдошта, маълумоти ҳатмии (реквизитҳои) шахси ҳуқуқӣ ва арзиши мувозинавии ҳамин объекти нархгузорӣ;
-тартиби ягонаи нархгузорӣ барои муайян кардани намуди дахлдори арзиши объекти нархгузорӣ, асоснок кардани истифодабарии онҳо ҳангоми нархгузории ҳамин объекти нархгузорӣ, номгӯи маълумотҳои ҳангоми нархгузории объекти нархгузорӣ истифодашуда бо нишон додани манбаи ба даст овардани онҳо, ҳамчунин имконпазирии фарзияи нархгузории объекти нархгузорӣ;
-пай дар пай муайян намудани арзиши объекти нархгузорӣ ва андозаи ниҳоии объекти нархгузорӣ, ҳамчунин маҳдудият ва ҳадди истифодаи натиҷаи ҳосилшуда;
-санаи муайян шудани арзиши объекти нархгузорӣ;
-номгӯи ҳуҷҷатҳое, ки нархгузор ҳангоми муқаррар намудани тавсифи миқдорӣ ва сифатии объекти нархгузорӣ истифода бурдааст.
Ҳисобот инчунин дигар маълумотҳоеро низ фаро гирифта метавонад, ки ба ақидаи нархгузор барои инъикоси пурраи тарзи ҳисоби арзиши объекти нархгузории мушаххас истифода шудаанд, муҳим мебошанд.
Ҳангоми аз ҷониби чанд нархгузор нархгузорӣ шудани объектҳои нархгузории гуногун, ки ба таркиби объекти нархгузоришаванда дохиланд, ҳисобот аз тарафи ҳар нархгузор бо нишон додани объекти нархгузорие, ки аз рӯи он нархгузориро ба амал овардааст, имзо карда мешавад.
Барои нархгузории намудҳои алоҳидаи объекти нархгузорӣ қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон намунаи махсуси ҳисоботро пешбинӣ карда метавонад.
Ҳисобот бояд саҳифа ба саҳифа рақамгузорӣ, дӯхта, бо мӯҳр тасдиқ шуда, аз тарафи нархгузор-соҳибкори инфиродӣ ё корманди шахси ҳуқуқӣ, ки нархгузории объекти нархгузориро амалӣ намудааст ва роҳбари ӯ имзо карда шавад.
Нусхаи ҳисоботи нархгузории иҷрошуда дар корхонаи нархгузорӣ ба муддати се сол нигоҳ дошта мешавад.
Моддаи 12. Эътиборнокии ҳисобот ҳамчун ҳуҷҷате, ки маълумоти моҳиятан исботкунанда дорад
Андозаи ниҳоии арзиши бозорӣ ё арзиши дигари объекти нархгузории дар ҳисобот зикрёфта, ки дар асос ва аз рӯи тартиби пешбининамудаи Қонуни мазкур таҳия шудааст, эътиборнок ва қобили тавсия ҳисобида мешавад, агар дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигар пешбинӣ нашуда бошад.
БОБИ 3. ҲУҚУҚ ВА ӮҲДАДОРИҲОИ НАРХГУЗОР
Моддаи 13. Ҳуқуқҳои нархгузор
Нархгузор ҳуқуқ дорад:
-мустақилона тарзҳои нархгузории объекти нархгузориро мувофиқи тартиби ягонаи нархгузорӣ истифода намояд;
-ҳангоми нархгузории ҳатмии объекти нархгузорӣ аз фармоишгар таъмини дастрасии ҳаҷми пурраи санадҳои барои иҷрои ин нархгузорӣ даркориро талаб намояд;
-барои иҷрои нархгузории мазкур шарҳу эзоҳ ва маълумоти иловагии заруриро аз фармоишгар гирад;
-дар шакли хаттӣ ё шифоҳӣ аз шахсони сеюм маълумоти заруриро барои нархгузории объекти нархгузорӣ, ба истиснои маълумоти сирри давлатӣ ё тиҷоратидошта дархост намояд. Дар мавриди рад шудани дархост оид ба гирифтани маълумот, агар ин ба дурустии нархгузории объекти нархгузорӣ таъсири воқеӣ расонад, нархгузор онро дар ҳисобот нишон медиҳад;
-дар ҳолатҳои зарурӣ дар асоси шартнома нархгузорон ё мутахассисони дигарро барои ширкат дар нархгузории объекти нархгузорӣ ҷалб намояд;
-дар ҳолатҳое, ки агар фармоишгар шартҳои шартномаро риоя накунад, пешниҳоди маҳсулоти заруриро дар бораи объекти нархгузорӣ таъмин насозад ё шароити кории мутобиқ ба шартномаро таъмин накунад, аз нархгузории объекти нархгузорӣ даст кашад;
-пардохти хароҷоти вобаста ба нархгузории объекти нархгузорӣ ва ҳаққи хизматро барои нархгузории объекти нархгузорӣ, ки суд таъин намудааст, талаб кунад.
Бо мақсади инкишофи фаъолияти нархгузорӣ нархгузорон ҳуқуқ доранд ассотсиатсия, ҷамъиятҳо, ташкилотҳои дигари ғайритиҷоратӣ созмон диҳанд. Хусусиятҳои хоси вазъи ҳуқуқии ассотсиатсия, ҷамъиятҳо, ташкилотҳо тибқи Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешаванд.
Моддаи 14. Ӯҳдадориҳои нархгузор
Нархгузор ӯҳдадор аст:
-ҳангоми иҷрои фаъолияти нархгузорӣ талаботи Қонуни мазкур, санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки дар асоси он қабул шудаанд, риоя намояд;
-ба фармоишгар нисбати имконнопазирии иштироки худ дар нархгузории объекти нархгузорӣ бар асари пайдоиши ҳолатҳое, ки барои нархгузории холисонаи объекти нархгузорӣ мамоният мерасонанд, хабар диҳад;
-дар рафти ба расмиятдарории нархгузории объекти нархгузорӣ ҳифзу нигоҳдории санадҳои аз фармоишгар ва аз шахсони сеюм қабулкардаашро таъмин намояд;
-бо дархости фармоишгар иҷозатнома барои пешбурди фаъолияти нархгузорӣ, маълумот дар бораи доштани суғурта ва ҳуҷҷат дар бораи таҳсилот, ки дар соҳаи нархгузорӣ донишҳои касбии андӯхтаашро тасдиқ мекунад, пешниҳод намояд;
-дар рафти нархгузории объекти нархгузорӣ, ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумоти махфии аз фармоишгар гирифтаашро ошкор накунад;
-ба фармоишгар ҳисоботро дар бораи нархгузории объекти нархгузорӣ пешниҳод намояд;
-нусхаи ҳисоботи тартибдодаашро дар давоми се сол нигоҳ дорад;
-дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон нусхаи ҳисобот ё маълумоти онро ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, суд ё ба дигар мақомоти ваколатдори давлатӣ ва ё ба мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар асоси талаби қонунии онҳо пешниҳод намояд.
Моддаи 15. Мустақилияти нархгузор
Нархгузории объекти нархгузорӣ аз ҷониби нархгузор ба ҷо оварда шуда наметавонад, агар ӯ муассис, соҳибмулк, саҳмиядор ё шахси вазифадори шахси ҳуқуқӣ ё ин ки фармоишгар ё шахси воқеии дар объекти нархгузорӣ манфиати молидошта ё бо шахсони номбурда хешони наздик бошанд.
Ба нархгузории объекти нархгузорӣ иҷозат дода намешавад, агар нархгузор:
-нисбати объекти нархгузорӣ ҳуқуқҳои амволӣ ё ӯҳдадоркунандаи берун аз созишнома дошта бошад;
-муассис, соҳибмулк, саҳмгузор, қарздиҳанда, суғуртакунандаи шахси ҳуқуқӣ бошад ё ин ки шахси ҳуқуқӣ, муассис, саҳмгузор, қарздиҳанда, суғуртакунандаи ширкати нархгузорӣ бошад.
Дахолати фармоишгар ё шахсони дигари манфиатдор ба фаъолияти нархгузор манъ аст, агар ин ба дурустии натиҷаи нархгузории объекти нархгузорӣ таъсири манфӣ мерасонида бошад, аз ҷумла ҳангоми нархгузории объекти нархгузорӣ ба маҳдудкунии доираи масъалаҳои равшаниандозанда ё муайянкунандаи нарх оварда расонад.
Андозаи музди меҳнати нархгузор барои нархгузории объекти нархгузорӣ аз андозаи ниҳоии арзиши объекти нархгузорӣ вобаста шуда наметавонад, агар дар шартномаи нархгузорӣ тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад.
Моддаи 16. Суғуртаи масъулияти граждании нархгузор
Суғуртаи масъулияти граждании нархгузор шарти таъминкунандаи ҳимояи ҳуқуқҳои истифодабарандагони хизмати нархгузорӣ мебошад ва мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба амал бароварда мешавад.
Мавҷудияти суғуртанома барои имзои шартнома дар бораи нархгузории объекти нархгузорӣ шарти ҳатмӣ мебошад.
Суғуртаи масъулияти граждании нархгузор дар шакли бастани шартномаи суғурта доир ба намуди мушаххаси фаъолияти нархгузорӣ (вобаста аз объекти нархгузорӣ) ё аз рӯи шартномаи мушаххас дар бораи нархгузории объекти нархгузорӣ амалӣ шуда метавонад.
Моддаи 17. Масъулияти нархгузор
Нархгузор масъул аст барои:
-вайрон кардани талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва усули нархгузорӣ;
-фош кардани маълумоти дорои сирри давлатӣ ё тиҷоратидошта;
-нодурустии нархгузорӣ;
-беосеб ва пурра нигоҳ доштани ҳуҷҷатҳо ва дигар маълумотҳое, ки ба ӯ барои нархгузорӣ дода шудаанд.
БОБИ 4. ҲУҚУҚ ВА ӮҲДАДОРИҲОИ ФАРМОИШГАР
Моддаи 18. Ҳуқуқҳои фармоишгар
Фармоишгар ҳуқуқ дорад:
-аз нархгузор дар бораи талаботи қонунгузорӣ оид ба нархгузорӣ маълумоти мукаммал гирад;
-бо санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки ҳисобот дар бораи нархгузорӣ ва хулосаи нархгузор ба онҳо асос меёбанд, шинос шавад;
-аз нархгузор оид ба усулҳои амалӣ намудани нархгузорӣ маълумоти заруриро гирад;
-дар ҳолати вайрон кардани шартҳои шартнома аз хизмати нархгузор даст кашад.
Моддаи 19. Ӯҳдадориҳои фармоишгар
Фармоишгар ӯҳдадор аст:
-барои саривақт ва босифат анҷом додани нархгузорӣ тибқи шартнома ба нархгузор шароити мувофиқ фароҳам орад;
-барои нархгузорӣ ба нархгузор ҳуҷҷатҳои зарурӣ пешниҳод намояд, шарҳу эзоҳ диҳад;
-ба фаъолияти нархгузор дахолат накунад, агар он ба дурустии нархгузорӣ таъсири манфӣ расонад;
-бо талаби нархгузор аз номи худ ба унвони шахсони сеюм барои гирифтани маълумоти зарурӣ оид ба нархгузорӣ дархостҳои хаттӣ ирсол намояд.
БОБИ 5. ТАНЗИМИ ФАЪОЛИЯТИ НАРХГУЗОРӢ
Моддаи 20. Назорати амалӣ намудани фаъолияти нархгузорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
Назорати амалӣ намудани фаъолияти нархгузориро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мақомоти ваколатдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - мақомоти ваколатдор) дар доираи салоҳияташ, ки мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар шудааст, ба роҳ мемонад.
Моддаи 21. Тартиби ягонаи нархгузорӣ
Тартиби ягонаи нархгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.
Моддаи 22. Иҷозатномадиҳӣ ба фаъолияти нархгузорӣ
Иҷозатномадиҳӣ ба фаъолияти нархгузорӣ мутобиқи тартиби муқаррарнамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият" амалӣ карда мешавад.
БОБИ 6. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ
Моддаи 23. Баррасии баҳсҳо
Баҳсҳои байни нархгузор ва фармоишгар дар рафти иҷрои шартнома оид ба нархгузорӣ ва (ё) дар бораи боваринокии андозаи арзиши бозорӣ ё арзиши дигари объекти нархгузории дар ҳисобот муқарраршуда, аз ҷумла бинобар мавҷудияти ҳисоботи дигари дар бораи нархгузории ҳамин объект ба миёномада, бо тартиби судӣ баррасӣ карда мешавад.
Моддаи 24. Ҷавобгарӣ барои вайрон кардани Қонуни мазкур
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои вайрон кардани Қонуни мазкур мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
Моддаи 25. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур
Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Э. Раҳмонов
ш. Душанбе
28 июли соли 2006 № 196
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи тасдиқи Қоидаҳои муваққатии анҷомдиҳии фаъолияти баҳодиҳӣ (нархгузорӣ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Стандартҳои баҳодиҳие (нархгузорие), ки истифодаи онҳо барои субъектҳои фаъолияти баҳодиҳӣ (нархгузорӣ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳатмӣ мебошанд
Мутобиқи моддаи 14 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва бо мақсади ташаккул ва татбиқи сиёсати ягонаи давлатӣ дар соҳаи фаъолияти баҳодиҳӣ (нархгузорӣ) Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Қоидаҳои муваққатии анҷомдиҳии фаъолияти баҳодиҳӣ (нархгузорӣ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Стандартҳои баҳодиҳие (нархгузорие), ки истифодаи онҳо барои субъектҳои фаъолияти баҳодиҳии (нархгузории) Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳатмӣ мебошанд, тасдиқ карда шаванд (замима мегарданд).
2. Кумитаи давлатии идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи фаъолияти баҳодиҳӣ (нархгузорӣ)"-ро таҳия намуда бо тартиби муқарраргардида ба баррасии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намояд.
Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Э. Раҳмонов
аз 3 майи соли 2006 № 192
ш. Душанбе
Замима
бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 3 майи соли 2006 № 192
тасдиқ шудааст
Қоидаҳои муваққатии анҷомдиҳии фаъолияти баҳодиҳҷ (нархгузорҷ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қоидаҳои муваққатии анҷомдиҳии фаъолияти баҳодиҳҷ (нархгузорҷ) дар ҶумҳурииТоҷикистон (минбаъд - Қоидаҳо) - муносибатҳоеро, ки ҳангоми анҷомдиҳии фаъолиятибаҳодиҳҷ (нархгузорҷ) бо мақсади муайян намудани арзиши бозорҷ ё дигар арзиши обектҳоибаҳодиҳҷ (нархгузорҷ) ба вуҷуд меоянд, танзим месозанд ва ҳуқуқу ӯҳдадориҳои субъектҳоифаъолияти баҳодиҳиро (нархгузориро) сарфи назар аз шакли моликияташон муайян мекунанд.
Қоидаҳои мазкур то қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи фаъолиятибаҳодиҳҷ (нархгузорҷ)" амал мекунанд.
I. Муқаррароти умумӣ
1. Таҳти мафҳуми фаъолияти баҳодиҳӣ (нархгузорӣ) фаъолияти субъектҳои фаъолияти баҳодиҳӣ (нархгузорӣ), ки ба муқарраркунӣ нисбати объектҳои баҳодиҳии (нархгузории) арзиши бозорӣ ё арзиши дигар нигаронида шудааст, фаҳмида мешавад.
Арзиши бозории объектҳои баҳодиҳӣ (нархгузорӣ) нархи нисбатан эҳтимолие фаҳмида мешавад, ки ин объекти баҳодиҳӣ (нархгузорӣ) метавонад аз рӯи он дар бозори озод дар шароити рақобат фурӯхта шавад, дар сурате ки тарафҳои муомила оқилона амал карда, тамоми иттилоотро дар ихтиёр доранд ва ба бузургии нархи муомила ягон ҳолатҳои фавқулодда таъсир намерасонанд, яъне ҳангоме ки:
- яке аз тарафҳои муомила ӯҳдадор нест объекти баҳодиҳиро (нархгузорриро) фурӯшад, тарафи дигар бошад, ӯҳдадор нест иҷроро қабул намояд;
- тарафҳои муомила аз мавзӯи муомила хуб огоҳанд ва ба манфиати худ амал мекунанд;
- объекти баҳодиҳӣ (нархгузорӣ) дар бозори кушода дар шакли офертаи оммавӣ пешниҳод шудааст;
- нархи муомила пардохти оқилона барои объекти баҳодиҳӣ (нархгузорӣ) буда, маҷбурсозӣ ба анҷомдиҳии муомила нисбати тарафҳои муомила аз ҷониби ягон тараф вуҷуд надошт;
- пардохт барои объекти баҳодиҳӣ (нархгузорӣ) дар шакли маблағ (пул) ифода ёфтааст.
Субъектҳои фаъолияти баҳодиҳӣ (нархгузорӣ), аз як тараф, шахсони вокеӣ ва ҳуқуқӣ сарфи назар аз шаклҳои ташкилию-ҳуқуқӣ ва моликият (нархгузорон), аз тарафи дигар - истеъмолгарони хизмати онҳо (фармоишгарон) эътироф мешаванд.
Ба объектҳои баҳодиҳӣ (нархгузорӣ) инҳо мансубанд:
- мавод, объектҳои (ашёҳои) алоҳида;
- маҷмӯи ашёҳое, ки амволи шахсро ташкил медиҳанд, аз ҷумла амволи намуди муайян (манқул ё ғайриманқул, аз ҷумла корхона);
- ҳуқуқи моликият ва дигар ҳуқукҳои ашёӣ ба амвол ё ашёи алоҳида аз таркиби амвол;
- ҳуқуқҳои талабот, ӯҳдадориҳо (қарзҳо);
- дигар объектҳои ҳукуки шаҳрвандӣ, ки нисбати онҳо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон имконияти иштирок кардан дар муомилоти шаҳрвандиро муқаррар намудааст.
2. Ҳуқуқ ба гузаронидани баҳодиҳӣ (нархгузорӣ):
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ҳақ доранд, ки ҳама гуна объектҳои баҳодиҳии (нархгузории) ба онҳо таалуқдоштаро тавассути нархгузор дар асос ва бо шартҳои пешбининамудаи ин Қоидаҳо баҳодиҳӣ (нархгузорӣ) намояд.
3. Пешниҳод оид ба муқаррар намудани арзиши бозории объекти баҳодиҳӣ (нархгузорӣ):
дар сурате ки, агар дар санади меъёрии ҳуқуқие, ки он гузаронидани баҳодиҳии (нархгузории) ҳатмии ягон объекти баҳодиҳиро (нархгузориро) тақозо менамояд, ё ки дар шартнома оид ба нархгузории объекти баҳодиҳӣ (нархгузорӣ) (минбаъд - шартнома) намуди мушаххаси арзиши объекти баҳодиҳӣ (нархгузорӣ) муайян нагардида бошад, бояд арзиши бозории ин объект муқаррар карда шавад;
ин қоида бояд ҳамчунин дар сурати истифодаи истилоҳҳои муайянкунандаи намуди арзиши объекти баҳодиҳӣ (нархгузорӣ), аз ҷумла истилоҳҳои "арзиши аслӣ", "арзиши оқилона", "арзиши баробар", "арзиши воқеӣ" ва ғайра дар санади меъёрии ҳуқуқии пешбининамудаи ин қоидаҳо ва стандартҳои баҳодиҳӣ (нархгузорӣ) низ истифода гардад.
4. Ҳатмӣ будани гузаронидани баҳодиҳӣ (нархгузорӣ):
а) Гузаронидани баҳодиҳии (нархгузории) объектҳои ҳуқукҳои гражданӣ дар сурати ба муомила ҷалб намудани амволи (ҳиссаи амволи) ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, воҳидҳои маъмурӣ-ҳудудии он тааллуқдошта ҳатмӣ мебошад, аз ҷумла:
- ҳангоми муайян намудани нархи ибтидоӣ дар музоядаҳо, тендерҳо ва озмунҳо оид ба фурӯш ва ба иҷора додани объектҳои баҳодиҳӣ (нархгузорӣ);
- ҳангоми муайян намудани арзиши объектҳо бо мақсади хусусигардонӣ ё ба идораи боваринок супурдани онҳо;
- ҳангоми муайян кардани иҷорапулӣ барои бастани шартномаҳои иҷораи объектҳои баҳодиҳӣ (нархгузорӣ);
- ҳангоми истифодаи объектҳои баҳодиҳӣ (нархгузрӣ) ба сифати мавзӯи (ашёӣ) гарав;
- ҳангоми баҳодиҳии (нархгузории) объектҳои баҳодиҳӣ (нархгузорӣ) бо мақсади ҳалли баҳсҳои амволӣ, дар сурате ки ба сифати яке аз ҷонибҳои баҳс мақоми ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё корхонаи давлатӣ баромад мекунад;
- ҳангоми фурӯш, супурдани объектҳои баҳодиҳӣ (нархгузорӣ) ба шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ;
- ҳангоми ба шахси дигар вогузор намудани ӯҳдадориҳои вобаста ба объектҳои баҳодиҳӣ (нархгузорӣ);
- ҳангоми татбиқи барномаҳои инвеститсионӣ (сармоягузорӣ) бо ҷалби маблағҳои буҷетҳои ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ ё таҳти кафолати давлат, ҳангоми интихоби пудратчӣ барои татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ, ҳамчунин ҳангоми арзёбии супоришҳо ва шартҳои техникӣ барои таҳияи чунин лоиҳаҳо;
- ҳангоми истифодаи тиҷоратии (капитализатсияи) маблағҳои буҷетҳои ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ ё маблағҳои фондҳои ғайрибуҷетӣ;
- ҳангоми супурдани объектҳои баҳодиҳӣ (нархгузорӣ) ба сифати саҳм ба сармояи (фондҳои) оинномавии шахсони ҳуқуқӣ, аз ҷумла шахсони хуқуқии дорои ҳиссаи сармояи хориҷӣ;
- ҳангоми муайян намудани зарари ба объектҳои суғурташудаи ҳуқуқҳои гражданӣ расонидашуда дар натиҷаи фарорасии ҳолати суғурта, дар сурати суғуртаи ҳатмии объекти баҳодиҳӣ (нархгузорӣ);
- ҳангоми реструктуризатсияи қарзҳо бо иштироки корхонаҳои давлатӣ;
- ҳангоми аз моликон харида гирифтани амвол барои эҳтиёҷоти давлатӣ;
- ҳангоми барҳамдиҳии корхонаи давлатӣ ё шахси ҳуқуқие, ки дар сармояи оиномавии он ҳиссаи давлат вуҷуд дорад;
- ҳангоми амалиёти лизингие, ки яке аз ҷонибҳои он корхонаи давлатӣ мебошад.
б) Гузаронидани баҳодиҳии (нархгузории), (азнавнархгузории) объектҳои ҳуқуқҳои гражданӣ ҳамчунин дар ҳолатҳои зерин ҳатмӣ мебошад:
- милликунонии амвол;
- ҳангоми анҷомдиҳии назорат ба дурустии пардохти андозҳо ва боҷҳо;
- барои мақсадҳои ҳисоби ҳатмӣ ва пурраи тамоми дороиҳои (активҳои) ташкилот, аз ҷумла барои мақсадҳои андозбандӣ;
- ҳангоми суғуртаи ҳатмии давлатӣ барои муайян намудани зиёни расонидашуда ба амволи суғурташуда дар натиҷаи фарорасии ҳолати суғурта;
- ҳангоми тағйирёбии ҳуқуқи соҳибият ба амволе, ки таҳти идораи боваринок қарор дорад, дар сурати ба миён омадани баҳс оид ба арзиши объекти идорашаванда;
- ҳангоми таҳияи қарордодҳои никоҳ ё тақсими амволи ҳамсарони ҷудошаванда, бо талаби яке аз тарафҳо ё ҳар ду тараф, дар сурати ба миён омадани баҳс оид ба арзиши ин амвол;
- ҳангоми конвертатсияи саҳмияҳо, муттаҳидшавӣ ё тақсимшавии ҷамъиятҳои саҳомӣ, дар сурати ба миён омадани баҳс оид ба арзиши амвол.
в) Номгӯи дар ин банд муқарраргардидаи ҳолатҳое, ки баҳодиҳии (нархгузории) ҳатмиро тақозо мекунанд, пурра мебошад, агар қонунгузорӣ ҳолатҳои дигареро муқаррар накунад.
II. Асосҳо барои анҷомдиҳии фаъолияти баҳодиҳӣ (нархгузорӣ) ва шартҳои анҷомдиҳии он
5. Асос барои гузаронидани баҳодиҳии (нархгузории) объекти баҳодиҳӣ (нархгузорӣ) шартномаи байни нархгузор ва фармоишгар мебошад.
Дар шартномаи байни нархгузор ва фармоишгар метавонад аз ҷониби нархгузори мазкур гузаронидани баҳодиҳии (нархгузории) объекти мушаххаси баҳодиҳӣ (нархгузорӣ), як қатор объектҳои баҳодиҳӣ (нархгузорӣ) ё хизматрасонии дарозмуддати фармоишгар дар асоси дархостҳои он пешбинӣ карда шавад.
Дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳодиҳии (нархгузории) объекти баходиҳӣ (нархгузорӣ), аз ҷумла такрорӣ, метавонад аз ҷониби нархгузор дар асоси санади суди гузаронида шавад.
Хароҷоти вобаста ба гузаронидани баҳодиҳии (нархгузории) объекти баҳодиҳӣ (нархгузорӣ), инчунин ҳаққи хизмати нархгузор бояд тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷуброн (пардохта) шавад.
6. Шартномаи байни нархгузор ва фармоишгар дар шакли хаттӣ баста мешавад.
Дар шартнома бояд инҳо зикр гарданд:
- асос барои бастани шартнома;
- намуди объекти баҳодиҳӣ (нархгузорӣ);
- намуди арзиши (арзишҳои) муайяншавандаи объекти баҳодиҳӣ (нархгузорӣ);
- ҳаққи хизмат барои гузаронидани баҳодиҳии (нархгузории) объекти баҳодиҳӣ (нархгузорӣ).
Дар шартнома дар бораи баҳодиҳии (нархгузории), объекти баҳодиҳии (нархгузории) алоҳида ва як чанд объектҳои баҳодиҳӣ (нархгузорӣ) бояд нишондоди дақиқи ин объекти (объектҳои) баҳодиҳӣ (нархгузорӣ), инчунин шарҳи он (онҳо) зикр карда шаванд.
Нисбати баҳодиҳии (нархгузории) объектҳои баҳодиҳие (нархгузорие), ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ё воҳидҳои маъмурию-ҳудудии он тааллук доранд, шартнома аз ҷониби нархгузор бо шахси ваколатдорнамудаи молик барои анҷом додани муомила бо объектҳои баҳодиҳӣ (нархгузорӣ) баста мешавад, агар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигареро муқаррар накарда бошад.
Андозаи ҳаққи хизмати нархгузор барои гузаронидани баҳодиҳии (нархгузории) объекти баҳодиҳӣ (нархгузорӣ) наметавонад аз бузургии ниҳоии арзиши объекти баҳодиҳӣ (нархгузорӣ) вобаста бошад.
7. Иҷрои дурусти ӯҳдадориҳои ба зиммаи нархгузор вогузорнамудаи шартнома, аз ҷониби ӯ сари вақт дар шакли хаттӣ таҳия гардидани ҳисобот оид ба нархгузории объекти баҳодиҳӣ (нархгузорӣ), (минбаъдҳисобот) ва ба фармоишгар супурдани он мебошад.
Ҳисобот набояд ба шарҳи гуногунмаъно роҳ диҳад ё ба иштибоҳ орад. Дар ҳисобот ба таври ҳатмӣ санаи гузаронидани баҳодиҳии (нархгузории) объекти баҳодиҳӣ (нархгузорӣ), стандартҳои баҳодиҳии (нархгузории) истифодашаванда, мақсад ва вазифаҳои гузаронидани нархгузории объект зикр мегарданд, инчунин дигар маълумотҳое, ки барои шарҳи пурраю дақиқи натиҷаҳои гузаронидани баҳодиҳии (нархгузории) объекти баҳодиҳии (нархгузории) дар ҳисобот инъикосгардида заруранд, оварда мешаванд.
Дар сурате ки агар ҳангоми гузаронидани баҳодиҳии (нархгузории) объекти баҳодиҳӣ (нархгузорӣ) на арзиши бозорӣ, балки дигар намуди нарх муайян карда шавад, дар ҳисобот бояд критерияҳои (шартҳои) муқаррарсозии нархи объекти баҳодиҳӣ (нархгузорӣ) ва сабабҳои истифода накардани имконияти муайянкунии арзиши бозории объекти баҳодиҳӣ (нархгузорӣ) зикр карда шаванд.
Дар ҳисобот бояд инҳо зикр карда шаванд:
- санаи таҳия ва рақами тартибии ҳисобот;
- асос барои аз ҷониби нархгузор гузаронидани баҳодиҳии (нархгузории) объекти баҳодиҳӣ (нархгузорӣ);
- суроғаи ҳуқуқии нархгузор ва маълумот оид ба иҷозатномаи(литсензияи) ба ӯ додашуда барои анҷомдиҳии фаъолияти баҳодиҳӣ (нархгузорӣ) тибқи ин намуди амвол;
- шарҳи дақиқи объекти баҳодиҳӣ (нархгузорӣ), нисбати объекти баҳодиҳии (нархгузории) ба шахси ҳуқуқӣ тааллуқдошта бошад,реквизитҳои шахси ҳуқукӣ ва арзиши балансии ин объекти баҳодиҳӣ (нархгузорӣ);
- стандартҳои баҳодиҳӣ (нархгузорӣ) барои муайянкунии намуди дахлдори арзиши объекти баҳодиҳӣ (нархгузорӣ), асоснокии истифодаи онҳо ҳангоми гузаронидани баҳодиҳии (нархгузории) ин объекти баҳодиҳӣ (нархгузорӣ), номгӯи маълумотҳои ҳангоми гузаронидани баҳодиҳии (нархгузории) объекти баҳодиҳӣ (нархгузорӣ) истифодашуда бо нишон додани манбаи гирифтани онҳо, инчунин тахминҳои ҳангоми гузаронидани баҳодиҳии (нархгузории) объект қабулшуда;
- пайдарпаии (мураттабии) муайян намудани арзиши объекти баҳодиҳӣ (нархгузорӣ) ва бузургии ниҳоии он, инчунин маҳдудиятҳо ва доираҳои истифодаи натиҷаи бадастомада;
- санаи муайян намудани арзиши объекти баҳодиҳӣ (нархгузорӣ);
- номгӯи ҳуҷҷатҳое, ки аз ҷониби нархгузор истифода мегарданд ва хусусиятҳои миқдорию сифатии объекти баҳодиҳиро (нархгузориро) муқаррар мекунанд.
Ҳисобот ҳамчунин дигар маълумотҳоеро метавонад дар бар гирад, ки ба ақидаи нархгузор барои пуррагии инъикоси усули аз ҷониби ӯ истифодагардидаи ҳисоби арзиши объекти мушаххаси баҳодиҳӣ (нархгузорӣ) хело муҳим мебошанд. Ҳисоботро нархгузор шахсан имзо намуда, бо мӯҳри худ тасдиқ мекунад.
8. Бузургии ниҳоии арзиши бозорӣ ё арзиши дигари объекти баҳодиҳӣ (нархгузорӣ), ки дар ҳисоботи бо асосҳо ва тибқи тартиби дар ин Қоидаҳо пешбинигардида таҳияшуда нишон дода шудааст, боэътимод дониста мешавад ва барои мақсадҳои анҷомдиҳии муомила бо объекти баҳодиҳӣ (нархгузорӣ) тавсия мегардад.
9. Дар сурати вуҷуд доштани баҳс дар мавриди саҳеҳии бузургии арзиши бозорӣ ё арзиши дигари объекти баҳодиҳӣ (нархгузорӣ), ки дар ҳисобот муқаррар шудааст, аз ҷумла инчунин бинобар ҳисоботи дигари мавҷуда оид ба баҳодиҳии (нархгузории) ҳамин объект, баҳси мазкур бояд аз ҷониби суд баррасӣ гардад.
Суд танҳо дар ҳолатҳои ҳатмӣ будани анҷомдиҳии муомила мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, хақ дорад тарафҳоро ӯҳдадор намояд, ки муомиларо бо нархи дар ҷараёни баррасии баҳс дар ҷаласаи судӣ муайяншуда анҷом диҳанд.
10. Нархгузор хуқуқ дорад:
- мустақилона усулҳои гузаронидани баҳодиҳии (нархгузории) объекти баҳодиҳиро (нархгузориро) мутобиқи стандартҳои баҳодиҳӣ (нархгузорӣ) истифода намояд;
- аз фармоишгар талаб кунад, ки ҳангоми гузаронидани нархгузории ҳатмии объекти баҳодиҳӣ (нархгузорӣ) тамоми ҳуҷҷатҳоеро, ки барои анҷомдиҳии ин баҳодиҳӣ (нархгузорӣ) зарур мебошанд, ба ӯ дастрас намояд;
- шарҳу эзоҳот ва маълумотҳои иловагии барои анҷомдиҳии ин баҳодиҳӣ (нархгузорӣ) зарурбударо гирад;
- аз шахсони сеюм иттилооти барои гузаронидани баҳодиҳии (нархгузории) объекти баҳодиҳӣ (нархгузорӣ) зарурбударо дар шакли хаттӣ ё шифоҳӣ дархост намояд, ба истиснои иттилооте, ки сирри давлатӣ ё тиҷоратӣ мебошад;
- дар сурате ки, агар рад гардидани пешниҳоди иттилооти мазкур ба дурустии баҳодиҳии (нархгузории) объекти баҳодиҳӣ (нархгузорӣ) таъсири манфӣ расонад, нархгузор инро дар ҳисобот зикр мекунад;
- дар мавриди зарурат дигар нархгузорон ё мутахассисонро дар асоси шартнома ба гузаронидани баҳодиҳии (нархгузории) объекти баҳодиҳӣ (нархгузорӣ) ҷалб намояд;
- дар ҳолатҳое ки, агар фармоишгар шартҳои шартномаро вайрон кунад, пешниҳод намудани маълумоти заруриро оид ба объекти баҳодиҳӣ (нархгузорӣ) таъмин накунад ё шароити корро тибқи шартнома таъмин накунад, аз гузаронидани баҳодиҳии (нархгузории) объект даст кашад.
11. Нархгузор ӯҳдадор аст:
- ҳангоми анҷомдиҳии фаъолияти баҳодиҳӣ (нархгузорӣ) талаботи ин Қоидаҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар соҳаи фаъолияти баходиҳии (нархгузории) Ҷумҳурии Тоҷикистонро риоя намояд;
- фармоишгарро аз ғайриимкон будани иштироки худ дар гузаронидани баҳодиҳии (нархгузории) объекти баҳодиҳӣ (нархгузорӣ) дар натиҷаи ба миён омадани ҳолатҳои ба гузаронидани баҳодиҳии (нархгузории) объекти баҳодиҳӣ (нархгузорӣ) монеъшаванда хабардор созад;
- маҳфуздории ҳуҷҷатҳоеро, ки аз фармоишгар ва шахсони сеюм дар ҷараёни гузаронидани баҳодиҳии (нархгузории) объекти баҳодиҳӣ (нархгузорӣ) мегирад, таъмин намояд;
- иттилоот оид ба талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи фаъолияти баҳодиҳиро (нархгузориро) ба фармоишгар пешниҳод намояд;
- бо талаби фармоишгар иҷозатнома - (литсензия) барои анҷомдиҳии фаъолияти баҳодиҳиро (нархгузориро) ба ӯ пешниҳод намояд;
- иттилооти махфии дар ҷараёни гузаронидани баҳодиҳии (нархгузории) объекти баҳодиҳӣ (нархгузорӣ) аз фармоишгар гирифтаро ошкор (фош) накунад, ба истиснои ҳолатҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст;
- нусхаҳои ҳисоботи таҳиянамударо дар муддати се сол нигоҳ дорад;
- нусхаҳои ҳисобот ё иттилооти аз онҳо иқтибосшударо ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, суд ё дигар мақомоти ваколатдори давлатӣ ё мақомоти худидоракунии маҳаллӣ тибқи талаботи пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намояд.
12. Гузаронидани баҳодиҳии (нархгузории) объекти баҳодиҳӣ (нархгузорӣ) роҳ дода намешавад, агар:
- нисбати объекти баҳодиҳӣ (нархгузорӣ) нархгузор берун аз шартнома ҳуқуқҳои амволӣ ё ӯҳдадорӣ дошта бошад;
- нархгузор муассис, молик, саҳом, кредитор (қарздиҳанда), суғуртакунандаи шахси ҳуқуқӣ - фармоишгарон мебошад ё фармоишгар муассис, саҳом, кредитор, суғуртакунандаи нархгузор мебошад.
Дахолати фармоишгар ё дигар шахсони манфиатдор ба фаъолияти баҳодиҳӣ (нархгузорӣ) роҳ дода намешавад, агар ин мумкин аст ба эътимоднокии натиҷаи гузаронидани баҳодиҳии (нархгузории) объекти баҳодиҳӣ (нархгузорӣ) таъсири манфӣ расонад, аз ҷумла маҳдудсозии доираи масъалаҳое, ки бояд ҳангоми гузаронидани баҳодиҳии (нархгузории) объекти баҳодиҳӣ (нархгузорӣ) маълум ё муайян карда шаванд.
Нархгузор барои иҷрои хушсифати ӯҳдадориҳои худ, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шартномаи басташуда, масъул мебошад.
Дар ҳолате, ки амалҳои нархгузор ба фармоишгар зарари моддӣ -расонида шуда бошад, он бояд аз тарафи нархгузор мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шартномаи басташуда ҷуброн карда шавад.
III. Танзими фаъолияти баҳодиҳӣ (нархгузорӣ)
13. Назорати давлатиро ба анҷомдиҳии фаъолияти баҳодиҳӣ (нархгузорӣ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми ваколатдорнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - мақоми ваколатдор) дар доираи салоҳияти худ, ки мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар гардидааст, амалӣ менамояд.
14. Вазифаҳои мақоми ваколатдор инҳоянд:
- назорат ба анҷомдиҳии фаъолияти баҳодиҳӣ (нархгузорӣ);
- танзими фаъолияти баҳодиҳӣ (нархгузорӣ);
- ҳамкорӣ бо мақомоти ҳокимияти давлатӣ дар масъалаҳои фаъолияти баҳодиҳӣ (нархгузорӣ) ва ҳамоҳангсозии фаъолияти онҳо;
- таҳия ва мувофиқаи лоиҳаҳои стандартҳои давлатии баҳодиҳӣ (нархгузорӣ);
- мувофиқаи номгӯи талаботе, ки нисбати муассисаҳои таълимии тарбияи касбии нархгузоронро мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷомдиҳанда пешниҳод карда мешаванд.
15. Иҷозатномадиҳии - (литсензиякунонии) фаъолияти баҳодиҳӣ (нархгузорӣ) мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.
16. Стандартҳои давлатии баҳодиҳӣ (нархгузорӣ), ки истифодаашон аз ҷониби субъектҳои фаъолияти баҳодиҳӣ (нархгузорӣ) ҳатмӣ мебошанд, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешаванд.
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 3 майи с. 2006 № 192
тасдиқ шудааст
Стандартҳои баҳодиҳие (нархгузорие), ки истифодаи онҳо барои субъектҳои фаъолияти баҳодиҳӣ (нархгузорӣ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳатмӣ мебошанд
I. Муқаррароти умумӣ
1. Ин стандартҳои баҳодиҳӣ (нархгузорӣ) барои истифода аз ҷониби субъектҳои фаъолияти баҳодиҳӣ (нархгузорӣ) ҳангоми муайянкунии намуди арзиши объекти баҳодиҳӣ (нархгузорӣ), дар муносибат (бархӯрд) нисбати баҳодиҳӣ (нархгузорӣ) ва усулҳои баҳодиҳӣ (нархгузорӣ), инчунин ҳангоми гузаронидани баҳодиҳӣ (нархгузорӣ) ҳатмӣ мебошанд.
2. Ҳангоми таҳияи ҳисобот оид ба баҳодиҳӣ (нархгузорӣ) нархгузор ӯҳдадор аст иттиллотеро истифода намояд, ки эътимоднокии ҳисобот оид ба баҳодиҳӣ (нархгузорӣ)-ро ҳамчун ҳуҷҷат тасдиқ намуда, маълумоти дорои хусусияти тасдиқкунӣ дошта бошад.
II. Муайякунии намудҳои арзиши объекти баҳодиҳӣ (нархгузорӣ),муносибатҳо (бархӯрд) нисбати баҳодиҳӣ (нархгузорӣ) ва усулҳои баҳодиҳӣ (нархгузорӣ)
3. Арзиши бозории объекти баҳодиҳӣ (нархгузорӣ) - нархи нисбатан воқеӣ, ки аз рӯи он объекти баҳодиҳӣ (нархгузорӣ) метавонад дар бозори кушода дар шароити рақобат, ҳангоме ки ба тарафҳои муомила ягон ҳолати фавқулодда таъсир намерасонад, метавонад фурӯхта шавад.
4. Намудҳои арзиши объекти баҳодиҳӣ (нархгузорӣ), ки аз арзиши бозорӣ фарқ мекунанд:
а) арзиши объекти баҳодиҳӣ (нархгузорӣ) бо бозори маҳдуд - арзиши объекти баҳодиҳие (нархгузорие), ки фурӯши он дар бозори кушода ғайриимкон аст ё нисбат ба хароҷоте, ки барои фурӯши молҳои дар бозор озодона дар гардиш буда зарур аст, хароҷоти иловагӣ талаб мекунад;
б) арзиши муовизаи объекти баҳодиҳӣ (нархгузорӣ) - маблағи хароҷот барои сохтани объекти ба объекти баҳодиҳӣ (нархгузорӣ) мутобеҳ, бо нархҳои бозории дар рӯзи гузаронидани баҳодиҳӣ (нархгузорӣ) амалкунанда, бо дарназардошти фарсудашавии объекти баҳодиҳӣ (нархгузорӣ);
в) арзиши истеҳсоли (барқарорсозии) , объекти баҳодиҳӣ (нархгузорӣ) - маблағи хароҷот бо нархҳои бозорие, ки дар рӯзи (санаи) гузаронидани баҳодиҳӣ (нархгузорӣ) вуҷуд доштанд, сохтани объекти мушобеҳ ба объекти баҳодиҳӣ (нархгузорӣ), бо истифодаи мавод ва технологияҳои мушобеҳ бо дарназардошти фарсудагии объекти баҳодиҳӣ (нархгузорӣ);
г) арзиши объекти баҳодиҳӣ (нархгузорӣ) дар ҳолати истифодаи мавҷуда - арзиши объекти баҳодиҳӣ (нархгузорӣ), ки бо дарназардошти шароити мавҷуда ва мақсади истифодаи он муайян карда мешавад;
д) арзиши инвеститсионии объекти баҳодиҳӣ (нархгузорӣ) - арзиши объекти баҳодиҳӣ (нархгузорӣ), ки бо дарназардошти дастрас будани он барои шахси мушаххас дар ҳолати мақсадҳои инвеститсионии гузошташуда муайян карда мешавад;
е) арзиши объекти баҳодиҳӣ (нархгузорӣ) барои мақсадҳои андозбандӣ - арзиши объекти баҳодиҳӣ (нархгузорӣ), ки барои муқаррар намудани заминаи андозӣ муайян карда шуда, мутобиқи муқаррароти санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ҳисоб карда мешавад (аз ҷумла арзиши инвентаризатсионӣ);
ж) арзиши барҳамдиҳии объекти баҳодиҳӣ (нархгузорӣ) - арзиши объекти баҳодиҳӣ (нархгузорӣ) дар сурате ки, агар объекти баҳодиҳӣ (нархгузорӣ) бояд дар муддати камтар аз мӯҳлати экспозитсияи (намоиши) объектҳои мушобеҳ аз тасарруф хориҷ карда шавад;
з) арзиши истифодакунии (утилизатсионии) объекти баҳодиҳӣ (нархгузорӣ) - арзиши объекти баҳодиҳии (нархгузории) баробар ба арзиши бозории маводе, ки он дар таркиби худ дорад, бо назардошти хароҷот барои истифодаи (утилизатсияи) объекти баҳодиҳӣ (нархгузорӣ);
и) арзиши махсуси объекти баҳодиҳӣ (нархгузорӣ) - арзише, ки барои муайян кардани он дар шартномаи баҳодиҳӣ (нархгузорӣ) ё санади меъёрии ҳуқуқӣ шартҳое гузошта мешаванд, ки ба мафҳуми арзиши бозорӣ ё дигар арзише, ки дар ин стандартҳои баҳодиҳӣ (нархгузорӣ) зикр шудааст, ворид нашудаанд.
5. Бархӯрд нисбати баҳодиҳӣ (нархгузорӣ):
- бархӯрди хароҷотӣ-маҷмӯи усулҳои баҳодиҳии (нархгузории) арзиши объекти баҳодиҳӣ (нархгузорӣ), ки ба муайянкунии хароҷоте асос ёфтаанд, ки барои барқарорсозӣ ё ивазкунии объекти баҳодиҳӣ (нархгузорӣ), бо дарназардошти фарсудагии он заруранд;
- бархӯрди қиёсӣ-маҷмӯи усулҳои баҳодиҳии (нархгузории) арзиши объекти баҳодиҳӣ (нархгузорӣ), ки ба муқоисаи объекти баҳодиҳӣ (нархгузорӣ) бо объектҳои мушобеҳе (монанде), ки нисбати онҳо иттилоот дар бораи нархҳои муомила бо онҳо вуҷуд дорад;
- бархӯрди даромаднокӣ-маҷмӯи усулҳои баҳодиҳии (нархгузории) арзиши объекти баҳодиҳӣ (нархгузорӣ), ки ба муайянкунии даромадҳои чашмдошти объекти баҳодиҳӣ (нархгузорӣ) асос ёфтаанд.
6. Усули баҳодиҳӣ (нархгузорӣ) - усули ҳисоби арзиши объекти баҳодиҳӣ (нархгузорӣ) дар доираи яке аз бархӯрдҳо нисбати баҳодиҳӣ (нархгузорӣ).
7. Санаи гузаронидани баҳодиҳӣ (нархгузорӣ) - санаи тақвимие, ки тибқи ҳолати он арзиши объекти баҳодиҳӣ (нархгузорӣ) муайян карда мешавад.
8. Нарх - маблағи пулие, ки барои объекти баҳодиҳӣ (нархгузорӣ) ё объекти монанди (аналоги) он пешниҳод мегардад ё пардохта шудааст.
9. Объекти монанди (аналоги) объекти баҳодиҳӣ (нархгузорӣ)дигар объекте, ки аз рӯи хусусиятҳои иқтисодӣ, моддӣ, техникӣ ва дигар хусусиятҳо ба объекти баҳодиҳие (нархгузорие), ки нархи он аз муомилаи дар шароити мушобеҳ баргузоргардида маълум аст, монанд мебошад.
10. Мӯҳлати экспозитсияи (ба намоиш гузоштани) объекти баҳодиҳӣ (нархгузорӣ) - муддати вақти оғоз аз санаи ба бозори кушода (офертаи оммавӣ) пешниҳод гардидани объекти баҳодиҳӣ (нархгузорӣ) то санаи анҷомдиҳии муомила бо он.
11. Бузургии ниҳоии арзиши объекти баҳодиҳӣ (нархгузорӣ)бузургии арзиши объекти баҳодиҳӣ (нархгузорӣ), ки ҳамчун натиҷаи ҷамъбасти аз ҷониби нархгузор асоснокгардидаи натиҷаҳои ҳисоби арзиши объекти баҳодиҳии (нархгузории) ҳангоми истифодаи бархӯрдҳои гуногун нисбати баҳодиҳӣ (нархгузорй) ва усулҳои баҳодиҳӣ (нархгузорӣ) ба даст омадааст.
12. Экспертизаи ҳисобот оид ба баҳодиҳӣ (нархгузорӣ) - маҷмӯи чорабиниҳо оид ба санҷиши аз ҷониби нархгузор риоя гардидани талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми гузаронидани нархгузории объекти баҳодиҳӣ (нархгузорӣ) ва шартнома оид ба баҳодиҳӣ (нархгузорӣ), инчунин кифояти иттилооти истифодашаванда, асоснокии фарзияҳои истифода ё рад намудани истифодаи бархӯрдҳо нисбати баҳодиҳӣ (нархгузорӣ) аз ҷониби нархгузор.
III. Талабот нисбати гузаронидани баҳодиҳӣ (нархгузорӣ)
13. Гузаронидани баҳодиҳӣ (нархгузорӣ) марҳилаҳои зеринро дар бар мегирад:
а) бастани шартнома бо фармоишгар оид ба баҳодиҳӣ (нархгузорӣ);
б) муқаррар намудани нишондиҳандаҳои миқдорӣ ва сифатии объекти баҳодиҳӣ (нархгузорӣ);
в) таҳлили бозоре, ки объекти баҳодиҳӣ (нархгузорӣ) ба он мансуб аст;
г) интихоби усули (усулҳои) баҳодиҳӣ (нархгузорӣ) дар доираи ҳар як бархӯрд нисбати баҳодиҳӣ (нархгузорӣ) ва анҷомдиҳии ҳисобҳои зарурӣ;
д) ҷамъбаст намудани натиҷаҳое, ки дар доираи ҳар як бархӯрд нисбати баҳодиҳӣ (нархгузорӣ) ва муайян намудани бузургии ниҳоии арзиши объекти баҳодиҳӣ (нархгузорӣ) ба даст омадаанд;
е) таҳия ва ба фармоишгар супурдани ҳисобот оид ба баҳодиҳӣ (нархгузорӣ).
14. Нархгузории объекти баҳодиҳӣ (нархгузорӣ) метавонад аз ҷониби нархгузор танҳо дар сурати риояи талаботи мустақилии нархгузор, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудаанд, гузаронида шавад. Дар ҳолате ки, агар он ба талаботи мазкур ҷавобгӯй набошад, нархгузор ӯҳдадор аст дар ин бора ба фармоишгар хабар диҳад ва аз бастани шартнома дар бораи баҳодиҳӣ (нархгузорӣ) даст кашад.
Ҳангоми бастани шартнома дар бораи баҳодиҳи (нархгузорӣ), нархгузор ӯҳдадор аст ба фармоишгар иттилоот оид ба талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин оид ба тартиби иҷозатдиҳии (литсензиякунонии) фаъолияти баҳодиҳӣ (нархгузорӣ), ӯҳдадориҳои нархгузор, талабот нисбати шартнома дар бораи баҳодиҳӣ (нархгузорӣ) ва ҳисобот оид ба баҳодиҳӣ (нархгузорӣ), инчунин оид ба стандартҳои баҳодиҳиро (нархгузориро) пешниҳод намояд. Далели пешниҳоди чунин иттилоот дар шартномаи баҳодиҳӣ (нархгузорӣ) зикр карда мешавад.
15. Нархгузор ҷамъоварӣ ва таҳлили инҳоро анҷом медиҳад:
ҳуҷҷатҳои ҳуқуқмуқарраркунанда, маълумот оид ба зам кардани ҳуқуқҳои шахсони дигар ба объекти баҳодиҳӣ (нархгузорӣ);
маълумотҳои баҳисобгирӣ ва ҳисоботи муҳосибавии марбут ба объекти баҳодиҳӣ (нархгузорӣ);
иттилоот оид ба хусусиятҳои техникӣ ва истифодабарии (хизматрасонии) объекти баҳодиҳӣ (нархгузорӣ);
иттилооте, ки барои муқаррар намудани хусусиятҳои миқдорӣ ва сифатии объекти баҳодиҳӣ (нархгузорӣ) бо мақсади муайян кардани арзиши он зарур мебошад, инчунин дигар иттилооти вобаста ба объекти баҳодиҳӣ (нархгузорӣ).
16. Нархгузор бозореро, ки объекти баҳодиҳӣ (нархгузорӣ) ба он мансуб аст, таърихи он, талаботи ҷорӣ ва тамоюли он, инчунин монандҳои (аналогҳои) объекти баҳодиҳиро (нархгузориро) муайян ва таҳлил менамояд ва интихоби онҳоро асоснок мекунад.
17. Нархгузор ҳисобҳои зарурии ин ё он намуди арзиши объекти баҳодиҳиро (нархгузориро) бо назардошти хусусиятҳои микдорӣ ва сифатии бадастовардаи объекти баҳодиҳӣ (нархгузорӣ), инчунин ҳолатҳои камкунандаи эҳтимолияти дар оянда гирифтани даромадҳо (хатарҳо) аз объекти баҳодиҳӣ (нархгузорӣ) ва дигар иттилоотро анҷом медиҳад.
18. Нархгузор ҳангоми гузаронидани баҳодиҳӣ (нархгузорӣ) ӯҳдадор аст бархӯрдҳои хароҷотӣ, қиёсӣ ва даромаднокиро нисбати баҳодиҳӣ (нархгузорӣ) истифода намояд (ё рад кардани истифодаи онҳоро асоснок намояд). Нархгузор дар асоси натиҷаҳои дар доираи ҳар як бархӯрд нисбати баҳодиҳӣ (нархгузорӣ) бадастоварда бузургии ниҳоии арзиши объекти баҳодиҳиро (нархгузориро) муайян менамояд.
19. Бузургии ниҳоии арзиши объекти баҳодиҳӣ (нархгузорӣ) бояд бо асъори миллӣ (сомонӣ) дар шакли бузургии ягона ифода карда шавад.
Бо хоҳиши молик бузургии ниҳоии арзиши объекти баҳодиҳӣ (нархгузорӣ) метавонад бо ҳар гуна асъори миллӣ аз рӯи қурби Бонки миллии Тоҷикистон дар рӯзи таҳияи ҳисобот ифода карда шавад.
20. Бузургии ниҳоии арзиши объекти баҳодиҳии (нархгузории) дар ҳисобот оид ба баҳодиҳӣ (нархгузорӣ), ки тибци тартиб ва дар асоси талаботи стандартҳои баҳодиҳӣ (нархгузорӣ) ва санадҳои меъёрӣ оид ба фаъолияти баҳодиҳии (нархгузории) мақоми ваколатдор доир ба назорати анҷомдиҳии фаъолияти баҳодиҳӣ (нархгузорӣ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиб дода шудааст, метавонад барои мақсадҳои анҷомдиҳии муомила бо объекти баҳодиҳӣ (нархгузорӣ) тавсияшаванда эътироф карда шавад, агар аз санаи тартибдиҳии офертаи оммавӣ на бештар аз 6 моҳ гузашта бошад.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи тасдиқи Тартиби муайян намудани арзиши объектҳои хусусигардонидашаванда
Мутобиқи моддаи 6 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи хусусигардонии моликияти давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва моддаи 51 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Тартиби муайян намудани арзиши объектҳои хусусигардонидашаванда тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
2. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 майи соли 1997, №181 "Дар бораи тасдиқи Дастурамал оид ба муайян намудани арзиши объектҳое, ки хусусӣ гардонида мешаванд" аз эътибор соқит дониста шавад.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон
аз 1 августи соли 2012, № 387
ш. Душанбе
Замима
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 1 августи соли 2012, № 387
тасдиқ шудааст
Тартиби муайян намудани арзиши объектҳои хусусигардонидашаванда
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 31.10.2014 № 700)
Тартиби муайян намудани арзиши объектҳои хусусигардонидашаванда (минбаъд - Тартиб) мутобиқи моддаи 6 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи хусусигардонии моликияти давлатҷ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон", Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи фаъолияти баҳодиҳҷ (нархгузорҷ)" ва дигар санадҳои қонунгузорҷ таҳия гардидааст.
1. Муқаррароти умумӣ
1. Меъёрҳои Тартиб барои муайян намудани арзиши объектҳое, ки хусусҷ гардонида мешаванд, амволе, ки дар моликияти давлатҷ мебошад ва саҳмияҳои ба давлат тааллуқдоштаи ҷамъиятҳои саҳомҷ дар ҳолатҳои зерин мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ мегардад:
- дар мавриди фурӯши объектҳои моликияти давлатҷ ва саҳмияҳои ба давлат тааллуқдоштаи ҷамъиятҳои саҳомҷ аз рӯи лоиҳаи инфиродии хусусигардонҷ дар музояда ва тендерҳо;
- дар мавриди ворид намудани саҳми давлат ба сармояи оинномавии ҷамъиятҳои хоҷагидори муштарак;
- дар мавриди ба гарав гузоштани моликияти давлатҷ;
- дар мавриди ба иҷора супоридани амволи давлатҷ.
2. Мафҳумҳои асосӣ
2. Дар Тартиб мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:
- нархгузор - Корхонаи воҳиди давлатӣ оид ба нархгузорӣ ва ё шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии дигаре, ки барои амалӣ гардонидани фаъолияти нархгузорӣ иҷозатнома доранд;
- фармоишгар - мақоми ваколатдори давлатии идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавриди моликияти ҷумҳуриявӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар мавриди моликияти коммуналӣ, ки аз хизмати нархгузор истифода мебаранд;
- объекти нархгузорӣ - объектҳои моликияти давлатӣ, ки нисбати онҳо фаъолияти нархгузорӣ татбиқ шуданаш мумкин аст;
- ҳисобот аз рӯи натиҷаҳои нархгузорӣ - ҳисоботи хаттии ба фармоишгар супоридашавандаи нархгузор дар бораи натиҷаи кори нархгузорӣ дар шакл ва мазмуне, ки аз тарафи мақоми ваколатдори давлатии идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудааст ва ба талаботи конунгузорӣ мувофиқат менамояд.
3. Объектҳои нархгузорӣ
3. Ба объектҳои тибқи ин Тартиб нархгузоришаванда, ки аз дороиҳои муомилотӣ ва ғайримуомилотӣ иборатанд, инҳо дохил мешаванд:
- воситаҳоп асосӣ (биноҳо, иншоот, воситаҳои муомилотӣ таҷҳизот, воситаҳои нақлиётӣ ва механизмҳо, техникаи ҳисоббарор, асбобу дастгоҳҳои андозагирию танзимкунанда, инвентари хоҷагӣ, чорвои корӣ ва маҳсулдеҳ, дарахтони бисёрсола ва дигар олоти меҳнат);
- захира ва хароҷот, маблағҳо, ҳисоббаробаркуниҳо ва дигар дороиҳо;
- таҷҳизоти васлнагардида, сармоягузориҳои нотамом ва пешпардохтҳо, аз ҷумла арзиши сохтмони нотамом:
- дороиҳои ғайримоддии дар тавозун инъикосшуда;
- маблағгузориҳои дарозмӯҳлат (зиёда аз 1 сол), аз ҷумла ҳиссаи корхонаҳо ба дороиҳои даромадноки (сахмияҳо, вомбаргҳо ва коғазҳои қимматнок) дигар корхонаҳо, ба вомбаргҳои фоизии заёмҳои дохилии давлатӣ ва маҳаллӣ, инчунин вомбаргҳои ба дигар корхонаҳо додашуда;
- маблағҳо, ҳисоббаробаркуниҳо ва дигар дороиҳо; маблағҳо дар хазина, дар суратҳисобҳои бонкӣ, дигар маблағҳо, маблағгузориҳои кӯтоҳмуддат (ба мӯҳлати на зиёда аз 1 сол), кору хизматрасонӣ, қарзи дебиторӣ, сармояи худӣ ва захираҳои дар оянда чуброншаванда, ки дар қисми фаъоли тавозун инъикос ёфтаанд;
- захираҳо ва хароҷот (маҳсулот, ашёи хом, масолеҳ, сохтмони нотамом, маҳсулоти тайёр, сӯзишворию равғанҳои молиданӣ, қисмҳои эҳтиётӣ, масолеҳи сохтмонӣ ва ёрирасон, асбобҳои камнарху зудфарсудашаванда, хароҷоти давраҳои оянда ва дигар арзишҳои моддӣ);
- объектҳои алоҳидаи моддӣ (ашё), аз он ҷумла объектҳои бесоҳиб;
- маҷмӯи ашёи ташкилдиҳандаи амволи давлатӣ, аз ҷумла намуди мушаххаси амвол (манқул ё ғайриманқул, аз ҷумла корхонаҳо);
- амволи дигари дар боби 1 тавозуни фаъол дарҷгардида.
4. Муайян намудани нархи ибтидоии объекти хусусигардонӣ
4. Нархи ибтидоии объекти хусусигардонӣ, ки аз рӯи лоиҳаи инфиродии хусусигардонӣ ба фурӯш бароварда мешавад, аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мегардад.
5. Нархи ибтидоии объекти хусусигардонӣ, ки дар музояда ва тендер хусусӣ гардонида мешавад, дар мавриди моликияти ҷумҳуриявӣ аз тарафи мақоми ваколатдори давлатии идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар мавриди моликияти коммуналӣ аз тарафи маҷлисҳои дахлдори вакилони халқ ва дар ҳудуди салоҳияти худ аз тарафи раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо тасдиқ карда мешавад.
6. Ҳангоми муайян намудани нархи ибтидоии объекти хусусигардонӣ мақоми ваколатдори давлатии идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ дорад коэффитсиентҳои иловагии баландкунандаро истифода намояд.
5. Арзёбии моликияти давлатӣ ҳамчун объекти мустақили хусусигардонӣ
7. Моликияти давлатӣ ҳамчун объекти мустақили хусусигардонӣ мувофиқи маълумоти ҳисоби муҳосибӣ аз рӯи арзиши боқимондаи тавозунӣ бо роҳи аз арзиши барқароркардашудаи тавозунӣ кам кардани арзиши фарсудашавӣ дар тамоми давраи истифодабари арзёбӣ карда мешавад ва аз андозаҳои дар банди 12 Тартиб нишондодашуда кам буда наметавонад.
8. Арзиши барқароркунии амволи давлатӣ бо роҳи истифода намудани коэффитсиенти ягонаи афзоишӣ, ки дар санаи арзёбӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудааст, муайян карда мешавад.
9. Азнавнархгузории амволи давлатии бо асъори хориҷӣ харидашуда, бо дарназардошти қурби асъори хориҷӣ нисбати асъори миллӣ дар санаи хариди амвол, бо истифодаи коэффитсиенти ягонаи афзоишӣ, ки дар санаи арзёбӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудааст, амалӣ карда мешавад.
10. Арзиши нархгузории иншооти сохтмонаш нотамом вобаста аз ҳаҷми корҳои дар солҳои дахлдор иҷрогардида бо истифода намудани коэффисиенти ягонаи афзоишӣ, ки дар санаи нархгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар санаи арзёбӣ тасдиқ шудааст, муайян карда мешавад.
11. Арзиши нархгузории таҷҳизоти васлнагардида вобаста аз соли хариди он бо истифода намудани коэффисиенти ягонаи афзоишӣ, ки дар санаи арзёбӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудааст, муайян карда мешавад.
12. Арзиши нархгузори амволи давлатии ғайриманқули 100% фарсудашуда ба андозаи 25% аз арзиши барқароркунӣ муайян карда мешавад.
Арзиши нархгузории амволи давлатии манқули 100% фарсудашуда ба андозаи 10% аз арзиши барқароркунӣ муайян карда мешавад.
Арзиши нархгузории воситаи нақлиёти мӯҳлати истифодабариаш зиёда аз 12 сол, ки фарсудашавии он 100%-ро ташкил медиҳад, ба андозаи 5% аз арзиши барқароркунӣ муайян карда мешавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 31.10.2014 № 700).
13. Арзиши амволи ба манфиати давлат мусодирашуда ва барои эҳтиёҷоти давлат харидоришаванда амволи ба ҳабс гирифташуда ва бесоҳиб мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи фаъолияти баҳодиҳӣ (нархгузорӣ)" муайян карда мешавад.
14. Ҳангоми хусусигардонии амволи давлатӣ ҳуқуқи истифодабарии қитъаи замин, ки объекти хусусигардида дар он ҷо ҷойгир аст, ба харидор мегузарад.
15. Нархи ниҳоии амволи давлатӣ дар савдоҳои музоядавию тендерӣ ва озмунӣ муқаррар мегардад.
16. Арзиши амволи давлатии ба иҷора додашуда мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи иҷора дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" муайян карда мешавад.
6. Арзиши амволи корхонаҳои давлатие, ки ба ҷамъиятҳои саҳомии кушода табдил дода мешаванд
17. Арзёбии амволи корхонаи давлатие, ки ба ҷамъияти саҳомӣ табдил дода мешавад, дар асоси маълумоти тавозуни охирини ҳисоботӣ, ки аз ҷониби мақоми андози маҳалли ҷойгиршавии корхона тасдиҳ шудааст, бо замимаи рӯйхати тасдиқгардидаи воситаҳои асосӣ, иншооти сохтмонаш нотамом, таҷҳизоти васлнагардида ва маблағгузориҳои дарозмӯҳлат (зиёда аз 1 сол), воситаҳои гардишӣ, қарзҳои дебиторӣ, кредиторӣ ва дигар ӯҳдадориҳои дар тавозуни охирини ҳисоботии корхона инъикосгардида муайян карда мешавад.
18. Фармоишгар ба нархгузор тавозуни корхона, ки онро мақоми андоз тасдиқ кардааст ва номгӯи воситаҳои асосӣ, иншооти сохтмонашон нотамом, таҷҳизоти васлнагардида, қарзҳои дебиторӣ ва кредиториро пешниҳод менамояд.
19. Арзиши амволи корхона (Аак) аз рӯи формулаи зерин муайян карда мешавад:
Аак=Дк - Ӯк, дар ин ҷо:
- Дк - дороиҳои корхона - арзиши умумии дороиҳои корхона бо кам кардани арзиши фарсудашудаи воситаҳои асосӣ дар тамоми давраи истифодабарӣ;
- Ӯк - ӯҳдадориҳои корхона.
20. Арзиши амволи корхона аз сифр кам шуда наметавонад.
21. Ӯҳдадории корхона аз вомбаргҳо ва кредитҳо, ҳисоббаробаркуниҳо ва пешпардохтҳои аз харидорон ва фармоишгарон гирифташуда иборат аст.
22. Ӯҳдадории корхона дар асоси маълумоти фасли IIА "Ӯҳдадориҳои кӯтоҳмуддат" ва фасли IIIб "Ӯҳдадориҳои дарозмуддат" аз ҳисоби ӯҳдадориҳои тавозун бо роҳи ҷамъ намудани маълумоти зерин муайян мегардад:
- Моддаи "Ӯҳдадориҳои дарозмуддат, моддаи "Вомбаргҳо барои пардохт", моддаи "Қарзҳои бонкӣ", моддаи "Дигар қарзҳо", моддаи "Васикаҳо (векселҳо) барои пардохт", моддаи "Ӯҳдадориҳо аз рӯи иҷораи молиявӣ", моддаи "Дигар ӯҳдадориҳои дарозмуддат", моддаи "Хароҷоти мавқуфгузошта", моддаи "Ӯҳдадориҳои андозии мавқуфгузошташуда", моддаи "Ҳисобҳо барои пардохт аз рӯи молу хизматҳо", моддаи "Дигар ҳисобҳо барои пардохт", моддаи "Васиқаҳои кӯтоҳмуддат барои пардохт", моддаи "Пешпардохтҳои харидорон ва супоришдиҳандагон ва қарздорӣ аз супоришдиҳандагон аз рӯи шартномаи сохтмон", моддаи "Дигар ӯҳдадориҳои кӯтоҳмуддат", моддаи "Ӯҳдадориҳои кӯтоҳмуддати қарзӣ", аз он ҷумла "Қарзҳои бонкӣ", "Дигар қарзҳо", "Қисми ҷории ӯҳдадориҳои қарзии дарозмуддат", моддаи "Ӯҳдадориҳои кӯтоҳмуддати ҳисобкардашуда", аз он ҷумла; "Ӯҳдадориҳои ҳисобкардашуда аз рӯи пардохти мол ва хизмат", "Музди меҳнат барои пардохт", "Ҳиссаҷудокуниҳои ҳисобкардашуда ба фондҳои иҷтимоӣ", "Ҳаққу саҳм барои пардохт", "Фоизҳо барои пардохт", "Дигар хароҷоти ҳисобкардашуда", моддаи "Андозҳо барои пардохт" аз он ҷумла: "Андоз аз фоида барои пардохт", "Андоз аз даромади шахсони воқеӣ", "ААИ барои пардохт", "Аксизҳо барои пардохт", "Дигар андозҳо барои пардохт".
23. Дар ӯҳдадориҳои корхонаҳо ӯҳдадориҳо оид ба иҷораи биноҳо, иншоот, таҷҳизот ва дигар объектҳои ба воситаҳои меҳнат дахлдошта ба ҳисоб гирифта мешаванд.
7. Муайян намудани арзиши амволи воҳиди сохтории корхонаи давлатие, ки ба ҷамъияти саҳомии кушода табдил дода мешавад
24. Воҳиди сохтории корхонаи давлатӣ, ки ба ҷамъияти саҳомии кушода табдил дода мешавад, бояд дар асоси тавозуни тақсимот ва номгӯи тасдиқгардидаи амвол ҷудо карда шавад.
25. Арзиши амволи воҳиди сохтории корхонаи давлатӣ, ки ба ҷамъияти саҳомии кушода табдил дода мешавад, дар асоси номгӯи тасдиқгардидаи амвол ва тавозуни тақсимотии воҳиди сохтории ҷудокардашуда муайян карда мешавад.
26. Фармоишгар ба нархгузор тавозуни тақсимотии воҳиди сохтории корхонаи давлатӣ ва номгӯи воситаҳои асосӣ, иншооти сохтмонашон нотамом ва таҷҳизоти васлнагардидаро пешниҳод менамояд.
27. Арзиши амволи воҳиди сохтории корхона (Авс) аз рӯи формулаи зерин муайян мегардад:
Аавс = Двк - Ӯвк, дар ин ҷо:
- Двк - арзиши умумии дороиҳои воҳиди сохтории корхона бо кам кардани арзиши воқеии фарсудашудаи воситаҳои асосӣ дар тамоми давраи истифодабарӣ;
- Ӯвк - ӯҳдадориҳои воҳиди корхона.
28. Арзиши умумии амволи воҳиди сохтории корхона аз сифр кам шуда наметавонад.
29. Ӯҳдадории воҳиди сохтории корхона аз воситаҳои вомбаргӣ ва кредитҳо, ҳисоббаробаркуниҳо ва пешпардохтҳои аз харидорон ва фармоишгарон гирифташуда ва инчунин фонди ҳавасмандсозии иқтисодӣ иборат аст.
30. Ӯҳдадории воҳиди сохтории корхона дар асоси маълумоти фасли IIА тавозун "Ӯҳдадориҳои кӯтоҳмуддат" ва фасли IIб "Ӯҳдадориҳои дарозмӯддат" аз ҳисоби ӯҳдадориҳои тавозун бо роҳи ҷамъ намудани маълумоти зерин муайян мегардад:
- Моддаи "Ӯҳдадориҳои дарозмуддат, моддаи "Вомбаргҳо барои пардохт", моддаи "Қарзҳои бонкӣ", моддаи "Дигар карзҳо", моддаи "Васиқахо барои пардохт (векселҳо)", моддаи "Ӯҳдадориҳо аз рӯи иҷораи молиявӣ", моддаи "Дигар ӯҳдадориҳои дарозмуддат", моддаи "Хароҷотҳои мавқуфгузошта", моддаи "Ӯҳдадориҳои андозии мавқуфгузошташуда", моддаи "Ҳисобҳо барои пардохт аз рӯи молу хизматҳо", моддаи "Дигар ҳисобҳо барои пардохт", моддаи "Васиқаҳои кӯтоҳмуддат барои пардохт", моддаи "Пешпардохтҳои харидорон ва супоришдиҳандагон ва қарздори аз супоришдиҳандагон аз рӯи шартномаи сохтмон", моддаи "Дигар ӯҳдадориҳои кӯтоҳмуддат", моддаи "Ӯҳдадориҳои кӯтоҳмуддати қарзӣ" аз он ҷумла, "Қарзҳои бонкӣ", "Дигар қарзҳо", "Қисми ҷории ӯҳдадориҳои қарзии дарозмуддат", моддаи "Ӯҳдадориҳои кӯтоҳмуддати ҳисобкардашуда", аз он ҷумла; "Ӯҳдадориҳои ҳисобкардашуда аз рӯи пардохти мол ва хизмат", "Музди меҳнат барои пардохт", "Ҳиссаҷудокуниҳои ҳисобкардашуда ба фондҳои иҷтимоӣ", "Ҳаққу саҳм барои пардохт", "Фоизҳо барои пардохт", "Дигар хароҷоти ҳисобкардашуда", моддаи "Андозҳо барои пардохт", аз он ҷумла: "Андоз аз фоида барои пардохт", "Андоз аз даромади шахсони воқеӣ", "ААИ барои пардохт", "Аксизҳо барои пардохт", "Дигар андозҳо барои пардохт".
8. Муайян кардани арзиши саҳмияҳои давлатӣ дар сармояи оинномавии ҷамъиятҳои саҳомӣ
31. Арзиши саҳмияҳои давлатӣ дар сармояи оинномавии ҷамъиятҳои саҳомӣ бо усулҳои зерин муайян карда мешаванд:
- бо усули муайян намудани арзиши маҷмӯи саҳмияҳо;
- бо усули муайян намудани арзиши як дона саҳмия;
- бо усули муайян намудани арзиши бастаи саҳмияҳои ба давлат тааллуқдошта.
32. Арзиши маҷмӯи саҳмияҳои ҷамъиятҳои саҳомӣ аз рӯи формулаи зерин муайян карда мешавад:
Амс = Дҷс - Ҳӯ- Оси, дар ин ҷо:
- Амс - арзиши маҷмӯи саҳмияҳо;
- Дҷс - дороии ҷамъияти саҳомӣ;
- Ҳӯ - ҳисоббаробаркуниҳо ва ӯҳдадориҳо;
- Оси - объектҳои соҳаи иҷтимоӣ.
33. Арзиши маҷмӯи саҳмияҳо аз сифр кам шуда наметавонад.
34. Арзиши умумии дороиҳои ҷамъияти саҳомӣ мувофиқи асъори тавозун бо кам кардани арзиши воқеии фарсудашудаи воситаҳои асосӣ дар тамоми давраи истифодабарӣ муайян карда мешавад.
35. Ӯҳдадории корхона дар асоси маълумоти фасли IIА тавозун "Ӯҳдадориҳои кӯтоҳмуддат" ва фасли IIб "Ӯҳдадориҳои дарозмӯддат" аз ҳисоби ӯҳдадориҳои тавозун бо роҳи ҷамъ намудани маълумоти зерин муайян мегардад;
- Моддаи "Ӯҳдадориҳои дарозмуддат, моддаи "Вомбаргҳо барои пардохт", моддаи "Қарзҳои бонкӣ", моддаи "Дигар қарзҳо", моддаи "Васиқаҳо барои пардохт (векселҳо)", моддаи "Ӯҳдадориҳо аз рӯи иҷораи молиявӣ", моддаи "Дигар ӯҳдадориҳои дарозмуддат", моддаи "Хароҷоти мавқуфгузошта", моддаи "Ӯҳдадориҳои андозии мавқуфгузошташуда", моддаи "Ҳисобҳо барои пардохт аз рӯи молу хизматҳо", моддаи "Дигар ҳисобҳо барои пардохт", моддаи "Васиқаҳои кӯтоҳмуддат барои пардохт", моддаи "Пешпардохтҳои харидорон ва супоришдиҳандагон ва қарздори аз супоришдиҳандагон аз рӯи шартномаи сохтмон"," моддаи "Дигар ӯҳдадориҳои кӯтоҳмуддат", моддаи "Ӯҳдадориҳои кӯтоҳмуддати қарзӣ" аз он ҷумла "Қарзҳои бонкӣ", "Дигар қарзҳо", "Қисми чории ӯҳдадориҳои қарзии дарозмуддат", моддаи "Ӯҳдадориҳои кӯтоҳмуддати ҳисобкардашуда", аз он чумла: "Ӯҳдадориҳои ҳисобкардашуда аз рӯи пардохти мол ва хизмат", "Музди меҳнат барои пардохт", "Ҳиссаҷудокуниҳои ҳисобкардашуда ба фондҳои иҷтимоӣ", "Ҳакқу саҳм барои пардохт", "Фоизҳо барои пардохт", "Дигар хароҷоти ҳисобкардашуда", моддаи "Андозҳо барои пардохт", аз он ҷумла: "Андоз аз фоида барои пардохт", "Андоз аз даромади шахсони воқеӣ", "ААИ барои пардохт", "Аксизҳо барои пардохт", "Дигар андозҳо барои пардохт".
36. Оси - арзиши объектҳои соҳаи иҷтимоии дар тавозуни ҷамъияти саҳомӣ қарордошта ба сармояи оинномавии Ҷамъият дохил намешаванд.
37. Ба объектҳои соҳаи иҷтимоӣ иншооти зерин дохил мешаванд:
- фонди манзилӣ, аз ҷумла манзили истиқоматии хизматӣ ва хобгоҳҳо;
- иншооти соҳаи маориф ва тандурустӣ;
- иншооти соҳаи варзиш ва фарҳангию маданӣ;
- истирохатгоҳҳо, аз ҷумла хона ва истироҳатгоҳҳои наврасону мактаббачагон;
- иншооти мудофиаи гражданӣ.
38. Нархи ниҳоии маҷмӯи саҳмияҳои ба давлат тааллуқдошта дар савдои музоядавию тендерӣ ва озмунӣ муайян мегардад.
39. Арзиши як саҳмияи ҷамъияти саҳомӣ аз рӯи формулаи зерин муайян карда мешавад:
Анс - Амс: Мус, дар ин ҷо:
- Анс - арзиши номиналии як саҳмия;
- Амс - арзиши маҷмӯи саҳмияҳо;
- Мус - миқдори умумии саҳмияҳо.
40. Арзиши бастаи саҳмияҳои давлатӣ дар сармояи оинномавии ҷамъиятҳои саҳомӣ бо формулаи зерин муайян карда мешавад:
Абсд = Мсд х Анс, дар ин ҷо:
- Абсд - арзиши бастаи саҳмияҳои давлатӣ;
- Мсд - миқдори саҳмияҳои давлатӣ;
- Анс - арзиши номиналии як саҳмия.
9. Арзёбии амволи давлатӣ, ки ба сармояи оинномавии ҷамъиятҳои хоҷагидори муштарак ворид карда мешавад
41. Арзиши амволи давлатии ба сармояи оинномавии ҷамъиятҳои хоҷагидори муштарак воридшаванда бо формулаи зерин муайян карда мешавад:
Аад=Аб - Мф х Кта, дар ин ҷо:
- Аад - арзиши амволи давлатие, ки ҳамчун саҳми давлат ба сармояи оинномавии ҷамъияти хоҷагидори муштарак ворид карда мешавад;
- Аб - арзиши барқароркардашудаи амволи давлатӣ бо истифода намудани коэффитсиентҳои ягонаи афзоишӣ, ки аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудаанд;
- Мф - маблағи фарсудашудаи амволи давлатӣ дар тамоми давраи истифодабарӣ;
- Кта - коэффитсиенти тағйирёбии қурби асъори миллӣ нисбати асъори хориҷӣ дар санаи нархгузорӣ.
10. Арзёбии амволи давлатие, ки ба гарав гузошта мешавад
42. Арзиши амволи давлатии ба гарав гузошташаванда бо формулаи зерин муайян карда мешавад:
Аад=Аб - Мф х Кта, дар ин ҷо:
- Аад - арзиши амволи давлатие, ки ба гарав гузошта мешавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 31.10.2014 № 700);
- Аб - арзиши барқароркардашудаи амволи давлатӣ бо истифода намудани коэффитсиентҳои ягонаи афзоишӣ, ки аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудаанд;
- Мф - маблағи фарсудашудаи амволи давлатӣ дар тамоми давраи истифодабарӣ;
- Кта - коэффитсиенти тағйирёбии қурби асъори миллӣ нисбати асъори хориҷӣ дар санаи нархгузорӣ.
11. Муқаррароти хотимавӣ
43. Роҳбарияти корхонаҳои давлатӣ барои дурустии ҳуҷҷатҳо ва маълумотҳои пешниҳодгардида, ки барои иҷрои ин Тартиб зарур аст, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгар мебошад.