Размер шрифта
Цвет фона и шрифта
Изображения
Озвучивание текста
Обычная версия сайта
Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
  • ДАР БОРАИ КУМИТА
  • МАРКАЗИ МАТБУОТӢ
  • ТЕНДЕРҲО
  • ТАМОС
  • ...
    "/>
    Русский English
    Тоҷикӣ
    Сармоягузорӣ
    • Сармоягузории давлатӣ
    • Имкониятҳои сармоягузорӣ
    • Роҳнамои сармоягузор
    • Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
    • Харитаи сармоягузорӣ
    Соҳибкорӣ
    • Дастгирии давлатии соҳибкорӣ
    • Нишондиҳандаҳои рушди фаъолияти соҳибкорӣ
    • Механизмҳои ҳамкорӣ
    • Санҷиши фаъолият
    • Раёсати иҷозатномадиҳӣ
    • Рейтингҳо
    • Соҳибкории занон
    • Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
    Моликияти давлатӣ
    • Идораи моликияти давлатӣ
    • Таҷдид ва хусусигардонӣ
    • Сохторҳои идораи амволи давлатӣ
    • Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
    Чаро Тоҷикистон?

      • Тоҷикӣ
        • Забон
        • Тоҷикӣ
        • Русский
        • English
      • +992 (37) 221-86-59
      • Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734000, ш. Душанбе, Шоҳтемур 27.
      • info@investcom.tj
      • Соатҳои корӣ аз 8:00 то 17:00

      Аз эътибор соқит намудани моликияти давлатӣ

      Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

      ҚАРОР
      Дар бораи тасдиқи тартиби аз эътибор соқит намудани воситаҳои асосие, ки моликияти давлатӣ мебошанд

      Мутобиқи моддаи 14 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

      Тартиби аз эътибор соқит намудани воситаҳои асосие, ки моликияти давлатӣ мебошанд, тасдиқ карда шавад (замима мегардад).

      Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон     
      Эмомалӣ Раҳмон

      аз 30 апрели соли 2012, №184
      ш. Душанбе


      Замима 
      ба қарори Ҳукумати 
      Ҷумҳурии Тоҷикистон 
      аз 30 апрели соли 2012, №184

      Тартиби аз эътибор соқит намудани воситаҳои асосие, ки моликияти давлатӣ мебошанд

      1. Тартиби аз эътибор соқит намудани воситаҳои асосие, ки моликияти давлатӣ мебошанд (минбаъд - Тартиб) бо мақсади ҷорӣ намудани низоми ягонаи аз эътибор соқит намудан ва аз ҳисоб баровардани воситаҳои асосии давлатие, ки аз лиҳози ҷисмонӣ фарсуда шудаанд, инчунин истифодабарии минбаъдаи қисмҳои онҳо таҳия гардидааст.

      2. Меъёрҳои Тартиб нисбат ба воситаҳои асосии аз эътибор соқитшавандаи (минбаъд - воситаҳои асосӣ) мақомоти марказӣ ва маҳаллии давлатӣ, корхона, ташкилот, муассисаҳои давлатӣ ва ҷамъиятҳои хоҷагидоре, ки дар сармояи оинномавии онҳо ҳиссаи давлат 50 фоиз ё аз он зиёд аст (минбаъд - Дорандаи тавозун), татбиқ мегарданд.

      Дар ҷамъиятҳои хоҷагидоре, ки дар сармояи оинномавии онҳо ҳиссаи давлат аз 50 фоиз кам аст, қарор дар бораи аз эътибор соқит намудани воситаҳои асосӣ аз ҷониби маҷлиси умумии саҳмдорон ё иштирокчиёни ин ҷамъиятҳо қабул карда мешавад.

      3. Воситаҳои асосӣ бинобар сабабҳои зерин аз эътибор соқит карда мешаванд:

      - дар ҳолате, ки аз лиҳози ҷисмонӣ пурра фарсуда шуда, корношоям гардидаанд;

      - дар ҳолате, ки барқарорсозии онҳо имконнопазир гардидааст;

      - дар ҳолате, ки нигоҳдории ояндаи онҳо аз ҷиҳати иқтисодӣ ба Дорандаи тавозун фоидаовар намебошад ва арзиши бақиявии тавозунӣ надоранд;

      - дар ҳолате, ки эҳтимолияти ба тавозуни дигар корхонаю ташкилот ва мақомоти давлатӣ гузаронидан ва ё фурӯхтани онҳо ҳамчун объекти хусусигардонӣ вуҷуд надорад;

      - дар ҳолате, ки дар мавқеи ҷойгиршавии онҳо сохтмони иншооти дигар ба нақша гирифта шудааст;

      - дар ҳолати дар натиҷаи офатҳои табиӣ, сӯхтор ва садама нобуд гардидан;

      - дар дигар ҳолатҳои муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.

      4. Дорандаи тавозун воситаҳои асосиро дар мавриди моликияти ҷумҳуриявӣ тибқи розигии хаттии мақоми ваколатдори давлатии идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори ҳайати мушовара ба расмият дароварда мешавад ва дар мавриди моликияти коммуналӣ бо розигии хаттии маҷлисҳои дахлдори вакилони халқ ва ё дар доираи салоҳият бо розигии хаттии раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо (минбаъдМақоми ваколатдор) аз эътибор соқит менамояд.

      5. Ҷамъиятҳои хоҷагидоре, ки дар сармояи оинномавии онҳо ҳиссаи давлат 50 фоиз ё аз он зиёдро ташкил медиҳад, баъди гирифтани розигии Мақоми ваколатдор бо қарори маҷлиси умумии саҳмдорон ё иштирокчиёни ин ҷамъиятҳо воситаҳои асосиро аз эътибор соқит менамоянд.

      6. Барои гирифтани розигӣ дар бораи аз эътибор соқит намудани воситаҳои асосӣ аз тарафи Дорандаи тавозун ба Мақоми ваколатдор ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:

      - дархости Дорандаи тавозун дар бораи аз эътибор соқит намудани воситаҳои асосӣ;

      - розигии мақомоти марказии соҳавии Дорандаи тавозун (дар шакли фармоиш ё қарор бо дарҷи ном ва нишондиҳандаҳои техникии воситаҳои асосӣ);

      - нусхаи фармоиши Дорандаи тавозун дар бораи таъсиси Комиссияи доимоамалкунанда оид ба муайян намудани ҳолати воқеии воситаҳои асосии аз эътибор соқитшаванда ва додани хулоса дар бораи аз эътибор соқит намудани онҳо;

      - маълумотнома дар бораи арзиши тавозунии воситаҳои асосӣ бо дарҷи хулосаи Комиссияи доимоамалкунанда (мутобиқи замима);

      - аксҳои (суратҳои) воситаҳои асосии аз эътибор соқитшаванда, ки ҳолати воқеии онҳоро пурра нишон медиҳанд (дар қафои суратҳо ном ва нишондиҳандаҳои техникии воситаҳои асосӣ навишта шуда, имзои роҳбар ва мӯҳри Дорандаи тавозун гузошта мешавад).

      7. Дорандаи тавозун дар асоси фармоиш бо мақсади муайян намудани ҳолати корношоямӣ ва ба расмият даровардани ҳуҷҷатҳои муҳосибавии воситаҳои асосии барои аз эътибор соқит намудан пешниҳодшаванда Комиссияи доимоамалкунанда дар ҳайати на кам аз 5 нафар аз ҳисоби мутахассисони дахлдор, ки ба он метавонанд муовини роҳбар, сармуҳандис, сармуҳосиб, муҳандис, механик, технолог, мутахассиси соҳаи барқ, молшинос, муҳосиб, мудири хоҷагидорӣ ва дигар кормандон ворид шаванд, таъсис медиҳад.

      8. Вазифаи Комиссияи доимоамалкунанда аз иҷрои корҳои зерин иборат мебошад:

      - тафтиш ва азназаргузаронии бевоситаи воситаҳои асосӣ ҷиҳати муайян намудани корношоямӣ ва мувофиқ набудани онҳо барои истифодабарӣ дар фаъолияти минбаъдаи хоҷагидории Дорандаи тавозун;

      - муайян намудани омилҳои корношоям гардидани воситаҳои асосӣ;

      - муайян намудани қисмҳои коршоями воситаҳои асосӣ, бо мақсади истифода намудани онҳо дар фаъолияти хоҷагидории Дорандаи тавозун.

      9. Мақоми ваколатдор вобаста аз ҳолати воқеӣ ва бо дарназардошти эҳтимолияти ба фурӯш рафтан ҳуқук дорад воситаҳои асосии барои аз эътибор соқит намудан пешниҳодгардидаро тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ ба фурӯш барорад. Хулосаи Мақоми ваколатдор дар ин хусус бо қарори ҳайати мушовара ба расмият дароварда мешавад.

      10. Аз эътибор соқит намудани воситаҳои асосие, ки мӯҳлати меъёрии истифодабариашон пурра ба охир нарасидааст ва арзиши бақиявии тавозунӣ доранд, ба истиснои ҳолатҳои дар бандҳои 11 ва 12 Тартиб нишондодашуда манъ мебошад, агар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигареро пешбинӣ накарда бошад.

      11. Дар ҳолати сохтмони нав дар мавқеи ҷойгиршавии воситаҳои асосӣ арзиши бақиявии тавозунии воситаҳои асосии барҳамдодашуда, ба арзиши воситаҳои асосии нави сохташаванда дохил карда мешавад.

      12. Дорандаи тавозун воситаҳои асосиро новобаста аз мӯҳлати муқарраргардидаи истифодабарӣ ва арзиши бақиявии тавозунии онҳо дар ҳолатҳои зерин метавонад мустақиман аз эътибор соқит намояд:

      - дар ҳолати нобуд гардидан дар натиҷаи офатҳои табиӣ, сӯхтор ва ҳолатҳои дигари фавқулодда - тибқи хулосаи мақомоти дахлдори давлатӣ;

      - дар ҳолати корношоям ва нобуд гардидан дар натиҷаи садама, ғорат ва дуздӣ бо ситонидани товони зиён ба буҷети дахлдор - тибқи хулосаи мақомоти тафтишотӣ ё қарори мақомоти судӣ.

      13. Ба қисмҳо ҷудо кардан ва таҷзияи воситаҳои асосии давлатӣ то гирифтани розигии Мақоми ваколатдор ва тасдиқи санадҳои барҳамдиҳии воситаҳои асосӣ манъ мебошад.

      14. Дорандаи тавозун хуҷҷатҳои дохилии муҳосибиро барои аз эътибор соқит намудани воситаҳои асосӣ мутобиқи тартиби муқаррарнамудани санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунандае, ки соҳаи баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҳисоботи молиявиро ба танзим медароранд, омода менамояд ва ба расмият медарорад.

      15. Дорандаи тавозун вазифадор аст дар муддати 3 моҳ баъд аз гирифтани розигии Мақоми ваколатдор иҷрои корҳои зеринро таъмин намояд:

      - воситаҳои асосии аз эътибор соқитшударо ба қисмҳо ҷудо ва таҷзия намояд;

      - пораву партовҳои металлҳои сиёҳ ва ранга, қисмҳои эҳтиётӣ, ҳезум ва масолеҳи сохтмонии аз ин ҳисоб бадастомадаро муайян ва ба анборҳо даромад намуда, ҳаҷму арзиши онҳоро дар ҳуҷҷатҳои баҳисобгирии муҳосибавӣ сабт намояд;

      - қисмҳои корношоями дорои металлҳои қимматбаҳоро дар мувофиқа бо Нозироти давлатии иёргирии назди Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз воситаҳои асосии соқитгардида ҷудо ва тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории ҷумҳурӣ дар корхонаҳое, ки барои коркарди металлҳои қимматбаҳо иҷозатномаи дахлдор доранд, холискорӣ намуда, ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон супорад;

      - воситаҳои асосии аз эътибор соқитшударо аз баланс хориҷ намояд;

      - оид ба натиҷаи барҳамдиҳии воситаҳои асосӣ ба Мақоми ваколатдор ҳисобот пешниҳод намояд.

      16. Дорандаи тавозун баъд аз мувофиқа намудани миқдор ва арзиши пораву партовҳои металлҳои сиёҳ ва ранга бо Мақоми ваколатдор мутобиқ ба нархҳои бозори дохилӣ, шартномаи хариду фурӯши пораву партовҳои металлҳои сиёҳ ва рангаро бо риояи талаботи Қоидаҳои фаъолияти вобаста ба ҷамъоварии пораву партовҳои металлҳои сиёҳ ва ранга, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 марти соли 2005, №105 тасдиқ шудаанд, ба имзо мерасонад.

      17. Дорандаи тавозун маблағи аз ҳисоби фурӯши пораву партовҳои металлҳои сиёҳ ва ранга бадастомадаро вобаста аз шакли моликият ба буҷетҳои дахлдор интиқол медиҳад.

      Маблағи аз ҳисоби фурӯши қисмҳои эҳтиётӣ, ҳезум ва масолеҳи сохтмонӣ бадастомада барои мақсади рушди истеҳсолоти Дорандаи тавозун равона карда мешавад.

      18. Ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ ва корхонаҳои давлатӣ бо ҳуқуқи идораи оперативӣ маблағи аз ҳисоби фурӯши қисмҳои эҳтиётӣ, ҳезум ва масолеҳи сохтмонӣ бадастомадаро ба суратҳисоби махсуси худ гузаронида, барои рушди заминаи моддӣ-техникӣ истифода мебаранд.

      19. Миқдори пораву партовҳои металлҳои сиёҳ ва ранга танҳо баъд аз ворид гардидани маблағи шартномавӣ ба суратҳисоби Дорандаи тавозун ба харидор таҳвил дода мешавад.

      20. Роҳбарияти Дорандаи тавозун барои риоя накардани талаботи Тартиби мазкур мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешавад.

       Тартиби барҳам додан ва аз ҳисоб баровардани аслиҳаву техникаи ҳарбӣ, объектҳои мудофиавӣ ва дигар амволи ҳарбӣ

      Бо қарори Ҳукумати
      Ҷумҳурии Тоҷикистон
      аз 2 июли соли 2015, № 431
      тасдиқ шудааст

       Тартиби барҳам додан ва аз ҳисоб баровардани аслиҳаву техникаи ҳарбӣ, объектҳои мудофиавӣ ва дигар амволи ҳарбӣ

      1. Муқаррароти умумӣ 
      1. Тартиби барҳам додан ва аз ҳисоб баровардани аслиҳаву техникаи ҳарбӣ, объектҳои мудофиавӣ ва дигар амволи ҳарбӣ (минбаъд - Тартиб) бо мақсада ӣорҳ намудани низоми ягонаи барҳам додан ва аз ҳисоб баровардани аслиҳаву техникаи ҳарбӣ, объектҳои мудофиавӣ ва дигар амволи ҳарбӣ, ки аз лиҳози ӣисмонҳ ё маънавҳ фарсуда шуда, корношоям гардидаанд, таҳия шудааст.
      2. Меъёрҳои Тартиб нисбат ба аслиҳа, техникаи ҳарбӣ, объектҳои мудофиавӣ ва дигар воситаҳои асосҳ (минбаъд - воситаҳои асосии ҳарбӣ), ки дар тавозуни Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва воҳидҳои ҳарбии тибқи Ѕонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мудофиа" муайянгардида (минбаъд - Ташкилотҳои давлатии ҳарбикунонидашуда) қарор доранд, татбиқ мегарданд.
      3. Воситаҳои асосии ҳарбӣ дар ҳолатҳои зерин аз ҳисоб бароварда шуда, барҳам дода мешаванд:

      - дар ҳолати аз лиҳози ӣисмонҳ пурра фарсуда шуда, барои истифодаи минбаъда корношоям гардидан;

      - дар ҳолати имконнопазир будан ё аз ӣиҳати иқтисодҳ фоидаовар набудани барқарорсозии онҳо;

      - дар ҳолате, ки бо сабаби қабул намудани аслиҳа ва техникаи ҳарбии нави такмилёфта ва дигар амволи ҳарбӣ, нигоҳдории ояндаи онҳо аз ӣиҳати иқтисодҳ ва техникҳ мувофиқи мақсад набошад;

      - дар ҳолати арзиши бақиявии тавозунӣ надоштани воситаҳои асосии ҳарбӣ (ба истиснои аслиҳа ва техникаи ҳарбӣ, ки тибқи рақами истеҳсолкунанда ба ҳисоб гирифта мешаванд);

      - дар ҳолати ба нақша гирифтани сохтмони иншооти дигар дар мавқеи ӣойгиршавии онҳо;

      - дар ҳолати корношоям шудан ва ё нобуд гардидан дар натиӣаи гузаронидани машқҳо ва амалиётҳо, санӣиш, офати табиҳ, сӯхтор ва садама;

      - дар ҳолати ба охир расидани мӯҳлати истифодабарии воситаҳои асосии ҳарбӣ, захираи муқарраргардида ва мӯҳлати истифодабарҳ то таъмири асосҳ ва баъд аз таъмири асосҳ мувофиқи дастурамали истифодабарҳ.

      1. Ташкилоти давлатии ҳарбикунонидашуда, бо мақсади муайян намудани ҳолати корношоямҳ ва омода намудани ҳуӣӣатҳои муҳосибавии воситаҳои асосии ҳарбии аз ҳисоб бароварда шаванда, дар асоси фармоиши худ Комиссия оид ба муайян намудани ҳолати воқеии воситаҳои асосии ҳарбӣ ва додани хулоса ӣиҳати барҳам додан ва аз ҳисоб баровардани онҳо (минбаъд-Комиссия) дар ҳайати на камтар аз 7 нафар аз ҳисоби мутахассисони дахлдор таъсис медиҳад, ки ба он муовини роҳбари Ташкилоти давлатии ҳарбикунонидашуда, роҳбари воҳиди ҳарбӣ, муовини роҳбари воҳиди ҳарбӣ, сармуҳандис, сармуҳосиб, муҳандис, механик, муҳосиб, сохтмончҳ ва кормандони дигар ворид мешаванд.
      2. Вазифаҳои Комиссия иборатанд аз:

      - азназаргузаронҳ ва санӣиши бевоситаи воситаҳои асосии ҳарбӣ ӣиҳати муайян намудани корношоямҳ ва мувофиқ набудани онҳо барои истифодабарҳ дар фаъолияти минбаъдаи Ташкилоти давлатии ҳарбикунонидашуда;

      - муайян намудани сабабҳои корношоям гардидани воситаҳои асосии ҳарбӣ;

      - муайян намудани қисмҳои коршоями воситаҳои асосии ҳарбӣ бо мақсади истифодаи минбаъдаи онҳо дар фаъолияти Ташкилоти давлатии ҳарбикунонидашуда;

      - таҳияи хулоса оид ба ҳолати воқеии воситаҳои асосии харбҳ ва аз ҳисоб баровардани онҳо. 

      1. Тартиби барҳам додан ва аз ҳисоб баровардани силоҳи ӣангии сабук ва лавозимоти ӣангии он 
      1. Барҳам додан ва аз ҳисоб баровардани силоҳи ӣангии сабук ва лавозимоти ӣангии он тибқи Тартиби гардиши силоҳи ӣангҳ ва лавозимоти ӣангии он, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 майи соли 2014, № 339 "Дар бораи Тартиби гардиши силоҳи ӣангҳ ва лавозимоти ӣангии он" тасдиқ шудааст, амалҳ карда мешавад. 
      1. Тартиби барҳам додан ва аз ҳисоб баровардани иншооти ҳарбӣ, техникаи махсуси қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоҳ ва мудофиаи зиддиҳавоҳ (тайёраҳо ва чархболҳои ӣангҳ, комплексҳои зенитию ракетҳ), техникаи зиреҳпӯш ва ҳамаи намудҳои тӯпҳо 
      1. Барҳам додан ва аз ҳисоб баровардани иншооти ҳарбӣ, техникаи махсуси қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоҳ ва мудофиаи зиддиҳавоҳ (тайёраҳо ва чархболҳои ӣангҳ, комплексҳои зенитию ракетҳ), техникаи зиреҳпӯш ва ҳамаи намудҳои тӯпҳо дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалҳ карда мешавад.
      2. Барои таҳияи лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи барҳам додан ва аз ҳисоб баровардани иншооти ҳарбӣ, техникаи махсуси қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоҳ ва мудофиаи зиддиҳавоҳ (тайёраҳо ва чархболҳои ӣангҳ, комплексҳои зенитию ракетҳ), техникаи зиреҳпӯш ва ҳамаи намудҳои тӯпҳо Ташкилоти давлатии ҳарбикунонидашуда:

      - дар асоси хулосаи Комиссия номгӯи воситаҳои асосии ҳарбии аз ҳисоб баровардашавандаро муайян ва тасдиқ менамояд;

      - маълумотнома дар бораи арзиши тавозунии воситаҳои асосии ҳарбиро бо дарӣи хулосаи Комиссия таҳия ва тасдиқ менамояд;

      - дар ҳолати зарурҳ ба ҳуӣӣатҳо аксҳои (суратҳои) воситаҳои асосии ҳарбӣ, ки ҳолати воқеии онҳоро нишон медиҳанд, замима мекунад (дар қафои суратҳо ном ва нишондиҳандаҳои техникии воситаҳои асосии ҳарбӣ навишта шуда, имзои роҳбар ва мӯҳри Ташкилоти давлатии ҳарбикунонидашуда гузошта мешавад);

      - лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҳия ва дар мувофиқа бо вазорату идораҳои дахлдор тибқи тартиби муқарраргардида ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд.

      1. Іамаи намудҳои тӯпҳо, мушакҳо, тирҳои қутрашон гуногун ва моддаҳои таркандае, ки мӯҳлати истифодабариашон ба охир расидааст, ё ин ки бо сабабҳои гуногун корношоям гардидаанд, баъд аз ҳисоб баровардан барои безараргардонҳ ба Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида мешаванд. 
      1. Тартиби барҳам додан ва аз ҳисоб баровардани дигар воситаҳои асосии Ташкилотҳои давлатии ҳарбикунонидашуда 
      1. Барҳам додан ва аз ҳисоб баровардани дигар воситаҳои асосии дар тавозуни Ташкилотҳои давлатии ҳарбикунонидашуда (ба ҷайр аз воситаҳои асосии ҳарбии дар қисмҳои 2 ва 3 Тартиби зикргардида) қарордошта, ки таъиноти мудофиавӣ ва ҳарбӣ надоранд, тибқи Тартиби аз эътибор соқит намудаии воситаҳои асосие, ки моликияти давлатҳ мебошанд, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 апрели соли 2012, № 184 "Дар бораи тасдиқи Тартиби аз эътибор соқит намудани воситаҳои асосие, ки моликияти давлатҳ мебошанд" тасдиқ шудааст, амалҳ карда мешавад. 
      1. Тартиби ба қисмҳо ҷудо кардан ва таӣзиян воситаҳои асосии ҳарбии аз ҳисоб баровардашуда 
      1. Ташкилотҳои давлатии ҳарбикунонидашуда вазифадоранд, ки дар муддати 3 моҳ баъд аз қабули қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон:

      - воситаҳои асосии ҳарбии аз ҳисоб баровардашударо ба қисмҳо ҷудо ва таӣзия намоянд;

      - пораву партовҳои металлҳои сиёҳ ва ранга, қисмҳои эҳтиётӣ, ҳезум ва масолеҳи сохтмонии аз ин ҳисоб бадастомадаро муайян ва ба анборҳо қабул намуда, ҳаӣму арзиши онҳоро дар ҳуӣӣатҳои баҳисобгирии муҳосибавҳ сабт намоянд;

      - қисмҳои корношоями дорои металлҳои қимматбаҳоро дар мувофиқа бо Нозироти давлатии иёргирии назди Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз воситаҳои асосии ҳарбии аз ҳисоб баровардашуда ҷудо ва тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории ӣумҳурҳ дар корхонаҳое, ки барои коркарди металлҳои қимматбаҳо иӣозатномаи дахлдор доранд, холискорҳ намуда, ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон супоранд;

      - санадҳои барҳамдиҳии воситаҳои асосии ҳарбиро тибқи тартиби муқарраргардида таҳия ва тасдиқ намоянд;

      - воситаҳои асосии ҳарбии аз ҳисоб баровардашударо аз тавозун хориӣ намоянд;

      - оид ба натиӣаи барҳамдиҳии воситаҳои асосии ҳарбӣ мувофиқан ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақоми ваколатдори давлатии идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисобот пешниҳод намоянд.

      1. Ташкилотҳои давлатии ҳарбикунонидашуда ҳуӣӣатҳои дохилии муҳосибиро барои аз ҳисоб баровардани воситаҳои асосии ҳарбӣ мутобиқи тартиби муқарраргардидаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунандае, ки соҳаи баҳисобгирии муҳосибҳ ва ҳисоботи молиявиро ба танзим медароранд, омода намуда, ба расмият медароранд. 
      1. Муқаррароти хотимавҳ 
      1. Ташкилотҳои давлатии ҳарбикунонидашуда баъд аз қабули қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ё мақоми ваколатдори давлатии идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон миқдор ва арзиши пораву партовҳои металлҳои сиёҳ ва рангаро бо мақоми ваколатдори давлатҳ оид ба идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ ба нархҳои бозори дохилҳ мувофиқа намуда, бо риояи талаботи қоидаҳои фаъолияти вобаста ба ӣамъоварии пораву партовҳои металлҳои сиёх, ва ранга, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 марти соли 2005, № 105 тасдиқ шудаанд, шартномаи хариду фурӯши пораву партовҳои металлҳои сиёҳ ва рангаро мустақиман бо харидор ба имзо мерасонанд.
      2. Ташкилотҳои давлатии ҳарбикунонидашуда пораву партовҳои металлҳои сиёҳ ва рангаро танҳо баъд аз ворид гардидани маблаҷи шартномавҳ ба суратҳисоби махсуси худ дар Сарраёсати Хазинадории марказии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба харидор таҳвил менамоянд.
      3. Маблаҷи аз ҳисоби фурӯши пораву партовҳои металлҳои сиёҳ ва ранга, қисмҳои эҳтиётӣ, ҳезум ва масолеҳи сохтмонҳ бадастомада барои таҳкими заминаи моддию техникии Ташкилоти давлатии ҳарбикунонидашуда равона карда мешавад.
      4. Роҳбарияти Ташкилоти давлатии харбикунонидашуда барои риоя накардани талаботи Тартиби мазкур мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ӣавобгарҳ кашида мешавад.

      Замима
      13.65 Kb

      05.10.2022
      3 676
      Саҳифаи асосӣ
      • Идораи моликияти давлатӣ
        • Корхонаҳои давлатӣ
        • Ҷойгиркунии мақомотҳои давлатӣ дар масоҳатҳои давлатӣ
        • Консерватсияи амвол
        • Металли сиёҳ ва ранга
        • Консессия
        • Иҷора
        • Аз эътибор соқит намудани моликияти давлатӣ
        • Барҳамдиҳиии корхонаҳо
        • Баҳодиҳии амвол
        • Хусусигардонии манзил
      • Таҷдид ва хусусигардонӣ
        • Лоиҳаҳои инфиродии хусусигардонӣ
        • Чамьиятҳои саҳомӣ
        • Хусусигардонӣ
        • Иншооти сохтмонаш нотамом
        • Фуруши саҳмияҳо ва амвол
      • Сохторҳои идораи амволи давлатӣ
        • Хадамоти назорати давлатии истифодаи амволи давлатӣ
        • Корхонаи воҳиди давлатӣ оид ба нархгузорӣ


      Сармоягузорӣ
      Сармоягузории давлатӣ
      Имкониятҳои сармоягузорӣ
      Роҳнамои сармоягузор
      Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
      Харитаи сармоягузорӣ
      Соҳибкорӣ
      Дастгирии давлатии соҳибкорӣ
      Нишондиҳандаҳои рушди фаъолияти соҳибкорӣ
      Механизмҳои ҳамкорӣ
      Санҷиши фаъолият
      Раёсати иҷозатномадиҳӣ
      Рейтингҳо
      Соҳибкории занон
      Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
      Моликияти давлатӣ
      Идораи моликияти давлатӣ
      Таҷдид ва хусусигардонӣ
      Сохторҳои идораи амволи давлатӣ
      Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
      Чаро Тоҷикистон?
      2024 © Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
      Яндекс.Метрика
      ТАМОС БО МО